Тақдимоти китобе, ки ба маҳфили аҳли адаб ва дӯстӣ табдил ёфт

 Тақдимоти китобе, ки ба маҳфили аҳли адаб ва дӯстӣ табдил ёфт
Бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд дар Китобхона ва маркази ахбори вилояти Самарқанд ба номи Пушкин тақдимоти китоби “ГУЛЧИНИ ШЕЪРИ ШОИРОНИ ӮЗБЕК”, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон тарҷума ва чоп гардидааст, баргузор шуд. Дар ин ҷамъомад аҳли илму адаб ва фарҳанги вилоят ва як гурӯҳ меҳмонон аз Тоҷикистон иштирок доштанд.
Тадбирро журналисти шоистаи Ӯзбекистон, сармуҳаррири рӯзномаҳои “Зарафшон” ва “Самаркандский вестник” Фармон Тошев бо сухани муқаддимавӣ дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек оғоз намуда, маҳфилороии давраро ба зиммаи худ гирифт. Мувофиқи барнома роҳбари шуъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Асадулло Шукуров дар мавзӯи “Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ” маърӯза намуда, доир ба фаъолити шуъба ва корҳои иҷрошуда дар ин самт ҳисобот дод.
Тарҷумон ва публисист, шоири шинохтаи ӯзбек дар Тоҷикистон Ҳасанбой Ғойиб, ки ташаббускору гирдоварандаи китоби “ГУЛЧИНИ ШЕЪРИ ШОИРОНИ ӮЗБЕК” аст, дар бораи ҷарайёни кори тарҷума ва табъу нашри китоб маълумот дод.
Роҳбари шуъбаи Иттиҳоди нависандагониӮзбекистон дар вилояти Самарқанд.Тошпўлот Тугалов, Шоираи мардумии Ӯзбекистон Хосият Бобомуродова, корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон Аслиддин Қамарзода, олими адабиётшинос ва шоири хушбаён Ҷумъагул Сувонова ва чанд нафари дигар дар бораи китоб ва дӯстии адабиётҳо ва ҳамкориҳои тарафайн ҳарф заданд.
Сипас як гурӯҳ меҳмонон ба Китобхонаи ҷамоатии узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Асадулло Шукуров ташриф оварданд ва он ҷо мушоираи дӯстӣ баргузор шуд.
Дар охир меҳмонон маҷмӯаи Имом Бухориро зиёрат намуда, аз бунёдкориҳои солҳои охир бо мамнуният сухан гуфтанд ва барои боз ҳам мустаҳкам шудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва ободии диёр дуои нек карданд.
Аз маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ»

Дигар хабарҳо