РАҲМОНЗОДА АБДУҶАББОР АЗИЗӢ

РАҲМОНЗОДА АБДУҶАББОР АЗИЗӢ 15 марти соли 1959 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1978 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1983 бо баҳои аъло хатмаш намуда, ба сифати ассисенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба кор оғоз кардааст. Солҳои 1985-1987 дар Афғонистон тарҷумонӣ карда, моҳи ноябри соли 1987 ба аспирантура дохил шуда, соли 1991 дар мавзӯи «Консепсияи замон дар насри солҳои 70-80-уми тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Баъди хатми аспирантура дар кафедра фаъолият бурда, як қатор мақолаҳои илмӣ ва методӣ таҳия ва интишор намудааст. Солҳои 1995-1999 мудири шуъбаи таълими донишгоҳи мазкур будааст. Баъдан ба рухсатии эҷодӣ баромада, соли 1999 дар мавзӯи «Манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ» дар Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон бомуваффақият рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Соли 2000 ба сифати мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват шуда, то соли 2002 дар ҳамин вазифа кор кардааст. Сипас ба шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ гузаронида шудааст. Соли 2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин гардида, то соли 2005 дар ҳамин мақом фаъолият бурдааст. Аз моҳи марти соли 2005 то январи 2012 вазири маорифи ҷумҳурӣ будааст. Аз январи соли 2012 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Абдуҷаббор Раҳмонов ба сифати адабиётшинос ва мунаққиди варзидае шинохта шуда, доктори илми филология, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ як нафар рисолаи докторӣ ва чаҳор нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Аз солҳои 80-уми асри гузашта дар мавзӯъҳои мухталифи адабиёт ва фарҳанг мақолаҳои илмӣ-оммавӣ таълиф намуда, як идда мақолаҳояш дар дохилу хориҷи кишвар ба чоп расидаанд. Дар боби проблемаҳои замону макони бадеӣ дар адабиёт ва нақши он дар тафаккури эҷодӣ ҳам таҳқиқоти судманде ба сомон расондааст, ки мақолаҳои «Мавқеи замони бадеӣ дар романи «Палатаи кунҷакӣ»-и Фазлиддин Муҳаммадиев», «Структураи замони бадеӣ дар повести «Як рӯзи дароз»-и Ӯрун Кӯҳзод», «Таркиби замони бадеӣ дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикии асрҳои Х-ХI» ва рисолаи «Маърифати замон» (1996) аз он шумуланд.

Дар таҳияи барномаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни факултаҳои филологияи тоҷик, таърих ва шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, барномаҳои «Адабиёти садаи ХХ форсии тоҷикӣ» (ҳамроҳи Х.Асозода; 1995) ва «Устурашиносӣ» (2007) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Дар рисолаҳои «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷик (1999), «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсии тоҷикӣ» (1999), «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ» (2004) нахустин маротиба дар адабиётшиносии тоҷик проблемаҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди устураҳоро таҳқиқ карда, доир ба манбаъҳои асотирӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ назари нав пешниҳод намудааст.

Ҳамчунин, дар омода ва чопи «Куллиёт-и Шамсиддин Шоҳин (2005) ҳиссаи муносиб гузошта, дар ҳамин асос рисолаи «Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ»-ро (2006) таълиф намудааст ва мақоми шоирро дар рушди ғазал муайян ва таъсири ғазалиёташро ба адибони садаи ХХ ошкор сохтааст.

Дар соҳаи забоншиносӣ низ чанд мақола таълиф намудааст, ки «Омилҳои беҳтар намудани тарҷумаи ислоҳоти ҳуҷҷатҳои расмӣ», «Нақши забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолият», «Забон ва истиқлолияти миллӣ», «Назари Устод Айнӣ доир ба рушди забони адабии тоҷик» ва ғ. аз ҳамин қабиланд.

Абдуҷаббор Раҳмонов дар рушду такомули маорифи ватанӣ ҳам саҳми назарраси амалӣ дошта, дойир ба масъалаву мушкилаҳои муҳимми соҳаи маориф рисолаву мақолаҳои зиёде таълиф намудааст. Рисолаи ӯ «Дирӯз ва имрӯзи маорифи Тоҷикистон» (дар ҳаммуаллифии А.Расулов, Қ.Қодиров, Ҳ.Афзалов) аз таърихи ташаккули маориф ва рушди он дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маълумот медиҳад. Дар рисолаи таълимӣ-ахлоқии «Одоби салом» арзиши ахлоқии «салом» барои наврасон ва навҷавонон шарҳ дода шудааст. Номбурда дар таҳияи як қатор қонунҳо ва таълифи барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои соҳаи маориф ширкати бевосита доштааст.

Дар боби фарҳанг ва чеҳраҳои зиёди фарҳангии кишвар ҳам чанд мақола таълиф кардааст. Мақолаҳои ӯ дар бораи асарҳои драмавии Юнони Қадим, рассомони машҳур, асарҳои драматургони тоҷик, нақши эҷодкорон дар рушди саҳнаи тоҷик ва ғ. дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.

Бо ташаббуси вай лоиҳаи китоби «Муқаддимаи низоъшиносӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ шуда, соли 2006 аз чоп баромадааст, ки муқаддима ва боби «Фарҳангу низоъ»-и он ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Чанде аз мақолаҳои Абдуҷаббор Раҳмонов ба забонҳои русӣ ва инглисӣ низ ба чоп расидаанд. Рисолаи ӯ «Назария ва сайри таърихии устура ва устурапардозиҳо дар адабиёти форсии тоҷикӣ» соли 2009 дар нашриёти «Мадраса»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аз чоп баромадааст. Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон рисолаи номбурдаро бо унвони «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ» ба хатти форсӣ ва таҳриру иловаҳо соли 2011 аз чоп бароварда, дигарбора пешниҳоди форсизабонон намудааст. Ҳамчунин, номбурда муаллифи «Стандарти фанни адабиёти тоҷик» (барои синфи ХI), васоити таълимии «Одоби салом», «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» (дар ҳаммуаллифии Х.Зиёев, Ё.Одинаев ва диг.) мебошад.

Солҳои охир дар бораи адибони муосиру классики тоҷик ҳам чанд мақола навишта, барномаҳои таълимии «Устурашиносӣ» ва «Адабиёти муосири тоҷик»-ро таҳия ва пешниҳоди толибилмон гардондааст.

Бо нишони фахрии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1977), ордени «Шараф» (2006), Ифтихорномаи Кумитаи Иҷроияи кишварҳои узви ИДМ (2012) мукофотонида шудааст.

Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо