БА МУНОСИБАТИ 75-СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН АСКАР ҲАКИМ
МУҲТАРАМ АСКАР ҲАКИМ!
Шумо пас аз хатми мактаби № 12-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар идораи Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, бо дилбастагии тамом ба хидмати илму адаби тоҷик камари ҳиммат бастед.
Ҳамин меҳру садоқат ва ихлоси Шумо ба осори гаронбаҳои гузаштагон ва муосир буд, ки дар соли 1969-1972 аспиранти кафедраи адабиёти шўравии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов гардида, ба дарёфти унвони номзади илми филология (с.1974) шарафёб шудед. Дар вазифаҳои ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ ҶТ, мушовири адабии Иттифоқи нависандагон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», котиби садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳаф- тавори «Адабиёт ва санъат» (1980-1990), Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1991-2003), ҳамзамон муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷ- лиси Олии Тоҷикистон (2000-2005), мудири Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009-2011) хидмат кардед.
Аз соли 2012 ин ҷониб ходими калони илмӣ, сарходим ва ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Суханшиносӣ»-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошед.
Соли 2018 дар мавзўи “Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ (дар мисоли шеъри ғиноии тоҷики нимаи дувуми садаи ХХ) рисолаи докторӣ дифоъ карда, соҳиби унвони доктори фанҳои филологӣ гардидед.
Китобҳои нақду адабиётшиносии Шумо “Шеър ва замон” (1978), “Дар қала- мрави сухан” (1982), «Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ» (2017), “Сухан аз шеъру адаб” (2017), “Маҷмўаи осор. Иборат аз ҳафт ҷилд. Ҷилди 3. Таҳқиқоти илмӣ”, ҷилди 4. «Нақди адабӣ», ҷилди 5. “Анвои шеъри ғиноӣ” (2020) дар шеършиносӣ ва нақди адабии тоҷик арзиши баланд доранд.
Китобҳои шеъратон “Раҳнавард” (1983), “Тарозуи офтоб” (1987), “Рўзи умед” (1990), “Баргпайванд” (1993, ба ҳуруфи форсӣ), “Шаҳри меҳолуд” (1993, ба ҳуруфи форсӣ), “Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким” (1995), “Илтиҷо аз уқоб” (1998, ба ҳуруфи форсӣ ва сириллик), “…Боз мерасад хуршед” (2002), “Санги ман – алмос” (2006), “Мунтахаби ашъор”, (2008), “Замини сабзи боварҳо” (2008), “Ба саломи шукуфаҳо” (2012) ва ғайра Шумо- ро ҳамчун шоир маҳбуби дили ҳаводорони шеъру сухан кардааст.
Тарҷумаи асарҳои Данте Алигери “Мазҳакаи илоҳӣ” (Дўзах), В. Биков
“Сотников”, Геворг Эмин “Аср. Замин. Ишқ”, М. Коломиетс “Фариштаи ваҳшӣ”, ашъори Ярослав Смеляков, Емилиан Буков, Мухтор Шаханов, Муҳаммад Алӣ, Карло Каладзе аз беҳтарин намунаи заҳматҳои Шумо дар кори тарҷумонист.
Хидматҳои арзишманди Шумо бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ (1992), унвонҳои Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1993), Шоири халқии Тоҷикистон (1999) ва ғайра қадрдонӣ шудаанд.
Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед. Ҳоло ки ба синни мубораки 75-солагӣ расидаед, бо иштиёқи тамом орзуманди умри бобарор ва корҳои шоистаи минбаъдаи Шумоем.
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН