Адабиёт ва ҳунар дар ойинаи «Адабиёт ва Санъат»
27 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мундариҷаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Адибону адабиётшиносон, муаллифони фаъол ва кормандони ҳафтанома дар нишаст иштирок карданд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз чунин ибрози назар намуд: «Имрўз «Адабиёт ва санъат» бо теъдоди зиёда аз 10 000 нашр мешавад. Ин ифодагари он аст, ки мардуми мо ҳанўз аз адабиёт канда нашудаанд ва ҳафтанома муштариёни худро дар тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ дорад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат «Адабиёт ва санъат» ба таври муттасил обунашавандагони худро пайдо кардааст. Дар саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат» сол аз сол навиштаҳои хонданбоб чоп шуда истодаанд. Натанҳо назму наср, публитсистикаи рўз низ пешниҳоди хонанда мегарданд. Дар шумораи ба тозагӣ нашршуда ҳам дар чанд бахши мавзуъҳои доғи рўз мақолаҳо ҳастанд. Яке аз чунин мақолаҳо аз Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо мебошад, ки ёддоштҳояшро дар бораи Афғонистон ва мавқеи тоҷикон дар он кишвар дар бар мегирад. Агар гўем, ки дар масъалаҳои китобхонӣ, ташвиқ намудани сиёсати фарҳангии давлатамон «Адабиёт ва санъат» ҳарфи аввалро мегўяд, хато намекунем. Чунки дар он адибон ва публитсистони хеле неруманди мо мақола менависанд. Ва табиист, ки мақолаҳои мавриди назарро аз шоир, нависанда ва публитсист ягон рўзноманигор беҳтар навишта наметавонад».
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, нависандаи шинохта Абдурауф Муродӣ, мудири бахши очерк ва публитсистикаи ИНТ Ҷумъа Қуддус ва профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул дар бораи назму наср ва публитсистикаву нақди ҳафтавор маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Бояд хотирнишон кард, ки ин маърузаҳо дар ҳафтанома пурра ба чоп мерасанд.
Дар охир сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Парда Ҳабиб ба ҷамъомадагон барои иштироки фаъолонаашон изҳори сипос карда, онҳоро ба ҳамкории доимӣ, ки барои боз ҳам беҳтар гаштани сатҳу сифати ҳафтанома мадад мерасонад, даъват намуд.