ИРОДАИ НЕК-КАЛИДИ АМНИЯТ

Падидаи гароне, ки имрўз ба рушди давлатҳо ва ҳаёти инсонҳо хатар эҷод мекунад, ифротгароӣ ва терроризм мебошад. «Tеrrоr» — «тарсу ваҳм», ба воситаи куштор, таркиш, ки боиси марги даҳҳо инсон ме- шавад, байни ҷомеа даҳшат ангехтан аст. Созмонҳои минтақавӣ ё дохилии як кишвар алайҳи як гурўҳи сиёсатмадорон ё шикаст додани чанд кишвар талош карда, ҳадафи иқтисодиву сиёсии худро дар давлатҳои абарқудрат ва кўчак, бо шиорҳои гуногуни зоҳиран некниҳод – мисли адолат, озодӣ, ҳуқуқи инсон, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи дин, поксозии дин ва ғайра пеш мебаранд, вале ба ҷои корҳои нек, созандагиву бунёдкорӣ қатл, таркиш, тазоҳуроту нофармониро истифода мебаранд. Идеологҳои созмони террористӣ аввал дар рўҳияи ҷавонҳо таркиш ба амал меоранд ва бо ташвиқ то ҳадди маргталабӣ мерасонанд. Дар натиҷа, аъзои созмони террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд, ҳам сабаби қатли садҳо ҳамдиёру ҳамдини худ мешаванд.

Террор таърихи дерина дошта, аз даврони қадим дар байни кишварҳои дину мазҳабашон гуногун — Миср, Эрон, Рум, Юнон, Ҳинду Чин, Арабистон мавҷуд будааст. Сохти муташаккил ва дерамалку- нандаи он дар пардаи ҳимояти дин сурат гирифта, 9 юриши салибдорон, назҳати исломиён аз ҷумлаи онҳоянд. Дар асрҳои миёна номи Ҳасани Саббоҳ маълум аст, ки барои як мазҳаби динӣ дар шимоли Эрон маскан гузида, империяи террористиро бо маркази он — қалъаи Аламут ташкил намуд ва якуним аср кишварҳои ҳамсояро ба ларза овард. Терроризм ба амнияти ҷомеа, фаъолияти муътадил ва ороми мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрўз ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Дар давоми даҳ соли охир беш аз 500 созмони террористӣ 6500 амалиёт гузаронд ва беш аз 25 ҳазор нафар зарар дид. Махсусан, амалҳои террористӣ дар кишварҳои Шарқ — Афғонистон, Ироқ, Покистон, Сурия, Лубнон, кишварҳои аврупоӣ — Фаронса, Белгия, Испания ва ғайра ба таври даҳшатангез сурат гирифта, ҳар амалиёт боиси марги чандин нафар гашт.

Технологияи муосир, телефон ва интернет пайвандгари ин равандҳо мебошад ва инро дар кишварҳои Шарқу Ғарб, ҳатто дар ИМА мебинем. Тазоҳуроти бисёркара- таи пешакӣ ба нақша гирифта ва тавассути телефону интернет идорашаванда дар Гонконг, Полша, Фаронса, Олмон Беларус, Россия ва ғайра маълум аст. Вале баҳои ҳуқуқию сиёсии он аз ҷониби сиёсатшиносони Ғарб духўра аст.

Савол ин аст, ки созмонҳои террористӣ сафи худро аз ҳисоби чӣ гуна касон зиёд карда, амалиёти хуношоми пешакӣ тарҳре- зишударо иҷро менамоянд? Чаро ба онҳо бештар ҷавонони Шарқ ворид мешаванд? Аз ин амалиёт кадом кишварҳо бештар зарар мебинанд?

Ифротгароиву терроризм бо куштор маҳдуд намешавад, шаклҳои гуногуни он — сиёсӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, динӣ, молиявӣ, технологӣ мавҷуд аст. Амалҳои террористӣ низ шаклҳои гуногун дорад: зидди мухолифони сиёсӣ, зидди ниҳодҳои давлатӣ, терроризми баналмилалӣ, терроризми фардӣ — нисбати шахси муайян; терроризми оммавӣ — бо зарар дидани садҳо нафар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ; терроризми ҷиноятӣ. Ин амал эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ нафрат, эътироз ва муқобилияти гурўҳи муайяни ҷомеа ё соири кишварҳоро ба миён меорад.

Дар маҷмўъ ҳамаи ин падидаҳо ба намуди аз ҳама хатарнок ва зараровар — қатлу куштори одамони зиёд мебарад. Каси дар хушунат «таҷриба»-дор, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё аҳли ҷомеа маҳкум мешавад, маҳаку меъёри зиндагии муътадили инсониро фаромўш карда, дар заминаи тарғиботи мақсадноке ба зинаи мудҳиши террор – қатлу куштор ҳамроҳ мешавад. Идеологҳои террористон аз байни онҳо ва касони аз 15 то 35-сола қурбонии навбатиро пайдо карда, бо роҳҳои гуно- гун таъсири равонӣ мерасонанд — аввалдилбардорӣ намуда, ўро қурбонии замон мехонанд, сипас ба рўҳу равони ў таъсири фавқулодда расонда, ба эътироз, қасос, террор омода мекунанд.

Барои таъсир расондан идеологи террористон маҳз аз падидаҳои рўзгор, мушкилоти ҷомеа истифода бурда, хушунати маъмурию оилавӣ, мушкилоти иқтисодӣ, сиёсию иҷтимоиро хуб истифода мекунад. Ҳол он ки мувофиқи таҳқиқи коршиносон фурўшандагони молу махсулоти кишварҳои Шарқ маҳз соҳибони биржа — бозорҳои ашёи хоми Ғарбанд. Онҳо, ки аз ҳисоби фурўши нафту газ, пахта, каучук, қаҳва, зару нуқраи кишварҳои Шарқ соҳиби миллионҳову миллиардҳо мешаванд, маблағгузорони терроризми динӣ дар кишварҳои Шарқ мегарданд ва ҳадафи аслии онҳо ба ин восита идора кардани Шарқ ва сарвату дороии он мебошад.

Ақидае ҷой дорад, ки ба гурўҳҳои террористӣ ҷавонони қашшоқ, бесавод, бекор дохил мешаванд. Зоҳиран чунин ҳам ҳаст, аммо ҳисоб карда шудааст, ки дар ҷаҳон теъдоди касони сарватманд хеле кам, гурўҳи миёнаҳол аз он андак бештар, вале камбизоатҳо хеле зиёданд, ки беш аз ду миллиард нафарро ташкил медиҳанд. Агар камбағалӣ боиси гаравидан ба терроризм мебуд, ё ҳатто аз даҳ як нафар қашшоқ ба гуруҳи террористӣ дохил мегашт, дар паёмади таркишу қатлу куштор аз ҷаҳони мутамаддин осоре боқӣ намемонд. Вале дар байни террористон касони миёнаҳол, дорои сарват, вазифаҳои баланд ҳастанд, ба созмонҳои мазкур маблағ мегузаронанд ва баъзе касон хонаву мошинашонро фурўхта, бо ҷайби пур ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.

Ақидаи дуюм талқин месозад, ки аслан каси норозӣ аз ҷомеа ва давлат ба сафи террористон мепайвандад. Ин ҳам то андозае дуруст аст, вале чандон саҳеҳ нест. Дар ягон кишвар ягон қонун, аз ҷумла, сарқонуне нест, ки ҳама неруҳои сиёсиро пурра қонеъ созад. Ҳамчунон, ягон кишваре нест, ки ҳама неруҳои сиёсӣ меъёрҳои ҳуқуқиро пурра инкор намоянд. Дар навбати худ, қонунҳои демократита- рини кишварҳои нисбатан ором ва сохтори давлатии демократӣ низ ҳама аъзои ҷомеаро сад дарсад қонеъ намекунанд, ҳангоми қабули Конститутсия, қонунҳои муҳими кишвар ҳатман чанд дарсади мардум зидди он раъй медиҳанд, ҳатто ҳангоми тасдиқи ҳайати ҳукуматҳо дар парлумони ҳама кишварҳо як қисми вакилон зид овоз медиҳанд. Пас, дар ҳар кишвар касони норозӣ аз қонун ва қонунгузор ҳастанд. Аммо… онҳо — шаҳрвандон, вакилони халқ ба даст силоҳ намегиранд, террорист намешаванд, баръакс, бо меҳнати бунёдкорона ҳақ будани худро собит намуда, дар ҷараёни иншои қонун дар парлумон, барои такмили он мусоидат мекунанд.

Навмедӣ яке аз сабабҳои гароиш ба созмонҳои террористӣ ҳисобида шудааст. Дуруст, аксари ҷавонон дар чунин ҳолати равонӣ ба доми идеологҳои созмони экстремистӣ меафтанд. Аммо на ҳама. Зеро ки навмедӣ — эҳсосест байни нобарории муваққатӣ ва ояндаи беҳтар барои истифодаи имконияту захираҳои маънавию касбии инсон. Вале бисёр вақт навмедӣ бо фаъолӣ, ҷидду ҷаҳд бартараф мегардад. Мисол, тибқи хабари расонаҳо, як гурўҳ занҳои маъюб дар шаҳри Душанбе коргоҳи дўзандагӣ ташкил карданд. Ҳарчанд, дар шароити пандемияи коронавирус муштарӣ ва даромади коргоҳҳои дўзандагӣ кам шудааст, ин занҳо мехоҳанд рўзгори худро бо меҳнати худ пеш баранд. Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ барояшон бино дода, бозори «Панҷшер»-ро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Дар вилояти Суғд низ як гурўҳ занҳои маъюб қарор доданд, ки бо дўзандагӣ ризқи худро пайдо мекунанд.

Гурўҳи аз ҳама осебпазир ҷавонҳоянд, -ақида доранд коршиносон. Идеологҳои терррористон тавре оламу одамро сиёҳ мекунанд, ки ҷавонони ноогоҳ аз ҳама чиз дилсард мегарданд. Мутаассифона, аз кишвари мо наздики ду ҳазор нафар ҷавон ба созмонҳои терррористӣ гаравидаанд. Аммо дар ҷумҳурӣ теъдоди ҷавонон чанд миллион нафар аст. Алатта, ин боиси хотирҷамъӣ нест, ин мушкилоти гарони равонист пеш аз ҳама барои пайвандони онҳо, аҳли ҷомеа, Ҳукумат ва ҳар як сокини кишвар. Вале одатан, падидаи бад зуд ба назар мерасад, дар атрофи он бо эҳсоси шадид андеша мекунанд ва корҳои неки ҷавонон кам мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор мегирад. Ҳол он, ки намунаҳои нек хеле зиёд аст. Даҳҳо ҳазор ҷавон дар ҳимояи Ватан истода, ҷасорату диловарӣ нишон медиҳанд. Ҳар сол даҳҳо ҷавон, хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ мешаванд. Ҳамчунин, шаҳрвандони ҷавони тоҷик дар бахшҳои гуногуни иқтисод, илм, фарҳанг, варзиш, ҳам дар кишвар, ҳам берун аз он, дастовардҳои зиёд доранд. Як донишҷўйи тоҷик дар Волгоград барои дар пандемия ба беморон ёрӣ расондан аз ҷониби Президенти Россия бо медал мукофотонида шуд. Дар шаҳри Душанбе як ҷавони одӣ — хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёрӣ ба таври ризокор ба даҳҳо беморони «Ковид-19» хизмати тиббӣ расонд. Ва ин хидмати ҷавонмардонаи ў бе подош намонд: як соҳибкор барои шартномаи таҳсил чоруним ҳазор сомонӣ ва 500 сомонӣ пули иҷораи хонаашро пардохт.

Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рўзҳои аввали сирояти Ковид-19 барои ҳифзи саломатии халқ ва беҳдошти шароити ходимони тиб чораҳои муассир андешид. Пизишкони тоҷик барои наҷоти беморон ҷони худро ба гарав монданд, барои муолиҷаи саривақтии беморон ва ба дигарон сироят накардани беморӣ ба хонаҳои худ нарафтанд. Гурўҳе аз ҷомеа ташаббускори он шуданд, ки пизишконро бо хўроки гарм таъмин намоянд. Пизишкон – онҳое, ки барои наҷоти беморон ҷони худро ба гарав монданд, изҳор намуданд, ки ин назари неки мардум барояшон болотар аз ҳама мукофот аст. Чун сироятёфтагон имкон ва рухсати ҳаракат надоштанд, барояшон мардум дар нуқтаҳои муайяни шаҳракҳо озуқа гузоштанд. Чаро коршиносон одатан «ҷавонони ноогоҳ» мегўянд? Чунки онҳо аз бисёр чизҳое огоҳанд, ки наҷобатҳои сох- таро ситоиш мекунанд ва аз роҳ мезананд, вале аз ҳамин падидахои нек огоҳ нестанд,бехабаранд, ки вазифаи инсон дар номи нек, озода зистан, таҳсили дуруст, касби ихтисос ва барои аҳли байташ бо меҳнати созанда нони ҳалол ёфтан аст.

Аз ҳама ҳайратовар таҷрибаи талхест, ки дар чанд соли охир бо фоҷиаҳои ба ном «Баҳори араб» дар Ироқу Сурия андўхта шуд. Ҳарчанд Ҳукумат, созмонҳои бисёри ҷамъиятӣ даъват намуданд, ки ба гурўҳҳои террористӣ шомил нашаванд, чанде ба доми дигарон афтоданд. Ва оқибати касони ба созмони террористии Сурия ва Ироқ гаравида бо чӣ анҷом ёфт? Аксарият дар набардҳои эътилоф кушта шуданд, як қисми онҳоро ба кишварҳои дигар, аз ҷумла, Афғонистон фиристоданд. Вале ак- сари зану фарзандони ноболиғи онҳо хору зор монданд. Тавре намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Қувайт хабар медиҳад,дар паноҳгоҳи ал-Ҳавл ва ал-Ҳасакаи Сурия беш аз 500 зану кўдаки тоҷик, аҳли оилаи ҷангиёни созмони ДОИШ ҳастанд, ки пас аз кушта ё дур кардани онҳо асир афтодаанд. Онҳо чун завҷаи ҷангиёни ДИИШ ҷинояткор маҳсуб мешаванд. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон касони ба гурўҳҳои террористӣ гаравидаро ҷинояткор меҳисо- банд, вале дар Тоҷикистон нисбат ба онҳо муносибати инсондўстона зоҳир мегар- дад. Азбаски онҳо бо доми фанду фиреб афтода, гумроҳ шудаанд, ҳукуматамон бо мадади созмонҳои умумибашарӣ ва мусоидати давлатҳои ҷабрдидаи Сурия ва Ироқ барои ба Ватан баргардонидани онҳо саъй мекунад.

Ҷавонони тоҷик гумон доштанд, ки ба кишварҳои дигари аслан мусулмони Шарқ ба ҷиҳод барои ҷорӣ кардани ислом мераванд. Аммо вазъият дигар шуд ва онҳоро хоҷагони хориҷиашон торафт бештар ба ҳудуди зодгоҳашон наздик мекунанд. Чанде пеш як гурўҳи ҷангии «Толибон» ба як деҳаи сарҳадии Афғонистон ҳуҷум карда, боиси марги чанд низомии афғонистонӣ ва аҳолии осоишта шуданд. Аксари аҳолии деҳаро тоҷикон ташкил медоданд ва дар байни «Толибон» низ тоҷикон буданд.

Ниҳоят, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни аҳли ислом тарғиб мекунанд — эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом, ва пайравони он аст. Вале падидаи аҷиб он аст, ки дар кишварҳои асосии пешбари ислом, соҳибони аслии дини мубини ислом хеле кам касон ба гурўҳҳои террористии динӣ дохил мегарданд. Зеро ки онҳо хуб медонанд: «Қуръон», ҳадис, аҳкому арко- ни ислом, фалсафаю талаботи ахлоқии он зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд. Ислом дини сулҳу салоҳ аст, на қасду қатлу куштор. Ҳанўз дар асрҳои аввали зуҳури ислом фақеҳон бар он буданд, ки инсон бояд бо ақлу дил исломро қабул кунад, на бо роҳи зўрӣ. Маҳз барои он, ки ҷавонони Осиёи Марказӣ ва ё дигар кишварҳои Шарқу Ғарб аз забони арабӣ, забони аслии таъ- лифи Қуръон хабар надоранд, нисбат ба ҳамсолони араби худ бештар ба гурўҳҳои ифротгароӣ дохил мегарданд.

Ба ҷавонон ҳадафи аслии созмонҳои террористиро фаҳмондан зарур аст, ки созмонҳои террористӣ дар Ғарб дастгирӣ ёфтаанд ва бо шиори ислом аҳолии кишварҳои исломӣ – Афғонистон, Ироқ, Сурия, дигар кишварҳо дар кўчаву хиё- бон, бозор, фурўшгоҳ, ҳатто дар масҷид, ҳангоми намозхонӣ қурбон мешаванд, на мардуми Ғарби ғайриисломӣ. Дар натиҷа, ҳазорон нафар мардуми осоишта ҷон бохтанд, ҳазорҳо кўдак ятим, занҳо бечора шуданд, ҳазорон бинову иншоот харобу валангор шуданд, миллионҳо нафар аҳолии мусулмон маҷбуран кишвари гарму гуво- рои худро тарк намуда, ба умеди амният ва осудагӣ ба Аврупо фирор карданд ва ба ҳар восита тобеъ ва хизматгори аврупоиён шуданд. Ихтиёри чанд кишвари мусулмони Шарқ аз дасти онҳо рафта, дар онҳо амалан гумоштагони Ғарб ҳукм меронанд.

Чаро пешвоёни мамолики Шарқу Ғарб ба муколамаи тамаддунҳо ва сулҳи байни динҳо даъват мекунанд? Зеро ки бо назар- дошти силоҳи пуриқтидори муосир ҳама гуна муқовимати динӣ, ҷанг барои дин хеле харобиовар буда, боиси фанои умумӣ, аз байн рафтани тамаддуни башарӣ мегар- дад. Кишварҳои Аврупо пас аз он осоиш ёфтанд, ки динро аз давлат ва сиёсатро аз дин ҷудо намуданд.

Мусаллам аст, ки доираҳои муайяне дар ҷаҳон аз заифии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори «ҷиҳод» сохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ кардан мехоҳанд. Бино бар ин, ҳар инсон, алалхусус ҷавонон, бояд аз ҳадафҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ огоҳ бошанд ва ҷони худу ҷомеаро аз фоҷиаҳо эмин бидоранд. Наҷоти ҳар яки мо, дар иродаи нек мебошад.

Ҷ. ҚУДДУС

Дигар хабарҳо