НАСРИДДИН ИНОЯТ

 НАСРИДДИН ИНОЯТ

ИНОЯТ НАСРИДДИН 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа донишомӯзи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе гардида, соли 1967 факултаи забон ва адабиёти донишгоҳи номбурдаро ба поён расондааст. Сипас дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба кор пардохта, то соли 1991 аз дараҷаи муҳаррири хурд то сармуҳаррири идораи барномаҳои адабӣ расидааст. Аз соли 1991 то охири умраш сармутахассиси раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будааст.

Фаъолияти адабиаш аз солҳои 70-ум оғоз ёфта, дар ҳамин давра аввалин очеркҳояш дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Помир» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба чоп расидаанд..

Муаллифи китобҳои «Меҳр» (1983), «Насими дашт» (1984), «Тулӯи нав» (1986), «Як рӯзу ҳама рӯз» (1987), «Водии Вахш» (1988), «Баҳои умр» (1989), «Мероси бобоӣ» (1992), «Дардҳои гиреҳхӯрда» (2004), «Ҳама захмам аз сухан аст» (2004), «Як баҳору бисту панҷ соли дигар» (2004), романи ҳуҷҷатии «Саъди падар» буда, дар соҳаи драматургия ҳам қувва озмудааст.

Дар хазинаи радио ва телевизион чандин спектаклҳои дар асоси пйесаҳои муаллифони гуногун таҳиякардааш маҳфузанд, ки «Як рӯзи хазонрез» аз қабили онҳо буда, дар Озмуни умумииттифоқӣ сазовори дипломи дараҷаи аввал гардидааст.

Асарҳои драмавияш «Қотили ҷонҳо», «Гаравгон», «Фоҷиаи домангир», «Оташи ҷонсӯз», «Бечора модар», «Марги ду тан», «Хас каму ҷаҳон пок», «Номуси хуросонӣ» ва ғ. дар театрҳои халқии Ҳисор, Турсунзода, Фархор, Файзобод, Тавилдара, Рӯшон, Ишкошим ва ғ. саҳнавӣ ва сазовори ҷоизаҳо гаштаанд.

Барои кӯдакон афсонаҳо навиштааст, ки дар китобҳояш «Зоғи сиёҳ» (1990) ва «Чашмаи ҷоду» (1998), нашр шудаанд. Намунаҳое аз офаридаҳояш ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои олии Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

1 августи соли 2010 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо