Шеъри Улуғзода
Анҷумани гулҳо
Аруси навбаҳор агар суйи чаман назар кунад,
Ниҳоли ғунча ҳар тараф зи рақс гул ба сар кунад.
Ба амри боғбон кунун Ҳалимахони моҳрӯ
Дугонаҳои хешро ба анҷуман хабар кунад.
Зи ҷӯйи ишқ Гулсуман ба минбар андар анҷуман
Зи бахти хеш дар сухан аҷаб тарона сар кунад.
Тарона хон ба дӯстон, ба зидди макри душманон,
Аду чу бишнавад, аз он фиғони бештар кунад.
Асорати занон бувад ғуруби меҳри шуълавар,
Тамом рӯзи миллате зи шом тиратар кунад.
Ба шоми зулмати занон чароғи донишу ҳунар
Биафканад фурӯғ агар, шаби башар саҳар кунад.
Гузашт даври чодару асорат аз миёна шуд,
Зани замони шуравӣ зи бандагӣ ҳазар кунад,
Ба раъйи ҳизби ленинӣ Хадича хонда хешро,
Ба ақлу донишу ҳунар намунаи башар кунад.
Таронаи ҷавонӣ
Ҷӯра, сар кун аз дилу ҷон як тарона,
Хотири бахти ҷавонӣ хуррамона,
Бишкуфад гул-гул баҳори навҷавонӣ,
Гул кунад ишқи ҷавонӣ ҷовидона
Авҷ гирад ғайрату ҷӯши ҷавонӣ,
Кору меҳнат, қаҳрамонӣ, зиндагонӣ, шодмонӣ.
Тай шуд он роҳи набарду достонҳо
То ба мағриб, то ба машриқ ғолибона,
Рафт дар олам садои шуҳрати мо,
Шуҳрати он размҳои фотеҳона.
Авҷ гирад ғайрату ҷӯши ҷавонӣ,
Шаъну шуҳрат, қаҳрамонӣ, зиндагонӣ, шодмонӣ.
Эй Ватан, эй меҳрубон модар, ту моро
Тарбият кардӣ ба меҳри модарона,
Боз ҳар амре, ки дорӣ, гӯй фармо,
Мо ба ҷо орем онро содиқона.
Авҷ гирад ғайрату ҷӯши ҷавонӣ,
Шаъну шуҳрат, қаҳрамонӣ, зиндагонӣ, шодмонӣ.
Ба диёрам
Эй диёрам, эй диёрам,
Бӯстонам, лолазорам,
Ман туро беҳтар зи ҷонам дӯст дорам,
Эй диёрам, эй диёрам.
Ваҳ, чи сон ту босафоӣ,
Пуршукӯҳӣ, хушҳавоӣ,
Ҳурӣ, пурнашву намоӣ, ҳам расоӣ,
Эй диёрам, эй диёрам.
Бар ту бонӣ, бар ту раҳбар,
Бар ту ҳоким, бар ту сарвар,
Бар сарат меҳри мунаввар,
Эй диёрам, Пешвои номдорам.
Эй диёрам, ифтихорам,
Иззу шону эътиборам,
Аз ту пурнур, аз ту хуррам рӯзгорам,
Эй диёрам, эй диёрам.
Ҷуз ба некуҳолии ту,
Ғайри бахти олии ту
Ҳеҷ фикреву хаёле ман надорам,
Эй диёрам, эй диёрам.
Ишқи ту равнақ ба корам,
То қалам дар даст дорам,
Ман муҳаббатномаи ту менигорам,
Эй диёрам, эй диёрам!
Қаҳрамон Ҳамзаалиев
Майдони пур аз оташу саҳрои пур аз дуд,
На сабза, на себарга, ҳама сӯхта, нобуд,
Аз шуълаву торикии якҷо шуда мавҷуд,
На шом намудор ва на субҳ аён буд,
Шерона биистод дар он Ҳамзаалиев,
Чун тӯпи худаш наъразанон Ҳамзаалиев!
Саф баста фашистони лаин рӯй ба рӯяш,
Бо ҳамла паёпай бидавиданд ба сӯяш,
Аммо наҳаросид аз ин қалби накӯяш,
Хам карда нашуд пеши хатар як сари мӯяш,
Рад кард ҳама ҳамлаашон Ҳамзаалиев,
Бар душмани худ офати ҷон Ҳамзаалиев.
Ин тӯпчиву тӯп чу ду ёри вафодор
Истода бари ҳамдигар омодаву тайёр,
Бар хасми худ оташ бикушоданд чу ҳар бор,
Хошоксифат сӯхт басе хунхури мурдор,
Бар душманаш овард қирон Ҳамзаалиев,
Фарзанди вафодори замон Ҳамзаалиев!
Гарчанд ки маҷруҳ шуд аз дасти фашистон,
Дар ҷанги калон якка худаш монда зи ёрон,
Таслим нашуд, рӯй нагардонд зи майдон,
Зад бар дили хасм аз дами тӯп оташи сӯзон,
Баҳри ватанаш ҷангкунон Ҳамзаалиев!
Шуд лоиқи ҳар шавкату шон Ҳамзаалиев!
Модар ва фарзанд
(Ба муносибати интихобот ба Совети Олии РСС Тоҷикистон)
Модари мушфиқ чу бишнид ин хабар,
Фахр кард аз модарӣ бар ин писар,
Дар тани пираш мадори тоза ёфт,
Дар дилаш гармии беандоза ёфт.
Ин чи хушбахтӣ, ки бо ақлу ҳунар
Гашта фарзандаш ба халқаш муътабар.
Рехта дар коми ӯ шири сафед,
Тарбият кардааст бо чандин умед.
Инак, ӯ фарзанди неки ин замон,
Лоиқи дилбастагии мардумон.
Халқи тоҷик ҳамчу фарзанди накӯ,
Боварӣ дорад ба ин дилбанди ӯ.
З-ин ҳақиқат бурда лаззат пиразан,
Дид меояд писар чун ҷон ба тан.
Аз ҷавонон чусттар, чолоктар
Тохт баҳри пешвозаш сӯйи дар.
Бӯса бар рӯйи писар зад модараш,
Гашт чун парвона аз гирди сараш.
Бо нигоҳи пур зи меҳри модарӣ,
Бо дили равшан чу меҳри ховарӣ,
Дӯхт чашмони муҳаббат сӯйи ӯ,
Бурд дасти шафқаташ бар рӯйи ӯ…
Баъд ӯ қадди хамашро карда рост,
Гуфт: «Ҷони модарат бар ту фидост.
Нури чашмам, лоиқу арзандаам,
Лоиқу арзандаву зебандаам,
З-аввали шаб бар сари гаҳвораат
То пагоҳӣ мешудам овораат.
Шир дода, алла мегуфтам туро,
Ақлу илму бахт меҷустам туро.
Ин сухан такрор дар ҳар алла буд:
«Бош фарзанди азизи халқи худ».
Шукрҳо дорам, расидӣ бар камол,
Лоиқӣ бар ҳурмату ҷоҳу ҷалол.
Тарбият дидӣ ба даврони Совет,
Устухонат шах шуд аз нони Совет.
Халқ карда номзад дар интихоб,
Пас, ба ин ҳурмат бидеҳ лоиқ ҷавоб.
Гар ту фарзандӣ, ба кори халқ бош,
Доимо дар кор ёри халқ бош.
Ӯ туро бо боварӣ карда калон,
Аз ҳама, аммо, ту худро хурд дон.
Мулкро ободтар кун боз ҳам,
Халқро дилшодтар кун боз ҳам.
Дор дар ёдат, азизам, доимо,
Халқ агар бошад ризо, ман ҳам ризо.
Аз раҳи раҳбар даме берун нашав,
Пешгарди халқ бошу пеш рав».
Ҳар як аз гуфтори модарро писар
Зад рақам бар лавҳи дил бо хатти зар.
Ҳар як аз панду каломи модарӣ
Шуд варо бар риштаи ҷон гавҳаре,
Меҳри фарзандиш тобонтар битофт,
Нахли умраш з-он шукӯҳи тоза ёфт.
Чашмро бар чашми модар гарм дӯхт,
Шуълаи ду дил дучандон барфурӯхт.
Номзад чун дар бари хоҳандагон
Рӯ ба рӯйи модараш истод он.
Гуфт: «Эй мушфиқ, азизам, модарам.
Ҳар чи фармоӣ, ба ҷон фармонбарам.
Доҳии маҳбуби мо сардори халқ,
Депутатро гуфт хизматгори халқ.
Ман ҳам аз он ходимонам дар Ватан,
Баҳри хизмат нест бок аз ҷону тан.
Синаро дар ҷанг бинмудам сипар,
Оқибат бар душманон кардам зафар,
Баъд аз ин ҳам то ки ҷон дорам ба тан,
Ҳастам андар хизмати халқу Ватан!».



