Қомуси худшиносии миллӣ

 Қомуси худшиносии миллӣ

Дар шинохти фарҳанг ва адабиёти миллӣ, ҳифзу ҳимояи мероси хаттӣ, муаррифии шоистаи осори гузаштагону давраи нав, эҳёи забони тоҷикӣ-форсӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ, ҳамчун миллати воҳид эътироф гардидани тоҷикон, инчунин, таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон саҳми устод Садриддин Айнӣ ниҳоят бузург буда, маҳз бо саъю кӯшиши ӯ ва тарафдоронашон дар аввали садаи бистум масъалаҳои муҳимми ҳастии халқи тоҷик воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва роҳи ҳалли худро пайдо намуданд. Адибу суханвари бузург дар ҳамон солҳои ниҳоят душвору мураккаб гузаштаи пурифтихори халқи тоҷикро дуруст омӯхта, на танҳо ҳастии миллатро исбот намуд, балки дар ҳифзи таъриху фарҳанг, забону адабиёт ва мероси маънавии тоҷикон саҳми шоиста гузошт.

Дар аввали солҳои бистуми садаи бист, ки тақсимоти миллӣ дар Осиёи Миёна бо шиддат авҷ мегирифт, ҳифзу ҳимояи ҳастии халқи тоҷик ҳамчун миллат ба баҳси доманадор ва пур аз ихтилоф табдил ёфт, ки барои ҳимояи он устод Садриддин Айнӣ ва ҳамфикронашон ба майдони муборизаи сиёсиву иҷтимоӣ бархостанд ва аз мавҷудияти халқи тоҷик дифоъ карда, барои наҷоти он талошҳои зиёд намуданд.

Агар Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемуров, Абдуқодир Муҳиддинов ва дигар ҳамфикрони онҳо ба роҳбарияти ҳамонвақтаи Осиёи Миёна ва Иттиҳоди Шуравӣ оид ба ҳастии халқи тоҷик ва таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон мактубу санадҳои заруриро ирсол мекарданд, устод Садриддин Айнӣ ва доираи тарафдоронаш – Т. Зеҳнӣ, Ф. Роҷӣ, А. Лоҳутӣ,  М. Расулӣ, А. Сатторӣ, А. Мунзим, С. Ализода, С. Манофеъзода, Г. Козимзода, Муҳаммад Мусавӣ, Нисормуҳаммад ва дигарон дар миёни зиёиён ва аҳли ҷомеаи ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ҷони худро дар хатар монда, корҳои ташвиқотӣ мебурданд. Онҳо дар матбуоти даврӣ доир ба гузаштаи халқи тоҷик ва забону фарҳанг мақолаҳои илмию оммавӣ навишта, яке аз мардумони бумии Осиёи Миёна будани халқи тоҷикро исбот менамуданд ва бо рақибони ашаддии халқи тоҷик – пантуркистҳо, панэронистҳо, панисломиҳо ва дигар табақаҳои тундрав муборизаи беамон бурда, бо қатъият доир ба ҳастии қавми тоҷик ахбори саҳеҳ манзур менамуданд. Махсусан, устод Садриддин Айнӣ ба зулми ноодилонаи таърих таҳаммул накарда, аз қадимияту ҳастии халқи тоҷик дифоъ мекард ва фикру мулоизаҳояшро рӯйирост дар матбуоти даврӣ баён менамуд.

Нависанда ҳамчун ҷонфидои халқи тоҷик ба муборизаи сиёсӣ бархоста, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҷасурона аз забон ва фарҳанги тоҷикӣ дифоъ мекард ва пеши роҳи тундгароёну миллатгароёни ашаддиро гирифта, бар зидди онҳо тавассути қалами оташбор, мақолаҳои ассоснок ва афкори илмӣ ҷавоби саҳеҳ менавишт.

Адиби ватандӯсту меҳанпараст дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҳамондавраина, бахусус рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, маҷаллаҳои “Дониш – биниш”, “Дониш ва омӯзгор”, “Роҳбари дониш” мақолаҳои “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, “Доир ба мактабу маорифи тоҷикон”, “Вазъи иқтисодию иҷтимоии тоҷикони кӯҳистон”, “Қобилияти ташкилотчигии тоҷикон”, “Муносибати тоҷикони кӯҳистон ба Ҳокимияти Шуроҳо”, “Кори тоҷикон гул карданист”,  “Ба хотири таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон” ва амсоли инҳоро интишор карда, бо мутахассисону мусташриқин суҳбатҳои илмиву оммавӣ доир менамуд ва ақидаҳои барғалати рақибони сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷикро маҳкум карда, аз гузаштаи халқи маҳбубаш дифоъ менамуд.

Вай боисрор таъкид мекард, ки тоҷикон дар қаламрави Осиёи Марказӣ мардуми омад ва омехта набуда, соҳиби таърих, забон, адабиёт, хат ва фарҳангу суннатҳои миллӣ мебошанд.

Дар ҳақиқат, миллати тоҷик дар дарозои таърих сахтиҳои зиёдеро паси сар карда, борҳо зери фишори сангини аҷнабиён қарор гирифта бошад ҳам, урфу одат ва забону ҳуввияти хешро аз ҳофизаи таърихии худ дур накардааст ва барои пешрафти тамаддуну фарҳангаш талош намуда, баҳри ҳифзи он собитқадамона ва ҳақталошона саъю кӯшиш кардааст.

Устод Садриддин Айнӣ ҳамин воқеияти таърихиро ҷиддӣ таҳқиқ карда, дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, аз як тараф, бо душманони ашаддии халқи тоҷик муборизаи беамон мебурд ва аз ҷониби дигар, мардуми ноогоҳи тоҷикро бо фарҳангу адабиёт ва урфу одати гузаштагонашон шинос карда, тоҷиконро аз зарбаҳои сахти пантуркизм, панэронизм, панисломизм ва дигар гурӯҳҳои хатарнок ҳимоя менамуд. Ҳамзамон, ахбореро, ки дар ҳофизаи фарҳангиаш ҷамъ оварда буд, бо далелу бурҳон дар мақолаҳояш ифода менамуд. Дар чунин вазъияти мураккаби сиёсӣ, ки сарнавишти халқи тоҷик, ҳастии иҷтимоӣ, тақдири забону фарҳанги миллати тоҷик ҳаллу фасл мешуд, нависанда зиракии сиёсиро аз даст надода, бештару зиёдтар ба таҳқиқу омӯзиш машғул шуда, дар баробари мақолаҳои пураҳаммият, мулоқоту суҳбатҳо, таълифу шеъру манзумаҳо ба навиштани маҷмуа – тазкираи бунёдии “Намунаи адабиёти тоҷик” оғоз мекунад ва дар муддати ниҳоят кӯтоҳ онро ба анҷом расонида, дар муаррифии шоистаи халқи тоҷик ва ҳифзи таъриху забон, адабиёту фарҳанги тоҷикӣ нақши беандоза бузург мебозад.

Маҷмуаи “Намунаи адабиёти тоҷик” дар асоси дастури Ҳукумати Мухтори Тоҷикистон, бахусус Раиси Шурои комиссарҳои Тоҷикистони Мухтор – Абдуқодир Муҳиддинов таълиф шуда, дар таърихи адабиётшиносии тоҷик нахустин асари илмӣ-оммавӣ ва ҳодисаи ниҳоят нодир ба шумор меравад. Муаллиф вобаста бо таъсири сиёсати замон ва дастгирӣ аз сохтори нав асарашро ҳамчун “маҷмуа” номгузорӣ мекунад. Аммо дар таркиби асар сохтори тазкиранависии анъанавиро пурра риоя менамояд.

Устод Садриддин Айнӣ ба иҷрои супориши пурмасъулият бинобар сабаби  “камоли ишқ ба адабиёт” доштан камари ҳиммат баста, ҷиддӣ ба ҷамъоварии мавод машғул мешавад. Мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ ва таъкидҳои худи муаллиф, таҳияи китоб моҳи марти соли 1925 шуруъ шуда, моҳи октябри соли 1925 ба анҷом мерасад. Дар муддати ҳафт моҳ адиби пуркор тамоми маводи илмӣ ва таърихиро ҷамъоварӣ карда, шабонарӯзӣ заҳмат мекашад ва дар муддати ниҳоят кӯтоҳ  таълифи асарро ба анҷом мерасонад. Маҷмуа аз чил ҷузъи чопӣ иборат буда, соли 1926 дар “Нашриёти марказии халқҳои СССР” дар панҷ ҳазор нусха интишор мегардад.  Дар ҳамон давра ба нашр расидани маҷмуаи мазкур як рӯйдоди муҳимми таърихӣ маҳсуб ёфта, чопи он рақибони сиёсӣ, бахусус пантуркистҳои ашаддӣ ва миллатгароёни бадхоҳро дар шигифт мегузорад. Интишор шудани чунин китоби гаронқимат руҳияи зиёиёни тоҷикро баланд бардошта, масъулияти роҳбарони вақтро бештару зиёдтар менамояд. Дар ҳамон вақт бедор кардани ҳувияти миллӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ ва муаррифӣ кардани ҳастии миллати тоҷик яке аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти ҷумҳурии худмухтор ба ҳисоб мерафт ва чоп шудани “Намунаи адабиёти тоҷик” боиси дилгармии мардум ва иҷрои вазифаҳои болозикр гардид.

Устод Садриддин Айнӣ дар таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” дар баробари риояи анъанаи тазкиранависӣ, усулҳои нави муқоисавию таҳлилии таҳқиқро пеш гирифта, бо истифода аз талаботи замони нав асари комилан ҷадидро таълиф менамояд. Муҳаққиқ, пеш аз ҳама, ба давраҳои таърихӣ рӯ оварда, дар ин замина доир ба чеҳраҳои адабӣ маълумот медиҳад ва соҳиби хат, забон, фарҳанг ва адабиёти оламшумул будани тоҷиконро исбот мекунад. Дар баробари ин, диққати адибро масъалаҳои исботи ҳастии таърихии халқи тоҷик, қадимӣ будани забон, доштани адабиёти оламшумул, инчунин омӯзиши мероси адабии халқи тоҷик ба худ ҷалб намудааст. Ҳамзамон, муҳаққиқ хусусиятҳои услубию бадеии адабиёти нави тоҷикиро таҳқиқ карда, доир ба ворид шудани насли нави эҷодӣ ба адабиёти тоҷикии садаи бистум изҳори андеша менамояд.

Масъалаҳои мазкур аз аввал то ба охири китобро фаро гирифта, принсипи таърихият дар ҳар як қисми асар риоя мешавад. Ба ғайр аз ин, муҳаққиқ ба мероси адабии халқи тоҷик ва муаммои ворисияту меросбарӣ аҳаммият дода, онҳоро ҳамчун манбаи боэътимоди осори маънавии халқ шарҳ медиҳад.

Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ба се  қисм ҷудо шуда, доир ба намояндагони адабиёти Мовароуннаҳр ва Туркистон маълумот медиҳад.

Аз қисмҳои “Намунаи адабиёти тоҷик” маълум мешавад, ки муҳаққиқ ба интихоби шоирону нависандагон ва мероси адабии онҳо аҳаммияти бештар дода, ташаккул ва таҳаввули адабиёти тоҷикро дуруст таҳқиқ кардааст ва қобилияти фикрӣ ва истеъдоди фитрии тоҷиконро ба таври густурда равшан намудааст.

Маводи мазкур барои бедор кардани шуури миллӣ ва баланд рафтани ҳисси худшиносии тоҷикон нақши созгор бозида, дар ҳифзу ҳимояи мероси адабии халқи тоҷик таъсири амиқ гузоштааст.

Воқеан, устод Садрдидин Айнӣ яке аз аввалин муҳаққиқони давраи нав, яъне, замони соҳиб шудан  ба Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки ниҳоят ҷиддӣ ба таърихи адабиёти тоҷикӣ ва фарҳанги гузаштаи халқи тоҷик рӯ овардааст. Инчунин аз нахустин донишмандонест,  ки доир ба адабиёти охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ таҳқиқоти густурда ба анҷом расонида, ба масъалаҳои таърихнигорӣ, матншиносӣ, манбаъшиносӣ, сабкшиносӣ ва шеършиносӣ аҳаммияти махсус додааст. Муҳаққиқ дар асоси тазкираву таърихномаҳо, баёзу дастхатҳо, мактубу порчаҳои ашъор ва луғатномаҳо намунаҳои осори шоирону нависандагонеро, ки дар қаламрави Мовароуннаҳр ва Туркистон зиндагӣ кардаанд, ҷиддӣ омӯхта, қадимияти адабиёти тоҷикиро исбот намудааст. Худи устод Садриддин Айнӣ дар охири китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ишора мекунад: “Ҷамъи манбаъҳои се қисм 63 адад, баёзу маҷмуаҳо низ тақрибан 17 адад мутолиа шуд. Ба ин ҳисоб ҷамъулҷаъми маъхазҳо 80 адад мешавад, ғайр аз порчаҳову мактубҳо”.

Ҳамин таъкид гувоҳ бар он аст, ки олиму донишманди закӣ бо масъулияти баланд аз маъхазҳо истифода карда, дар адабиётшиносии нави тоҷикӣ саҳифаи тозаеро оғоз намудааст. Олими пухтакор дар маҷмуаи мазкур бо истифода аз маводи фаровон на танҳо таърихи тоҷиконро дуруст муайян кардааст, балки ба адабиёти бою ғании тоҷикӣ-форсӣ баҳои сазовор додааст.

Устод Садриддин Айнӣ тоҷиконро ҳамчун “қавми муаззам” муаррифӣ карда, ба “ирқи ориёӣ” мансубият доштани онҳоро таъкид менамояд. Ишораҳои асоснок аз қадимияти тоҷикон дарак дода, пайванди онҳоро ба давраҳои ниҳоят қадимаи замони ориёӣ мебарад ва решаҳои пешини қавми тоҷикро барои ҳасудону нотавонбинон муайян месозад.

Забону адабиёти миллати тоҷикро муҳаққиқ на ба ҳукмронии Сомониён ва муҳоҷирати эрониён ба Осиёи Миёна алоқаманд медонад, балки ба давраҳои қадим ва ҷуғрофиёи таърихие, ки мардуми тоҷик дар он ҷо ташаккул ёфтааст, марбут дониста, қадимию меросдор будани тоҷиконро собит месозад. Ҳамзамон, роиҷ будани забони тоҷикиро дар замони чингизиҳо то давраи манғитиҳо тасдиқ карда, расмулхатти давлатӣ будани забони тоҷикиро бо далелу ҳуҷҷат тасдиқ менамояд. Ба ғайр аз ин, аз ашъори амирони манғит, ки бо тоҷикӣ шеър гуфтаанд, намунаҳоеро дар маҷмуааш ворид месозад.

Устод Садриддин Айнӣ бо чопи “Намунаи адабиёти тоҷик” бори дигар собит месозад, ки тоҷикон дар Осиёи Миёна мардуми қадима буда, бо эрониёне, ки ба сифати асиру муҳоҷир вориди ин сарзамин шудаанд, туркони салҷуқӣ ва ё узбеконе, ки пас аз насли Чингиз дар қарни сенздаҳум арзӣ ҳастӣ кардаанд, инчунин миллатҳои дигари Осиёи Миёна, ки муқими ин ҷуғрофиё мебошанд, ҳеҷ гуна алоқамандӣ надоранд. Ба ақидаи муаллиф, тоҷикон аз замони ориёиҳо дар ин минтақа арзи ҳастӣ карда, дар дарозои таърих ба як миллати воҳид мубаддал гашта, дорои ҳувияти баланд, урфу одати устувор, забони воҳид ва суннатҳои пойдор мебошанд. Ин миллат дар таърихи гузашта бо қабилаҳои турк, қирғиз, қазоқ, узбек, туркман ва қавмҳои дигар ҳақи ҳамсоягӣ дошта, дар рушди адабиёт ва фарҳанги онҳо таъсири амиқ гузоштааст.

Дар ҳофизаи таърихии устод Айнӣ ҳастии тоҷикон ва адабиёти оламшумули онҳо ҷойи намоён гирифта, олим аз аввал то ба охири маҷмуа исбот менамояд, ки халқи тоҷик  мероси фарҳангию адабӣ, забон, урфу одат ва суннатҳои устувор дошта, метавонад соҳибихтиёрии худро талаб намояд ва ҳамчун ҷумҳурии мустақил фаъолият намояд. Бояд гуфт, ки маҷмуаи “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро устод Садриддин Айнӣ бо амри дил ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ таълиф кардааст.

Вай пеш аз таҳияи маҷмуа дар шумораи дувуми рӯзномаи “Овози тоҷик”, аз 12 моҳи марти соли 1925, эълон интишор карда, ба зиёиёну ҳаводорони адабиёти тоҷик муроҷиат намудааст, ки барои навиштани маҷмуае бо номи “Намунаи адабиёти тоҷик” тасмим гирифтааст ва умедвор аст, ки алоқамандон ба суроғаи муайянкардаи адиб маводҳои заруриро дар шакли дастхат ё баёз дастрас менамоянд.

Баъди аз нашр баромадани “Намунаи адабиёти тоҷик” душманону ҳарифони муаллиф бештар шуда, ҳар кадом кӯшиш менамоянд, ки пеши тақсимоти китобро дар миёни аҳолӣ гиранд ва нагузоранд, ки асари пурқимат дар шаҳрҳои пешқадам ва ноҳияҳои Тоҷикистони  Мухтор паҳн шавад. Дар ин кор тоторҳои манфиатҷӯ, пантуркистони миллатгаро зиёдтар шарикӣ карда, барои паҳн шудани он монеъа мешаванд. Аммо бо дастгирии Абулқосим Лоҳутӣ ва баъзе шарқшиносони рус китоб ба ҳаводорони асилаш саривақт расида, инқилоби маънавиро дар миёни ҷомеа ба вуҷуд овардааст.

Устод Лоҳутӣ хуб медонист, ки китоби мазкур дар ҳифзи забони форсӣ ва мероси адабии мардуми форсизабон нақши калидӣ хоҳад бозад ва барои ҳимояи мероси фарҳангии эронитаборон дар Иттиҳоди Шуравӣ мусоидат хоҳад намуд. Аз ин рӯ, чопи маҷмуаи устод Айниро бо хушнудӣ мепазирад ва ба ҳимояи адиб бархоста, ӯро аз ҳамлаҳои хатарноки душманонаш ҳимоя менамояд. Доир ба пураҳаммият будани маҷмуаи “Намунаи адабиёти тоҷик” донишманди дигари эронӣ Саид Нафисӣ изҳори назар карда, ба хидмати устод Айнӣ баҳои баланд медиҳад.

Ҳамин нуктаро баъдтар донишманди тоҷик М. Раҷабӣ мавриди пажуҳиш қарор дода, таъкид мекунад, ки “Намунаи адабиёти тоҷик” дар баробари муаррифии адабиёти тоҷикӣ, дар шинохти адабиёти форсӣ нақши бу- зург бозида, устод Айнӣ дар ҳамон шароити вазнин аз истифодаи истилоҳи “забони форсӣ” ва “адабиёти форсӣ” даст накашида, дар маҷмуааш аз мафҳумҳои мазкур истифода мекунад ва ба муштаракоти мероси адабии халқҳои тоҷику эронӣ арҷ мегузорад.

Мақолаҳои туҳматбор иродаи сиёсиву иҷтимоии устод С. Айниро шикаста натавонистанд. Вай ба ҳасадхӯрону натавонбинон кам аҳаммият дода, дар атрофи худ қувваҳои солим ва хайрхоҳи миллати тоҷикро ҷамъ меоварад ва аз “Намунаи адабиёти тоҷик” дифоъ мекунад. Аксарияти тарафдорони нависанда ҳадафҳои собитқадамонаи олими ватандӯстро хуб медонистанд ва иқдомҳои наҷибонаи муҳаққиқро дастгирӣ менамуданд. Ҳамин буд, ки ба муқобили чунин мақолаҳои ғаразнок муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бархоста, китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ва муаллифи онро аз зарбаҳои сахти таърих ҳимоя карданд ва доир ба қимати илмию адабии маҷмуа андешаҳои судмандро баён намуданд.

Шарҳи баҳсҳои адибон ва муҳаққиқон дар рисолаи А. Маҳмадаминов “Ҷустуҷӯҳои ҳақиқат” (“Поиски истины”, Душанбе, 1994) ба таври муфассал  зикр ёфтааст.

Бузургтарин хидмати устод Айнӣ дар таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик” аз он иборат аст, ки вай дар лаҳзаҳои карахтии забон ва адабиёти тоҷик, дар лаҳзаҳое, ки забони узбекию туркӣ забони давлатӣ эълон шуданду ба забони тоҷикӣ маҳдудиятҳои сунъӣ бор карданд, ҳамчун аслиҳаи тавонои тарғиботӣ арзи ҳастӣ намуд ва барои исботи таърих, фарҳанг ва забони тоҷикӣ нақши созгор бозид.

Воқеан, устод Садриддин Айнӣ бо як ҷасорати ниҳоят қавӣ бар зидди ҳама гуна неруҳои тундрав ва рақибони сиёсии миллати тоҷик бархоста, на танҳо мероси адабии халқи тоҷикро ҳифз менамояд, балки аз ҳастии халқи тоҷик ба сифати миллати куҳан дифоъ карда, дар заминаи сарчашмаҳои муътамади илмӣ ташаккули забон ва  адабиёти тоҷикро сареҳан равшан менамояд.

Устод Садриддин Айнӣ ин амри таърихро бар дӯш гирифта, маҷмуаи “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро саривақт интишор кард ва дар лаҳзаҳои барои сарнавишти халқ ниҳоят душвор ва тақдирсоз аз уҳдаи супориши таърихӣ баромад ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва аз байн рафтан наҷот дода, барои таъсис ёфтани ҷумҳурии мустақили тоҷикон заминаи реалӣ фароҳам овард.

Хидмати устод Садриддин Айнӣ ва маҷмуаи ӯ “Намунаи адабиёти тоҷик” дар пешрафти адабиётшиносии тоҷикӣ роҳи васеъро боз намуд ва барои пайдо шудани мактаби илмӣ мусоидат кард. Ҳамзамон, ҳамчун омили муҳимми худшиносии миллӣ хидмат карда, барои ҳифзу ҳимояи забон ва адабиёти тоҷикӣ, ҳастии миллат ва фарҳанги миллӣ нақши созгор гузошт.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академик

 

Дигар хабарҳо