АКБАРЗОДА ЮСУФ

ЮСУФИ АКБАРЗОДА 1 майи соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст.

Соли 1953 мактаби ҳафтсолаи деҳа, соли 1956 мактаби миёнаи деҳаи Ғӯсарро хатм кардааст.

Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро ба итмом расонда, корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ шудааст.

Солҳои 1963-1964 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.

Солҳои 1966-1968 муҳаққиқи коромӯзи Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳони ба номи Максим Горкийи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ буда, солҳои 1976-1979 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст.

Баъдан фаъолияташро дар пажӯҳишгоҳи мазкур идома бахшидааст.

Аз апрели 1991 то майи 1994 ходими калони илмӣ, аз соли 1995 ходими пешбари илмии Кумитаи истилоҳоти АИ ҷумҳурӣ будааст.

Ҳамзамон, аз марти 2000, ноиби раис, аз сентябри 2006 то майи 2010 раиси Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ, аз июли 2008 то барҳам хӯрданаш (2012) раиси Бунёди Оли Сомон будааст.

Сармуҳаррири маҷаллаи илмии Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ «Варорӯд» (2004) буда, дар авроқи он силсилаи осори устодони донишкадаи мазкур ва навиштаҷоти баъзе журналистони ҷумҳурӣ таҳти таҳрири ӯ мунташир гардидаанд.

Соли 1973 дар мавзӯи «Достони лирикӣ дар назми имрӯзаи тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Аз мунаққидони фаъолтарин ва муҳақ­қиқони пуркортарини тоҷик буда, нахустин мақолаҳои илмияш, ки ба ҳаллу файсали масоили умдаи адабиёти муосири тоҷик бахшида шудаанд, аз соли 1959 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва маҷмӯаи илмии донишгоҳ ба табъ расидаанд.

То имрӯз беш аз 600 мақолаи илмӣ, илмии оммавӣ, публитсистӣ, тақризу китобиёти ӯ роҷеъ ба вазъи кунунии назму наср, адабиёти кӯдак, забони давлатӣ ва истилоҳот, ҳусни калом, забони васоити таълим ва қонун, масъалаҳои одобу ахлоқи ҷомеа, эҳсоси ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва ғ. дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои илмӣ ба табъ расидаанд.

Зубдаи мақолаю тадқиқоти илмии ӯ дар китобҳои «Сужет ва композитсияи асари бадеӣ» (1975), «Анъана ва навоварӣ» (1975; дар ҳамқаламии М.Шакурӣ), «Талаби ҳаёт ва қисмати адабиёт» (1977), «Қисмати инсон ва қисмати шеър» (1980), «Шеъри эҳсос ва тафаккур» (1985), «Мактаби шоирии устод Лоҳутӣ» (1987), «Меҳри Ватан» (1989), «Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва ахлоқӣ» (1990), «Нубуғи шоир ва булуғи шеър» (2003), «Таҳқиқи шеър аз дидгоҳи нав» (2004), «Олим асту носир асту шоир асту одам аст…» (2004), «Соҳиби ин забон кист?!» (2009), «Рисолати шоир ва шеър» (2009), «Ҷонфишонӣ дар роҳи сулҳу ваҳдат» (2011), «Адибон ва ноқидон» (2013) мунташир гардидаанд.

Барои «Энсиклопедияи советии тоҷик», «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», ҷилди махсуси энсиклопедияи «Тоҷикистон» (ба забони русӣ; 1974, 1984) роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми амалию назарӣ, навъу намуд ва давраҳои мухталифи инкишофи адабиёти шӯравии тоҷик, рӯзгору осори адибону олимони алоҳида чандин мақола навиштааст.

Яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (иборат аз шаш ҷилд) мебошад, ки қисмати ба ӯ тааллуқдошта таҳти унвони «Шеъри тоҷикии нимаи дувуми садаи бист» (2011) ба дасти чоп расидааст.

«Маҷмӯаи осор»-и Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (ҳамроҳи Ш.Девонаев; 1966), ҷилди чоруми «Куллиёт»-и панҷҷилдаи Абдусалом Деҳотӣ (ҳамроҳи Ф.Деҳотӣ, Ҳ.Шодиқулов; 1966)-ро барои чоп омода карда, муаллифи тавзеҳоташон будааст.

Асари тадқиқотии Л.Н.Демидчик «Драматургияи тоҷик» (барои «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо», ҷ.5), драмаи Ю.Шитов «Магар мо бегонаем?», пйесаи Исо Батошев «Марди асил»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999).

Аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

15-уми октябри соли 2020 дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо