ҶАМОЛИДДИН САЙИДЗОДА
ҶАМОЛИДДИН САЙИДЗОДА 20 феврали соли 1952 дар деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Солҳои 1959-1967 дар мактаби 8-солаи №77 деҳаи Кабкрез хондааст. Баъдан таҳсилро дар мактаби миёнаи №2 деҳаи Гумбулоқ (ҳозира Меҳробод) идома дода, соли 1969 соҳиби номаи камол гардидааст. Солҳои 1972-1974 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Баъди адои хидмати аскарӣ муддате дар заводи «Тоҷикгидроагрегат» кор карда, ҳамон сол (1975) вориди шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин гардидааст ва соли 1981 ба фарҷом расондааст. Солҳои 1976-1977 дар кумитаи ДОСААФ-и ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ба сифати инструктор фаъолият бурдааст. Солҳои 1977-2009 дар мактаби №63 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик будааст. Солҳои 2003-2009 корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон буда, аз соли 2009 дар Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон ба ҳайси ходими калони илмӣ кор мекунад. Соли 1999 дар мавзӯи «Ақидаҳои педагогии Сойиб» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Ба кори эҷодӣ аз соли 1984 машғул аст. Нахустин мақолааш «Аз мукофоти амал ғофил машав…» соли 1984 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шудааст. То имрӯз доир ба нақду адабиётшиносӣ ва омӯзишу парвариш зиёда аз 400 мақолаву тақриз интишор додааст. Дар чандин конфаронсу сипозиуми байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ширкат варзидааст.
Бештар аз 50 мақола барои «Донишномаи Рӯдакӣ» (иборат аз чор ҷилд), чандин мақола оид ба мусиқӣ ва санъати овозхонӣ ҳам иншо кардааст.
Муаллифи рисолаву китобҳои «Ахлоқ ва муошират аз назари Сойиб» (2000), «Мо ва Носири Хусрав», «Ёде аз Дӯстмуроди Алӣ» (2004), «Нақши хаёл ва ороишоти ҳунарӣ дар шеъри Мавлоно» (2007, дар ҳаммуаллифии Ҳокими Азиз), «Ҷалолиддини Балхии Румӣ» (2008), «Бозор Собир – тасвиргари моҳир», «Сабки сухани Мавлоно» (2009), «Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ», «Дар силсилаи Фиғонӣ», «Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!» (2010), «Нақши Рӯдакӣ дар шеъри замони Сомониён», «Фирдавсӣ кист ва «Шоҳнома» чист?», «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм…», «Таълими сабкҳои адабӣ дар мактаб», «Наврӯз рӯзгори нишот асту эманӣ», «Раҳнамойи омӯзгори адабиёт» (се китоб, 2011), «Рӯ ба Ҳинд…», «Сабки ҳиндӣ гарчи сабки тоза буд», «Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун», «Тарбияи ифтихор ва худшиносии миллӣ дар дарсҳои адабиёт», «Ақидаҳои педагогии Сойиб», «Мевае нест беҳ зи озодӣ», «Калим – Халлоқулмаонии Сонӣ», «Нигоҳе ба шеъру мусиқии муосири Афғонистон», «Назаре ба шеъри муосири Эрон» (2012), «Дунёи шеъри Лоиқ», «Бозор Собир – бонии тарзи хаёл», «Ҷомӣ – хотамушшуаро» (2013), «Носири Хусрав – шоире хирадситой ва донишгарой» (2014) ва ғ. мебошад.
Роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни адабиёти ҳамзабони Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон ва Қафқоз ҳам силсилаи мақолаҳо навиштааст, ки дар авроқи рӯзномаву маҷалла, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва рисолаҳои алоҳида ба табъ расидаанд.
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.