ПИРЎЗИИ IQ

 ПИРЎЗИИ IQ

(Бознигарӣ ба китоби Ҷумъа Қуддус «Дар ҷустуҷўи IQ». Душанбе: Адиб, 2021)

Китоби нави Ҷумъа Қуддус чанд вижагии хос дорад. Аввалан, номи замонавӣ ва мантиқӣ, баъдан, тасвирҳои тахайюлӣ ва саҳнавии ҳаётӣ, солисан, усули баёни музокиравӣ ва мазҳакавӣ ва ниҳоятан масъалагузорӣ ва хулосабарориҳои публитсистӣ. Ин вижагиҳо, аз як тараф, муаррифгари чеҳраи аслии китоб ва муаллифи он бошанд, аз ҷониби дигар, фарқи меҳварии онро нишон медиҳанд.

Унвони китоб то андозае рамзӣ аст. Ишора шудани аломати «IQ» низ аз ин ҷиҳат дарак медиҳад. Аслан, ақл ва ё зеҳнро ҷустан ба назар ғайримкон менамояд. Он доди Худованд аст, ки дар тўли зиндагӣ шакл мегирад, камол меёбад, ба ибораи мардум, мерасад ва суръат пайдо мекунад. Расидани ақл ва фаъолмандии зеҳн ҷараёни тўлониро фаро гирифта, ба муҳити оила, мактаб, донишгоҳ ва, умуман, ҷомеа иртибот мегирад. Донишу таҷриба зеҳнро фаъол ва машқи фикр ақлро расо мекунад. Расидани ақл як тарафи масъала аст, тарафи дигар, самараи он мебошад. Самараи ақл ду хел мешавад: нек ва бад. Самараи нек ба нафъи мардум равона мешаваду самараи бад бар зарари ҷомеа. Самараи аввалӣ ақли тарбиядида асту самараи дуюмӣ ақли тарбиянадида.

Қаҳрамонҳои «Дар ҷустуҷўи IQ» (гарчанде дар асар қаҳрамони асосӣ вуҷуд надорад ва мақсади муаллиф низ офаридани образи алоҳида нест) аксарият ақлашон тарбиядида аст, вале ин ақл на ҳамеша андешаи солимро тавлид мекунад, зеро ба дараҷаи IQ нарасидааст. Ақли тарбиядида (ақли баланд) бо ақли тарбиянадида (ақли паст) ҳамеша дар тазод аст. Ин тазод дар сатҳи фаҳмиши масъалаҳо, музокираву баррасии онҳо намоён мегардад. Агар солимақлон дар фикри ҳалли мушкилот, баланд шудани маърифати мардум, инкишофи қобилияти фикрӣ ва эҷодии аҳли ҷомеа кўшиш намоянд, носолимфикрон низ беандеша нестанд, аммо, мутаассифона, фикру зикрашон мудом ба манфиати худу наздиконашон равона мешавад. Муаллиф дар тасвири музокираҳои соҳибони ақл муносибати доварӣ дорад, ба баҳсу талошҳои онҳо холисона баҳо медиҳад, аниқтараш олами маънавиашонро чун саҳнаҳои воқеии зиндагӣ ба намо мегузорад. Аз ин рў, унвони китоб басо рамзӣ, мантиқӣ ва замонавӣ (модерн) баромадааст…

Барои хонандае ки дар рух додани воқеаҳои нангини пас аз Истиқлоли кишвар шоҳид будааст, нафаре, ки аз «хайрияҳо»-и ташкилотҳои гуногуни хориҷӣ баҳра гирифтааст, шахсе, ки шаҳди ғарибӣ чашидааст, ба буҳрони иқтисодии кишвар рў ба рў шудааст, аз пешравиҳои кишварҳои дигар воқиф аст, воқеаҳои асар нав нестанд. Саҳнаҳои дар асар ба тасвир омада, дар умум, ҳосили маърифат ва бардоштҳои муаллиф аз зиндагии муосирони мо мебошанд, ки кўшишу талош ва маърифати онҳоро дар муқоиса бо мардуми ҷаҳон нишон медиҳанд. Ақлу фаҳмиш, дарку маърифат ва диду ҷаҳонбинии онҳо натанҳо ҳини музокираи масъалаҳои оилавӣ, иҷтимоӣ, балки дар баҳси масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муайян мегардад. Дар аввал чунин ба назар мерасад, ки воқеаҳои асар танҳо маҳсули мушоҳидаҳои нигорандаи онанд, ки бо зикри факту далел, нигаҳдошти вақту замон, фазо ба қалам дода шудаанд. Аммо, чун ба умқи тасвирҳо ғўта мезанӣ, ба ин гумонат шубҳа пайдо мешавад. Дар асар тасвири саҳнаҳои зиндагӣ, далелориву музокираҳо айнан сурат нагирифта, дар пайдо гардидани шакли зебо ва муҳтавои волои саҳнаҳои ҷудогонаи он нигоранда хеле заҳмати эҷодӣ кашидааст. Ин заҳмати эҷодиро ҳам дар интихоби мавзўъҳо, ҳам дар таҳияи саҳнаҳо, ҳам дар банду басти онҳо, ҳам дар истифодаи воситаҳои тасвир ва ҳам дар тарзи баёни муаллиф мушоҳида карда метавонем.

Дар хатти меҳвари асар «Осмон-8» қарор дорад. «Осмон-8» соҳибақлонро ба таҳрик медарорад. Вай мехоҳад баҳраи хушмандӣ ва суръати ақли мардуми ҷаҳонро санҷад, нисбат ба кишварҳое, ки боиси пастравии сатҳи IQ мешаванд, чораҳо андешад, ҳақиқатро муайян созад. Дар ин кор ў хароҷоти санҷишро ба дўш ва назоратро ба зимма мегирад, санҷишро раҳнамоӣ мекунад, супоришу маслиҳат медиҳад, иттилоъ талаб мекунад, рақамҳоро ҳисоб менамояд, ба натиҷаҳои санҷиш эрод мегирад, маълумотҳоро пурра мегардонад, хулоса мебарорад.

Ба даъват ва шартҳои «Осмон-8» профессор Симинӣ ба андешае, ки барои ватанаш кори манфиатоваре мекунад, розӣ мешавад. Санҷиш дар деҳаи Лонаи Булбул сурат мегирад. Дар санҷиш рафтору кирдор, муносибату муошират ва ақлу фаросати кали Эсо, Муллионӣ, Шоиста, Моҳрухсор, Сабрина ва дигарон дар алоқамандӣ бо воқеаҳои ҷаҳони му- осир мавриди мушоҳида қарор мегирад. Санҷиш низоми муайян надошта бошад ҳам, дар муҳиммият пайдо кардани он савол ва супоришҳои «Осмон-8» мусоидат мекунад. Саволҳо оҳанги иҷтимоӣ доранд ва ҳисси таваҷҷуҳпазирии қаҳрамонон, бахусус Симиниро зиёд мекунад. Чаро ақли ҷавонони мо аз ғарбиҳо кам аст? Сабаби қашшоқии қавмҳои африқоӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар чист? Оё суръати фикррониро тезонидан мумкин аст? Қавмҳои модарсолор чӣ хусусиятҳо доранд? Ишқу ақл ба ҳам чӣ робита доранд? Аз дасти ақл чӣ кор ояд? Ақл ба ҳалол ва ҳаром чӣ муносибат дорад? Оё хирад ҷойи ақлро мегирад?

Посух ба ин гуна саволҳо, ки муҳтавои асарро ташкил намуда, аслан аз ҷониби профессор Симинӣ ироа мегарданд, хусусияти илмиву оммавӣ доранд, масъалаву мавзўъҳои супоришӣ бо факту далелҳо асоснок гардида, бо истифода аз усули таҳлили муқоисавӣ таносуби масъалаҳои мавриди баҳс нишон дода мешавад. Бо вуҷуди ин, рафти санҷиши масъалаҳои марбут ба ақлро ба музокираҳои сирф илмӣ нисбат додан дуруст нест, гарчанде ин шакл дар асар нисбатан ғолиб аст. Нигоранда дар заминаи мушоҳидаи ҳодисаҳои мусбат ва манфии ҷаҳони муосир ҷаҳони дигарро дидан мехоҳад. Ҷаҳоне, ки дар он ақлу зеҳн инсони нексиришт ва некамалро тавлид кунад, рўҳияи созандагӣ ғолиб ва зиндагии мардум одилонаву оқилона бошад. Ин орзу ва ормони нависанда аст, ки бо шарофати ҳунари нигорандагӣ, қобилияти сужаофарӣ (бештар дар шакли сенарияи кино) ва маҳорати офаридгорӣ шакли қиссаро касб намудааст. Қиссае, ки аз зиндагии муосир маншаъ мегирад, бўйи воқеият дорад, хонандаро ба фаъолмандӣ талқин месозад.

Вижагии дигари қисса бо усули музокиравӣ ва мазҳакавӣ баён шудани воқеаҳои он аст. Ин аст, ки нигоранда асарро аз нигоҳи жанрӣ романи публитсистӣ номидааст. Истифода шудани фактҳои зиёди воқеӣ, ҷадвали сатҳи зеҳни кишварҳо, муқоисаву қиёсҳои асоснок, тарзи музокираи масъалаҳо ва оҳанги гуфтори қаҳрамонон ҷанбаи публитсистии қиссаро қувват бахшидаанд. Гузашта аз ин, дар асар фикр ва андеша мавқеи хосса дорад. Нақлу тасвирҳо натанҳо ба фикр алоқаи маънавӣ доранд, балки ба тавлиди фикри дигар боис мегарданд. Бо вуҷуди ин, асарро аз нигоҳи жанрӣ роман номидан чандон саҳеҳ нест. Он як навъ қиссаи публитсистиест, ки дар заминаи силсилаи гуфторҳои ба ҳам алоқаманд шакл гирифтааст. Дар силсилаи гуфторҳо мавзўи суҳбат ва баҳсу музокираҳо тағйир меёбанд, сужаҳо дигаргун ва саҳнаҳо иваз мешаванд, аммо ғояи асосии асар, ки тарбияи ақлу зеҳн ва ғолиб донистани он аст, боқӣ мемонад.

Нависанда дар талқини ғояи асар ва доманаи тасвири воқеаҳо нисбатан озод аст. Қаҳрамонҳои асари ў мушкилоти зиндагии мардумро натанҳо дар фазои як кишвар, балки дар олами муосир ҷўё мешаванд, мушкилоти башар, сабабҳои ноҷўриҳои иҷтимоӣ ва фоҷиаҳои инсониро дар муносибати бади одамон медонанд. Қаҳрамонони асарро аз нигоҳи муносибат, дарку маърифат ва дилу ният ба ду гурўҳ ҷудо намудан мумкин аст. Онҳое, ки ақлу зеҳнро ба манфиати худу фиреби дигарон истифода мекунанд ва нафароне, ки дар фикри ислоҳи он ҳастанд. Масалан, Муллионӣ, Шоиста ва Сабрина ҳарчанд узви як оилаанд, аммо хислаташон мутафарриқ аст. Муллионӣ орзуи миллионер шудан дорад, Шоиста, «ба умеде, ки ягон рўз ақли шўяш медаромадагист», сабру таҳаммулро ихтиёр мекунад, Сабрина «аз баду балои падар бехабар» дар фикри нақшаҳои худ бошад ҳам, аламзада аст. Бо вуҷуди ин, ҳамаи онҳо найрангбозанд, ақли фиребашон зиёдтар аст.

Миёни персонажҳои асар Моҳрухсори 18-сола ва муаллим фарқ мекунанд. Моҳрухсори хурдакак бо вуҷуди монеаҳои акаҳояш, пойлуч ба мактаб меравад. Муаллими пир ўро пешвоз гирифта, дафтару қалам медиҳад, аз дукончаи мактаб попўши арзон харида, туҳфа мекунад. Муаллим некхоҳу зиндадил аст, бовар мекунад, Моҳрухсор мехонад ва дар оянда шахсият мешавад. Ў хато намекунад.

Умуман, дар асар ҳам ифшои камбудиро эҳсос мекунему ҳам тасвири ишқу ошиқиро, ҳам мазаммати амалҳои номатлубро дарк мекунему ҳам талошҳои бардавом дар роҳи зиндагиро. Он ифодакунандаи неку бад аст, ки ба ақл ва зеҳни одамон вобаста аст. Неку бад дар зиндагии инсонӣ ҳамеша боқӣ мемонад, аммо дар замони муосир амалҳои бад нисбатан зиёд шудааст. Нигорандаи асар чунин амалҳоро ошкоро, бериё бо неруи тавоно ба тасвир гирифтааст, ки натанҳо манзараҳои ҳаётиро ба чашми хонанда ҷило медиҳад, балки ақли ўро ба таҳрик медарорад, IQ-ро суръат мебахшад. Муҳтавои асар моро мутмаин мегардонад, ки ақл одамро хор шудан намемонад, аз ин неъмати Парвардигор бо қалби нек бояд истифода кард.

Қиссаҳои дигари асар «Алвидоъ, автомат», «Хазинаи иблис», «Чашмаи тилло» низ ифодакунандаи воқеаҳои зиндагианд. Бахусус қиссаи аввал ҳодисаҳои нангини ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992- 1993-и кишварро дар бар мегирад, ки бо зикри асноди мустанад ва тахайюли рангини нависанда тасвир шудаанд. Дар қиссаи «Ҳазинаи иблис», чунонки аз унвонаш бармеояд, воқеаҳое мавриди нақл қарор гирифтаанд, ки ба вазъияти сарҳад алоқаманданд. Воқеаҳо ба фаъолияти мақомоти марбута алоқамандӣ доранд, ки мақсадашон ором кардани вазъи сарҳад аст. Дар ин асарҳо низ бадӣ маҳкум ва корҳои наку ситоиш шудааст, ки таъсирбахш буда, аз рўҳияи баланди маърифатӣ бархўрдоранд.

Мурод МУРОДӢ,

профессори ДМТ

Дигар хабарҳо