МАТЛУБАИ МИРЗОЮНУС

МАТЛУБАИ МИРЗОЮНУС (Хоҷаева Матлуба Юнусовна) 7 сентябри соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1980, баъди хатми факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) ба сифати лаборанти калони кафедраи инкишофи нутқ оғоз намуда, солҳои 1980-1981 коромӯзи Институти тадқиқоти илмии Академияи илмҳои педагогии Маскав, солҳои 1982-1985 аспиранти Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Максим Горкий (Маскав) будааст.

Дар мавзӯи «Хусусиятҳои осори тарҷумаиҳолӣ дар адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон» рисолаи номзадӣ таълиф намуда, соли 1986 ҳимоя кардааст. Баъдан фаъолияташро дар кафедраҳои адабиёти русу ҷаҳон ва тоҷики Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд идома додааст. Солҳои 1992-1995 докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ буда, соли 1995 дар мавзӯи «Сабки фардӣ ва тамоюли услубӣ дар насри муосири тоҷикӣ» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.

Фаъолияти илмиву тадқиқотии Матлубаи Мирзоюнус доманаи васеъ дошта, ҷанбаҳои гуногуни адабиёти гузаштаву муосирро фаро мегирад, ки масъалаҳои сабку сабкшиносии адабиёти муосир, таҳаввули насру назми замони муосир ва таҳқиқи рӯзгору осор ва вижагиҳои суханварии занони форсигӯйи имрӯзаву гузашта дар он шумуланд.

Матлубаи Мирзоюнус аз муҳаққиқони пуркори адабиёти тоҷик ба ҳисоб рафта, бештар аз 150 асари илмӣ ва илмию методӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки рисолаҳои «Масъалаҳои сабкшиносӣ», «Таҳқиқи услуби осори бадеӣ», «Дар ҷустуҷӯи ҷони сухан», «Пушкин и Восток»(дар ҳаммуаллифии профессор Ҳоҷибоева Б.А.), силсилаи «Хубони порсигӯй» – «Сиришке дар лола» (рӯзгор ва осори Робиаи Балхӣ), «Шукуфаи андӯҳ» (рӯзгор ва осори Фурӯғи Фаррухзод), «Шамъи Тироз» (рӯзгор ва осори Маҳастӣ), «Ҳамзоди тӯфон» (назаре ба ашъори Гулрухсор), «Голубая родина Фирдуси» (дар ҳаммуаллифии профессор Ҳоҷибоева Б.А.) ва силсилаи мақолаҳояш роҷеъ ба ҷанбаву масъалаҳои гуногуни адабиёти муосир ва нақди адабии тоҷик, масоили сабку услуби насри муосир, тарҷума ва равобити адабӣ, таҳқиқи рӯзгору осори занони суханвари гузаштаву имрӯзаи форсу тоҷик дар марказҳои маъруфи эроншиносии ватаниву хориҷӣ муаррифӣ шудаанд. Ӯ, ҳамчунин, мураттиб ва муҳаррири масъули як даста китобҳои арзишманд, монанди «Девони шарқиву ғарбии Гёте», се китоби «Сад барги ғазал», девони Мастураи Курдистонӣ ва чанд маҷмӯаи мақолаҳо мебошад.

Мавсуф дар як қатор конфаронсу симпозиуми байналмилалӣ, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Деҳлии Нав, Алигарҳ, Калкатта, Кобул, Бишкек ва ғ. иштирок ва суханронӣ кардааст.

Дар тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаи филологияи тоҷик ҳам саҳми назаррас дорад. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 14 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, чанди дигар дар арафаи ҳимоя ҳастанд.

Бо кӯшиши бевоситаи номбурда соли 1997 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷума таъсис ёфтааст, ки ба сифати яке аз марказҳои нерӯманди омодасозии кадрҳои журналистии ҷумҳурӣ шинохта шудааст. Аз соли 2008 ба ҳайси декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, аз соли 2011 дар вазифаи муовини ректори ҳамин донишгоҳ фаъолият мебарад.

Аз соли 1997 узви Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мебошад.

Барандаи Ҷоизаи тиллоии Пушкин ва Ҷоизаи Камоли Хуҷандӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо медали «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Аз соли 2010 академики Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо