ҚУРБОН ВОСЕЪ
ҚУРБОН ВОСЕЪ 2 июли соли 1942 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст.
Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа Омӯзишгоҳи омӯзгории Хуҷандро ба итмом расонда, солҳои 1962-1964 дар зодгоҳаш омӯзгорӣ кардааст.
Соли 1964 донишомӯзи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст.
Моҳи ноябри ҳамон сол барои хидмати ҳарбӣ даъват шуда, 3 сол аскарӣ кардааст.
Ҳамзамон, курси мактаби ҳизбии дивизияро бо баҳои аъло ихтитом бахшидааст.
Баъди хидмат таҳсилро дар донишгоҳ идома дода, соли 1972 бо дипломи аъло ба итмом расондааст.
Солҳои 1972-1978 муаллими забон ва адабиёти тоҷик, мудири қисми илмӣ, раиси иттиҳодияи методии муаллимони забону адабиёти тоҷики шаҳри Душанбе, инспектори шуъбаи маорифи Душанбе будааст.
Ҳамзамон, дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил карда, соли 1978 сазовори дараҷаи номзади илми филология гардидааст.
Соли 1978 ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ будааст.
Солҳои 1979-1983 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба сифати тарҷумон ифои вазифа намудааст.
Баъди бозгашт дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ба сифати муаллим, муаллими калон ва муовини декани факултаи филологияи тоҷики ДМТ фаъолият бурдааст.
Дар ин муддат бори дувум озими Афғонистон гардида, дар он ҷой панҷ рисолаи илмияш, аз ҷумла, «Оини ҷавонмардӣ», ба табъ расидаанд.
Солҳои 1989-1990 докторанти Институти ховаршиносии АИ Русия (Маскав) буда, ду рисолаи илмии худро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расондааст.
Солҳои 1990-1992 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст.
Соли 1993 ба дарёфти унвони илмии доктори илмҳои филология сазовор гардидааст.
Рисолаи илмии ӯ «Адабиёти ҷавонмардии форсу тоҷик дар асрҳои X-XV» аввалин тадқиқоти илмии дар ин соҳа анҷомёфта ба ҳисоб меравад.
Солҳои 1992-1997 дар кафедраи забонҳои Академияи ВКД хидмат карда, рисолаҳои илмии «Литература джавонмарди» ва «Зинданом»-ро ба чоп расондааст.
Аз соли 1997-2000 мудири кафедраи улуми башарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, дар ин давра ҳашт монографияи илмӣ мунташир сохтааст.
Соли 2000 мушовири давлатӣ, баъдан мушовири калони Президенти ҷумҳурӣ таъин гардидааст.
Аз соли 2003 то 2013 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон будааст.
Бар замми ҳамаи ин, Курбон Восеъ панҷоҳ сол боз омӯзгорӣ ва, ҳамзамон, пажуҳишгарӣ карда, дар ин давра зиёда аз 500 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методию андарзӣ, панҷоҳ китобу рисола ва 12 монография навиштаву дастраси мардум гардондааст, ки онҳоро метавон ба панҷ бахши умда тақсим намуд:
- Адабиётшиносӣ ва мероси адабӣ (монография ва маҷмӯаи мақолаҳои таълимӣ, аз ҷумлаи «Номаи ҷавонмардӣ» (1985), «Ғазали муосир» (1985), «Достони Амир Арслони Румӣ» (1986); «Оини ҷавонмардӣ» (Кобул, 1988), «Оини риндӣ ё маслаки Ҳофиз» (1991), «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Футувватномаи султонӣ», «Рисолаи Ҳотамия» (1991), «Абӯмуслимнома» (ҷ.1,2; 1994,2001), «Литература джавонмарди» (1995), «Одоби муошират» (1997), «Одоби муошират дар Искандарномаи Кабир» (1999), «Абӯмуслими Хуросонӣ» (2001), «Чаҳор китоби насри ҷавонмардӣ» (1996), «Таджикская рыцарская литература» (2004), «Сарчашмаҳои адабиёти ҷавонмардӣ» (ҷ. 1, 2008), «Адабиёти ҷавонмардӣ» (ҷ.2, 2007).
- Методию таълимӣ («Омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино дар синфи VIII» (1980), «Албому схемаҳо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти С.Айнӣ» (1985), «Дарси мунозиравии адабиёт» (1993), «Академик Иброҳим Обидов» (1998), «Мактабдори бузургмеҳр» (2007).
- Илмию оммавӣ («Садриддин Айнӣ» (1984), «Оини оламафрӯзӣ» (Айбак, 1987), «Айёрони ҷавонмард» (Ҳирот, 1987), «номбардори хиради муқаддас» (Ҳирот,1988), «Озодамарди инқилоб» (Ҳирот, 1988), «Зинданом» (1996), «Ринди ҷавонмард» (1996), «Ухувват» (1998), «Ифшогари роз» (Исломобод, 2000), «Ҳашт манзар» (2002).
- Иҷтимоию сиёсӣ («Абармарди дунёи сиёсат» (2001), «Нақши ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар раванди демократикунонии ҷомеа» (2001), «То чашм кушодем, ба хеш оина дидем» (Теҳрон 2002), «Сиёсатмадори таърихнигор» (2003), «Корномаи ваҳдат» (2007), «Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ (2010), бистҷилдаи «Ваҳдат, Давлат ва Президент» (1997-2013).
- Бадеӣ («Коғази сиёҳ» (1973), «Фиғони дарахт» (1998), «Беномус», (2001), «Рашк» (2001), «Андарзи дарё» (2002), «Ҳақталоши Зарафшон» (2010), «Масири саодат» (2010).
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педогогӣ-иҷтимоии Федератсияи Русия.
Бо чандин ифтихорномаву мукофоти давлатӣ сазовор гардонида шудааст.
Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.