ПОСДОРИ БАХТИ МИЛЛАТ

Истиқлол, озодӣ ва ягонагӣ чун омили осудагӣ, шодию фараҳ, бахту иқболу ҳамдилӣ барои аҳли башар бисёр пурқимат ва арзишманд мебошанд.

Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлол гаштан миёни тўфони пуртуғёни баҳри доругирҳои он замон, заврақи бебодбон, ё киштии бенохудоро мемонд, ки андаке монда буд ба гирдоби балоҳои бедодгариҳо ғарқ шудаву ба қаъри уқёнуси фаромўшӣ равад.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷанги фалокатбор ва хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки бо дасисаи хоинону душманони миллати тоҷик тарҳрезӣ шуда буд, Тоҷикистонро ба низоъ ва муноқишаи дохилӣ кашид. Мақсади ягонаи дастандаркорони ин ҷанги таҳмилӣ миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷикро пароканда ва маҳв кардан буд. Осмони софу беғубори Ватанро якбора абри сиёҳи ҷанг тирагун сохт.

Муштзўрону яроқбадастон молу ҳоли мардуми мусибатзадаву бехонумонгаштаро ба ғорат мебурданд. Мардуми миёни дуду оташи ҷанг раҳгумзадаро раҳнамое набуд. Хатари гумномӣ ва нобудшавии миллат ҳар рӯзу ҳар соат ҳис мешуд.

Рўйи фарши хонаи вайронаву бесоҳиб гаҳвораи шикаста ҳузнангез менамуд. Чашмакҳои тирезаҳои хонаҳо торику зулмонӣ, чароғи дудаолуда сияҳсўз буду чароғдор сияҳрўз. Ҳавои кишвар кўрдуду чанголуд, Замини азодор нафаси бадард мекашид. Чанд баҳор гулҳо дигар намешукуфтанд, майсаҳо намесабзиданд, мазраҳо хушку беоб буданд. Марде гаҳвора дар пушт ба ҳамроҳаш мегуфт: “Замоне ки кўдак будем, насиҳатамон мекарданд, ки лонаи гунҷишконро вайрон накун, ки убол аст. О, ин камондорон уболро намедонанд, гунҷишк он тараф истад, одамонро мекушанд, сари як тир мекунанд, хонаҳоро оташ задаву вайрон мекунанд. Пас, онҳо мусулмон нестанд. Ягон мусулмон чунин рафтор намекунад».

Ва инак «Раҳми Парвардигори мо омад», дар он солҳои мудҳиш ва бесарусомонӣ дар осмони тираи ин Ватани ҷангзадаву харобгашта нуре дурахшид, садои пои хушқадаме ба гўш расид, хушхабаре паёми меҳру наҷот бар лаб, дилаш чун чароғи раҳнамо рўйи каф фурўзон, бо гомҳои устувор, бо ҷасорату матонати рустамона, ғурури тоҷиконаву аз худ гузаштанҳо бори қисмати талху вазнини Ватанро ба дўш гирифт. Бо хислату фазилат ва маърифату садоқат барои ба ҳам овардани ин миллати парешонгашта ҷони азизашро дар хатар монда, дар майдонҳои набард бо силоҳбадастон рў ба рў суҳбат намуд. Бо тамкину бурдборӣ ва шуҷоату ҷасорати ҷавонмардонааш онҳоро ба сулҳу оштӣ хонд. Нангу номуси миллӣ ва эҳсоси ватандўстиаш буд, ки дар як муддати хеле кўтоҳ мардуми парешонгаштаро ба сарҷамъиву ҳамдилӣ овард.

Ин абармард бо мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ, таҳаммулгароӣ ва тинати ватандўстонаи хеш авзои сиёсии Ватанро беҳбудӣ бахшид. Парчами Ваҳдатро дар осмони софу беғубори Ватани азизамон барафрохт, шаъну шарафи миллатро ҳимоятгар шуд. Он замон ноил гаштан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ кори саҳлу осон набуд. Вале Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили поку таҳаммулпазирӣ ва хиради табиии хеш маҳбуби дилҳо гардида, тавонист мардумро ба ваҳдат оварад,

Аз нодиртарин ва арзишмандтарин дастовард барои миллати тоҷик Ваҳдат, якдилӣ, сулҳу осоиш ва якдигарфаҳмии комил ба шумор меравад. Сарвари давлат беҳуда иброз надоштанд, ки: «Ваҳдат бақои миллат аст». Барои ба Ваҳдати миллӣ ноил гаштан масъала ва мушкилҳое вуҷуд доштанд, ки мисли девори сангине роҳи пешгирифтаи Сарвари давлатро баста буданд. Ҳирсу ҳасад ва нотавонбинии бархе аз хоинони миллат, ки хоку обу нони ин сарзамин онҳоро парвардаву ба камол расонидааст ва оромию осоиштагии Ватанро намехостанд, барои халалдор намуданиоромӣ ва пешрафти ҷомеа монеаҳо эҷод намуда, онҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар даст ба куштору ғорат мезаданд. Аммо Сарвари ҷавон ва қавиирода Эмомалӣ Раҳмон ҳама ин вазниниҳоро пушти сар намуда, аз роҳи пешгирифтааш, ки роҳи ба мақсаду маромҳои наҷиб расидан буд, нагашт. Балки бо неруи созандаи хеш ва қадамҳои устувору боварбахш миллатро сўйи ояндаи нек раҳнамун сохт.

Яке аз вакилони Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмуддин Абдуллозода он лаҳзаи ҳаяҷонбахш, вале таърихию тақдирсози миллатро ба хотир оварда, мегўяд: «Ҳанўз ҳам аз ҷой хестану ба назди Парчами давлатӣ омадану онро ба дидаву рўй молидан, сидқан ашк рехтану бо як меҳру муҳаббати фарзандӣ бўсиданаш аз ҷониби Раиси тозаинтихоби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хотирам фаромўш намегардад».

Аз файзи баҳори Ваҳдат ва талошҳои пайваставу бунёдкоронаи Сарвари маҳбубамон Тоҷикистон сабзу гулафшон гардид. Бо меҳру самимият ва муҳаббате, ки ба Ватан дошт, кинаҳо аз синаҳо зудуда гардонд, ҷои ваҳшатро ваҳдат гирифт. Дар дили ҳамватанон тухми муҳаббат ва садоқат кошт, мардуми гумроҳгаштаро аз худсўзӣ ба худсозӣ раҳнамун сохт. Ливои адлу адолат барафрохт. Мардуми парешонгаштаро сарҷамъ намуд.

Дасти рўйи синааш, дили беғашу бекинааш ба мардуми ноумедгашта умед бахшид. Бо муҳаббат ва меҳру шафқат сари ятимонро сила намуд. «Шумо бепадар нестед, ман падари шумоям» гуфт. Бо шунидани ин сухани пур аз меҳр чеҳраи ғамолудаи ятимон шукуфт, дар лабонашон табассум гул кард. Ҳисси ватандўстӣ чун нахли бо- ровар дар дили ҳар як сокини кишвар сабзиду реша давонд. Бо калиди нохун дари сангини кўҳ шикофту ба чор самти дунё роҳ кушод, роҳи умед, роҳ ба сўйи фардои дурахшон, роҳ ба паҳнои ҷаҳон. Бо неруи тавонояш неругоҳи азими аср — Неругоҳи Роғунро бунёд кард ва ба мардуми кишвар паёми нур овард.

Собиқ Муншии Умумии СММ Кофе Аннан дар яке аз иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии СММ иброз намуда буд,ки: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрати аз зўроварӣ даст кашиданро дар ҳалли муаммоҳои дохилимиллӣ нишон дод».

Имрўз ҳам баъзе аз ашхоси раҳгумзада, хиёнаткор ва гурўҳҳои ифротгарое ҳастанд, ки сарҷамъӣ ва ободию хушҳолии мардуми тоҷикро чашми дидан надоранд. Бо ҳар роҳу восита ва ақидаҳои иғвогаронаи худ мехоҳанд оромии кишварро халалдор намоянд, вале онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Чунки акнун мардуми шарафманди тоҷик сафедро аз сиёҳ ба хубӣ фарқкарда метавонанд, фирефтаи найрангҳои ғаразноки гурўҳҳои ба ном «ватанхоҳ» намегарданд. Гурўҳҳои ифротгарои террористию экстремистӣ таблиғи худро миёни ҷавонони кишварҳое, ки ба ислом эътиқод доранд, яъне мусулмонанд, роҳандозӣ менамоянд. Чунки онҳо мехоҳанд, ки аз номи ислому бо номи ислом ҷавононро осонакак ба доми фиреби худ бикашанд. Ин фоҷиаи даҳшатбор Тоҷикистонро ҳанўз солҳои навадум, ки гурўҳҳои террористӣ-экстремистӣ барои маҳв кардан ва ба гумномӣ кашидани миллати куҳанбунёди мо, тоҷикон, тарҳрезӣ намуда буданд, фаро гирифта буд, ки дар натиҷаи он дасисаҳои дасисабозон дар ҷанги шаҳрвандӣ хуни бегуноҳон рехта шуд. Ба ин гурўҳҳои ба ном «исломгаро» як гурўҳ аз хоинони миллат низ вориданд, ки агар ба рафтор ва гуфтори онҳо нек назар кунем, мебинем, ки худро дар забон «дўст ва ғамхор»-и халқу миллат нишон дода, дар асл душмани миллату Ватани хешанд, ба қавли шоир:

Ин дағалдўстон, ки мебинӣ,

Магасонанд гирди ширинӣ.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат зери унвони «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Оид ба амалӣ намудани ин озмун Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид. Ҳамагон шоҳид будем, ки дар ин озмун чӣ қадар завқмандон аз тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ бо шавқу рағбати беандоза иштирок намуда, бо дониш ва заковати хеш аъзои ҳакамонро ба ҳайрат гузоштанд.

Чи тавре ки тавассути матбуоти даврӣ ва намоишҳои телевизионӣ аз ин озмун огаҳ гаштем, баргузории он ҷавонони боистеъдоду соҳиби дониши мукаммалро ба ҳамагон ошно намуд. Як бартарии ин озмун боз дар он аст, ки рағбати насли наврас ба китобу китобхонӣ даҳчанд афзуд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо иқдому ташаббус ва сиёсати фарҳангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд, ки дар кишварамон шояд бори нахуст, баъди ҳазорсолаҳо ҳунарҳои мардумӣ аз пуштибонӣ ва дастгириҳои давлатӣ эҳёи дубора ёфтанд.

Ҷашну маросим падидаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти анъанавии миллати барўманди мо мебошанд. Аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, анъанаю маросим, идҳои хоси миллат, ба монанди ҷашни Наврўз, Меҳргон, Сада, нишони арҷгузории расму оин ва суннатҳои миллии мост. Ин иқдоми Сарвари давлатамон, яъне аз нав зинда гардонидани расму оин ва ҳунарҳои мар- думӣ дар муаррифии ғановатҳои миллӣ ва шинохти таърихи халқи тоҷик аз ҷониби сайёҳону кишваршиносон нақши муҳимро дорост. Ҳунарҳои мардумӣ низ шиносгари миллат ва давлати тоҷикон миёни ҷаҳониён мегарданд.

Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим то ба имрўз обро аз дурру гавҳар ҳам болову азиз медонанд, ҳамчун нишони эҳтиром онро нишаста менўшанд. Ёд дорам, вақте ки хурдсол будем, бобоя- мон моро таъкид карда мегуфтанд: «Ба об туф накунед, ки кўр мешавед». Ҳар ҷо, ки об аст, он ҷо ҳаёт аст, нишот аст, серию пурӣ, фаровонию сарсабзӣ аст. Об, ки покизаю мусаффост, нопокиро намеписандад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва бо ибтикори Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷомаи амал пўшид, Наврўз бо ҳама он суннатҳову анъанаҳои қадимааш аз нав эҳё гардид. Дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе Кохи Наврўз бо санъату меъмории миллӣ қад афрохт.

Сарвари давлат дар ҳақиқат ғамхори халқу ватани хеш аст. Ин муҳаббати ў нисбат ба мардум ва маҳбубияти ў миёни мардум борҳо зимни сафарҳояш ба минтақаҳои гуногуни кишвар исбот шудааст. Бо фазилатҳои хайрхоҳонаву саховатпешагиаш, сафарҳои фавриаш бо корвонҳои пурбори маводи ниёзи мардум ба минтақаҳои офатзада аз селу боришҳо, кумакҳои саривақтӣ баҳри рафъи харобиҳо, сохтани хонаҳои нави замонавӣ бо ҳама ҷиҳози рўзгор барои мардуми аз ҳодисаҳои табиӣ бехонаву ҷой монда исботи муҳаббат ва садоқати

бепоёнаш ба мардум мебошад.

Ба дили мардум роҳ ёфтану сазовори эътимод, эътиқод ва ифтихори миллати хеш гаштан кори саҳлу сода нест ва на ба ҳар як роҳбари давлат муяссар мегардад. Барои ба ин ноил гаштан хиради азалӣ ва ҷонфидо будан дар роҳи саодат ва ободии халқу миллати хеш мебояд. Дар замири мардум бедор намудани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, садоқат ба ватан, бовар кунонидани мардум ба ояндаи нек он замон осон набуд. Вале Сарвари давлат бо ҷасорат ва ғурури ҷавонмардонаи хеш тавонист мардуми дар гирудорҳои ваҳшатзо раҳгумзадаро ба роҳи сулҳу осоиш ва бунёдкорию созандагӣ раҳна- моӣ кунад.

«Дидани нафаре, ки ин қадар сағиру кабир, бекасу кўйро нон медиҳад, ҳазорон гурезаву беватанро соҳибватан кард, албатта, кори савобест» — мегўяд холаи Зуҳро, як зани одии кўҳистонӣ, ки дар деҳаи Зиддеҳи ноҳияи Варзоб зиндагӣ мекунаду борҳо Сарвари давлат ҳангоми сафар ба шаҳри Панҷакент сари роҳ бо ў ҳамсуҳбат гаштаву аз дасташ нону намак хўрдааст.

Миллати тоҷик дар тўли қарнҳо абармардонеро ба дунё овардааст, ки бо донишу фазилат, далерию шуҷоатмандӣ, хирадмандӣ ва бузургиашон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун нобиғаҳои нотакрор шинохта шудаанд. Исмоили Сомонӣ, Рўдакӣ, Абўалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Абўрайҳони Берунӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва даҳҳо симоҳои барҷастаи дигар мояи ифтихори миллати тоҷиканд.

Орзуву омоли ин бузургон акнун дар даврони Истиқлол ба воқеият табдил ёфтааст.

Раҳматуллоҳи РАҲМОН, нависанда

Дигар хабарҳо