Бузургдошти адиби бузург

 Бузургдошти адиби бузург

Тавре огаҳӣ дорем, соли равон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода доир мегардад. Тайи чанд муддат аст, ки дар ниҳодҳои гуногун ин ҷашн идома дорад. Аз ҷумла, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ин муносибат тадбирҳои гуногуни илмиву адабӣ сурат гирифтанд.

Дар ин росто рӯзи 18-уми сентябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки васеи адибону адабиётшиносон ва рӯзноманигорон ҳамоиши илмиву адабӣ баргузор гардид.

Чорабиниро раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим гардонандагӣ карда, дар оғоз чунин гуфт:

 – Агар адабиётро ба боғе монанд кунем, ки гул ҳам дораду хор ҳам, дарахтони соядор ҳам дораду мевадор ҳам, устод Сотим Улуғзода, бешак, яке аз шаҳчинорҳои ҳамин боғ ба шумор меравад. Дар адабиёти қарни XX-и мо баъди устод Садриддин Айнӣ дар наср, бемуболиға, Сотим Улуғзода мақоми дувумро касб кардааст. Ин гуна нависандаеро, ки ба маънои том адиб бошад, камтар мебинем. Ҳикояву қисса, мақолаву рисола, роман ва намоишномаҳои ӯ далели онанд, ки қаламкаши пуркору пурмаҳсул буд. Ҳамаи асарҳояш дар сатҳи бисёр баланд эҷод гаштаанд.

Сипас маърузаи пурмуҳтавои мудири бахши наср Равшан Махсумзод «Дарси устод Улуғзода» шунида шуд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад хотираву ёддоштҳои хешро доир ба Сотим Улуғзода нақл кард. Ба таъкиди ӯ, ёдбуди Улуғзода бояд ид бошад ва чунин ҳам ҳаст. Номбурда зикр намуд, ки дар бораи устод Улуғзода суҳбат кардан ифтихор аст ва ман ӯро ҳам аз наздик мешинохтам ва ҳам тавассути асарҳояш.

Дар идомаи суҳбат Абдулҳамид Самад ба ёд овард, ки соли 1971, дар арафаи 60-солагии нависандаи маъруф чанд қаламкаши ҷавон – Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва дигарон бо дастовез ба дидорбинии Улуғзода мераванд.

Онҳоро ҳамсари адиб Саодатхон пешвоз гирифта, мегӯяд: «Сотимхон, гуфтед, ки ҳама маро фаромӯш кард, аммо имрӯз ҷавонон ба диданатон омадаанд».

Абдулҳамид Самад боз нақл намуд, ки Сотим Улуғзода солҳои нооромӣ розӣ нашуд, ки 80-солагияшро дар Кохи “Борбад” ҷашн гиранд. Ӯ намехост, ки дар вазъияти барои миллат вазнин хурсандӣ кунад.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ҳикоя намуд, соли 1970 дар Маскав бо Ҳабибулло Файзулло ба хонаи нависанда рафта, фаҳмид, ки ӯ асари «Дон Кихот»-и Сервантесро тарҷума карда истодааст.

Аскар Ҳаким тарҷумаи асари мазкурро яке аз тарҷумаҳои беҳтарин дар адабиёти тоҷик ва фаъолияти тарҷумонии нависанда номид.

 – Донистани таърих, ошноии наздик бо адабиёти рус ва шинохти адабиёти Аврупо омилҳое буданд, ки шахсияти адабии Сотим Улуғзодаро хеле барҷаста кардаанд, – афзуд Аскар Ҳаким.

Ба андешаи академик Кароматулло Олимзода, эҷодиёти Сотим Улуғзода ҷиҳати боло рафтани ифтихороти миллӣ саҳми мунир дорад.

Дар замоне ки ҳатто номи Зуфархон Ҷавҳариро мисол овардан мушкил буд, Сотим Улуғзода дар мақолае дар бораи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода аз падари ӯ Зуфархон Ҷавҳарӣ бо эҳтиром ёд кардааст. Ин амал, ба хулосаи Кароматулло Олимзода, баёнгари он аст, ки Сотим Улуғзода дар баррасии таърихи адабиёт дар мадди аввал ҳақиқати илмиро мегузошт.

Абдурофеъ Рабизода бар он аст, ки филмномаҳои Сотим Улуғзода ба монанди насраш руҳияи қавии миллӣ доранд. Бадхоҳон ҳамеша бар зидди сабти филмҳое мебаромаданд, ки сенарияҳояшонро Сотим Улуғзода навишта буд. Аз ин рӯ, филми “Ибни Сино”-ро “Тоҷикфилм” сабт намекунад ва коргардон Комил Ёрматов онро дар “Узбекфилм” рӯйи навор меорад. Вале филмҳои дар асоси филмномаҳои Сотим Улуғзода офаридашуда дар пешрафти кинои тоҷик нақши бориз доранд.

Чуноне Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам гуфт, дар вақте ки Сотим Улуғзода бо сабаби қазияи писараш Азиз бо маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ буд, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» мулоқоти ғоибонаи нависандаро бо хонандагони рӯзнома ташкил кард.

– Се соате, ки мулоқоти ғоибона бо устод баргузор шуд, ҷавонон аз чор тараф занг мезаданд, зеро ӯ ҳамеша аз муҳаббати хонандагони асарҳояш бархӯрдор буд, – гуфт Ато Ҳамдам.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи сафарҳояш ба зодгоҳи адиб ва эҳтироми мардуми кишвари ҳамсоя ба Сотим Улуғзода ибрози назар кард:

– Замони фаъолияти дипломатиям ба деҳаи Варзики ноҳияи Чусти Узбекистон рафта, дар ҷашни 110-солагии нависанда иштирок кардам. Бо пешниҳоди ман Маркази маънавии тоҷикони Чуст ба номи Сотим Улуғзода гузошта шуд.

Ҳамин тавр, дар зодгоҳаш Улуғзодаро дӯст медоранд ва пос медоранд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир ба маҳфил ранги бадеӣ бахшида, шеъри Бозор Собирро, ки ба Сотим Улуғзода бахшида шудааст, бо эҳсоси баланд қироат кард ва хотираҳояшро чунин баён намуд:

– Рӯзи нахустнамоиши драмаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов аз рӯйи асари устод Сотим Улуғзода намоиши басо ҷолибу муассиреро таҳия карда буд. Нақши Аҳмади Дониш дар иҷрои Ато Муҳаммадҷонов фатҳи қуллаи баланде дар эҷодиёти ҳунарпеша буд. Бо дидани саҳнаҳои пурмоҷарову пуртазодди намоиш бинандагони огоҳ зуд пай мебурданд, ки устод Улуғзода дар асар дарди худ, лаҳзаҳои набасомони сарнавишти хешро дар симои Аҳмади Дониш ва замони тираву тори ҷамъияти феодалӣ таҷассум намудааст. Хусусан саҳнаи ноумедии Аллома Аҳмади Дониш, ки пешниҳодҳои маорифпарваронаву созандаи ӯро амири ҷоҳил рад карда буд, хеле дардангезу муассир ба чашм мерасад.

Дар фарҷоми намоиш аҳли толор бо ашки резон ба ҳунару истеъдоди ҳунармандони саҳна дуру дароз кафкӯбӣ карданд. Ҳангоме ки муаллифи асарро рӯйи саҳна хонданд, мавҷи кафкӯбиҳо толорро ба ларза овард. Устод низ бо дастони ларзону ашки пурсӯз ҳунармандони маҳбуби тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов ва дигаронро ба оғӯш кашида, арзи сипос намуданд.

Дар поёни чорабинӣ Низом Қосим гуфт, ки мо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардем, то ба ду адиби тавоноямон – Абулқосим Лоҳутӣ ва Сотим Улуғзода барои хидматҳои арзандаашон ба миллат унвони баланди “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад.

Ҳамин тавр, ҳамоиш бо суҳбатҳои гарму самимӣ дар бораи шахсият ва эҷодиёти Сотим Улуғзода ба анҷом расид.

Дигар хабарҳо