МУҲАММАДЗАМОНИ СОЛЕҲ 5 январи соли 1951 дар деҳаи Падрохини ноҳияи Масчоҳ дида ба олами рӯшан кушодааст. Фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1974) буда, фаъолияти кориро ба ҳайси ходими адабии шуъбаи адабию драмавии Телевизиони тоҷик оғоз намудааст (1974-1978). Баъдан дар вазифаҳои мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1978-1981), ходими адабии […]Идома...
СОРБОН (Пури Хамроҳ) 27 январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор мондааст. Баъдан муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», мухбири калони рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» будааст. Чанд сол дар нашриёти «Маориф» […]Идома...
ТОҶИНИСО СУЛТОНӢ 25 январи соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1966 мактаби миёнаи №53-ро хатм карда, ҳамон сол донишҷӯи шуъбаи журналистикаи факултаи филологи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин шудааст. Донишгоҳро соли 1971 бомуваффақият хатм карда, моҳи июли ҳамон сол ба рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз») ба сифати мухбири шуъбаи мактабу пионерон ба кор […]Идома...
МАНСУР СУРУШ (Сайфиддинов Мансур Сайдалиевич) 19 декабри соли 1954 дар ноҳияи Панҷ, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1972 мактаби миёнаи ноҳияи Вахш, соли 1977 факултети филологияи тоҷики УДТ ва соли 1988 Мактаби олии ҳизбии КМ КПСС (ш. Тошканд)-ро хатм намудааст. Дар як қатор рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ – «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Тоҷикистон», «Адабиёт ва […]Идома...
ПӮЛОД ТОЛИС 24 августи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна ҳуруфчини матбааи шаҳри Ленинобод, ҳунарпешаи театри драмавӣ, ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», котиби масъули маҷаллаи «Пионер» (дар Душанбе), муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 1953 котиби масъул, баъдан […]Идома...
ДАВЛАТШОҲИ ТОҲИРӢ 16 апрели соли 1947 дар деҳаи Кӯктоши ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1966 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакентро хатм карда, чанде дар зодгоҳаш муаллими мактаб будааст. Баъдан Донишгоҳи давлатии Самарқандро ба итмом расондааст. Ҳоло устоди Донишгоҳи озоди Тоҷикистон ва сарвари бахши Зарафшонии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурист. Бештар ба навиштани қиссаҳои таърихӣ иштиғол меварзад. Қиссаву ҳикояҳояш дар […]Идома...
САТТОР ТУРСУН 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омада, мактаби миёнаро дар ҳамон деҳа хатм кардааст. Соли 1965 муҳассили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, дар шуъбаи забони арабӣ таҳсил кардааст. Ҳамзамон, солҳои 1968-1970, ровии радиои ҷумҳурӣ будааст. Соли 1970, пас аз хатми донишгоҳ, бо даъвати устод […]Идома...
СОТИМ УЛУҒЗОДА 1 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Фарғона ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидойиро дар мактаб-интернати Чуст фаро гирифтааст. Соли 1929 Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкандро хатм ва дар ҳамон ҷой муаллимӣ кардааст. Соли 1930 ба Душанбе омада, муддате котиби масъули рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикистони Сурх», ҷонишини котиби масъули маҷаллаи «Барои адабиёти […]Идома...
МАРЯМБОНУИ ФАРҒОНӢ 11 ноябри соли 1956 дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба ҷаҳон омадааст. Соли 1973 мактаби миёнаи №11 зодгоҳашро хатм карда, донишомӯзи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд гардидааст ва соли 1977 ба итмом расондааст. То охири соли 1984 дар мактаби зодгоҳаш омӯзгорӣ кардааст. Моҳи январи соли 1985 Душанбе омада, ба ҳайси […]Идома...
БАҲРОМ ФИРӮЗ (Бобоев Баҳром) 1 ноябри соли 1939 дар ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, чанд сол дар ҳамон ҷой омӯзгор будааст. Баъдан ба Душанбе омада, муддате корманди радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», моҳномаи «Садои Шарқ», нашриёти «Маориф», рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», нашриёти «Адиб» […]Идома...