Шабҳо назар ба моҳ накардам, намекунам. Ёд аз ғами пагоҳ накардам, намекунам. Дар пеши хеши дури ба меҳмониомада, Ҳамсояро сиёҳ накардам, намекунам. Шодам аз он, ки ёр, туро баргузидаам, Дар ишқат иштибоҳ накардам, намекунам. Бо чашми нек дида ҷаҳонро, ба сўи кас Бо чашми бад нигоҳ накардам, намекунам. Дар орзуи чоҳ ба роҳи касе наям, […]Идома...
Ба хонаашон меҳмонҳо омаданд, холаҳои Сурайё ва Анзурат. Басира мушоҳида кард, ки чеҳраи модар аз дидани дугонаҳои ҷониаш мисли гул шукуфт, ҳар лаҳза “хуш омадед” ва “хайрият, ки омадед” мегуфт, табассум аз лабонаш дур намешуд. Баъди он ки ҳамроҳи модар назди меҳмонон дастархон густарданд, духтарак зуд ба ошхона гузашт. Лаҳзае пас модар дар даст […]Идома...
Дар доираи нақшаи муштараки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба тақвияти фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон […]Идома...
АШК Ашк, эй хуни сафеди дардҳо, Алвидои бесадои чашмҳо. Интиҳои марзи сабри мардҳо, Ибтидои рашку қаҳру хашмҳо. Ашк, эй ҳамвазни фарёди Худо, Аз дили огоҳ гоҳо пар кашӣ. Ашк, эй ифшогари рози дарун Ин қадар лоқайду ринду саркашӣ?! Ашк, эй мавҷи ба соҳил сар зада, Шӯрии ту бошад аз шӯрии бахт. Пушти […]Идома...
Озмуни соли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2021 510 нафар иштирокчиро аз саросари кишвар гирд овард. Сабқат миёни довталабон аз 2-юм то 13-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома ёфт. Як баробар афзудани теъдоди иштирокчиёни озмун нисбат ба соли гузашта далели таваҷҷуҳи махсусан насли ҷавон ба адабиёт аст. Дар бахши назми номинаи “Эҷоди […]Идома...
Рӯзгори навҷавонӣ бо ғами дунё гузашт, То хабар гаштам, зи ман он фасли нопайдо гузашт. Ман ба хоби ноз будам дар лаби дарёи ишқ, Хоб дидам, рӯи киштӣ ошиқи шайдо гузашт. Ишқ бӯйи форами фасли баҳор оварда буд, Накҳати гулбези ӯ дур аз машоми мо гузашт. Орзу кардам, ки рӯзе бахт ояд бар сарам, […]Идома...
Машварати омӯзишии ҷумҳуриявии адибони ҷавон субҳи сеюми октябри соли равон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд шурӯъ гардид. Дар рафти маросими кушодашавии машварат муовини раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ва адибони шинохта Гулназар, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Низом Қосим, Фарзона, Атахон Сайфуллоев, Аҳмадҷони Раҳматзод, Ато Мирхоҷа, Парда Ҳабиб, Акбари Абдулло ва дигарон иштироку суханронӣ намуданд. […]Идома...