Дар бари ҳам чун ду сатри як ғазал…
Бо даъвати Раиси Иттифоқи нависандагони Ўзбекистон, Шоири халқии Ўзбекистон Сироҷиддин Саййид ва Сафорати ин мамлакат дар шаҳри Душанбе Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз 8 то 11- уми декабр дар чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии Қаҳрамони Ўзбекистон, Шоири халқии Ўзбекистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орифов дар шаҳри Тошканд иштирок дошт.
Дар толори калони Иттифоқи нависандагони Ўзбекистон бо иштироки адибону олимони ду кишвар таҳти унвони «Робитаҳои адабӣ – робитаҳои абадӣ» маҳфили илмиву адабӣ баргузор шуд. Сироҷиддин Саййид, Низом Қосим, Шоири халқии Қароқалпоқистон Рустам Мусулмон, Ҷаъфар Муҳаммад, Абдулло Субҳон, Паймон, сармуҳаррири маҷаллаи «Шарқ юлдузи» Сироҷиддин Рауф, Николай Илйин, Салим Ашўр, Гулбаҳор Ашўрова, Муҳаммад Шодӣ, Муқаддас Абдусамадова, Даврон Раҷаб, Наргис Асадова, Бекоим Холбекова, Зулола Хуҷаниёзова, Шодмонқул Салом, Хусрави Саъдулло, Шоҳқаҳҳори Салим шеъру тарҷумаҳояшонро аз адабиёти ҳамдигар пешкаши ҳозирин карда, зарурати ҳамкориҳоро зикр намуданд.
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ таҷлили бошукўҳи ҷашни шоир доир гардид. Нотиқон аз шахсияту эҷодиёт ва нақши Абдулло Орифов сухан гуфта, ашъори ўро ба забонҳои хеш хонданд. Аз ҷумла, Раиси ИНТ Низом Қосим дар маҳфил суханронӣ намуда, тарҷумаи тозаи ғазали машҳури шоирро ба самъи ҳозирин расонд.
СУХАНРОНИИ РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН НИЗОМ ҚОСИМ
Ҳозирини муҳтарам, ҳамкасбони арҷманд!
Пеш аз ҳама, мехоҳам бигўям, ки ҳузури банда дар ин толори бошукўҳ ва муроҷиатам ба шумо аз шарофати сиёсати оқилонаву дурандешонаи сарварони кишварҳоямон имконпазир гардид, ки риштаи тиллоии ҳамҷаворӣ, робитаҳо ва дўстии бисёрасраи халқҳоямонро боназокату зебо аз нав пайвастанд. Аз баракати ин сиёсати заминии инсонпарварона халқҳоямон боз ба ҳам оғўш кушоданд, кишварҳоямон ба самти инкишофи ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо рўй оварданд.
Барои мову шумо, ки ба маънавият ва дилҳои одамон сару кор дорем, бахусус қаробати инсонӣ ва алоқаҳои аз нав барқароршудаи хешону наздикон дар ду ҷониби марз арзишманд аст ва бояд барои мустаҳкам ва абадӣ мондани ин робитаҳо тавассути сухани созанда ҳама кори имконпазирро бикунем.
Имрўз мо, ходимони адабиёт, низ бо ҳамем. Мулоқотҳои пайваста, чорабиниҳои муштарак, табодули нашрияҳои адабӣ, тарҷума ва нашри осори ҳамдигар, мусоидат ба кори пурмаҳсули адибони ўзбекзабон дар Тоҷикистон ва тоҷикзабон дар Ўзбекистон, қабули ҷавонони боистеъдоди муваффақ ба узвияти иттифоқҳои нависандагонамон номгўи нопурраи самтҳои кори якҷояи созмонҳои адабии ду мамлакат аст, ки аҳдномаи муштараки ҳамкориҳояшон тақозо мекунад.
Тарғибу ташвиқи ҳаёту эҷодиёти арбобони намоёни адабиётҳоямон, ошно намудани ҷавонон бо зиндагиву осори пурарзиши онҳо самти муҳимми ҳамкориҳост. Дар ин замина, аз ҷумла силсилаи чорабиниҳо оид ба ҳаёту фаъолияти Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Мирзо Турсунзода дар шаҳри Тошканд ва Шоири халқии Ўзбекистон, Қаҳрамони Ўзбекистон Эркин Воҳидов дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Инак, моро шоири маъруф Абдулло Орифов, ки бо эҷодиёташ дар ҷумҳурии мо ҳам хеле ошноянд, ба ҳам овард.
Таассуфангез аст, ки дар ин рўзи зебову бошукўҳ худи шоир бо мо нест, лекин осораш дар дилҳову хаёлҳои мост ва мунтазам баҳри камолоти бештари маънавиамон хизмат мекунад, халқҳоямонро ба ҳам наздиктар менамояд, маъракаҳои хурду калони мардумонамонро зебу оро медиҳад. Аз ин рў, гумон мекунам, ки мо ҳақ дорем якдигарро бо ин рўзи хотирмон самимона муборакбод бигўем ва ин ҷониб бо қаноатмандӣ табрикоти Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, тамоми адибони мамлакатро ба шумо мерасонад.
Абдулло Орифов ба адабиёт солҳои 60-ум, замоне қадам ниҳод, ки дар баҳри адабиёти бузургу сермиллати шўравӣ мавҷи нави шеъру шоирӣ эҳсос мешуд. Дар толори бузургу майдонҳои беканор ашъори шоирони номвари замон – Роберт Рождественский ва Евгений Евтушенко, Андрей Дементйев ва Андрей Вознесенский, Олжас Сулаймонов ва Муъмин Қаноат, Юстинас Марсинкявичус ва Белла Ахмадулина… танинандоз буд. Маҳз ҳамон вақтҳо адабиётдўстони ҷумҳуриҳои мо бори аввал садоҳои хоси шоиронаи Абдулло Орифов ва Бозор Собир, Эркин Воҳидов ва Лоиқ Шералиро шуниданд. Онҳо мушахассан аз лаҳзаҳои ҳассоси таъриху замон, андешаву проблемаҳо, шодиву ғами инсонӣ, муҳаббату эътиқод менавиштанд ва дар маҷмўъ осори пурбори шоирона ба ёдгор гузошта, фарзандони абадзиндаи халқҳояшон шуданд.
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ҳамза, Шоири халқӣ, Қаҳрамони Ўзбекистон… – ин мукофотҳои муътабари халқу Ватан ба Абдулло Орифов худ басо гўёянд, мардум бо суханони пурҳарорати шоиронаи ў зери навои Суруди миллии Ҷумҳурии Ўзбекистон кишвари худро васф менамояд.
Шоири ҳақиқӣ паёмовари воқеии дўстии содиқонаи инсонист. Абдулло Орифов борҳо меҳмони дилхоҳи ҳампешаҳои тоҷикаш буд, дар назди сокинони ҷумҳурии мо суханрониву шеърхониҳо мекард, эҳсоси нозуку муқаддаси ду халқи дўсту бародарро хуб эҳсосу васф менамуд.
Хурду калони кишвари мо ҳам, чун дар диёри шумо, шеърҳои олиҷаноби ўро дар бораи дўстии халқҳои ўзбеку тоҷик медонанд, сатрҳои самимии ин ашъор – «Дар бари ҳам чун ду байти як ғазал – узбеку тоҷик» ва «Ту тоҷики ман ҳастӣ, ман узбеки ту ҳастам» мунтазам дар гўшу дилҳо садо медиҳанд. Ҳақ аст шоир – мо, чун ду байти як ғазал ҳамеша бо ҳам ҳастем, ҳамдигарро комилу пухтатар мекунем, бо ҳамдигар меболем.
Дўстони азиз!
Адабиёт бар бисёр омилҳо, аз ҷумла ба ворисият, омўзиш ва идомаи таҷрибаву анъанаҳои эҷодӣ аз ҷониби наслҳои баъдина такя мекунад. Ба ин маънӣ Абдулло Орифов ҳамеша ҳамзамони хирадманд ва илҳомбахши ҳампешаҳову пайравони ҷавони худ мебошад. Барои исботи ин маънӣ тарҷумаи нави ғазали деринаи устодро, ки қаблан чор шоири номвари мо ба тоҷикӣ баргардондаанд (дирўз, дар маҳфили Иттифоқи нависандагони Ўзбекистон фаҳмидам, ки шоири тоҷикзабони Ўзбекистон Паймон ҳам онро тарҷума кардааст), ба шумо манзур мекунам. Ин муроҷиатҳо, бешак, таваҷҷуҳи пайваста ба эҷоди амиқу ҷолиби соҳибҷашн аст.
То абад ёранду ҳамдил аз азал узбеку тоҷик,
Дар бари ҳам чун ду сатри як ғазал узбеку тоҷик.
Гармдил дар суҳбати ҳам, посдори суннати ҳам,
Лафзҳо доранд ширин чун асал узбеку тоҷик.
Меҳри Ҷомию Навоӣ гашта рамзи ҳамнавоӣ,
Медиҳанд онро идома бехалал узбеку тоҷик.
Рўшану пурнуру поканд, ахтарони тобноканд,
Чун дили Синову чун наҷми Зуҳал узбеку тоҷик.
Инқилоби раҳнамошон кард бар фардо садошон,
Андар ин роҳанд ёри бебадал узбеку тоҷик.
Чун ду ҷў умре равона сўи кишти ҷовидона,
Хаста не аз заҳмати фасли ҳамал узбеку тоҷик.
Дўстони арҷманданд, қадрдони сарбаланданд,
Дўстиро карда дастону масал узбеку тоҷик
Монда бо ҳам чун ду сатри як ғазал узбеку тоҷик!
Бигзор, эҷоди шоири бузург ва ватандори ҳақиқии диёри хеш Абдулло Орифов ба нафъи завқи баланди халқ, ташаккули заминаҳои одамгариву инсонгароӣ, робитаҳои мутақобила ва дўстии одамону халқҳо асрҳои аср танинандоз бошад.