Самари зиндагиву эҷод

Ба муносибати 85-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Ўрун Кўҳзод дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода шоми эҷодии ин нависандаи забардаст баргузор гардид.
Адибону адабиётшиносон, дўстону ҳамқаламон аз хидматҳои шоёни Ўрун Кўҳзод дар рушди насри муосири тоҷик ёдовар шуданд.
Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар сухани ифтитоҳии худ фаъолияти эҷодии нависандаи маъруфро пурсамар арзёбӣ намуда, меҳрномаи раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ў тақдим кард. Тавре Ато Мирхоҷа иброз дошт, Ўрун Кўҳзод бо асарҳои пурғановати худ бештар аз шаст сол аст, ки дили ҳаводорони адабиёти миллиро тасхир карда истодааст.
Гардонандаи маҳфил адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода зиндагиву кори эҷодии Ўрун Кўҳзодро шоистаи таҳсину пайравӣ шумурд. Мавсуф зикр намуд, ки Ўрун Кўҳзод дар тўли умри пурбаракат дар вазифаҳои гуногун кор карда, пайваста асарҳои ба афкори ҷомеа таъсиргузор навишта, баъди ба нафақа баромадан ҳам осори шоиста офарид.
— Асарҳои хонданбоби Ўрун Кўҳзод ба таври густарда аз ҷониби муҳаққиқони барҷаста мавриди таҳқиқҳои бисёрҷониба қарор гирифта, баҳои сазоворро соҳиб шудаанд. Насри ў насри андеша ва психологӣ буда, маърифати хос дорад ва тору пуди инсонро барои хонанда кашф мекунад. Равияеро, ки Фазлиддин Муҳаммадиев дар эҷоди наср кор гирифта буд, Кўҳзод ва чанд нависандаи ҳамнасли ў бо ҷуръати том идома доданд, — гуфт зимни суханронӣ яке аз ҳамқаламону дўстони Ўрун Кўҳзод Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад.
Ба андешаи нависанда ва муҳаққиқ Қодири Рустам, қаҳрамонҳои насри Ўрун Кўҳзод ба умқи ҳаёт нигоҳ карда, саволҳо матраҳ менамоянд ва онҳо, пеш аз ҳама, интиқодгар ҳастанд.
Аслиддин Низомов фикру андешаҳояшро асосан дар бораи ду асари Ўрун Кўҳзод: «Ғайр аз хўрдану пўшидан» ва «Ҳайҷо» баён карда, таъкид намуд, ки муаллиф мазаммати нафспарастиро дар асарҳояш дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, моро даъват мекунад, ки бар зиддаш мубориза барем. Зеро ин падида ҷамъиятро хароб мекунад. Ба гуфтаи Аслиддин Низомов, асарҳои Кўҳзод аз асарҳои Нодар Думбадзе ва Чингиз Айтматов камӣ надоранд.
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ бо сурудхониҳои хеш ба маҳфил гармии дигар бахшид.
Дар охир соҳибҷашн ба саволҳои иштирокдорони маҳфил посухҳои мушаххас гуфта, барои баргузории чорабинии ёдмон изҳори миннатдорӣ кард.
Б. ТОҶИДДИН