МИРЗО НАСРИДДИН (Мирзонасриддин Саидов) 10 марти соли 1948 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш,солҳои 1968-1970 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хизмат кардааст. Соли 1973 Техникуми политехникии Душанбе, соли 1979 шуъбаи шабонаи факултаи автомобил ва хоҷагии автомобилии Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳамзамон, дар автобазаи №2 Вазорати сохтмони […]Идома...
ЮСУФИ НАСРУЛЛО 10 декабри соли 1954 дар деҳаи Даштаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд ёфтааст. Соли 1971, пас аз хатми мактаби таҳсилоти умумии №15, вориди бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст. Баъди хатми мактаби олӣ ба Ленинобод баргашта, соли 1976 дар заводи зарфҳои шишагии шаҳр кор кардааст. Соли 1977 ба […]Идома...
МУТЕУЛЛО НАҶМИДДИНОВ 12 сентябри соли 1927 дар деҳаи Варзики ноҳияи чусти вилояти Намангон ба дунё омада, барвақт аз навозиши падари мударрисаш маҳрум гардида, рӯзҳои сахтеро аз сар гузарондааст. Солҳои Ҷанги Бузури Ватанӣ ба сари хонадонашон кулфатҳои дигаре бор гардиданд. Гушнагиву қаҳтӣ мардуми нодору ночорро тут барин мерезонд. Дар ин даврони сангини қашшоқию гуруснагӣ Мутеулло ҳамроҳи […]Идома...
ФОТЕҲ НИЁЗӢ нависандаи ҷанговари тоҷик 18 апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1929 Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, баъдан Академияи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Баробари таҳсил, бо рӯзномаҳои «Ленин юли» ва «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳамкорӣ доштааст. Аввалҳо ба забони ӯзбекӣ шеъру ҳикояву мақола менавиштааст. Аз соли 1934 дар Душанбе кору зиндагӣ кардааст. Аввалҳо котиби масъули […]Идома...
САФИЯИ НОСИР 11 феврали соли 1942 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар мактаби миёнаи №15 таҳсил ва Донишгоҳи давлатии ба номи Алишери Навоиро хатм кардааст. Соли 1962 Душанбе омада, дар маҷаллаи «Машъал» ба кор шурӯъ намудааст. Ҳикояи аввалини ӯ «Мукофоти ишқи пок» соли 1962 дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» ва маҷмӯаи «Мужда» дарҷ гардидааст. Минбаъда […]Идома...
ҶУМЪА ОДИНА 13 марти соли 1930 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Мактаби ҳафтсоларо дар кишвари Ставропол, ки аҳли оилаашон дар табъид буд, анҷом додааст. Муддате муаллимӣ кардааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли I956 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён […]Идома...
ОРИЁНМЕҲР (Анвар Мирзоҳакими Олим) соли 1956 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёна шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод шуда, соли 1977 соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардидааст. Солҳои 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмат кардааст. Аз соли 1980 дар соҳаи рӯзноманигорӣ заҳмат мекашад. Корманди масъули маҷаллаи «Паёми Суғд» […]Идома...
АБДУҒАФФОРИ ПАРТАВ (Партоев Абдуғаффор) 13 августи соли 1943 дар деҳаи Арали ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) таваллуд ёфта, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ба кори матбуот гузашта, дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» («Маданияти Тоҷикистон – «Адабиёт ва санъат»), нашриёти «Ориёно», маҷаллаи […]Идома...
МАҲКАМ ПӮЛОД 29 майи соли 1940 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби 8-солаи ба номи И.В.Сталин, миёнаро дар мактаби миёнаи «20-солагии Тоҷикистон» ва мактаби шабонаи коргарҷавонони шаҳр фаро гирифтааст. Соли 1958 вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров шуда, соли 1963 ба итмом расондааст. Фаъолияти меҳнатиро аз синни 15-солагӣ сар карда, […]Идома...
АБДУРОФЕЪ РАБИЗОДА (Шераки Ориён) 7 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1995, шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, соли 1986 Мактаби олии синамогарони Маскавро хатм кардааст. Муддате дар Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикфилм» адои вазифа кардаааст. […]Идома...