БО ЁДИ ТУ Рӯз бегаҳ мешавад бо ёди ту, Умр кӯтаҳ мешавад бо ёди ту. Пойи хома рӯйи авроқи сафед Озими раҳ мешавад бо ёди ту. Дидаам носер аз дидори рӯт, Маътали маҳ мешавад бо ёди ту. Аз фиғону дарди танҳоӣ кунун Ишқ огаҳ мешавад бо ёди ту. Садрро як ваъдаи дидор деҳ, Ӯ шаҳаншаҳ […]Идома...
ГУЛИ СУРӢ (Тақдим ба устод Фарзона) Гузашт тирамаҳ, инак, баҳор меояд, Барои қалби ту бас ғамгусор меояд. Шикаст шохи дарахте зи бод, рафт он рӯз, Дубора чаҳ-чаҳа бар шохсор меояд. Бирафт фасли хазонрези орзуҳо, рафт, Баҳор бар қадамат гулнисор меояд. Гузашт сардиву яхбандии шимолияш, Дубора замзама аз ҷӯйбор меояд. Расид мужда! Ба табрики он гули […]Идома...
Меҳровари Масчоҳӣ Ғазали ваҳдат Шукри ваҳдат, ки лаби халқ табассумро дид, Модаре омадани баччаи раҳгумро дид. […]Идома...
Борон башиддат меборид. Инак панҷ мавсими боронист, се баҳору ду поиз, ки мо зери боми бегона аз он панаҳ мебарем. Дар хона танҳо садои бархӯрди қатраҳои борон ба варақаҳои оҳанин, ки ба як навозиши муназзаму мубҳаме табдил меёфт, ба гӯш мерасид. Барқ набуд. Ин чордевори сангӣ нимторик шуда буд. Дар тақ-тақ садо дод. Хонуми хона […]Идома...
Зиндабоди зиндагӣ Зинда бод он ки ба ёди зиндагист, Зиндадори эътиқоди зиндагист, Он ки бо ангуштҳои хунчакон Бастакори сози шоди зиндагист, Чашми ӯ дар тирашоми марг ҳам Равзане бар бомдоди зиндагист. Зинда бодо он ки дар айни суқут Боз ҳам рӯ бар чакоди зиндагист. Шуълавар бод он ки дар сармои марг Пой то сар шуълазоди […]Идома...
МОДАР Чашми камнураш кунун ҳар субҳдам То ба дуриҳо намебинад дигар. Бо умеди бозгаштанҳой ман Ӯ сари рохам намешинад дигар. Тоқии сурхе намедӯзад кунун, То ки рӯзи тӯйи худ монам ба сар, Ҷомаи домодиям нодӯхта, Ман намедонам чи мепӯшам ба бар. Ӯ ки домонаш биҳиштӣ […]Идома...
Шукрона хонандаи мактаби №8 ба номи устод Бозор Собири пойтахт аст. Соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинаи эҷоди назм байни хонандагони мактабҳои миёна соҳиби мақоми аввал гардид. Аз дастаи шеърҳои ба идораи рӯзнома фиристодааш пайдост, ки табъу қареҳаи хуб дорад ва аз ашъори гузаштагону муосирон огоҳ аст. Барои […]Идома...
Мард бо нигаронию парешонӣ қадам мегузошт. Аз дишаб ҳолаш хуб набуд. На, аз ду-се рӯзи пеш, аз замоне ки он хабарро фаҳмид, дилаш сиёҳ буд. Саъй мекард, ки фикри бад накунад ва хаёлҳои беҳударо аз зеҳнаш биронад. Талош мекард ба корҳои рӯзмаррааш фикр кунад ва зиндагии маъмулии худро идома диҳад. Ӯ муаллим буд. Ба мактаб […]Идома...
Аҷиб Ҷамолро шоири ҷавони муваффақ мешуморам. Шеъраш шарораи балоғат дорад. Пайдост, ки нависандаи он барои сайқал додани табъи худ пайваста мекӯшад. Андешаи равшан ва эҳсоси озодманишиву ҷасорат дар шеъраш мавҷ мезанад. Аҷиб бо матонату соҳибиродагӣ хурофот, ифротгароӣ, зоҳирпарастии мазҳабӣ ва тангназариву ҷаҳолатро маҳкум ва ҷаҳду талош барои созандагиву бунёдкориро ситоиш менамояд. Ӯ соли 1990 дар […]Идома...
Шаҳёд *** Бешу кам аст пушти сар аз шукри зиндагӣ, Дарду ғам аст даргузар аз шукри зиндагӣ. Дунё кирои ҳасрату ташвиш кай кунад, Ин шом мешавад саҳар аз шукри зиндагӣ. Гар тирамоҳ қиссаи ғамгини умри мост, Ояд баҳор ҷилвагар аз шукри зиндагӣ. Вақте ки шеъру мусиқии нағз доимист, Охир, чӣ боядат дигар аз шукри зиндагӣ! […]Идома...
 
                                                    
			


