Сӯгворӣ.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависандаи пуркор Абдулвосеъ Сангинов дар 75-солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
Абдулвосеъ Сангинов рӯзи 10 уми январи соли 1951 дар деҳаи Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ тавал луд шудааст. Соли 1967 дабистони рақами 9 ба номи Зебуннисои шаҳри Ваҳдатро хатм карда, муддати як сол дар рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна», сипас як соли дигар дар муассисаҳои сохтмону алоқа фаъолият менамояд. Солҳои 1969 1974 дар бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дониш андӯхтааст. Солиёни зиёд дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ», телевизиони «Тоҷикистон», Сафоратхонаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи шарқшиносии АМИТ, Созмони байналмилалии Салиби Сурх ва ғайра дар вазифаҳои гуногун заҳмат кашида, солҳои 1982-1985 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон хидмат кардааст.
Ҳикояву очерк ва мақолаву тарҷумаҳояш дар давраҳои мухталиф дар маҷмуаҳои дастҷамъӣ ва матбуот ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳои «Зайнаб-апа», «Фарзанди оҳангар» (1980), «Ибтидои роҳ» (1981), «Навсафар» (1984), «Вохӯрӣ» (1987), «Роҳи олим» (1988) ва ғайра мебошад. Фаъолияти пурсамари адиб бо орденҳои «Ситораи сурх», «Ифтихор» (Афғонистон), «Барои хидмат ба Ватан», нишону медалҳои «Ба ифтихори 70-солагии қувваҳои мусаллаҳи СССР», Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии СССР мавриди қадрдонӣ қарор гирифтааст.
Аз соли 1982 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Аҳли қалам аз вафоти Абдулвосеъ Сангинов андуҳгин буда, ба дӯстону ҳамкорон ва наздикону пайвандонаш таслият ва ҳамдардӣ изҳор мекунанд.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



