Поягузори драматургияи тоҷик

 Поягузори драматургияи тоҷик

Дар арафаи ҷашни Наврўз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи драматургияи ин созмон бахшида ба 110-солагии драматурги маъруф Ғанӣ Абдулло нишасти илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ғанӣ Абдулло – поягузори драматургияи тоҷик» баргузор гардид.

Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нишастро ҳусни оғоз бахшид. Сипас Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, доктори илми санъатшиносӣ, профессор Мунира Шаҳидӣ, доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмон, номзади илми таърих, театршинос Муҳаммадулло Табарӣ, адабиётшиноси маъруф Абдураҳмони Абдуманнон, нависандагон Мирзо Шукурзода, Абдурофеъ Рабизода, шоир Иззатбеки Идизод ва фарзанди адиб – Фирўза Абдуллоева перомуни рўзгору осори Ғанӣ Абдулло суханрониҳои пурмуҳтаво карданд. Ҳунарпешагони маъруф Марям Исоева, Тўрахон Аҳмадхон ва Моҳпайкар Ёрова аз рўйи намоишномаҳои Ғанӣ Абдулло монологҳои хотирмонро пешкаши ҳозирин гардониданд.

— Ғанӣ Абдулло аз маҳбаси даҳсола озод шуда, то охир барои фарҳанги миллии мо хидматҳои шоиста кард ва ҳамчун поягузори драматургияи мо эътироф гардид. Хидматҳои шоистааш буданд, ки ба баландтарин мукофотҳои давлатӣ соҳиб шуд, — иброз дошт зимни суханронӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо.

Ба андешаи санъатшинос Мунира Шаҳидӣ, мероси гаронбаҳо ва навоваронаи Ғанӣ Абдулло таваҷҷуҳи чанд насли муҳаққиқони соҳаро ҷалб намудааст, ки дар ин натиҷа паҳлуҳои муҳимми ҳаёт ва эҷодиёти ў равшан гашт.

 Театршинос Муҳаммадулло Табарӣ дар маърўзаи хеш, аз ҷумла, чунин овард:

«Дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва диди эстетикии Ғанӣ Абдулло ду омили муҳим мавқеи асосӣ дорад: яке дар шаҳри бостонии Самарқанд дар оилаи тоҷири соҳибном Абдуллоҷони Абдухолиқ ба воя расидан ва дигаре дар яке аз марказҳои муҳимми адабиву фарҳангии форсизабонон дар оғози садаи гузашта – дар шаҳри Боку таҳсили илм намудан аст. Чуноне ки писари устод Рашид Абдулло дар яке аз хотираҳояш зикр намудааст, дар хонадони онҳо ҷамъ омадани аҳли илму адаб расм буд. Мусаллам аст, ки дар чунин суҳбатҳо баҳс дар хусуси илму адаб мерафт. Ба гуфти Рашид Абдулло, онҳо дар хонадонашон театри оилавӣ ҳам доштанду рўзномаи худро низ омода мекарданд».

Адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон як шеъри дар маҳбас эҷодкардаи Ғанӣ Абдулоро қироат карда, пешниҳод намуд, ки навиштаҳои Ғанӣ Абдулло бори дигар гирдоварӣ ва нашр карда шаванд.

Ато Ҳамдам, мудири бахши драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъкид дошт, ки вақте дигарбора ба асарҳои Ғанӣ Абдулло рў овард, ба хулосае омад, ки ў дар ҳақиқат классики драматургияи мо будааст.

Дар охири нишаст Фирўза Абдуллоева, фарзанди Ғанӣ Абдулло ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои баргузор шудани чунин чорабинӣ изҳори сипос намуд. Зикр гардид, ки Ғанӣ Абдулло дар замони шўравӣ ҳарчанд бе ҳеҷ гуноҳ равонаи зиндон шуду даҳ соли умри азизро он ҷо сипарӣ кард, баъд аз озод гардидан аз касе гиламанд нашуда, кори эҷодиашро идома дод. Беш аз пеш барои рушди адабиёт ва санъати миллӣ талош кард.

Дигар хабарҳо