БОЗТОБЕ ПУРТОБ
Меҳмон Бахтӣ аз ҷумлаи шинохтатарин адибони имрўзи мост. Аксари алоқамандони адабиёт ўро чун драмнависи чирадасте медонанд, ки ҳама намоишномаҳояш дар театрҳои Тоҷикистон ва қисме берун аз он ба саҳна гузошта шуда, овозаи адабиёту санъати моро афзудаанд. Ў дар оғози фаъолияти эҷодиаш китоби манзуме иборат аз таронаҳои равону дилрас ҳам чоп карда буд, ки аксарашро ҳофизон суруда, садои шоирашро ба гўши хушзавқон расонданд. Баъди ҳамчун драмнавису таронасаро маъруф шудан ба наср рў овард ва чанд асаре навишт, ки хеле зуд ба дили хонанда роҳ ёфтанд. Аз ҷумла, қиссаи «Хубон», ки аз назари банда яке аз асарҳои аз ҳар ҷиҳат миллӣ, ҷолибу хонданӣ, таъсирбахшу дилрас ва корхўрдаву ҳунармандонаи насри муосири тоҷик аст.
Бо вуҷуди ин, Меҳмон Бахтӣ аз ҷониби бештари ҷомеаи марбут ба сухан чун як устоди намоишнома истиқбол мешавад ва чопи манзумаи «Бозтоби офтоб» (унвони зебо ва сазовори қаҳрамонаш аст) барои аксари мухлисон, раъду барқи чиллаи тобистон набошад ҳам, ғайриинтизор буд. Аз он ҷумла, банда худ ба худ ҳадс мезад, ки аз адиби нисбат ба ҷашнҳои бузурги миллӣ ҳассосе чун ў ба ҷашни мубораки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шояд дром ё филмномае эҳдо бишавад.
Ин ҳама пешгуфтае иҷмолӣ буд ва муҳим он аст, ки асари хондание ба ифтихори як санаи бузурги таърихи адабиётамон таълифу чоп шудааст ва умед аст, ки фикру хаёли аҳли қаламу хонандагонро дар ин замина ҳатман таҳрике мебахшад.
Манзума аз муроҷиатномаи басо ихлосмандонаи шоир ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ оғоз меёбад, ки чун меҳвари маънавӣ хонандаро гирди хеш чархонда, фикран ба ҳолати самоъ меорад. Ин пора (бахусус оғози он), ҳарчанд ки дар доираи забону баёни содаи таронасифат аст, ҳам шаклан ва ҳам маънаван ҷолиб буда, моҳияти шахсияти қаҳрамонро хеле рўшан ифода мекунад ва, беҳуда нест, ки дар аввали ҳар қисмат барҷову муассир такрор мешавад:
Ё ҳазрати Мавлоно,
Донандатарин доно!
Дар санг чу дар мино
Бинандатарин бино.
Дар ҳафт сипеҳри дил,
Эй меҳвари меҳри дил!
Гузашта аз ҳадафҳои маънавӣ, дар ин пора ҳатто вазн ва бахусус қофияҳо, қофияҳои солими хушсадо қасди дилрасӣ ва вазифаи барангезандагии эҳсос доранд ва ин воситаи расоест барои раҳнамоии хонанда ба дунёи малакутии Мавлоно.
Ҳамин тариқ, шоир батадриҷ, тавассути пораҳои гуногунвазну гуногунҳадаф аёну ниҳон мақому манзалати Мавлоноро бозгў мекунад ва бо байту мисраъҳоидилрасу тасвирҳои дилнишин симои маънавии он ҳазратро пеши чашми дилҳо ба ҷилва меорад.
Турку тоҷику араб шайдои ту,
Рози пинҳон аст дар пайдои ту, — мегўяд шоир ва агар сатри аввал баёни ҳақиқати ба ҳама аён бошад, сатри сонӣ равзанае сўи моҳияти аслии Мавлоно, осори ў ва таълимоти абадзиндаи ҳақиқатнигоронаю инсонпарваронаи вай аст. Ҳамин тарзи баён, яъне аз зоҳир ба моҳият рафтан, боз ҳам дучор мешавад. Аз ҷумла:
Синаи меҳри ту пок аз кина буд,
Бо ҳама ойин дилат ойина буд,
ки оғози байт хеле сода менамояд,
лекин роҳе ҷониби ҳадафи аслии шоир аст, ки бори тазаккури инсонпарвари беназир, болотар аз ҳама ойину қолабҳо будани Мавлоноро бар дўш дорад.
Ё худ, дар мавриди ишқи ҷонпарвари Ҳақ:
Ҳар дили дардошно маъвои ўст,
З-ин ҷаҳон то охират маънои ўст, маъвои Ҳақ будани ҳар дили дардошно мусаллам аст, лекин таъкиди маънои ў будани ин ҷаҳону он ҷаҳон ҳадафи бартар аз ин ҳарфҳои заминист, ки хонандаро ба фазои хаёл ҳидоят мекунад.
Ва ниҳоят:
Ҳазрати шайдои мо – Мавлои мо,
Эй ҷилои аз ҷило авлои мо!
Оре, он ҳазрат Мавлои мо – бандаҳои ба зоҳир хокӣ ҳам буду шайдои мо – инсонҳои ба ботин афлокӣ ҳам. Вале мо, муридони маънавиаш, оё амиқан дарк кардаем, ки чӣ ҷило буд он ҷилои Асли мову Моҳияти мо, Рўҳи баланду Ҳастии бегазанди мо? Ҷилои Муҳаббати беназири инсонӣ буду Ҳақиқати ҷовидонаи рўҳонӣ Мавлоно, дар маҷмўъ ҷилои Ҳақ буд ва ин ҷило авлотар аз ҳар ҷилоест, ки мунъакис мешаваду ба чашми сару дили мо метобад. Ва агар комилан ба дарки ин бирасем, метавонем бо сатрҳои манзумаи «Бозтоби офтоб» бигўем, ки:
Мо – муридони ту, эй пири мурод, Раҳнамои роҳи Ҳақ рўҳи ту бод!
Агар дар чанд пораи қаблӣ шоир бо руҷўъҳои ғаноӣ симои маънавии қаҳрамони хешро ба қалам дода бошад, билохира бо маҳорате, ки хоси драмнависи саҳнаофару носири густурдабаён аст, ба тасвири муҳити зоҳириву ботинии Қуния ва ҳолати аҳли «хушсурату меҳ- моннавози он», ки «ташнаи изҳори розу сўзу соз»-анд, мепардозад ва оғози матлабу мактаби Мавлоноро хеле аёнӣ ва таъсирбахш рўи коғаз меорад. Саҳнаи аз зарбичаккушу сабри сандон дар майдон ба ҳолати ваҷд омадани Мавлоно, «то гирди Мавло» «чун шогирди Мавло» расидани мардум ва дархурди ниёзҳои маънавии хеш ёфтани одамон таълимоти Мавлоноро воқеиву боварбахш тасвир шудааст, вале ин тасвири заминӣ бо рўҳияи осмонии он шеъру он сухану он мактаб пайванди қавӣ дорад.
Даври худ ў давр зад, даврон бишуд,
Пойкўбон гашту дастафшон бишуд.
Пири пирон, марди мардон гўиё,
Гирди гардун гашт гардон гўиё…
Сўи майдон рехт мардум аз шигифт,
Шавқу завқи ҳар яке боло гирифт…
Чарх зад ҳар кас ба чархи Мавлавӣ,
Кард мардум рақси ўро пайравӣ…
Маърифат аз Мавлавӣ дарёфтанд,
Дар сипеҳри меҳр меҳвар ёфтанд.
Одамӣ аз сури Мавло ҳур шуд,
Оламе бо шўри Мавло ҷўр шуд.
Шоир бо вожаҳои дақиқу баёни аниқ саҳнаро воқеиву дилрас тасвир кардааст ва дар ин амал таносубҳои қавию қофияҳои устувор ҳампову дастгири ҳунари ўянд. Таваҷҷуҳ кунед: таносубҳои давр задану даврон шудан, гирди гардун гардон гаштан, дар сипеҳри меҳр меҳвар ёфтан, аз сури Мавло ҳуру бо шўри Мавло ҷўр шудан ва қофияҳои зебои хушово суханҳои одии мисраъпуркун нестанд, балки бо маъною паҳно, зарбу оҳанг ва эҳсосбарангезии хеш пораҳои манзумро ба шеъри равони дилрас мубаддал кардаанд. Чунин таносуб ва қофияҳо (сипеҳри дил – меҳри дил, шайдо – пайдо, покдин – афлокбин, маъно – маъво, Мавло – авло, пиёда – зиёда, худоҷў – дуогў, ба сират – басират, ҳарзаи риш – дарзаи риш, даввору довар будани Замину кайҳон, лаб инҷу ҷабин ҷинҷ, ки дар саросари манзума дучор меоянд, ҳадафнок истифода шудаанд ва баробари хушрангу хушоҳанг кардани сухан сурату ҳолате ё вазъияту кайфиятеро ифода менамоянд.
Чунонки гуфта шуд, манзума аз ҳунари бебаҳси саҳнаофарӣ ва зиддиятсозии устоди дром нобархурдор намондааст. Ва аз қабили порае, ки зикраш рафт, боз ҳам дорад. Он саҳнаи ҷанозаи Мавлоност ва дар оғоз ба гусели ҷисми он ҳазрат анҷуман оростани аҳли Машриқу Мағриб – ихлосмандони дину ойинҳои мухталифро зебову таъсирбахшо тасвир кардааст:
Як фавҷ араб омада, як хайл фарангӣ,
Як қофила турк омада, як силсила зангӣ.
Як қофила аз қавми яҳудию насоро,
Як силсила аз аҳли Самарқанду Бухоро.
Як қофила аз мардуми озодаи Хатлон,
Як силсила аз мардуми дилдодаи Раштон.
Як қофила суғдиву бадахшиву хуҷандӣ,
Як силсила чочиву ҳиротиву хуқандӣ.
Як қофила аз Қоҳираву Маккаву Ясриб,
Як силсила аз Ҳинду Ҳимолойу Сарандеб.
Як қофила аз Тирмизу Хоразму Хуросон,
Як силсила курдону таторону урусон –
Ҷумла ҳама саргаштаву дилхаставу ношод,
Ҳар кас сухане вирди забон дошт зи устод…
Ин пора далели нуфузи мазҳаби пурмуҳаббату миллати беиллати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ҳақпарвариву инсондўстии кеши ўст, ки то имрўз рў ба густариш дорад ва дар заминаи файзбахши хеш дар Шарқу Ғарб анҷуманҳои бузургеро ҷамъ меорад.
Нохост таассубзадае хира барошуфт,
Лаб инҷу ҷабин ҷинҷ, баланд омаду баргуфт:
— Ё тавба, Худои ҳамадон, ин ҳама бингар,
Дар мотами муслим чи кунад мардуми кофар?!
«Тарсову яҳудию бараҳман» дар ҷавоби он таассубзада таъхир накарданд, зеро пири покмазҳабашон дар умри нуронии худ борҳо бо ин зулматҳои маънавӣ дучор шудаву посухи ҷовидонае ба ёдгор гузошта буд:
Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост,
Кофару муъмин ҳама халқи Худост.
Дар ин замина алайҳи тафриқаандозиву ҷудосозиҳои милливу мазҳабӣ як байти манзума ҳам бисёр қотеъ садо медиҳад:
Ў шамс буду шамс барои ҳама бошад,
Аз чархи барин нур ба рўи ҳама пошад.
Дар фарҷоми манзума сухан аз абадзиндагии ному кори Мавлавӣ овардани шоир ҳам мантиқист. Ў барҷо таъкид мекунад, ки:
Қуния акнун ба номи Мавлавӣ
Шаҳри нур асту зиёи маънавӣ…
Пайравони Мавлавӣ дар хоки ў
Пос медоранд рўҳи поки ў.
Мардуми наздику дур аз ҳар тараф
Мерасад баҳри зиёрат саф ба саф.
Дар мазори ў ибодат мекунанд,
Порсоиро иродат мекунанд.
Оре, чунон буду баъди 800 сол ҳам чунин аст. Мардум барои тавофи турбати поки таҷассуми хиради инсониву ваҳдати яздонӣ ба ин ҷо меояд ва «аз вуболу аз савоб бар суоли хеш меҷўяд ҷавоб». Ва «Пешвои ишқ посух медиҳад»:
Ё мусулмон, аз таассуб пок бош,
Бо ҳама ихлоси худ идрок бош.
Сўи базми ошиқон хуррам биё,
То ки дарёбӣ ба ҷону дил зиё.
Манзума, ки бо як дам мутолиа мешавад, то дер касро банди масоили хеш медорад ва оид ба маънои оламу савдои одам фикру зикри зиёде пеш меорад. Бешубҳа, адибонамон ба ифтихори ҷашни мубораки Мавлоно боз ҳам осори хонданӣ эҷод мекунанд, вале умед аст, ки «Бозтоби офтоб» дар он миён ҳамчунон гўёву пурҷило боқӣ мемонад.
Пешниҳоди аслӣ ин аст, ки хонанда манзумаро бихонад, лаҳзаҳои маънавиеро аз ҳаёти Мавлоно эҳсос бикунад, лавҳаҳои воқеиеро аз рўзгори ў аён бубинад ва бо ташаккур аз шоир, ки дилрас манзумае иншо намудаасту аз маҷаллаи «Садои Шарқ», ки онро чоп кардааст, соати нуроние бо рўҳи поки Мавлоно ва эҳсосу идроки воло бимонад.
НИЗОМ ҚОСИМ
2007