Дар бораи ду қасидаи Озар Шоир Озар дар баробари дигар анвои шеъри суннатӣ ба қасида низ то ҷое таваҷҷуҳ зоҳир намудааст ва мо дар ин навиштаи худ ба таҳлилу баррасӣ ва арзишдоварии ду қасидаи ӯ мепардозем. “Қасидаи дарахт” аз ҷумлаи қасидаҳои дилнишин ва муассири Озар аст, ки муҳтавои онро ифтихори ватандорӣ ташкил медиҳад. Мавзуи мазкур […]Идома...
Эҷодкор наметавонад ба тариқи назария ҳикоят кунад, ки чӣ меофарад, аммо афкораш дар хусуси образ дар мағзаш шакл гирифтааст. Дунё дар тахайюли ӯ дар шакли образи нав – ба таври мушаххаси ҳиссӣ бозсозӣ мегардад ва андешаи ӯро маҳз ҳамин образ роҷеъ ба олами атроф ифода мекунад. Андеша дар мағзи эҷодкор аз он сарчашма мегирад, ки […]Идома...
Нақди фарогире, ки шоир ва мунаққиди маъруфи афғонистонӣ Муҳаммадкозими Козимӣ ба китоби ашъори сегонаи шоири шинохтаи имрӯзи Эрон Фозили Назарӣ – “Гиряҳои имперотур”, “Онҳо” ва “Ақаллият” навиштааст, дар доираҳои адабӣ, ба вижа дар сомонаҳои форсӣ интишор ёфту машҳур шуд. Мо ба сабаби тулонӣ буданаш онро бо ихтисор пешкаши хонандагон мекунем ва умед дорем, ки ба […]Идома...
Яке аз муҳиммоти шеър тасвирсозист, ки он метавонад нуқтаи аслии зебоишинохтӣ дар осори адабӣ бошад. Ин унсур тарзу равишҳои гуногунеро соҳиб аст, ки мо метавонем таркибсозиро ба унвони содатарин шохаи он бипазирем. Имрӯз дар шеъри муосири тоҷик, хусусан, дар шеъри ҷавонон, таркибсозиву таркибофаринӣ рӯ ба густариш дорад ва дар бештари маврид таркибҳо нораво ва бидуни […]Идома...
Дар замони имрӯз, ки фишурдагии вақт барои инсонҳо яке аз шоҳистарин вижагии он ба шумор меравад, муроҷиа ба романхониву қиссахонӣ бисёр коҳиш ёфтааст ва бинобар ин далел, майл ба романнависиву қиссапардозӣ низ нисбат ба асри гузашта ба тадриҷ камтар мешавад. Қишри асосии китобхони ҷомеъа вақт ва ҳавсалаи мутолиаи романҳову қиссаҳои дарозро мисли гузаштаҳо, масалан, чун […]Идома...
Адабиёти кӯдакону наврасон дар тарбияи бачагону навҷавонон нақши муассир дорад. Бо назму насре, ки барои бачаҳо эҷод гардидааст, метавон зеҳни ононро инкишоф дод. Натанҳо фанни забон ва адабиёт, балки фанҳои дигар, амсоли ҷуғрофиё, риёзӣ ва табиатшиносиро низ метавон бо шеър дар зеҳни кӯдак ҷо намуд. Аз ин рӯ, рушду нумуи адабиёти кӯдак амри зарурист. Дар […]Идома...
Бад нест ба унвони муқаддима нигоҳи мухтасаре ба шеъри форсии имрӯз ва буҳронҳои пешраваш дошта бошем. Мусалламан буҳрони шеъри мо буҳрони мухотаб нест (махсусан дар маҳдудаи ҷуғрофиёии Эрон, ки ағлаби мардум ё шоиранд ё шеърдӯст), буҳрони фурм (сурат) ва бозиҳои забонӣ ва тасвирҳои шоирона ҳам наметавонад бошад, буҳрони вазн, қофия, радиф ва ҷанги ҳамешагии шеъри […]Идома...
Романи “Гардиши девбод” аз ҷумлаи асарҳои хуби бадеии устод Абдулҳамид Самад мебошад. Мухтасар дар бораи роман. Қаҳрамонони романи “Гардиши девбод” Некном, Дилёб, Латиф, кампири Сифат ва дигарон мебошанд. Дилёб қаҳрамони асосии роман буда, ӯро мардум аз саҳро, замоне ки модараш аз гуруснагӣ фавтида буд, ёфтаанд. Ӯ дар хонаи кампири Сифат зиндагӣ мекард. Пас аз марги […]Идома...
Акнун аз марги Муҳаммадраҳими Сайдар – номи ошно барои аҳли фарҳангу адаб ва расона бештар аз даҳ сол мегузарад. Нависандае, ки ба хотири қареҳа ва истеъдоди камназираш аз ӯ умедҳои зиёде доштанд ва агар зинда мебуд, метавонист корҳои чашмгиртареро анҷом диҳад ва осори мондагортаре биёфарад. Муҳаммадраҳими Сайдар соли 1952 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. […]Идома...
Мусаллам аст, ки ҳама эҷодкорони ҷавон, сарфи назар аз ин ки дар кадом самт фаъолият мекунанд, ниёз ба дастгириву роҳнамоӣ доранд. Вобаста ба ин ИН Тоҷикистон ҷиҳати кашфи истеъдодҳо ва дастгирии онон ҳамеша тадбирандешӣ мекунад. Яке аз ҳадафҳои асосии Машварати адибони ҷавон, ки бо ибтикори ин ниҳод дар кишвар баргузор мегардад, низ ҳамин аст. Озмуни […]Идома...