БА МУНОСИБАТИ 80-СОЛАГИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН МЕҲМОН БАХТӢ

МУҲТАРАМ МЕҲМОН БАХТӢ!

Шумо баъди хатми Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) дар давоми солҳои гуногун ба ҳайси мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шўрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё» ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намудед.

Ҳамзамон бо иҷрои вазифаҳои пурмасъул Шумо пайваста аз пайи эҷод будед ва бо офаридани қисса, шеър ва намоишномаҳои зиёд, минҷумла «Оҳи сабук», «Хубон», «Пирамард», «Се соати даҳшатбор», «Бозтоби Офтоб», «Рўҳи таво- но», «Пайғоми баҳор», «Хаёли ширин», «Оҳанги хаёл», «Лаҳзаи ҷовид», «Манзари қисмат», «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…», ганҷинаи адабиётамонро ғанитар намудед. «Ташнаи дидор» нахустин асарест дар мавзўи доғи солҳои сиюм дар адабиёти муосири тоҷик. Повести «Хубон» дар маҷаллаи бонуфузи Иттифоқи нависан- дагони шўравӣ «Дружба народов» чоп шуда, баъдан, бо пешниҳоди маҷалла, сазовори Мукофоти ба номи Николай Островский гардид. Ҳамин асар соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» таҳти силсилаи «Илҳом» аз чоп баромада, ба унвони «Китоби сол» сазовор гашт ва ба сифати китоби алоҳида дар Туркия, Гурҷистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба табъ расид. Маҷмўаи қиссаҳои Шуморо нашриёти «Советский писатель» (Маскав) бо номи «Слёзы радости и печали» ба забони русӣ аз чоп баровард.

Асарҳои саҳнавии офаридаи Шумо, аз ҷумла «Лаҳзаи ҷовид», «Ташнаи дидор», «Шаҳидони роҳи озодӣ», «Бародарон», «Сабзпарии Душанбе», «Доғе аз зоғе», «Зуҳра – сайёраи ишқ», «Тангкўча» дар театрҳои ҷумҳурӣ борҳо ба саҳна гузошта шуданд. Намоишномаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…», ки соли 1972 эҷод шудааст, дар Озмуни умумииттифоқии якҷояи Иттифоқи нависандагону Вазорати фарҳанги шўравӣ сазовори мукофот гардид ва аз тариқи телевизиони марказии Тошканд намоиш дода шуд. Намоишномаи «Роҳзан ва кўзагар» дар саҳнаҳои театру телевизионҳои Қирғизистон, Туркманистон, Ўзбекистон, Озарбойҷон, Украина ва Русия барҳо намоиш дода шудааст. Намоишномаи «Захми забон» соли 1980 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, «Ошёни баланд» (бахшида ба ҷашни 70-солагии устод Мирзо Турсунзода) дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пешкаши умум гардидаанд. Нашриёти «Советский писатель» (Маскав) маҷмўаи пйесаҳои Шуморо таҳти унвони «Минута вечности» аз чоп бароварад. Дар давоми солҳои охир намоишномаҳои таърихии «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ва «ТилисмиСайҳун» («Нангбардори  Хуҷанд»)-ро ба арсаи эҷод овардед, ки аз ин миён намоишномаҳои «Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» дар  фестивал — озмунҳои  Вазоратифарҳанги  ҷумҳурӣ сазовори Гран- При (Шоҳҷоиза) гардидаанд. Соли 2014 намоишномаи «Фирдавсӣ» д а р Афғонистон ба саҳна гузошта шуд.

Соли 1997 нашрияи «Сурўш» (Теҳрон) намоишномаи «Фирдавсӣ»-ро ба хатти форсӣ ба табъ расонда, соли 2001 намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-ро нашриёти адабии Димишқ (Сурия) ба забони арабӣ аз чоп баровард.

 Шумо дар навиштани филмномаҳо низ маҳорати тамом доред ва филмномаҳои мустанади «Корвони дўстӣ», «Нуқра Раҳматова месарояд» далели ин аст.

 Барномаҳои машҳури телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Дар олами адаб», «Беғараз панд» ва «Майдон аз далер аст»-ро Шумо бунёд гузоштед.

 Ҳамчун шоири суруднавис ҳам дар миёни ҳаводорони таронаҳои лирикӣ шуҳрат доред ва ба силсилаи ашъори Шумо бастакорони маъруфи ҷумҳурӣ оҳанг бастаанд.

 Хизматҳои Шумо дар солҳои 1995-2000 ҳамчун вакили мардумӣ дар парлумони мамлакат ва солҳои 2005-2010 ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ барои таъмини сулҳу субот ва муттаҳид сохтани неруҳои эҷодӣ фаромўш нашудаанд.

 Заҳмати чандинсола ва фаъолияти пурбаракати Шумо бо Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, унвони ифтихории Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон, медали адабии байналмилалии ба номи М. Достоевский ва бо ордени «Шараф», «Исмоили Сомонӣ», се медал ва унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон қадр гардидааст.

Шоири нуктасанҷ, нависандаи шинохта, драматурги забардаст, ходими барҷастаи ҷамъиятиву сиёсӣ, устод Меҳмон Бахтӣ, 80-умин солҷашнатон ҳумоюн бод!

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо