БА МУНОСИБАТИ 75-СОЛАГИИ АДАБИЁТШИНОС АБДУХОЛИҚ НАБАВӢ

МУҲТАРАМ АБДУХОЛИҚ НАБАВӢ

Дар солҳои 70-80-и садаи XX дар баробари таҳаввули андешаи адабӣ, дар нақду адабиётшиносӣ ҳам ҷунбишҳо ва ковишҳои тоза оғоз гардид, ки он як андоза маҷрои раванди андешаи суннатии адабпажўҳиро тағйир дод. Ҳадафи ин навҷўиҳо кушодани моҳияти осори адабӣ ва ба таври воқеъбинона нишон додани ҳунару истеъдоди шоирону нависандагон буд. Ин қабил навҷўиҳо дар таҳқиқи адабиёти гузаштаю муосири тоҷик натиҷаи кўшишу талошҳои як гурўҳ муҳаққиқони дар он солҳо ҷавон буд, ки яке аз тозакору тозаназару пуртакопўяш Шумо будед. Аз ибтидо дар ҷодаи илм бо шеваи хоси адабпажўҳии худ гом бардошта, имрўз ба мақому мартаби баланди устодӣ расидед.

 Пас аз хатми донишгоҳ, соли 1984 тақдири ояндаи илмию пажўҳишии худро ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ пайвастед ва то кунун дар ин боргоҳи илму маърифат фаъолият менамоед.

Соли 1981 дифои рисолаатон дар мавзўи «Масъалаи психологизм дар насри муосири тоҷик» равзанаи фарохеро барои оянданигарӣ дар таҳқиқи минбаъдаи илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик ба рўятон боз кард. Ин буд, ки дар заминаи адабиёти муосири тоҷик таҳқиқи ҷанбаҳои ҳунарию эстетикии осори адибон ва пайдоишу таҳаввули равандҳои тозаи адабӣ дар адабиёти нави тоҷикиро пайгирӣ ва ҳадафмандона таҳқиқу пажўҳиш намудед.

Дар ин ришта то имрўз қариб 400 мақолаи илмиву оммавӣ, китобу рисола таълиф намудаед, ки рисолаҳои илмӣ-адабии «Садриддин Айнӣ ва инкишофинасри шўравии тоҷик» (1978), «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон» (1987), «Адабиёт ва нақди адабӣ» (1993), «Назруллоҳи Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30 садаи 20» (2004), «Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон» (2004), «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» (2009), «Ҷанги Ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» (2010), «Бухорои шариф» — сароғози матбуоти миллии тоҷикӣ» (2012) аз муҳимтарин таълифоти Шумо дар солҳои мухталифанд.

Дар баробари таҳияи маҷмўаҳои «Абармарди илму фарҳанг» (бахшида ба 80-солагии М. Шакурӣ), «Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо» (маводи илмии баҳсҳои забоншиносии солҳои 20-30), «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ, омодасозӣ ва таҳрири Куллиёти устод Лоҳутӣ, таҳияи маҷмўаи «Бойчечакҳои Помир» (бо забони украинӣ), «Куллиёт»-и Ф. Муҳаммадиев, баргардони китоби бунёдии Шиблии Нуъмонӣ «Шеър-ул-Аҷам» яке аз мураттибони асосии лоиҳаи Куллиёти бисёрҷилдаи устод Айнӣ буданатон, ки таҳия ва нашри он идома дорад, аз корҳои хайру савоби Шумо барои хонандаи тоҷик аст. Ба тарҷумаи осори бадеӣ низ машғул шуда, ҳикояҳои А. П. Чехов, И.С.Тургенев ва очерку мақолоти адабиётшиносиро ба тоҷикӣ баргардон кардаед.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Шўрои нақду адабиётшиносии ин ниҳод буданатон мояи ифтихори ҳамқаламон аст.

Сазовори унвони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2008) ва барои китоби «Ҷанги Ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» (2015) барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2017) шуданатон натиҷаи заҳматҳои ҳамешагии Шумо дар роҳи илму адаби тоҷик аст.

Бо камоли эҳтиром ва посдории хидматҳои арзандаатон Шуморо барои расидан ба 75-умин баҳори умр шодбош мегўем ва умедвори рўзгори хушу корҳои шоистаи минбаъдаи Шумо ҳастем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

 ПАЙВАНДИ АДАБИЁТИ НАВ БО СУННАТҲОИ ГУЗАШТА

(пора аз мусоҳибаи Ҳокими Қаландариён бо

Абдухолиқ Набавӣ)

Дуруст аст, ки банда ба пажўҳиши масоили адабиёти муосир (нав) машғул ҳастам. Хосса ба таҳқиқи насри воқеъгаро, таърихи нақди адабӣ ва гаҳ-гоҳе шеъри муосир мақолаву рисолаҳо навиштаам. Бояд изҳор намоям, ки пажўҳиши адабиёти даврони нав (яъне аз ибтидои асрни ХХ ба баъд) роҳу равиши худро дорад, чун он дар заминаи дигари арзишҳои адабиву таърихӣ ва эстетикӣ зуҳур кардаву таҳаввул намудааст. Аммо ин адабиёти нав ҳамеша бо суннатҳои гузашта дар пайванд будааст ва агар ибтикороте шуда ва навоварие ба амал баромадааст, ҳамеша бар мабнои такмилу тағйир ва эҳёи суннатҳои мавҷуд дар заминаи арзишҳои нав сурат гирифтааст. Бинобар ин, дар ниҳоди худ адабиёти миллӣ реша дар таъриху арзишҳои адабӣ-эстетикии мавҷудаи худ дорад. Аз ин ҷо ҳар муҳаққиқи адабиёти имрўза ҳатман бояд аз ин адабиёт ва намунаҳоии он, сабку тамоюлҳои адабии он огоҳ бошад. Банда низ то қадри тавон аз рўи ин дастур амал мекунам. Зиёда аз он, солҳои устоди донишгоҳ будан, ки аз таърихи адабиёти қадим, адабиёти асрҳои ХVI-ибтидои асри ХХ, дарс медодам, ҳамчунин аз санъати сухан, поэтикаи шеър, муқаддимаи адабиётшиносӣ ва назарияи адабиёт низ дарс гуфтаам, ки ҳар як аз онҳо тақозои то андозае огоҳӣ доштан аз кулли адабиёт ва хосса адабиёти классикиро низ дорад. Бинобар ин, бисёр шудааст, ки баъзе осор ва масоили адабиёти гузаштаро мустақил омўхтаам (масалан «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва ғазалиёти Ҳофиз, Ҳилолӣ ва ғ.) ва агар имкон шавад, чизе дар шакли тезис навиштаам. Масалан, сохтори ғазалиёти Ҳофиз ва мақоми байт дар он ва аз ин рў сохти грамматикии байт барои ман бисёр аҷиб аст ва то ба ҳол сари он андеша мекунам. Мисли ҳамин, дар мавриди шеъри «Бўйи ҷўйи Мўлиён ояд ҳаме»-и устод Рўдакӣ дер боз фикр мекардам, бахусус ривояте, ки дар атрофи он маълуму машҳур аст ва пай бурдан ба сабаби ин шуҳрат таваҷҷуҳ гардида буд. Аслан ҳанўз дар солҳои донишҷўӣ, бахусус вақте ки мақолаи И. С. Брагинскийро дар бораи маҳорати Рўдакӣ (1966) мутолиа кардам, ин хоҳиш дар зеҳни ман пайдо шуда буд. Ҳаминро бояд афзоям, ки ин қасидаи Рўдакӣ аз намунаи беҳтарини шеъри сода ва дар мавриди мушаххас эҷоди шеъри дархўри замони муайян аст, ки устод Рўдакӣ аз уҳдааш ба- ромада тавонистааст, ки нишонаи истеъдоди фавқулодаи вай мебошад. Ин асар аз пуртаваҷҷуҳтарин шеър аст, ки шуаро дар давоми даҳ аср ба он тазмин гуфтаанд, вале гумон намеравад, ки касе ба пояи Рўдакӣ расида бошад.

МАШЪАЛАФРӮЗИ НАХУСТИН

 Ҳанўз дар соли аввали донишҷўиям дар бахши суханшиносии Донишкадаи омўзгории шаҳри Хуҷанд хоҳарам Матлубабону (ки устоди донишкада буд), хабар дод, ки пагоҳ- фардо бо устоди донишвар Абдухолиқ Набиев, ки ҳар дарсашон бо хатми як китоби комил баробар аст, ошно мешавӣ. Ёд дорам, ки устод вақте ба синфхона ворид шуданд, ба тандисҳои муҳташаме, ки мо қаблан дар тасаввур доштем, монанд набуданд. Мо устодони соҳибмартабаро бо ҷуссаи ази- му қомати баланду чашмҳои айнакпўшу ваҷоҳати бовиқор тасаввур мекардем. Аммо Абдухолиқ Набиев бо андоми зарифу нигоҳи пуршарор ва қадамҳои чусту вуҷуди ҷавонашон ба пиндорҳои дўшини мо мувофиқат намекарданд. Ин номувофиқатӣ дар дарси аввал барҳам хўрд. Устод хоҳиш карданд, ки ҳар яке аз мо шеъри дилхоҳашро хонад. Ҳанўз дар хотир дорам, ки ман ин ғазали Ҳилолиро хонда будам:

Гуфтугўи ақл дар хотир фурӯ н-ояд маро,

Бандаи султони ишқам, то чӣ фармояд маро.

Бастаи зулфи парирўе шудан аз ақл нест,

Лек ман девонаам, занҷир мебояд маро.

Ҳамин ғазали маъмулӣ устодро ончунон ангезаву шарар бахшид, кидақиқаҳои мадид бо мадду ҷазри андешаву эҳсос ва руҷўъҳои зебо ба тафсири он пардохтанд ва хоҳиш карданд, ки аҳли гурўҳ он ғазалро ҳифз созанд. Ман мутаҳайир будам, ки ғазале, ки дили маро чандон шўру шар намебахшид, устодро чи бисёр таҳрику таассур додааст. Ҳамсабақон аз ҳамон дарси аввал шефтаву дилбастаи устод Абдухолиқ Набиев гардиданд ва ин шефтагӣ то имрўз поённопазир аст. Ҳангоми танаффус устод ба ман гуфтанд:

— Иноят, модари шумо Бароат Абдураҳимовна ба ман адабиёти русро омўхтаанд ва ҳоло бо хоҳарбузургатон Матлубабону ҳамкориҳо дорем. Азбаски шумо дўстдори шеъри русӣ ҳастед, салоҳ аст, ки “Савтҳои форсӣ”-и Сергей Есенинро дар тарҷумаи Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир бароятон мавзўи кори илмӣ баргузинем.

Иршоди нахустини устод Набавӣ пешорўи ман ҷодаҳои нуронии илми таҳқиқро боз кард ва ман бо рағбати нотасвир ба кишвари нилуфарии шеъру ишқу илҳоми Есенин сафар кардам. Омўзишу пажўҳишу баррасии “Савтҳои форсӣ” бароям заҳмату азият эҷод намекард, балки нишоту саодати ҷонафрўзе буд, ки маро аз дарун мунаввар менамуд. Бо роҳнамоии устод Набавӣ ман чандин осори хуҷастаи адибони муосирро мутолиа карда будам. Аммо дар соли савуми таҳсилам устод барои идомаи фаъолият ба Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ ба пойтахт рафтанд. Ва ҳоло аз рўзгори он хотираҳои маъсуми аҳди шабоб, аз он дарсҳои пурфурўғ аз шуъои шеъри Саъдиву Ҳофиз, аз он даврони пурнишоти пахтачинӣ, ки аз суҳбати устод бештар бархурдор мешудем, аз он маҳфилҳову маҷлисҳои мушаъшаъ аз нури сухан 33 сол гузаштааст. Ин ҳама сол ман ба садоқату пояндагиву одамгароиву шогирднавозии устод Набавӣ ҳайрону тасхирам. Замоне устод бо ҳамсарашон (ёди муаллима ба хайр) ба табрики издивоҷи ману Толибҷон омада буданд ва аз он даврон пайваста ба шодбодии санаҳои фаррухрақам занг мезананду таҳниятнома мефиристанд. Инчунин иродату бузургворӣ фазилати ситудаи устод Набавӣ аст, ки чеҳраи азизашонро дар оинаи ҷонҳои мо маҳбубтар кардааст. Устод Набавӣ аз матинтарин ва пуркортарин адабиётшиносони муосири Тоҷикистонанд, ки масоили то имрўз номакшуфи адабиётро бо чашми таҳқиқ ба ҳамагон рўнамо мекунанд. Устод як тан аз донишварони машъалафрўзи рўзгори моянд, ки дар мактаби маърифати аллома Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ камол омўхтаанд ва ҷўёву пўёи ҷовидони қаламрави илму адаб мондаанд. Тозакориҳои устод Набавӣ ҳаргиз аз чашми бинишварони адабпажўҳ дур намондааст.

Ҳоло мехоҳам бо муҳаббати ворисона устодро бо саодати милод муборакбод гўям ва аз ҳазрати Ҷонофарини якто барояшон ифтитоҳҳои тозаи ояндаву пирўзиву шодбахтиҳои поянда таманно варзам. Ва бо ифтихори фавқулҳад ба ҳамагон гўям, ки:

Аз гулхани ҷонаш шарар афрўхтаем,

Аз махзану конаш гуҳар андўхтаем.

Дар мактаби фазли Абдухолиқ Набавӣ,

Сад шукр, ки мо ҳам адаб омўхтаем.

ФАРЗОНА

 БЕДАЪВО

Абдухолиқ кор мекунад, аммо ҷор андохта наметавонад.

Дар байни олимони мо одамоне ҳастанд, ки дупула коре накардаанд, вале садпула овоза доранд. Ин қабил олимон маҳсуле надоранду даъвояшон калон ва бино бар ин даъвоҳо дар ҷомеа соҳиби як навъ эътиборе ҳам шудаанд ва мавқеъ ёфтаанд ва афзалиятҳо низ доранд. Абдухолиқи Набавӣ садпула корро анҷом додааст ва азбаски даъво надорад ва ҷор намеандозад, дар ҷомеа гўё як навъ номашҳур аст ва имтиёзҳое бо ў намедиҳанд ва ҳакамҳои унвонҳову ҷоизаҳо корашро нодида мегиранд. Кӣ медонад, шояд нахонда ҳам бошанд.

Вай инсони табиатан фурўтан ва ҳа- мин хислат дар корҳои илмиву тадқиқотиаш низ ҳувайдост. Яъне ҳайу ҳўй намебарорад, лоф намезанад, вале мавзўи мавриди назарашро холисона, дақиқона ва бо санаду ҳуҷҷат таҳқиқ ва таҳлил мекунад. Вуқўъбин ва вуқўъгўй аст. Харро ҳаргиз хаҷир ва хачирро хар намегўяд.

Абдухолиқи Набавӣ асосан ба омўзиш, таҳлил ва ташвиқи наср, хосса насри асри бист, машғул аст. Дар бораи насри носирон Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Сорбон, Саттор Турсун… тадқиқотҳо дорад ва ўро яке аз мубаллиғони фаъоли насри тоҷик дар асри бист бигўем, муболиға намешавад.

 Дар баробари ин, Набавӣ ба осон кардани мушкилҳои адабиёт дар давраи ҷадидизм низ машғул шудааст ва дар баъзе мавридҳо гиреҳкушойӣ ҳам кардааст.

Таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро Набавӣ навишта ва ин китоб дар зоти худ, алҳол, аввалин ва охирин аст.

Дастовардҳои китобшиносӣ (библиография) низ дорад. Шарҳу эзоҳоте, ки барои Куллиёти Фазлиддин Муҳаммадиев навиштааст, аз намунаҳои хуби ин илм мебошад.

Ўрун КЎҲЗОД

 АСКАР ҲАКИМ

ЭЪҶОЗИ ПАРВОЗ

Эҳдо ба дўстам

 Абдухолиқи Набавӣ

Зодае ҳаст ба номи Одам,

Ки худ аз оҳу дам аст,

Лек дар каф гардон

                            ҷовид

паймонаи шодиву ғам аст.

Ҷоми ғамро зад бояст ба санг,

Ҷоми шодӣ бардошт.

Баски он ҷом, ки шод аст маяш,

Хуштар аз ҷоми Ҷам аст.

Шодӣ асли ба зуҳур омадани эъҷоз аст,

Ҳастии сабзи замин

тазмини парвоз аст.

Ҳар куҷо дому қафас ҳаст,

шикастан бояст

Ва ҷаҳонро ба пару бол орост,

На, ки бепарво

 миқроз задан

Атласи боли кабўтарҳоро,

К-осмон шефтаи болу пар аст

Ва ба ҷон

         ошиқи парвози кабўтарбачаҳост.

Баски дар муъҷизи эҷоди замину кайҳон

Осмон бошаду

                            парвозе на,

Осмон бемаъност.

Маънии будани мо

 низ ҳамин парвоз аст

Ва агар ҳам

                   ба пару парвоз имконе нест,

Кист, к-ўро набувад

                   ишқи тамошои парвозе,

 кист,

К-ў нахоҳад, ки бубинад

                            ба фарози сари хеш,

Осмон ҳасту

 парвози кабўтарҳо ҳаст

Ва хатар

         бар пари ҷонҳои парафшоне

                                                        нест?!

 Доро НАҶОТ

МО, ДУ ПАРКАШИДА

Ба дўстам Абдухолиқи Набавӣ

Фотеҳаи тулўъ буд,

ки пайвастем

сапедадами уфуқи Испенаро

ба гулхонаҳои шафақи Сирдарё

ва биёғуштем

хиёбони Камоли Хуҷандиро

ба бўи зираву кокутӣ.

Мо

ду паркашида

аз лонаҳои фароштурукии Хаснова

ва кафтархонаҳои теғаи Пардўш,

пар-пар задем

дафтархонаҳои донишгоҳе,

ки посутунҳош

аз қомати баланди чакомаҳо буду

қандилҳош

аз ситораҳои истиора

ва болору вассаҳош

                            аз радифу қофия.

Мо

дубайтӣ вазидем

ба гулҷўшаҳои табассуми зебо,

ба гулхўшаҳои такаллуми шево

Мо бўи алоби ҳезуми бурс

ба алоби дили ошиқони ғазали Камол

афшондем.

Он ҷо

ту шайдои меҳситирухсоре будӣ,

ман шефтаи меҳситигуфторе.

Ишқи ту бўи пудина мекард,

ишқи ман бўи бобуна.

Ишқи ту гули ревоҷ буд,

ишқи ман гули вартоҷ.

Ишқи ту

бо дилдорат кард

                   туро ҳамхона,

ишқи ман кард

                   маро девона…

Акнун

ҳар гоҳ бубинамат,

пур аз сабоҳи Хуҷанду

         сапедадами Испена мешавам

ва саршор

аз фотеҳаи муаттари тулўъ.

 Ҳасани СУЛТОН

КИМИЁИ МУҲАББАТ

Барои устод Абдухолиқи Набавӣ

Аз кўчаҳо садои муҳаббат намерасад,

Як ҳарфи муддаои муҳаббат намерасад.

Бар шаҳри мо чӣ рафт, ки

аз қаҳтсоли меҳр

Ин ҷо ғубори пойи муҳаббат намерасад

Бўйи хушеву накҳате андар машоми ҷон

Аз атри кимиёи муҳаббат намерасад.

Ёрони дил шуданд чу бегонагони дил,

Оҳанги ошнои муҳаббат намерасад.

Симфониёи ишқ фаромўши гўшҳост,

Овои ҷонфизои муҳаббат намерасад.

Табли ҷафо ба авҷи само мебарад садо,

Зангўлаи дарои муҳаббат намерасад.

Дашному фаҳш мерасад аз чор сў, вале

Пайғоми дилкушои муҳаббат намерасад.

Дардо, зи макру фитнаву бедоди рўзгор

Бар доди мо худои муҳаббат намерасад.

 1991

Дигар хабарҳо