Рӯйдоди фараҳбахш
Имрӯз дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик боз як рӯйдоди муҳим бо ҳарфҳои заррин навишта шуд, ки аз ташаббуси бисёр одилона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Рӯзи 25 июни соли 2026 зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ки дар шароити кунунӣ ниҳоят пураҳаммият буда, на танҳо барои Тоҷикистони азиз, балки барои тамоми сайёра нақши муҳим ва калидӣ мебозад. Тавассути Қатъномаи мазкур давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некуаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карда, дар ин ҷода тадбирҳои арзишмандеро амалӣ хоҳанд кард ва дар устувориву пойдор нигоҳ доштани сулҳ дар саросари олам кӯшиш менамоянд.
Қатъномаи мазкур дорои ҳадафҳои созанда буда, ба принсипҳои оиномавии СММ, аз ҷумла «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» мувофиқат менамояд. Ин санад баҳри ташвиқи фарҳанги сулҳ ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бузург мусоидат карда, барои пешгирии ҳар гуна хушунат, зӯроварӣ ва ғасби кишварҳои хурди беҳимоят мусоидат менамояд. Дар табрикоти Президенти кишвар ба ин муносибат омадааст: “Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд. Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд”.
Воқеан, ҳадафҳои асосии эълон шудани Даҳсолаи сулҳ ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин, дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда мусоидат менамояд. қатънома аз давлатҳое, ки тавассути равандҳои сиёсӣ, чораҳои эътимодбахш дар барқарорсозии пас аз низоъ ва таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм мегузоранд, истиқбол мекунад. Бо ҳамин маъно, Пешвои миллат дар табрикоташон моҳияти сулҳро шарҳ дода, аз ҷумла менависанд: “Сулҳ фарҳанг аст, сулҳ масъулият аст, сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст, сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст. Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад. Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд”.
Сарвари давлат моҳияти фалсафиву иҷтимоии сулҳро дуруст шарҳ дода, аз нигоҳи як шахсияти таърихӣ аҳаммияти ин неъмати гаронарзишро дуруст муайян менамояд ва ба он баҳои баланд медиҳанд. Барои расидан ба сулҳ Тоҷикистон роҳи мураккаб, тулонӣ, душвор ва пурпечутоби ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард ва ба ваҳдати комил ва сулҳи пойдор расид. Аз ин рӯ, мо бояд аз дигар давлатҳо зиёдтару бештар қатъномаро тарғиб карда, сулҳро пойдору устувор нигоҳ дорем. қатънома аз аксари роҳбарон, ниҳодҳои воломақом, комиссияҳои минтақавӣ талаб менамояд, ки ба хотири татбиқи Даҳсола талош намоянд ва ба кишварҳои некбин ҳамкориро ба роҳ монда, дар ин ҷода аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои сулҳпарвари дунё истифода намоянд.
Ташаббуси навбатии Президенти кишвар дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост омад, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Дар чунин шароит эълон гардидани даҳсолаи сулҳ ба манфиати миллатҳои осебпазир ва кишварҳое, ки дар ҳолати ҷанг қарор доранд, равона шуда, барои пешгирӣ кардани роҳи ҷанг ва расидан ба сулҳ имконияти бештар медиҳад. Соли гузашта дар шаҳри Фарғонаи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон вобаста ба ин масъала конфронси байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии Фарғона доир гашт, ки намояндагони минтақаи Осиёи Марказӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими ин кишварро ба ҳам ҷамъ оварда, нақши созандаи сарони давлатҳо ва қабули ин санадҳоро муҳим шумориданд ва ба аҳаммияти онҳо баҳои баланд доданд. Ҳар се роҳбарони сиёсӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳуриии Қирғизистон, муҳтарам Садир Жапаров дар ин кори бузург саҳми босазо гузошта, сулҳро раванди бебозгашти муколамаи фарҳанги шарқӣ муаррифӣ намуданд.
Махсусан, нақши Президенти мо, фаъолияти пурсамар, инчунин таҷрибаи сулҳофаринии ин абармарди дунёи сиёсат намунаи олии расидан ба сулҳ ва ҳифзи он дар кишвар ва минтақа мебошад. Соли гузашта, дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расидани ду санади таърихӣ “Эъломияи Хуҷанд баҳри таҳкими сулҳу субот” ва “Муайян кардани нуқтаи гузариши сарҳади се кишвари Осиёи Миёна” дар илми сиёсатшиносӣ ва низоъшиносӣ ҳамчун таҷрибаи нодир омӯхта мешавад ва дар ҳамаи ҷаласаҳои сатҳи баланд доир ба ин санадҳо изҳори назар менамоянд.
Дар омода кардану ба имзо расонидани ин санадҳо саҳми Пешвои миллат бесобиқа мебошад. Ин санадҳо дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар обрӯйи тоҷиконро баланд бардоштанд ва мардуми тоҷикро шод гардониданд. Сарвари давлат дар табрикоти худ ба мазмуну моҳияти сулҳ баҳо дода, аз ҷумла дар бораи хиради мардуми тоҷик чунин баҳо медиҳанд: “Мардуми тоҷик дар тули таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз кардаанд ва гиромӣ доштаанд”.
Ба ҳамин мазмун аҳаммияти аввалиндараҷа дода, илова мекунанд: “Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад.
Мо ният дорем, ки соли оянда дар арафаи 30-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ба мақсади оғоз бахшидан ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем. Бо итминони комил иброз медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба қадру манзалати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо, ки амалӣ гардидани нияту орзуҳои неки ҳар як фарди ҷомеа аз он вобаста мебошад, боз ҳам бештар талош мекунанд”.
Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик ин дастури ҳидояти Сарвари давлатро ҷонибдорӣ менамоянд ва баҳри сулҳу оромӣ талош карда, аз халқҳои сулҳдӯст даъват ба амал меоранд, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифзу ҳимоя намоянд ва пеши роҳи ҳар гуна ҷангу низоъҳои таҳмилиро гирифта, барои дар фазои осоишта умр ба сар бурдани сокинони сайёра саъю кӯшиш намоянд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода,
академики АМИТ



