МАҲМАДЮСУФ ИМОМОВ
МАҲМАДЮСУФ ИМОМОВ 28 апрели соли 1959 дар шаҳраки Совети ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик)-и вилояти Хатлон таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатияш аз лаборанти калони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ оғоз гашта, баъдан муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Максим Горкийи ш.Маскав будааст. Соли 1990 дар мавзӯи «Санъати чеҳранигорӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Аз ҳамон давра мунтазам ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва методӣ машғул гардида, соли 2002 дар мавзӯи «Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ» бомуваффақият рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
Муаллифи монографияҳои «Маънавият ва нақши зоҳир», «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии С.Айнӣ», «Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ» ва зиёда аз 200 мақолаи илмию методӣ дар масъалаҳои актуалии адабиёти муосири тоҷик мебошад.
Осори илмию методии профессор Маҳмадюсуф Имомов ба таҳқиқу баррасии масъалаҳои мубрами улуми филологӣ бахшида шудаанд.
Таҷрибаву маҳорати муваффақи сарварӣ ва илмию омӯзгорияшро ба инобат гирифта,соли 2004 ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва соли 2012 роҳбари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъинаш намуданд, ки дар ин мартаба фаъолияти босамар дорад. Аз ҷумла, дар омодасозии мутахассисони ҷавон саҳми арзанда мегузорад ва солҳои тӯлонӣ раиси Шӯрои дифоъи рисолаҳои илмӣ мебошад.
Дар конфаронсҳои илмии байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Маскав, Пекин, Тошканд, Алмаато, Бишкек, Истамбул, Тумен ва ғ. баргузор гардидаанд, иштирок ва суханронӣ кардааст.
Узви вобастаи Академия илмҳои ҷумҳурӣ, академики Академияи илмҳои педагогии Русия мебошад.
Барои хизматҳои арзанда бо ордени «Дӯстӣ», Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Шӯрои ҳамкориҳои соҳаи маориф дар кишварҳои ИДМ сарфароз гардонида шудааст. Ходими хизматнишондодаи соҳаи таҳсилоти олии Федератсияи Русия.
Аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.