Ахиран «Девони сарнавишт»-и Шоири халқии Тоҷикистон устод Раҳмат Назрӣ бо соядаст ба дастам расид ва шавқу шӯри тозаеро дар вуҷудам эҷод кард. Навҷӯӣ ва тозакориҳои устод Раҳмат Назрӣ аз чашми муҳаққиқони шеър пинҳон набудааст. Хурсандии ман низ аз ҳамин ноҳия буд, ки акнун девони тартибдодаи шоирро дар даст дорам. «Девони сарнавишт»-ро нашриёти “Ирфон” дар соли […]Идома...
Роҳи эҷодии Гулназарро метавон ба ду марҳала тақсим кард, зеро онҳо аз ҳамдигар хеле тафовут доранд. Дар эҷодиёти даврони шӯравии Гулназар лирикаи гражданӣ ва мавзуъҳои иҷтимоӣ мақоми хос доштанд. Шеърҳои ватандӯстона («Ватан», «Садои ҷовидона» ва ғ.) ва ба мавзуи сулҳу дӯстии халқҳо («Дар боғи дӯсткорӣ нахли ту бехазон аст», «Шеъри ман», «Дар сари Майдони Сурх» […]Идома...
Яке аз вежагиҳои назарраси ашъори Файзи Ашӯр дар китоби «Хатҳои бехато», ки чанде пеш чоп шуд, корбурди вожаҳо ва ибораҳову таркибҳои халқӣ мебошад, ки дар забони муҳовара ё рӯзмарра забонзади хосу оманд. Маҳз ҳамин хусусияти забонӣ ашъори шоирро як навъ рӯҳияи хоси мардумӣ ато карда, муҷиби шевоии сухан гардидааст. Аз мутолиаи ашъори Файзи Ашӯр маълум […]Идома...
Номи китоби аввали Камол Насрулло, ки “Навгонӣ” буд, аз як шоири нави навҷӯй дарак дод. Китоби дувуми ӯ “Барги зуф” дар ин роҳ домани худро бештар кушод, ки боби шеърҳои хурд-хурди он ба дидаи ҳар хонанда пайдост. Ҳоло нигоҳе меандозем ба рубоиҳои нави ӯ, ки тозаҷӯӣ ҳам дар маънӣ ва ҳам дар тарзи гуфтораш рӯшантар […]Идома...
–Ба муносибати 80-солагии шоири зиндаёд Ҳабибулло Файзулло Табиат ва унсурҳои тасвирсози он дар шеър аз дастмояҳои беназири адабиёт аст, ки ба осори шоирони дирӯзу имрӯз ранги тоза бахшидааст. Табиатгароӣ дар вуҷуди шоирони табиатсаро намоди хулқу хӯйи онон ва ҳамзодпиндориашон ба олами зебоӣ будааст. Ин ҳамзодпиндорӣ бо табиат барои шоирони табиатгаро танҳо мояи тасвирсозӣ набуда, балки […]Идома...
Ошиқиро бисоз бори дигар, Андар ин ишқ нав ғазалҳо гӯй. Фарухии Систонӣ Ишқ яке аз мавзуъҳои меҳварии адабиёт аст, ки дар тӯли қарнҳо болои шеъри мо рангпошӣ кардааст ва […]Идома...
Романи “Ғуруб” нахустромани нависанда Равшан Махсумзод буда, қабл аз дар қолаби китоб чоп шуданаш дар маҷаллаи “Садои Шарқ” таҳти унвони “Нафси бад” чоп шуда буд. Дар ин асар бо тасвири бадеии таҳаввулоти ҷомеаи муосири тоҷик баъди пош хӯрдани собиқ давлати абарқудрати Шуравӣ ва дигаргун шудани “муомилаи байни одамон, бинобар тағйир ёфтани сохти ҷамъиятӣ, муносибатҳои иқтисодию […]Идома...
(Абдумалики Абдуҷаббор. Чароғи шаб». – Хуҷанд: Ношир, 2023. – 128 саҳ.) Пас аз ба даст овардани Истиқлол заминаҳои мусоиде барои эҷод фароҳам гардид, хусусан озодии гуфтор дар боби худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва амсоли ин фазоҳои тозаеро ба рӯи эҷодкорон боз кард. Метавон гуфт, барои пешрафт ва инкишофи шеъри имрӯз, […]Идома...
Сайидалӣ Маъмур яке аз фарҳехтагони ҷаҳони фарҳанг ва адаби форсӣ, ситораест, ки дар осмони шеъру адаби Тоҷикистон ҳамчунон медурахшад. […]Идома...
Устод Ҷалол Икромӣ аз шогирдони содиқи устод Садриддин Айнӣ ва нависандаи соҳибистеъдоде ба шумор мерафт, ки он воқеоти пурмоҷаро, низоъангез ва доманадорро бо диду фаҳмиш ва дарки вижа ба риштаи тасвир кашида, дар иртибот бо идеологияву сиёсати ҳукмрон консепсияи бадеии ҳақиқати зиндагиро равшану бармало намуд. Дар меҳвари асарҳои сегонаи нависанда – романҳои “Духтари оташ” (1960), […]Идома...