БРАГИНСКИЙ ИОСИФ
ИОСИФ БРАГИНСКИЙ 18 июни соли 1905 дар шаҳри Боку ба ҷаҳон омадааст.
Соли 1931 Донишгоҳи шарқшиносии Наримоновро (дар Маскав) хатм карда, дар ҳамон ҷой аз забони урду дарс гуфтааст.
Баъдан мудири қисми таълим ва шуъбаи забоншиносии донишгоҳи мазкур будааст.
Соли 1933 ба Тоҷикистон омада, дар вазифаҳои сардори шуъбаи сиёсии совхози «Данғара», мудири шуъбаи тарғиботи КМ ПК (б) Тоҷикистон, муҳаррири моҳномаҳои «Коммунист Таджикистана» ва «В помощ партработнику» кор кардааст.
Солҳои 1940-1952 сардори Сарраёсати сиёсии Артиши Шӯравӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ будааст.
Аз соли 1952 то дами вафоташ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ СССР кор кардааст.
Мудири шуъба, муҳаррири моҳномаи «Народы Азии и Африки» ва мушовири сарвари пажӯҳишгоҳи мазкур, аз дӯстону ҳаммаслакони академик Б.Ғ. Ғафуров будааст.
Доктори илми филология, профессор, аз соли 1951 узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аввалин офаридаҳояш аз ибтидои солҳои бистуми асри гузашта чоп шудаанд.
Мақолаи нахустинаш «Ленин» соли 1924 дар газетаи «Правда» интишор ёфтааст.
Аввалин кори эҷодияш тарҷумаи «Интернационал» ба забони тотӣ (Боку, 1920) будааст.
Дар бораи осору афкор ва махсусиятҳои эҷодии классикони адабиёти форсу тоҷик мақолаву тадқиқоти пурарзиш иншо намудааст.
Бештарини тадқиқоти ӯ ба ҳаёту эҷодиёти Устод Айнӣ бахшида шудааст, ки умдатаринашон «Жизнь и творчество С.Айни» (1954, 1960), «Садриддин Айни. К 100-летию рождения» (совместно с М.Асими; 1978) мебошанд.
Китобҳои «Очерки из истории таджикской литературы» (1956), «Двенадцать миниатюр» (Маскав, 1966, 1972), «Из истории таджикской и персидской литератур» (Маскав, 1974), «От Авесты до Айни» (1981) ва ғ. маҳсули қалами ӯстанд, ки дар онҳо лаҳзаву чеҳраҳои барҷастаи адабиёти форсии тоҷикӣ мавриди таҳқиқу тасвири густардаи илмӣ қарор гирифтаанд.
Аз аввалин олимони шӯравист, ки ба таҳқиқу омӯзиши амиқи «Авасто» камари ҳиммат бастаанд.
Дар тарҷума ва нашри русии осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол ва диг. ширкати бевосита доштааст.
Дар нашру таҳқиқи мероси шифоҳӣ ва эҷодиёти шуарои навзамони тоҷик ҳам саҳми назаррасе гузоштааст.
Барои китоби «Из истории таджикской и персидской литератур» (1974) сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидааст.
Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1955).
Бо нишону ифтихорномаҳои ҷанг ва ҳукуматӣ сарфароз гардидааст.
Аз соли 1964 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 1986 аз олам даргузашт.