МАСЪАЛАҲОИ КАЛОНИ АДАБИЁТИ ХУРДСОЛОН

Маърӯзаи Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Маҷлиси Садорати ИНТ, 31 май 2019

 Давлати соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълиму тарбияи насли наврас, дарёфти истеъдодҳои нав ва рушди онҳо пайваста тадбирҳо меандешад. Дар ин самт барномаҳои махсус низ таҳияву тасдиқ гардидаанд. Аммо пўшида нест, ки имрўз насли наврас дар замони душвор, вазъияти мураккаб, равандҳои пурихтилоф, таҳдидҳои бешумор, таблиғоти раҳгумсоз, таассуби шадиди сиёсиву мазҳабӣ камол меёбад. Аз ин рў, тарбияи маънавии бачаҳо, наврасон ва ҷавонон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа ба шумор меравад.

 Дар ин маврид суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо барҷоянд: «Моро зарур аст, ки барои тарбияи наслҳои огоҳу бедор талош бинамоем, онҳоро дар рўҳияи ҳифзи истиқлолияту озодӣ ба воя бирасонем, то ки фарзандони мо дар оянда барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлати соҳибихтиёрамон омода бошанд… Мо, пеш аз ҳама, бояд ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, барои рушди қобилияти зеҳнии кўдакон шароити мусоид фароҳам бисозем».

Дар ин амали зарур, бахусус, рушди қобилияти зеҳнии кўдакон, бешак, нақши адабиёт бисёр муҳим аст, аз ин рў, раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зарур донист, ки мавзўи мазкурро ба муҳокимаи маҷлиси садорати созмон пешниҳод бинамояд. Биёед, имрўз мушкилоту роҳҳои рушди адабиёти бачагонро муҳокима бикунем, мушаххасан, ҳалли се масъалаи басо муҳим – тарбияи адибони ҷавон, эҷоди асарҳои арзандаро барои бачагон ва чопи китоб барои бачаҳоро мавриди баррасӣ қарор бидиҳем.

Ҳукумати мамлакат барои илмомўзиву донишандўзии бачаҳо шароиту имконияти имконпазирро фароҳам овардааст ва ҳар кўдак метавонад дар ин муҳит истеъдоди худро ошкор бикунаду рушд бидиҳад. Дар ин маврид вазифаи адибон аз он иборат аст, ки асарҳои хонданӣ офарида, насли наврасро ба дарку шинохти Ватану ҷаҳон ва худогоҳиву хештаншиносии воқеӣ раҳнамо бошанд.

Метавон гуфт, ки дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, яъне, давраи нави таърихӣ низ шоирон тавонистанд барои ҳар синну сол шеъри мувофиқ, равону пурмазмун, наву тоза ва хотирмон эҷод бикунанд. Чизи зоҳиран тозае, ки қариб дар ҳамаи ин навиштаҳо ба назар мерасад, мавзўи онҳост. Беш аз бист сол аст, ки мавзўъҳои муқаддаси Ваҳдат, Истиқлолият, Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, Суруди миллӣ ба андозаи завқу ҳунари муаллифон дар навиштаҳои бадеӣ барои бачаҳо инъикос ёфта,  хонандагони хурдсолу наврасро дар рўҳияи ватанпарастиву миллатдўстӣ ва поси арзишҳои миллӣ тарбия менамоянд.  

Ва ин идомаи силсилаасарҳоест, ки даҳсолаҳо қабл устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Ғаффор Мирзо, Убайд Раҷаб, Наримон Бақозода гуфта буданд ва имрўз ҳам вирди забони кўдакону ҷавонон мебошанд. «Биёед, эй рафиқон, дарс хонем…», «Далер чӣ кор мекунад?», «Баррачеки масти ман…», «Хоҳаракам…», «Ман калон мешавам» ва амсоли ин гуна ашъори устодони забардаст на танҳо барои бачагони тоҷик, балки барои ҳама наврасони форсизабон дилнишину хотирмон будаанду мемонанд.

Ин анъанаро дар давраи Истиқлолияти давлатии кишвар як гурўҳ адибоне давом доданд, ки махсусиятҳои замони душвори худро хуб медонанд ва тибқи талаботи он эҷод мекунанд. Китоби «Бачаҳою кўчаҳо», «Сурудаке дар бораи ҳарфи О» ва «Ман «Алифбо» мехонам»-и Ҷўра Ҳошимӣ,  «Офтоби ман», «Гурбачаи танбалак, танбалаки ҳандалак»-и Юсуфҷон Аҳмадзода, маҷмўаи ҳикояҳои Гулназар Келдӣ «Калоба», китоби ҳикояҳои «Ман ошнои ту, ту ошнои ман»-и Абдулҳамид Самад, «Садранга пуфак баҳри Юсуфак» ва «Алифбои худомўз»и Латофат Кенҷаева, «Гиря кунам ё ки не»-и Маҳбуба Неъматзода, «Чашмасор»-и Муродалӣ Собир, қиссаи «Ду овора»-и Салими Зарафшонфар, «Атри гиёҳ»-и Шарифи Муҳаммадёр, қиссаҳои Азизи Азиз «Пирамард ва сипоҳӣ» ва «Дурўғ», инчунин маҷмўи ҳикояву афсонаҳои ў «Сулҳ чист?», «Чанори пур аз лона»-и Абдусаттори Раҳмон, «Ҷасорат»-и Ҳабиб Имодӣ намунаи асарҳои хондании имрўз барои бачагон мебошанд.

Асари арзандаи адабиёт дар ҳар замон, дер ё зуд, сазовор қадр мешавад ва мавриди зикр аст, ки устодон Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Убайд Раҷаб, Гулназар Келдӣ, Абдуҳамид Cамад, Сайф Раҳимзод, Ҷўра Ҳошимӣ дар давраҳои гуногун маҳз аз номинатсияи адабиёти наврасону ҷавонон сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абўадуллоҳи Рўдакӣ гардиданд.

Як идда шоиронамон, ки ғолибан барои калонсолон менависанд,  кўдаконро ҳам фаромўш намекунанд ва хонандаи хурдсол аз мутолиаи ашъори устодон Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Саидалӣ Маъмур, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғойиб, Раҳмат Назрӣ пайваста бархурдор аст.

Насри бачагона ганҷинаи беназири адабиёти мост. Саромадони ин бахши муҳимми адабиёти тоҷик дар радифи устод Айнӣ, нависандагони бузургамон Пўлод Толис, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ҳаким Карим, Абдумалик Баҳорӣ, Аминҷон Шукўҳӣ буданд, ки аз ҳикояву қиссаҳои марғубашон чандин насли хонандагон баҳраёб гардидаанд ва наврасону ҷавонони имрўзу оянда низ навиштаҳояшонро бо шавқу завқи тамом мехонанд. Нависандагони маъруфе, чун Акобир Шарифӣ, Раҷаб Амонов, Болта Ортиқов, Ҳоҷӣ Содиқ, Додоҷон Раҷабӣ, Шодон Ҳаниф, Қодир Наимӣ, Исроил Иброҳим,   Мустафо Шарқӣ, Равшани Ёрмуҳаммад, Иноят Насриддин, Тоҷиннисо Султонӣ, дар рушду такомули насри бачагона хизмати сазовор карда, барои кўдакон асарҳои хонданӣ ба ёдгор гузоштаанд. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки коргоҳи насри кўдак имрўз ҳам пуртакопўст. Адибони соҳибному партаҷрибаамон Насим Раҷаб, Ҳабиб Имодӣ, Сафияи Носир, Адаш Истад, Ҳазрат Сабоҳӣ, Бахтиёри Ҷумъа, Маҳбуба Неъматзода, Азизи Азиз, Муҳаммад Субҳон, Наҷмиддин Салоҳиддинзода, Маҷид Салим, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Гулнисо Ризвоншоева дар ин самт корҳои назаррасе анҷом додаанд. Бахусус, Азизи Азиз дар рушди насри имрўзаи наврасон саҳми калон дорад. Ў натанҳо худ барои бачаҳои синну соли гуногун бештар аз дусад қиссаву ҳикоя эҷод кардааст, балки дар тарбияи адибони соҳаи мазкур ҳисса мегузорад. Бо саъйу кўшишаш бахши адабиёти кўдаки Иттифоқи нависандагон аз нав фаъол гашта, барои ба вуҷуд омадани асарҳои тозаи дархури замон тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

Бо вуҷуди ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тадбирҳо ва иқдомоти назариву амалии мо дар самти инкишоф додани адабиёти кўдакону наврасон кофиву корагар нест ва он на танҳо аз раванди рушди адабиёти ҷаҳонӣ, балки адабиёти барои калонсолони  худамон ба таври чашмрас ақиб мондааст. Маълум аст, ки тақдири ояндаи ҳар давлату миллат дар дасти насли ҷавони он аст. Мутаассифона, назари аҳли фарҳанг ва адаби мо ба адабиёти кўдак ҳоло ҳам дар сатҳи 40 соли қабл қарор дошта, адибони мо, тавре ки мебояд, бо донишу биниши назариявии эҷоди асарҳои муносиб ба завқи бачаҳои асри XXI мусаллаҳ нестанд.   

Албатта, барои вазъи начандон дилхоҳи адабиёти бачаҳо дар кишвари мо омилҳои зиёде таъсиргузор будаанд, ки надоштани собиқаи кофӣ яке аз онҳост. Тавре ки маълум аст, то оғози асри XX бачаҳои тоҷик ба ҷуз чанд маҷмўаи таълимии асосан динии дидактикӣ китоби дигаре надоштанд ва мафҳуми «асари бачагона» умуман набуд. Кўдакони то сад соли қабл аксаран аслан кўдакӣ ҳам надоштанд ва лаззати ин овони ширинро начашида, аз нобасомонии замон бемаҳал ба воя мерасиданду дар хурдсолӣ бори зиндагонӣ ба дўшашон меафтид. Он замон таълими адабиёт ба бачаҳо асосан тавассути асарҳои барои калонсолон эҷодшуда сурат мегирифт. Мо намунаҳои тасвири ин масъаларо дар осори устодон Айнӣ, Улуғзода, Икромӣ ва дигарон борҳо дидаем. 

Имрўз адабиёти бачаҳо дар ҷаҳон шохаи бузургу мустаҳкам ва пурбори адабиётҳои миллист, ки дунёи худ ва қоидаву талаботи худро дорад. Махсусияти адабиёти бачагонаро содаву кўтоҳ чунин метавон ифода кард: 1. Қаҳрамони асар бача аст.  2. Асар ба синнусоли бача мувофиқат мекунад.  3. Ҳаҷман бузург нест.  4. Забону баёни сода дорад. 5. Муколамаю ҳаракат зиёд ба назар мерасад. 6. Одатан хурсандибахшу хотирмон хотима меёбад. 7. Чун ҳама асари асили адабиёт хусусияти аёни тарбиявӣ дорад. Адибе дар эҷоди асари бачагона муваффақ мегардад, ки ин  нуктаҳоро бидонаду дар доираи ин талабот пайваста ба омўзиш машғул бошад.

Барои асари хуби бачагон дар ҷаҳон даҳҳо ҷоиза муқаррар шудааст, ки далели эътирофи он мебошад. Дар кишварҳои пешрафта соле садҳо номгўй китоби бачагон ба табъ мерасад, вале муттахассисон боз ҳам бонги изтироб мезананд, ки ба адабиёти бачагон кам эътибор дода мешавад. 

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар даҳ соли охир соле ба ҳисоби миёна 22 китоби бадеӣ барои бачагон нашр шудааст. Адабиётшиносону мунаққидон ба хулосае омадаанд, ки фақат ду фоизи адибони ин кишвар барои бачаҳо асар эҷод мекунанд ва ҳар сол барои онҳо танҳо «дуним китоби хуб» нашр мешавад.

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз вазъи адабиёти бачагонаашон хавотиранд ва пайваста роҳҳои рушди онро меҷўянд. Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии ин кишвар ҳар сол барои беҳтарин китоби шеър, ҳикояю афсона ва асари тарҷумавӣ озмун эълон намуда, ҷоизаҳо месупорад. «Мо як наслро аллакай аз даст додем!» – бонги изтироб мезананд олимону адибони қирғиз ва аз ҳукумати ҷумҳуриашон тақозо доранд, ки барномаи миллии рушди адабиёт барои бачагонро таҳияву амалӣ бинамояд. Ҳамчунин, адибони қирғиз хостаанд, ки дар кишварашон андоз аз чопи китобҳои бачагона бекор карда шавад.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар сеюмин китобе, ки нашр мешавад, барои бачаҳост. Рўзномаю маҷаллаҳо барои онҳо зебою хонданӣ ба нашр мерасанд. Донишмандони ўзбек тавсия медиҳанд, ки кўдак китоби аввалинашро бояд дар яксолагӣ, ҳатто барвақттар аз он, ба даст бигирад ва он китобе бошад дар шакли бозичаи дилхоҳ – тўб, мошинча, шаҳпарак ва ғайра – рангоранг, камсаҳифа ва бематн.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар давоми се соли охир, бо омўзиши таҷрибаи дастраси дигар кишварҳо, вазъияти соҳаро таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки сарфи назар аз таваҷҷуҳи доимии мақомоти давлатӣ ба таълиму тарбияи кўдакон ва ба вуҷуд овардани фазои мусоиди меъёриву ҳуқуқӣ барои инкишофи адабиёти бачагон, ин шохаи муҳими адабиёти мо ба мушкилоти сахт мувоҷеҳ аст ва бартараф кардану рушд додани он вақти зиёд мехоҳад.

Бояд дар назар дошта бошем, ки сеяки аҳолии кишварамонро бачаҳо ташкил медиҳанд ва аксари онҳо хонандагони воқеии адабиёти бадеианд. Мутаассифона, барои тақрибан се миллион хонандаи адабиёти бачагона дар саросари мамлакат соле ҳамагӣ 20-25 номгўй китоб нашр мешавад, ки бисёрашон такрорчопи асарҳои қаблӣ буда, аксаран камарзишу пастсифатанд, ороиш дошта бошанд ҳам, безавқона аст ва дархури китоби бачагона нест. Теъдоди китобҳо барои бачаҳо ба ҳисоби миёна 500 нусхаро ташкил медиҳад, ки ба се миллион бачча якҳарфӣ ҳам намерасад.

Боиси хушнудист, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир ба масъалаи беҳбуди вазъи таълифи асарҳои тоза ва чопи китобҳо барои бачагон ҷиддан машғул аст. Ҳоло аз ҷониби он 45 асар барои бачагон ба чоп тавсия шуда, ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳо иқдомоти умедворкунанда роҳандозӣ мегардад. 

Масъалаи дигаре, ки рушди ояндаи соҳа ба он вобастагии сахт дорад, тарбияи адибони ҷавон аст. Адиби ҷавон вақте бо дили пур ва боварии комил ба майдони адабиёт қадам мегузорад, ки ба тарбияи худ, дастгирии устодон, рушди истеъдод, чопи асар, гирифтани ҳаққи заҳмат ва будани хонанда бовар дошта бошад. Иттифоқи нависандагон ин гуна адибонро дастгирию тарбия карда, ба чопи китоб ва тарғиби асарҳояшон ҳамеша мусоидат менамояд.

Аммо адиби ҷавонро ҳам, пеш аз ҳама, китоби бадеӣ тарбия мекунад. Масъала ин аст, ки мо имрўз барои кўдакон чӣ китобҳоеро пешниҳод карда истодаем? Назарсанҷии бахши адабиёти кўдаки ИН нишон дод, ки бештарини муаллифони китобҳое, ки ба бачагон пешниҳод гардидаанд, наванд, ному насаби баъзеро бори аввал дучор меоем. Кор ба ҷое расидааст, ки адибони тасодуфӣ то 40-60 асар чоп намуда, назди хонандаи хурдсол заррае масъулият ва қарзи виҷдон эҳсос намекунанд, беш аз ин, даъвоҳои беасоси қадр нашудани истеъдодашонро пеш меоранд. Баъзан барои бачаҳо асаре пешниҳод мешавад, ки фақат тамғаи «бачагона» дораду халос, дар асл, пур аз гапи беҳуда, саҳнаҳои даҳшатбор, дурўғ ва баёни хушку холист. Ҳол он ки адабиёт барои бачагон бояд ба ташаккулу инкишофи завқ ва ҷаҳонбинии кўдак хидмат бикунад. Маҳз китоб чашми кўдакро ба олами атроф во мекушояд, ақлу тасаввури ўро инкишоф медиҳад, барои  ў ҷаҳони нав, инсони нав, дониши нав ва зиндагонии нав пешниҳод менамояд ва беҳтарину муҳимтарин воситаи рушди маънавиаш мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби аслии арзи вуҷуд намудани асарҳои сустбунёд, пеш аз ҳама, ангуштшумор будани адибони асили бачагон аст. Чунон ки набудани филмҳои хуби тасвирии тоҷикӣ боиси ба филмҳои даҳшатангези хориҷӣ рў овардани бачаҳо гаштааст, эҷод нашудани осори ҳақиқӣ барои бачаҳо бозори китобҳои сустбунёди бачагонаро гарм кардааст.

 Вазъиятро чунин рақамҳо хубтар бозгў мекунанд, ки аз 190 асари тозаи насрӣ, ки адибони таҷрибадор ва навмашқ дар соли 2018 барои муҳокима пешниҳод намуданд, танҳо 9 асар аз ҷониби Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд ва аз 110 асари дар нашриётҳои мухталиф солҳои 2014-18 барои бачаҳо батабърасида танҳо 12-тояш камубеш арзиши бадеӣ доранду халос.

Ногувор ҳам бошад, бояд бигўем, ки адабиёти бачагонаи мо дар тўли мавҷудияташ ягон қаҳрамоне офарида натавонист, ки машҳуру маҳбуб ва намунаи ибрати кўдакону наврасон бошад. Ҳанўз ҳам қаҳрамонони асарҳои бадеии Николай Носову Шарл Перро, Ҳанс Андерсену Корней Чуковский, бародарон Гриму Селма Лагерлёф, Астрид Линдгрену Сергей Михалков, яъне, Нодонхўҷаву Буратино, Нахўдаку Нилс, Маугливу Пеппӣ,  Стёпа-амаку Айболит вирди забони кўдакони китобхон ва падару модаронанд. Ин дар ҳолест, ки охирин адибони бачагон ба пирӣ расидаанд ва нафареро ном гирифтан душвор аст, ки ҷавон бошаду фардо бори вазнини ин адабиётро бардошта битавонад. Бинобар ин, агар бихоҳем, ки ин вазъи ташвишовар ислоҳ бигардад, дар навбати аввал ва батакрору беохир ба тарбияи адибони ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан лозим аст.

Китобҳо барои бачагони мо натанҳо аз ҷиҳати теъдод басо каманд, балки ба зеҳну завқ, синну сол, одоби чоп мутлақо ҷавобгў нестанд. Ноширон ҳатто сифати коғаз, ороиш, андозаи ҳуруфро ба эътибор намегиранд. Бадтар аз ҳама, нархи китоб барои бачагон беҳад гарон аст. Барои кўдакони 3-6-сола қариб тамоман асар эҷод намешавад. Аксари нашриётҳо низ дар суроғи адибон нестанд ва мунтазиранд, ки кай адибе асар меораду пули чопашро ҳам мепардозад. Чунин муаллифон одатан адиби хуб нестанд.

Чунон ки зикр шуд, ҷойи ҷавононе, ки бояд барои бачагон асар бинависанд, беш аз сӣ сол боз холист. Дуруст аст, ки солҳои охир барои хурдсолон китобҳои зиёд чоп шуданд ва, аҷобат он аст, ки зумрае аз  муаллифон хонандагони муассисаҳои таълимианд, ки низ ду-секитобӣ нашр кардаанд. Мутаассифона, чунонки устод Гулназар Келдӣ дар маҳфиле изҳор намуд: «Дар ҳар ноҳия даста-даста китоби шеър туҳфа мекунанд, аммо варақ мезанеду як шеър намеёбед…»

 Як падидаи номатлуб, ки ҳангоми чопи китобҳо барои бачагон имрўз зиёд ба мушоҳида мерасад, ин аст, ки гоҳо муаллифи навмашқу навқалам ва тамоман беистеъдодро адибони машҳури мо таърифу тавсиф мекунанд, шеъри ўро «беҳтарину равону шево» мехонанд, ба чоп тавсия медиҳанд ва пешгуфтор менависанд. Мо аз устодони адабиётамон хоҳиш дорем, ки навқаламонро тарбия бикунанд, ба омўхтану машқ водор бисозанд, вагарна бо таърифи беҳуда, умумӣ баҳо додан, як-ду байти нисбатан равонтари онҳоро мисол оварда, як силсила шеъри номатлубашонро ба хонандагон пешкаш намудан, навқаламонро гумроҳу беҳудагў мекунад. Ин гуна муносибат ҷавононро ба таъриф одат кунонда, бо андак эрод ранҷидахотир мегардонад.

 Албатта, онҳое низ ҳақ доранд барои бачаҳо асар эҷод бикунанд, ки адиби ҳирфаӣ нестанд. Вале аз қоидаи эҷод хуб огоҳ нашуда, таҷриба наандўхта, дар назди устоде таълим нагирифта, ба хонандаи хурдсол ҳар чӣ пешкаш намуданро ҳам касе ба онон иҷоза намедиҳад.

Чаро имрўз муҳите доман паҳн мекунад, ки ҳар касе бихоҳад, аз ҷумла барои бачаҳо, китоб менависад ва онро фавран чоп мекунад? Чаро нашриётҳои мо ҳар китобро бе таҳрир ба чоп медиҳанд? 30, 40, 50 сол қабл маҳз нашрияҳои даврии бачагон мактабҳои воқеии эҷодие буданд, ки дар тарбияи чанд насли адибонамон саҳми сазовор гузоштанд – рўзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал» ва «Чашма»-ро ба ёд биёред! Чаро имрўз нашрияҳои мо, радиову телевизионҳои мо ба назмгунаҳои подарҳавою муаллифони безавқи онҳо ин қадар дилбастаанд? Чаро матни аксар сурудҳои барои бачаҳо эҷодшуда ин қадар бепояву бемоя, ин қадар сусту бетаъсир аст? Чаро имрўз ҳар навқалами солхўрда беибо даъво мекунад, ки бояд ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта бишавад ва сабаби пазируфта нашуданаш ҳама чиз ҳаст, ба ҷуз ҳунару осор, аниқтараш беҳунариву беосории худаш? Айни муддао мебуд, ки аъзои Садорат ва масъулони ниҳодҳои дахлдор  андешаҳои худро оид ба ин масъалаҳо баён бинамоянд.

Аз нуктаҳои дигари ин мавзўъ яке ин аст, ки нақди адабии адабиёти бачагонаи мо, мутаассифона, солҳост, хомўш аст. Агар мақолаву тақризҳои аҳён-аҳёни Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Раҷаб Амонов, Атахон Сайфуллоев, Ҷонон Карим, Баҳром Шермуҳаммадиён, Абдушукури Абдусаттор, Юсуф Акбарзода, Азим Аминро истисно бикунем, ин паҳлўи адабиётамон собиқаи қавие ҳам надорад. Аминем, ки агар адибони дақиқкору адабиётшиносони амиқандешаамон якчанд китобро ҷиддан баррасиву расонаӣ бикунанд, навқаламони ин адабиёт, чӣ ҷавону чӣ пир, каме ҳушёр хоҳанд шуд. Аз адибону олимони соҳибтаҷриба бисёр хоҳиш мекунем, ки ба ҳалли ин мушкил ҷиддан рў биёваранд, зеро ҳоло музахрафотеро китоб гуфта, чоп кардану фурўхтан ва пули бачаҳову волидайни онҳоро ҷамъ овардан ба ҳукми анъана даромадааст.

Вобаста ба ҳамин саволе ба миён меояд, ки чаро маводи ғизоии куҳнаву вайроншударо фурўхтан ҷавобгарӣ дораду дар муассисаҳои таълимӣ, аз ёру ошнои сарвар истифода карда, китобҳои бадбўю мағорбаста ва истеъмолнобоби ҳаннотадибонро фурўхтану бачаҳоро заҳролуд кардан не? Ин амал бояд сурат бигирад ва ИНТ барои гирифтани пеши роҳи китобҷаллобон ба мақомоти дахлдор муроҷиат хоҳад кард. 

Нуктаи дигар барҷову беҷо дар чорабиниҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифтани назмгунаҳост, ки торафт бештар мешавад. Сарвари мактаб, боғча ё корхонае ҳар замон аз муташоирон оид ба ину он иду чорабинӣ дархости шеър мекунад ва эътибор намедиҳад ё аслан намефаҳмад, ки он навишта чӣ сифат дорад. Чун шеър бахшида ба Парчам аст, тасвиру таъкиди се ранг ва тоҷ, чун васфи Наврўз аст, тасвиру таъкиди гулу лолаю суманак кифоят мекунад. Ҳамин тавр, чанд ҷумлаи ночаспони қофиядорро шеър гуфта, ба бачаҳо медиҳанд ва онҳо ночор он сатрҳои берабту дандоншиканро азёду пешниҳоди мардум, роҳбарони сатҳҳои гуногун ва ҳатто Сарвари давлат мекунанд. Ин амал натанҳо бозори он ашхосро гарм мекунад, балки завқи бачаҳоро сахт ва умрбод мекоҳад, ки аз бадбахтии аввала гаронтар аст.

Чунон ки қайд гардид,  дар олам хонандаи адабиёти бачагон аз ҳама зиёд ва бозори китоби бачагон ҳамеша серхаридор будааст. Яъне, то 10-12-солагӣ аксари бачаҳо китобдўсту китобхонанд. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки як гурўҳ савдогарнозимон бозори савдояшонро битезонанд. Таҳти таъсири ҳамин раванди номатлуб дар бисёр шаҳру ноҳияҳо панҷ-шаш шоир барои бачаҳо китоб менависанд ва дар ҳар мактаб панҷ-шаш шогирд машқи шеър мекунанд ва ҳатто аксар соҳибкитоб ҳам шудаанд.

Аз устод Бозор Собир пурсиданд, ки баъди ҳиҷрати тўлонӣ чӣ чизи наве мушоҳида кардааст? Посух дод, ки ба ҳар хонае биравӣ, мизбон китоби худро туҳфаат мекунад…  Шоири маъруфи бачаҳо Ҷўра Ҳошимӣ дар як суханрониаш бо афсўс изҳор кард, ки аз даҳ хонандаи мактабҳои шаҳре, ки ба як вохўрӣ омада буданд, ҳафт нафар дар даст китоби тозанашри худро доштанд, китобҳое, ки касе ҷиддӣ таҳрир накардааст. Устодон Айниву Турсунзода ҳанўз дар оғозу анҷоми даҳаи панҷуми асри гузашта ҳушдор дода буданд, ки бояд дар чопи китоби нахустини адибони ҷавон басо сахтгир бошем. Афсўс, ки имрўз ҳеҷ чунин нест.

Чанд сол пеш Шоири Халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба падари як духтараки шеърдўсту эҷодкор маслиҳат дода буд, ки алҳол аз чопи китобҳояш худдорӣ бикунад. Мутаассифона чунин нашуд ва аксари ашъори ў, ки дар шакли китоб ба чоп расид, пурғалату номақбул  аст. Рўзноманигоре якчанд ғавғо кард, ки фарзанди ў чанд китоб чоп кардаасту Иттифоқи нависандагон ва шахсан раиси он хомўшанд! Фикри мо ин аст, ки бача дар ин синну сол ба тақозои табиаташ бигзор бештар ба бозиҳои зеҳниву ҷисмонӣ машғул бишавад, биомўзад, қиссаву афсона бихонад, шеър аз ёд бикунад, ба фаҳму завқи воқеии навиштаи адабӣ бирасад.

Истеъдод офтоб аст, ки мебарояд, субҳ аст, ки медамад, нахли сабз аст, ки қад мекашаду борвар мешавад ва ин ҳама бояд табиӣ сурат бигирад. Ҳангомаву ғавғоҳо дар атрофаш, агар он воқеан бошад, ҳаргиз ба манфиати истеъдоду соҳибистеъдод набуду нест ва ифодагари ҳангомахоҳиву ғаразҳои бебунёдесту бас.

Азбаски дар музофот адиби хуби бачаҳо надорем, тарбияи адибони ҷавони ин соҳа аз доираи назар тамоман дур мемонад. Ҷавони соҳибистеъдод ҳамон вақт рўҳбаланд мешавад ва асари хуби бачагона навишта метавонад, ки дар паҳлўи худ ҳузури адибони баркамолро эҳсос бинамояд. Нависандаро, албатта,  мактабу устод, вале зиёдтар аз онҳо муҳит ба воя мерасонад. Танҳо дар ин сурат аз шогирдони асили заҳматкашу кўшо ва хоксору бедаъво адибони хуб ба воя мерасанд.

Ҳамин камбудиҳо боис гардидаанд, ки бисёр навқаламони мо ҳикояро аз мақола фарқ карда наметавонанд, дар интихоби мавзўъ, тасвири мушкилот ва ҳалли он беҳунаранд. Аз ин бештар, аксаран қаҳрамонони асарҳои насрии бачагонаи мо парандагону ҳайвонот шудаанд. Куҷост қаҳрамоне чун қаҳрамонҳои «Тобистон»-и Пўлод Толису «Об аз куҷо меояд?»-и Аминҷон Шукўҳӣ, қиссаҳои фантастикии Абдумалик Баҳорӣ, ки бо ақлу заковат ва ҳушу фаросат маҳбубу қарини дили хонанда бишаванд? Воқеан, эҷоди повести бачагона ҳам хеле кам ба мушоҳида мерасад. Дар чанд соли охир барои хурдсолон, ғайр аз Насим Раҷаб, ягон адиб повести хондание нанавишт. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо имсол Иттифоқи нависандагон дар Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб ва Бохтару Хоруғ семинарҳои омўзишӣ баргузор кард ва адибону омўзгорони варзида ба навқаламон дарс гуфтанд. Зиёда аз сад адиби камубеш таҷрибадор  ва навқалам дар ин семинарҳо иштирок намуданд ва бист асари бачагона ҳам эҷод шуд. Азбаски барои чопи 120 китоби насрии бачагона маблағ пайдо шудааст, тасмим гирифтаем, ки як семинари чандрўза барои адибони дигар синну сол ҳам баргузор бикунем.

«Ба адиб мавзўъ надеҳ, чашм бидеҳ» — мефармояд Ғамзатови хирадманд. Илова метавон кард, ки дар баробари чашм бояд табъу завқ, кўшишу ҳавсала ва талоши омўзиш ҳам дод. Дар он сурат натанҳо мактабу донишгоҳҳо, семинару конфронсҳои адабӣ, балки ҳар як бархурд бо китоби хуб барояш сабақи бемисоле хоҳад шуд. «Ман ошнои ту, ту ошнои ман»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, агарчӣ шаш сол қабл ҳамагӣ ҳазор нусха ва қариб бе ороиш нашр шуда буд, намунаи беҳтарин асар барои бачагон ба шумор меравад. Дар ҳикояҳои ин китоб қоидаю талаботи эҷоди асари кўдакона бо маҳорати хос риоя шудааст. Натанҳо қаҳрамононаш бачаҳоянд ва хислатҳои хосу нотакрор доранд, балки ҳар ҳикоя бо ҳикмате дар хотир сахт нақш мебандад. Чӣ тавр ром шудани асп дар ҳикояи «Аспи бодӣ», чӣ тавр аз асрори табиат огоҳ шудани писараки кунҷков дар ҳикояи «Ҷўраи Офтоб» ва муносибати Анўшаю Кова бо кабкчўҷае дар ҳикояи «Сокини нав» сода, кўтоҳ, хотирмон ва бо забони кўдакон тасвир ёфтаанд. Чӣ хуб мешуд, ки дигар адибони ботаҷрибаамон ҳам барои наберагони худ шеъру ҳикояҳо эҷод бикунанду хазинаи адабиёти бачаҳоро ғанитар бисозанд.

Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои эҷодиёти аксари адибони бачаҳо хуб надонистани забон, кўтоҳ баён карда натавонистани фикр, аз адабиёти бачагони мо ва ҷаҳон кам огоҳ будан, ё тамоман хабар надоштан, надонистану наомўхтани табиати кўдакон, пургўӣ кардан аст. Баъзеҳо, маъзарат, ҳатто мавридҳои истифодаи аломатҳои китобатро намедонанд.

Ҳикмате машҳур аст, ки адиб танҳо нисфи асарро менависад, нисфи дигарашро хонанда эҷод мекунад. Бахусус, дар китоб барои бачаҳо рамзу ишораҳои барҷое мебояд, ки хонандаро ба андеша водор бикунад, ба омўзишу ҷустуҷў раҳнамун бишавад. Бача набояд пешакӣ аз анҷоми асар пай бибарад.

Баъзеи муаллифон гумон мекунанд, ки ҳар гапу кори зиндагӣ асари бадеӣ шуда метавонад. Масалан, яке менависад: «Духтарак ҳавлиро рўфту хасу хокро ба ҷўйбор афканд. Бибиаш гуфт: «Ин кори ту нодуруст аст. Аз ин ҷўйбор об менўшанд!..» ва духтарак ваъда дод, ки дигар чунин намекунад». Дар ҷои дигар омадааст: «Писарак ба хона бевақт баргашт. Падараш ўро танбеҳ дод. Писарак ислоҳ шуд ва акнун барвақт ба хона меояд».

Куҷост дар ин ҷо раванди ҷалби батадриҷи хонанда, куҷост ҳикмате, ки дилу шуури ўро ба таҳрик биёрад? Агар ба ин тарзу тартиб эҷод кардан мақбул мебуд, олам пур аз китоби барои бачагон мешуд.

Иттифоқи нависандагон бо умеди зиёд ва пайваста дар ҷустуҷўи адибони ҷавону умедбахш аст. Телевизиони бачагону наврасон — «Баҳористон» бо ташаббуси мудири бахши адабиёти бачаҳои ИНТ ва дастгирии самимонаи раҳбарияти шабака тайи се соли охир ҳар ҳафта маҳфилҳои «Адибони наврас» ва «Беҳтар аз дўст» баргузор менамояд. Дар онҳо адибони соҳибтаҷрибаамон эҷоди навқаламонро дар ҳар жанри адабиёти бачагона таҳлилу таҳрир намуда, сабақҳои амалии муносибат бо қаламу сухан медиҳанд. Дар тарғиби китобу китобхонӣ шабакаҳои дигари телевизионӣ низ саҳмгузоранд. Дар саросари мамлакат озмуну фестивалу маҳфилу чорабиниҳои гуногун ба хотири дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва рў ба китобу китобхона овардани бачаҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин замина имрўз чанд шогирди синфҳои болои муассисаҳои таълимӣ ва донишҷўёни мактабҳои олӣ машқи эҷод мекунанд ва умед дорем, ки майдони адабиёти кўдакону наврасон холӣ нахоҳад монд.

Мушкили бо теъдоди кам чоп шудани китобро ба аҳолии ҷумҳурӣ дастрас нашудани он мушкилтар мегардонад. Ҳоло дар тамоми Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ-дувоздаҳ мағозаи алоҳидаи китоб мавҷуд асту халос. Бозори доимии китоб надорем. Ҳар сол ҷашнвораи ҷумҳуриявии китоби бачагон баргузор мегардад ва дар доираи он адибон ба шаҳру ноҳияҳо сафар мекунанд, бо бачаҳо вомехўранд. Мутаассифона, дар ин вохўриҳо рақс ҳаст, бозӣ ҳаст, суруду мусиқӣ ҳаст, вале китоби зиёди нав нест! Ҷашнвора як навъ ҳисоботи эҷодии адибону ноширон дар назди хурдсолон ба ҳисоб меравад. Пас мебояд, ки ҳар сол ақаллан даҳ китоби нав пешниҳод бикунем, на ин ки китобҳои куҳнаро ба тамошо бигузорему хотирҷамъ баргардем. Оре, беҳтар аст, ки соле даҳ китоби хуб ба дасти бача бирасад, на сад китобе, ки на танҳо бачагона нестанд, балки баракс, аксаран боиси паст гардидани завқи бадеии кўдакону наврасон мегарданд.

Мусаллам аст, ки адабиёти бачагон ба чанд давра тақсимбандӣ мешавад – то сесола, то шашсола, яъне адабиёти овони кўдакистон, синни хурди мактабӣ, синни миёнаи мактабӣ, адабиёти наврасон. Яъне, ҳар синну сол бояд нависандаи худу адабиёти худро дошта бошад. Ҳар ҳикояву қиссаи хуб, ки барои калонсолон эҷод мешавад, аз 7 то 70-сола хонандаи худро меёбад, лекин фосилаи 2-3 сол барои ҳар бача адиб ва китоби хоси алоҳида тақозо мекунад. Адибро донишу таҷрибаи фаровон лозим аст, ки хусусиятҳои синнусолии хонандаи хурдсолро ба эътибор бигирад ва мувофиқи он асар биофарад.

Имрўз дар адабиёти мо барои 4-6-солаҳо фақат як нафар асар эҷод мекунад. Ду-се нафари дигар барои бачаҳои синни хурди мактабӣ менависанд. Як адиби баркамол нависандаи хоси наврасон шинохта шудааст. Вассалом. Яъне, мо барои тамоми синну солҳо адиб надорем ва адибоне ҳам, ки барои чанд синну сол дорем, ангуштшуморанд.

Ба ҳамаи онҳое, ки зикр шуданду нашуданд, тансиҳативу илҳом орзў мекунем ва бо вуҷуди мушкилоти зиёд, умед дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ватанию шарикони рушд, ашхоси саховатманд ва истифодаи имконияту захираҳои зеҳнии адибонамон ин соҳаи муҳимтарини адабиётро зина ба зина эҳё менамоем, рушди адабиёти асили кўдак ва наврасро дар шароити нави таърихӣ, вобаста ба тақозои замони Истиқлолияти давлатӣ, ривоҷ медиҳем ва ба сатҳи адабиётҳои пешрафтаи бачагона мерасонем.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон амалӣ намудани чунин тадбирҳои муҳимро зарур мешуморад:

  1. Бояд Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияташро дар самти омўзишу парвариши адибони ҷавоне, ки барои бачаҳо менависанд, пурзўр намуда, машваратҳои омўзиширо барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон идома бидиҳад.
  2. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки барномаи давлатии рушди адабиёти бачагонаро барои даҳ-понздаҳ сол қабул бинамояд.
  3. Гурўҳи кории доимӣ интихоб, таҳия ва чопи асарҳои бадеии бачагона аз ҳисоби мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкил карда шавад.
  4. Нашриётҳо бе тавсияи гурўҳи корӣ аз чопи ҳар гуна китоби бачагон худдорӣ намоянд.
  5. Дар ҳар китоби бачагона нархи асар дарҷ бигардад.
  6. Нашриётҳо ва дастраскунандагони китоби бачагон аз андоз озод карда шаванд.
  7. Аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки:

— дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи нависандагон рўйхати асарҳои беҳтарини бачагонаро барои омўзиши ҳатмӣ ба муассисаҳои таълимӣ тавсия бидиҳад;

— хонандагони синфи 4 ва 9 ҳар сол аз имтиҳон ё санҷиши хонишу дониши асарҳои бадеӣ бигзаранд;

— китобхонаҳои мактабӣ обунаи доимиро ба китобҳо ва нашрияи бачагон ба роҳ бимонанд.

  1. Ҳар як китоби бачагона на камтар аз 10 ҳазор нусха чоп ваба китобхонаҳои мактабҳо дастрас бишавад. 
  2. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки номинатсияи адабиёти бачагонаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакиро барқарор бисозад.

Ҳозирини гиромӣ!

Амрҳои маъруфе ҳастанд, ки «Омўзиш дар хурдсолӣ – нақш дар санг» ва «Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ!». Ин ҳикматҳо ба мавзўи ҷамъомади имрўзаи мо бевосита дахл доранд. Мо умрбод аллаи ширини модарро фаромўш намекунем, пайваста панду андарзи раҳнамои падарро ба ёд меорем, рафтору гуфтори баргузидаи дидаву шунидаамонро батакрор дар зиндагиамон мавриди истифода қарор медиҳем.

Бояд гуфт, ки ин ҳолатҳо тавассути пайвастан ба тафаккури адабӣ, яъне китоби бадеӣ хондан бештару амиқтар рух медиҳанд, такмил меёбанд, мустаҳкам мешаванд. Мо бисёр рухдоди омўзандаву ашхоси хотирмон, саҳнаҳои ҷолибу порашеърҳои дилрасу рўҳнавозро маҳз аз китобҳои дар бачагиву наврасиву ҷавонӣ хондаамон дарёфтаему ёри роҳи умри худ кардаем.

Имрўз дар муҳиту шароити дигари сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ бори ҳамин корҳо, яъне офаридани осори адабӣ, ба доираи дарку эҳсос ва қабули бадеии хонандаи ҷавон кашидани воқеаҳои муҳиму характерҳои барҷастаи замон, аққалан бо пораҳои самимие дилҳои ҷавони беолоишро сўи нуру сафо таҳрик бахшидан бар дўши мо афтодааст. Дар иҷрои ин вазифаи бисёр душвор, вале беш аз он пурмасъулияту пуршараф, ба адибони муҳтарами бачаҳо, адабиётшиносон, мунаққидон, ноширон, васоити тарғиб, хуллас, ҳама дастандаркорон илҳому комгорӣ орзў мекунем.

Дигар хабарҳо