Сӯгворӣ. САТТОР ТУРСУН
Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Саттор Турсун 5 июни соли 2023 аз ҷаҳон даргузашт.
Устод Саттор Турсун ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар соли чаҳоруми шуъбаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои хидмат ба халқу Ватани хеш ҳамчун ровии радиёи ҷумҳурӣ нахустгомҳои худро гузошт. Чун соли 1970 соҳиби маълумоти олӣ гардид, бо даъвати устод Мирзо Турсунзода ва сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Убайд Раҷаб барои идомаи фаъолият ба идораи маҷалла ба ҳайси мудири шуъбаи публитсистика ҷалб гашта, баъдан масъулияти мудири шуъбаи наср вогузораш гардид ва чанд муддат вазифаи сармуҳарририро низ ба уҳда дошт.
Солҳои 1990-1991, яъне то пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳайси мудири шуъбаи идеологияи Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ҳамзамон узви Кумитаи марказии он, солҳои 1992-1995 шореҳи сиёсии рӯзномаи «Ҷумҳурият», соли 1993 котиби матбуотии Сарвари давлати Тоҷикистон ва солҳои 1995-1997 сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» ифои вазифа намуд.
Ӯ бунёдгузор ва нахустсармуҳаррири рӯзномаи иҷтимоӣ-фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Баҳори Аҷам» буда, дар он аз соли 2000 то соли 2009 фаъолият намуд.
Нахустҳикояҳои устод ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ дар маҷаллаи «Садои Шарқ», рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» ва «Тоҷикистони советӣ» чоп гардида, ҳамчун нависанда ба мардум ошною маҳбубаш карда буданд. Бо гузашти ду сол аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР (Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) пазируфта шуд.
Беш аз 50 сол пайваста ба фаъолияти эҷодӣ машғул буд ва тавонист бо офаридани осори мондагоре, чун романҳои «Се рӯзи як баҳор», «Камони Рустам», «Садама ё худ Достони як марди саргардон», қиссаҳои «Пайванд», «Сукути қуллаҳо», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Девор», «Аз субҳ то шом», «Санг дар бағал ба тӯфон», «Ҳасрат», «Мӯйсафедон», «Дӯсти ман Бароталӣ», «Эътироз» ва ғайра ганҷинаи насри хонданиву мондании тоҷикро ғанитар гардонад.
Устод Саттор Турсун ба зиндагӣ ва рӯзгори мардум хеле қарину хуб ошно буд. Дар мавзуъҳои муҳимми ҳаёти халқу Ватани азизаш пайваста очерку мақолаҳои муассир менавишт ва аз ин тариқ дар истиқлолиятхоҳӣ, ваҳдатсозӣ, бунёдкорӣ ва худшиносии миллаташ саҳми босазо мегузошт.
Аксари асарҳои эҷоднамудаи устод ба забони русӣ тарҷума шуда, дар маҷаллаҳои номдоре, чун «Наш современник», «Дружба народов», «Аврора», «Молодая гвардия», «Роман-газета», ҳафтаномаҳои «Литературная газета» ва «Литературная Россия» ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, осори адиби забардаст ба забонҳои олмонӣ, маҷорӣ, англисӣ, словакӣ, ветнамӣ, булғорӣ, арабӣ, тамил, ҳиндӣ, урду ва ба забонҳои аксари халқҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ тарҷума ва дастраси миллионҳо хонанда шудаанд.
Мояи ифтихор аст, ки ҳашт китоби нависандаи забардасти тоҷик дар интишороти бонуфузи Маскав, Таллин, Будапешт ва Тошканд ба забонҳои русӣ, эстонӣ, маҷорӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ ба табъ расидаанд. Осори устод мавриди нақд ва пажуҳиши коршиносони хориҷӣ қарор гирифта, назари эшон дар маҷаллаҳои номваре, чун «Литературное обозрение», «Дружба народов», «Нева», «Шарқ юлдузи», ҳафтаномаҳои «Литературная газета» ва «Неделя» манзур гардиданд. Онҳо ба маҳорати нависандагии адиби тоҷик баҳои баланд доданд ва аз баракати ин эътибори насри мо дар миқёси байналмилалӣ болотар рафт.
Устод Саттор Турсун дар тарҷума низ худро ҳамчун соҳибқалами хушсалиқа ва соҳиби маҳорати воло муаррифӣ намуда, намунаи офаридаҳои суханварони машҳури дунё – Лев Толстой, Андрей Упит, Ион Друтсе, Серо Хонзодян, Александр Беляев, Ҷек Лондон, Грант Матевосян, Абдулкарим Ғаллоб, Шервуд Андерсон, Урхон Камол ва дигаронро ба хонандаи тоҷик пешкаш кард.
Соли 1982 бо фармоиши Кумитаи давлатии телевизион ва радиои СССР аз рӯи романи «Камони Рустам» филми бадеии «Айёми туманҳои зимистон» иборат аз ду қисм ба навор гирифта шуд.
Бо вуҷуди он ки мактаби адабии устод Саттор Турсун худ як омӯзишгоҳи волои эҷодии бисёр нависандагони ҷавони тоҷик буду ҳаст, ӯ бевосита низ дар тарбияи қаламкашони хушсалиқа ҳиммати баланд нишон дода, дар ин самт низ унвони баланди устодро ҳалол кардааст.
Ранҷи пурганҷу фаъолияти пурбаракати адиби номвар бо Ифтихорномаи Шурои Олии РСС Тоҷикистон, медали биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР, ордени «Дӯстӣ», медалҳои «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», чандин нишони ифтихории соҳавӣ, Мукофоти комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, унвонҳои Корманди шоиста ва Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
Ёду номи неки адиби бузург гиромиву ҷовидона бод.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон