Тамошои Паёми Пешвои миллат дар ИНТ
Имрӯз дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳайати кормандони Иттифоқи нависандагон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастҷамъона тамошо карданд.
Бояд гуфт, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта зикру баррасӣ гардида, нақшаҳо ва барномаҳо барои солҳои оянда муайян карда шуданд.
Паёми Савари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарият ва кормандони тамоми соҳаҳо, ҳамчунин барои тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла зиёиёну адибон ҳамчун дастури раҳнамо хидмат менамояд.