Истиқболи аҳли адаб аз ташаббуси ҷаҳонии сулҳ
Тавре ба ҳамагон маълум аст, рӯзи 25-уми июни соли равон Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи вижаро аз рӯйи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036» қабул намуд.
Ин рӯйдоди таърихӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа истиқболи васеъ пайдо намуда, ба ин муносибат дар саросари кишвар ҷашну маросимҳои шодбошӣ баргузор гаштанд. Аз ҷумла, рӯзи 2-юми июл дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму адаб, донишмандон ва кормандони ВАО ҳамоиши васеи таҳлилӣ ва адабӣ баргузор гардид.
Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим нишастро оғоз намуда, ибтидо аз сулҳу суботи пойдор ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон сухан гуфт ва аҳаммияти қатъномаи нави СММ-ро барои башарият баланд ва ҳаётӣ арзёбӣ кард. Номбурда иброз дошт, ки вақте дар шароити гирудорҳои шадиди сиёсиву ҳарбӣ раванди душвор, вале хеле зарури барқарор кардани сулҳу оромӣ дар мамлакат оғоз шуд, аввалин сухани Роҳбари нави давлати эҳёгаштаи мо сулҳ буд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон айём сухани таърихии худро гуфта буданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам!» Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки ба ваъдаашон вафо карданд.
Бо заҳмату хидматҳои фаровон, сарҷамъ кардани мардум, ҳамдилону ҳамандешагон ва элитаи мамлакат ба ин мақсади олии худ расиданд. Имрӯз мо дар шароити тинҷу ором ва осудагиву сулҳу салоҳ зиндагӣ карда истодаем ва давлатамон пеш меравад. Дар ҳамон замон сулҳе, ки Сарвари давлатамон эълон карданд, фақат барои мардуми худамон буд, аммо оҳиста-оҳиста сиёсати давлатии мо ба сатҳе расид, ки акнун бо ташаббуси Пешвои миллати мо Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди 16-уми Тоҷикистонро қабул намуд.
Ба гуфтаи Низом Қосим, ин қатънома аз зиндагии имрӯзаи сайёраи мо бармеояд, ки тақрибан дар 60 нуқтаи дунё даргириҳои мусаллаҳона давом доранд. қатъномаи мазкур аз он ҷиҳат муҳимтар аст, ки танҳо як пешниҳод ё ташаббус нест, ҳуҷҷату санадест, ки мардуми мо дар дилу ҷони худаш эҳсос кардаву эҷод намудааст ва парвардааст. Чунки худ ҷангро дидаву ҳанӯз ба гӯшаи фаромӯшӣ набурдааст. Аз ин ҷиҳат аҳаммияти қатънома боз бештар мешавад. Адибон аз қадим дар бораи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат мегуфтанд.
Шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири сулҳсаро дар тамоми дунё машҳур гашт. Дар рӯзҳои даргириҳои мусаллаҳонаи кишварамон тамоми адибон дар паҳлуи Роҳбари давлат буданду аз якдилӣ ҳарф мезаданд. Низом қосим дар идомаи андешаронияш аз як шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар, ки дар соли 1992 навишта буд, байте мисол овард:
Дар ҷойи ҳамин мамлакати сулҳҷудоям
Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?!
Ва афзуд, ки имрӯз кишвари мо натанҳо сулҳталаб аст, ҳамчунин мамлакати эҷодгари сулҳ шуд, ки ғами сулҳи дунёро мехӯрад ва мо ба ҳамин зинаҳои давлату миллатдорӣ ва тафаккури глобалӣ бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат расидем.
Низом Қосим бар он аст, ки ин қатънома масъалаҳоеро фаро мегирад, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд. Ин падидаи сиёсиву байналмилалӣ ҷашни ифтихоровар буда, дар айни замон корҳои бисёр сангин ва пурмасъулиятро бар дӯш мегузорад. Барои ҳамин бояд қатъномаро ҳамаҷониба омӯзем, аввал дар ҳаёти худ, дар ҷумҳурии худ татбиқу амалӣ кунем ва ҷиҳати тарғибу ташвиқаш ҳама тадбири заруриро бинем, то коргару таъсиргузор бошад. Дар ин росто, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баъзе корҳоро кард ва нашрияҳояш чандин мавод ба нашр расонданд. Ҳамин тавр, доир ба қатънома ва нуктаҳои муҳимми он аз ҷониби адибон кор идома дорад.
Номбурда афзуд, ки яке аз нуктаҳои муҳимми ин қатънома муколама аст. Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки тамоми мухолифату зиддиятҳои милливу байналмилалӣ бояд ба тариқи муколама, суҳбат ва гуфтушунид ҳал шавад. Заминаи ин пешниҳоди саривақтӣ созишномаи сулҳи мо аст, ки аз суҳбатҳои тулонӣ дар Ашқободу Бишкек, Алмаатову Теҳрон, Душанбе… (41 давраи музокира) сурат гирифтанд ва ниҳоят дар Маскав имзо шуд.
Дар раванди суҳбат Низом Қосим ёддоштеро нақл намуд: «Соли 1993 дар Туркманистон Фестивали театрҳои Осиёи Марказӣ ва қазоқистон баргузор шуд ва баҳсе ба миён омад, ки дар ин вазъияти душвор иштироки театри Тоҷикистон зарур ҳаст ё не. Пешвои миллат дастур доданд, ки иштирок намоед ва санъати моро намояндагӣ кунед. Бо ҳунарпешагони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар фестивал иштирок кардем. Дар ин фестивал аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ ҳунари 16-17 театр ба намоиш гузошта шуд. Тамоми намоишҳои кишварҳои дигар, ки оромиву субот доштанд, фоҷиавӣ буданд. Лекин рӯзи охир ҳунармандони мо бо намоиши мазҳакавии «Сафармахсум», ки аз рӯйи асари Ҷалол Икромӣ ва Ҳабибулло Назаров ва намоишномаи Ато Ҳамдам офарида шудааст, рӯйи саҳна омаданд. Дар нақши марказӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нуриддини Насриддин буд. Бинандагон бо кафкӯбӣ аз ҷой бархостанд.
Дар вақти муҳокима Артисти халқии СССР, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, депутати Совети Олии СССР, раиси Иттифоқи ходимони театрии Русия Кирилл Лавров гуфт, ки ин халқ ҷовидонӣ аст, дар кишвараш нооромӣ ҳам бошад, дар саҳна мардумро руҳбаланд намуд ва умед бахшиду хандонд.
Бонуи театршиносе аз Маскав дар минбар аз гиря сухане ба забон оварда натавонист. Натиҷа ин шуд, ки шоҳҷоизаи фестивалро бо як овоз ҳунармандони мо ба даст оварданд ва Сафармурод Ниёзов ҳавопаймояшро ба ихтиёри мо гузошт, ки бо роҳатӣ ба Тоҷикистон баргардем».
Бо овардани ин пораи хотира Низом Қосим хулоса кард, ки бузургии дигари Роҳбари давлати мо дар ин аст, ки аз оғоз ба халқу давлатамон бовар доштанд ва барои ба зиндагии осоишта баргаштани ҳамватанон шабу рӯз фикр мекарданд. – Дар он замон, – мувофиқи суханони Низом Қосим, – аҳли адабу фарҳанги мамлакат бо шеъру суруд ва намоишҳои хеш мардуми аз нооромӣ хастаро ба ояндаи нек дилгарм нигоҳ медоштанд.
Дар идомаи нишаст академик Кароматулло Олимзода фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуд: «Ташаббусҳои Сарвари кишвари мо дар бораи сулҳ дар ҷаҳон имрӯз ифтихори мо мебошанд. Аз замони шуравӣ, вақте ки нисбатан оромӣ ҳукмфармо буд, шеърҳои устод Мирзо Турсунзодаро дар мавзуи сулҳ азёд мекардему ин саодати инсониро дар вуҷуди хеш мепарваридем. Имрӯз, ки дар баъзе кишварҳо сулҳи комил ба назар намерасад, ифодагари он аст, ки роҳбари умумимиллие надоранд, то мардумро сарҷамъ орад. Хушбахтии мост, ки Пешвои миллатамон моро сарҷамъ карда, аз хатарҳо натарсида, сулҳро пойдор нигоҳ доштанд. Ин қатънома дараҷаи олии гуманизми инсонӣ аст, ки саривақт аз тарафи Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Сипас сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо риштаи суханро ба даст гирифт ва чунин гуфт: «Шахси аз ҳама босалоҳият, мудири сулҳ, Пешвои сулҳ, Пешвои муаззами миллат дар арзёбии ин қатънома як ҷумла гуфтанд, ки тамоми арзиши онро дақиқан ифода мекунад: «Маҳз бо шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон заминаи боэътимоди ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистони тозаистиқлол гузошта шуд».Яъне, Созишмномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки зери роҳбарии Пешвои миллат ҳосил шуд, дар асл наҷоти дубораи Тоҷикистон мебошад. Ин баҳои баланд, дақиқ ва ниҳоии худи Роҳбари давлат аст.
Паёми сулҳе, ки Пешвои миллати мо ба ҷаҳониён доданд, аз умқи фарҳанг ва тамаддуни мо берун омадааст ва он кас дар асл ҳамин тамаддуну фарҳанги сулҳмеҳвари тоҷикиро дар сатҳи ҷаҳонӣ сабт карданд. Дар суханрониҳо Пешвои миллат мегӯянд, ки сулҳ барои он таҳким ёфт, ки хиради азалии тоҷик пирӯз омад. Халқи аз ибтидо некманзару некгавҳар ва инсонмеҳвар, ки шиори асосияш гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек аст, ба ҷаҳон бо шиори ваҳдату сулҳу дӯстӣ омадааст ва дар СММ ин қатънома қабул шуд, тантана ва дар сатҳи ҷаҳонӣ пазироӣ гардидани андешаи тоҷикӣ мебошад. Дар матни қатънома дақиқан нишон дода шудааст, ки кишварҳо ва созмонҳо бояд чӣ кор кунанд, дар кадом минтақа, дар кадом самт чӣ кор карда шавад. Яъне барои даҳ сол бо ташаббуси Тоҷикистон силсилаи бузурги корҳои сулҳсозию сулҳофаринӣ доир мешавад. Дар нуқтае агар ҷанг қатъ гардад, саҳми Пешвои миллати мо ҳам ҳаст.
Худи қабули як қатънома ё пешниҳоди кишваре дар СММ як раванди бисёр мураккаби ҳуқуқӣ, дипломатӣ ва сиёсӣ дорад, ки ҳаминро гузаштан барои ҳар давлат пирӯзии бузурги дипломатӣ аст. Вақте 166 кишвар ба қабули ин қатънома овоз додааст, 166 мавқеъ ба ҳам муттаҳид гаштааст. Пушти қабули ин қатънома ду сол кори дипломатист. Дастгоҳи сиёсати хориҷии мо бо 166 кишвар мулоқоту музокира кардааст, то ин ки қатънома қабул шавад.
Дар ҷаҳон ин воқеа аз обрӯи баланди Пешвои миллат, устоди сулҳ, ҳамчун касе, ки салоҳияти пешниҳод кардани чунин андешаро дар бораи сулҳ дорад, дарак медиҳад.
Бояд зикр кард, ки матни музокираҳои академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон дар ҳафтанома ба табъ мерасанд. Дар ҷараёни ин тадбир шоирон Рустам Ваҳҳобзода, Хайрандеш, Раънои Мубориз ва Хушомади Алидод шеърҳои ба мавзуи сулҳу якдилӣ навиштаи худро қироат намуданд ва пажуҳишгар Шодимуҳаммад Сӯфизода ва нависанда Маҷид Салим низ суханронӣ карданд.
Академик Кароматулло Олимзода гуфт, ки месазад, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод намояд, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими сулҳ дар ҷаҳон бо Ҷоизаи ҷаҳонии сулҳи Нобел қадрдонӣ ёбад.
Дар охир аз ҷониби раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим пешниҳод гардид, ки агар дар кишвари мо Маркази сулҳ таъсис ёбад, таҷрибаи назариву амалии мо дар ин ҷода мавриди истифодаи умум қарор мегирад.
Бузургмеҳри Тоҷиддин



