• 30.04.2024

АРМУҒОНИ БАРОДАРӢ

Иқдоми неку наҷиберо, ки Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти  Ҷумҳурии  Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв дар самти барқарор  намудани  муносибатҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ,  дўстиву рафоқат байни ду кишвари  дўсту бародар роҳандозӣ намуданд, онро аҳли илму адаби ҳарду давлат  хуш пазируфта,  бо тариқи худ тарғиб мекунанд.

Ниҳоли дўстиро бо барпо намудани мулоқоту вохўриҳо, суҳбат,  тавсеаи ҳамкории илмию фарҳангӣ об медиҳанд  ва боровар мегардонанд, ки ин хеле муҳим аст .

 Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои  фарҳангию адабии мардумони тоҷику ўзбек аз қадимулайём сарчашма гирифааст ва дар шароити муосир он ҳамчун дипломатияи мардумӣ  дар таҳкими робитаҳои гуногунсоҳа,  хусусан илмию фарҳангии  мардумони ҳарду давлат  нақши муассир мегузорад.

Сафари ҳайати  бонуфузи  фарҳангии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон, ки аввали моҳи август ҷараён  гирифт,  дар тавсеаи робитаҳои илмию фарҳангии  ду давлат   нақши густурда дошта, зимни он байни муассисаҳои марбутаи кишварҳо  санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки бозгўи дурнамои неки робитаҳои илмию адабии Тоҷикистону Ўзбекистон аст.

Абдулҳамид САМАД,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо