Эълони рӯйхати асарҳои роҳёфта ба озмуни ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ

Аз Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика
Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ қарор мекунад, ки дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза ва қарорҳои бахшҳо асарҳои зерин ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022 роҳ дода шаванд:
Бахши адабиёт
- Ато Мирхоҷа. “Саройи санг” (Роман иборат аз се китоб). Нашри “Эр-граф”, 2019, 2020.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст. 2. Юнус Юсуфӣ. “Киштии Нўҳ” (Роман). Нашри “Эр-граф”, 2021. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Бахши театр ва синамо
- Давлаталӣ Убайдуллозода. Таҳияи намоишномаи «Пайкари миллат» (Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, 2021).
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ
- Амирбек Мўсозода. Операи «Хусрав ва Ширин» (Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, 2019) ва консерти симфонии «Хуршеди фараҳ» (Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2021).
Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ
- Олим Рабизода. Силсилаи асарҳои тасвирии «Президент – кафили сулҳ», «Дарахти зиндагӣ», «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рустамнома» (2017-2021).
Раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Бахши эҷодиёти бадеӣ барои кўдакон ва наврасон
- Азизи Азиз. Китоби «Як каф гандум» (иборат аз шаш қисса).
Нашри «Паёми ошно», 2020.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ:
- Одил Икром. Тарҷумаи «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (шаш дафтар), «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Ғазалиёт»-и Туғрал, «Модарнома» ва «Дилам дуо мехоҳад»-и Лоиқ Шералӣ, «Тасбеҳи ишқ»-и Фарзона, «Субҳ ба хайр»-и Озарахш, «Садои аср»-и Фурўғи Фаррухзод, баёзи «Гулчини назми муосири тоҷик», «Лолаи Тўр» ва «Армуғони Ҳиҷоз»-и Муҳаммад Иқбол.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Ўзбекистон пешниҳод кардаанд.