Ҷойгоҳи фаромиллии «Намунаи адабиёти тоҷик»

 Ҷойгоҳи фаромиллии «Намунаи адабиёти тоҷик»

Чу он Исо пайи эъҷоз бархост,
Зи хоки мурдагон овоз бархост.
                                                         Умархони Кобулӣ

Оре, Инқилоби Октябр Исои Масеҳ буд, ки халқҳои мурдаро аз нав зинда кард, номи олимону адибонашонро на фақат зинда, балки осорашонро низ ба табъ расонд ва дар дастраси онҳо ва ҷаҳониён қарор дод. Тоҷикон яке аз ҳамин гуна халқҳои хушбахт буданд, ки бо кумаки халқи рус, болшевикон, инқилоб, аввал, соҳиби мухторият (1924) шуданд ва сипас, мақоми ҷумҳурии мустақил (1929)-ро дарёфтанд ва барои аввалин бор баъд аз 1000 соли бедавлатӣ на танҳо соҳиби давлат, балки пойтахт, парчам, нишон, суруди миллӣ гардиданд.

Ба қавли Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, «соли 1924 Ҷумҳурии Худмухтор ва соли 1929 Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт… Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард. Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби сарзамин кард, эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллати тоҷик қувват гирифт».  Аммо ин озодшавӣ аз асорати 1000-сола кори осон набуд, зеро пантуркистону панисломистон, неруҳои зиддимиллӣ, аксулинқилобиён, аксултоҷикон мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд. Лиҳозо, Ҳукумати нави Тоҷикистон ба устод Айнӣ супориш дод, ки маҷмуаеро аз осори гузаштагон омода кунад, то мавҷудият халқи тоҷик ва илму адабу фарҳангу маънавиёти баланди онҳоро дар Мовароуннаҳрро собит намояд. Ин корро устод дар як муддати кӯтоҳ ва ба наҳви аҳсант ба анҷом расонд ва аввалин китоби адабиётшиносии тоҷик «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дар соли 1925 иншо намуд. Он дар соли 1926 дар Маскав нашр шуд. Манзараи иншои ин китобро устод Лоҳутӣ дар пешсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» чунин тарсим кардааст:

 «Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили муҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд. Садамоти дунё, занҷирҳо, зиндонҳо, чубҳову шиканҷаҳо устодро пиру мунҳанӣ кардаву чашмонашро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин, як сол буд, ки ба ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохта буд. Он рузҳо китоб ба поён расидаву машғули покна- виси он буданд. Ман онро мухтасаран мурур кардам. Чунонки худи устод шарҳ дода, бо сабабҳои бисёре ин китоб бе ҳеҷ гуна танқиду таҳлиле навишта шудааст. Аммо барои танқиду таҳлили нависандагони ояндаи тоҷик ғанитару ҷомеътарини манбаъҳои адабиёти тоҷикист. Ба фикри ман, «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри тараққии адабии тоҷикон аст. Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дару кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфтаву ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуда».

Зимнан, вақте ки фиқраи поёни суханони устод Лоҳутиро, ки «устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дару кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфтаву ба даст оварда ва дар натиҷа заминаи ҳозире барои танқиду таҳлилоти адабии тоҷикон омода намуда»-ро хондам, ба хотирам суханони зери яке аз шогирдони маъруфи устод Айнӣ Раҳим Ҳошим расид, ки гуфта: «Соли 1948, боре дари хонаам тақ-тақ шуд, бароям, ки домулло. Ҳайрон шудам. Гуфтанд, ки ҳозир девони Нозими Ҳиравӣ даркор шуд, кас набуд, ки фиристонам. Худам омадам. Ба хона надаромаданд. Китобро гирифта рафтанд. Магар ки ҳамон соат, ҳамин  чизро дидан лозим шуда, барои канда нашудани рабти мусалсали фикрҳояшон ин корро ба таъхир андохтан мумкин набудааст ва ба сабаби набудани касе худашон омадаанд».

Роҷеъ ба шуҳрату аҳаммияти «Намунаи адабиёти тоҷик» олимону адибон, арбоби сиёсату мактабу маориф, муар- рихон, забоншиносон, рӯзноманигорон, умуман, аҳли қалам суханони арзишманд гуфтаанд, аммо нақли гуфтори эшон суханро ба дарозо мекашад. Лиҳозо, мо бо овардани суханони худи устод Айнӣ иктифо менамоем. Ба қавли ӯ, «ин асар дар замони худ ба фоидаи сиёсати миллии партия нақши калон бозӣ кард. Чунки дар он вақтҳо пантуркистон ба муқобили тақсимоти миллӣ иғво паҳн мекарданд ва ин сиёсти миллии партияро «парча-парча кардани туркҳо» мешумурданд ва бар зидди барпо шудани Ҷумҳурияти Советии Тоҷикистон бошад, боз ҳам сахттар иғво паҳн мекарданд: «Дар Осиёи Миёна тоҷик ном як халқ нест, ҳамон узбеконанд, ки бо таъсири Эрон ва мадраса забони худро гум кардаанд», мегуфтанд.

Ана, ин асар «Намунаи адабиёти тоҷик», ба далелҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронд ва ба даҳони онҳо муҳри хомушӣ зад».

Мутаассифона, бархе аз намояндагони неруҳои аксулинқилобӣ, зиддимиллӣ ба «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳуҷум карданд ва даъвоҳои беасос пеш оварданд. Яке аз даъвоҳои онҳо ин буд, ки гӯё дар асари устод Айнӣ назари танқидӣ вуҷуд надорад, ӯ ба ҳамаи адибон баҳои якхела додааст. Ҳол он ки устод ба осори адибон холисона ва аз нуқтаи назари муҳиммияти афкор ва ғояи баланди осорашон баҳо дода, аз афкори мутараққии онҳо ҷонибдорӣ намуда, аз афкори иртиҷоии онҳо фосила гирифтааст. Дар ин бора адабиётшинос Аҳмад Абдуллоев чунин мегӯяд: «Айнӣ аввалин адабиётшиноси муътабар ва базарбаи тоҷик дар замони сотсиалистӣ буд. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и ӯ китоби фундаменталист, ки илми адабиётшиносии моро дар равобити анъанаҳояш санҷида ва чигунагии принсипҳои тозаи ғоявию эстетикии онро дар таҳлилу таҳқиқ муайян намуд. С. Айнӣ баҳои адибон ва санҷиши асарҳои онҳоро ба таври объективӣ ва дар асоси ҳукми талаби реализм ба вуҷуд овард: масъалаҳои назарию адабии тамаддуни куҳанро аз чашмандози олими советӣ ҳал намуда ва дар асоси методологияи ҷамъияти мо баррасӣ сохт. Устод Айнӣ чун тазкиранигорон ба ҳама қариб якранг ва дар як пояю равия баҳо надода, адибони пешқадамро ситоиш карда, моҳияти халқию демократии эҷодиёти онҳоро таъкид намуд: намояндагони равияи ғайрифаъол ва чигунагии руҳияи эҷодии онҳоро ҳам нишон дода, муҳокимаҳои танқидӣ пеш ронд».

Мусаллам аст, ки устод Айнӣ олими назарияпардоз, раҳнамо ва дастургаро низ маҳсуб мешавад. Яке аз назария ва дастурҳои муҳимми ӯ, ки дар сарсухани китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» мунъакис шудааст, ҷорӣ ва сорӣ намудани истилоҳи адабиёти «форс-тоҷик», ки ба танзим ва тақсими мероси муштараки тоҷикону форсҳо, соҳибони аслии адабиёти ду кишвар – Эрон ва Тоҷикистон ихтисос мегирад, ба ҳисоб меравад. Дар ин бора олими маъруфи шарқшинос Б. Комиссаров дар мақолаи «Айнӣ ва мероси адабӣ» чунин навиштааст: «Маълум аст, ки сарсухани аз номи Иттифоқи нависандагон нашр гардидаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (соли 1940), асосан, бо ташаббус ва роҳбарии Садриддин Айнӣ таълиф шудааст. Дар ин сарсухан ақидаи барғалате, ки гӯё тамоми адабиёти классикӣ (асрҳои Х-ХV) ба тоҷикон нисбате надошта, танҳо моли эрониён будааст, аз ҷиҳати илмӣ рад карда шудааст.  Садриддин Айнӣ ба таври боварибахш исбот кард, ки тоҷикон ворисони қонунии мероси адабии асрҳои Х-ХV мебошанд.

Вале дар айни замон ҳуқуқи эрониёнро ҳам ҳаргиз маҳдуд накардааст. Ин марди бузург ҳуқуқи таърихии ҳар ду халқро ба назар гирифта, нисбат ба мероси адабиёти классикии асрхои Х-ХV ба кор бурдани таъбири оқилонаи «адабиёти форс-тоҷик»-ро пешниҳод кард. Ин таъбири сареҳ ва мантиқан дурусти бебаҳс эътирозҳои зиёде ба вуҷуд овард. Вале ҳақиқат раднопазир аст, дар андак вақт тамоми шарқшиносони советӣ ва бисёр эроншиносони хориҷӣ дурустии таклифи Садриддин Айниро эътироф карданд.

Чунончи, асари бузурги шарқшиносони чех, ки зери роҳбарии Ян Рипка таълиф ёфтааст, «Таърихи адабиёти форсу тоҷик» ном гирифт, матолиби он мувофиқи фармудаи устод Садриддин Айнӣ баён шудааст».

Дар бораи аҳаммият ва ҷойгоҳи китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» дар ҳаёти илмиву адабиву фарҳангиву сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик низ донишмандон суханони зиёд гуфтаанд. Аммо дар ин замина нақли достони «Шаҳиди зинда»-и Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, ки китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ӯро на танҳо дар тамоми муддати ҷанг ҳамроҳӣ карда, ба вай пару бол бахшидааст, балки пас аз тир хӯрдану захмин гардиданаш бо худ ба Тоҷикистон меорад, басо ҷолиб мебошад. Дар ин бора устод Соҳиб Табаров дар мақолаи «Шоири майдони муҳориба» чунин менависад: «Таърих воқеаро дар хотир надорад, ки ҷанговари қаторӣ аз дақиқаҳои нахустини борхалтаи аскариро ба души худ бардоштан то соати охирини аз майдони ҷанг баромаданаш дар байни ҳама лавозимоти ҳатмӣ ва зарурии ҷангиаш китоби бадеӣ, дурусттараш, гулчини тамоми мероси адабии миллати худро аз байни тамоми дуду оташ, хунрезию қурбониҳо ва ҷангу муҳорибаҳо гузаронида, онро пас аз захмину тирхӯрда шуданаш ба зодгоҳаш боз орад.

Ин китоб «Намунаҳои адабиёти тоҷик» буд, ки дар соли 1940 аз ҷониби Холиқ Мирзозода, Ҷ. Суҳайлӣ, Ҷалол Икромӣ, Кибриё Лутфуллоева, Л. Бузургзода тартиб дода, дар зери таҳрири умумии Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, И. Брагинский ва консултатсияи Абулқосим Лоҳутӣ аз чоп баромада буд ва дар он порчаҳои мероси ғании адабиёти хаттӣ ва шифоҳии халқи тоҷик аз асри Х то соли 1940 гирд оварда шуда буданд. Ин китоб дар баробари ҳамаи аслиҳаи ҷангӣ ба ҷанговари тоҷик ҳамчун яке аз сарватҳои муҳимми маънавӣ, диҳандаи қувваю иродаи мустаҳкам дар майдони муҳориба ва ҷангҳои хунин бо фашистони немис хизмат намуд. Ин «китоби заррин» (дар ҳақиқат, дар муқова унвони «Намунаҳои адабиёти тоҷик» бо зарҳали сафед сабт шуда буд), ки порчаҳои осори Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Адиб Собири Тирмизӣ, Хоқонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдӣ, Убайди Зоконӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Зебунисо, Бедил, Ҳозиқ, Савдо, Дониш, Шоҳин, Асирӣ ва тамоми адабони советии тоҷикро дар бар мегирад, аз байни хуну оташ гузашта, тир хӯрда, «шаҳиди зинда» гардида, ба соҳибаш, ба ҷанговар ва шоири оянда Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ қувваю илҳом ва матонату ҷасорат мебахшад. Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ин китобро аз ҷангҳои хунин дифоъ намуда, бо ҳамин ҳам Ватани бузурги Шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ва ҳам тамоми сарватҳои маънавии халқи тоҷикро ҳимоя кард. Аз ҳамин ҷост, ки «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ва ба воситаи он мероси ғании саромадони адабиёти классикӣ шабу рӯз, дар набардҳо ва дар соатҳои зафар ба ҷанговари тоҷик болу пар ва манбаи қаҳрамонию ҷасорат мегардад.

Бинобар ин, шоир менависад:

Маро андар зафарҳо
Ҳамсафар шуд,
Чу аскарбачаи тоҷик ҳар ҷо
Ватан гуфту Ватанро чун сипар шуд.

Ҳар он заҳмату машаққате, ки бар дӯши ҷанговари тоҷик меомад, ҳатман он насиби ин китоб – осори адибони тоҷик мегардиданд… Аммо ин «шаҳиди зинда»-ро, ки машъали ақлу хирад, маърифату дониши удабою уламои халқи тоҷик ҳисоб меёбад, ҳеҷ гуна кинаю адоват, сӯхтору куштор аз байн рабуда наметавонад. Бинобар ин, «Намунањои адабиёти тоҷик», яъне мероси беҳтарини адибони тоҷик чи дар солҳои ҷанг, чи имруз ва чи оянда муҳофизи инсону инсонгарӣ, хайру некӣ ва душмани ашаддии ҷангу ҷангҷӯён ҳисоб меёбад ва дар ҳифзи хираду адолат то абад содиқ меистад. Бесабаб нест, ки Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ мақоми ин китобро хеле баланд шуморида, чунин навиштааст:

Хирад дар ҳифзи олам
Дар китобам
Чу аскарҳо паёпай саф кашида,
Суханварҳо-сипаҳдорони аъзам
Чу маршалҳо ҳувайдо пеши дида.

Воқеан, устод Соҳиб Табаров дар бораи достони «Шаҳиди зинда» («Намунаҳои адабиёти тоҷик») дар мақоли дигари худ – «Эҳёи нав» батафсил сухан ронда, ба хонандагон хабар медиҳад, ки ӯ ин китоби захмин – «Шаҳиди зинда», яъне «Намунаҳои  адабиёти тоҷик»-ро, ки шоир дар борхалтааш дар қатори асбобҳои ҷангӣ нигоҳ медоштааст, бо чашмони худ дидааст. Лиҳозо, ӯ пешниҳод мекунад, ки бояд ин китоб мисли китоби «Дохунда» дар Осорхонаи адабиёт нигоҳ дошта шавад. Ба фикри ӯ, «достони «Шаҳиди зинда»-и А. Қаҳҳорӣ, дар ҳақиқат, ҳамчун шаҳиди зиндаи замони ҷанг ба назар мерасад, ки он шаҳид китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» мебошад ва он китоб гулчини осори адибони тоҷик аз асри IХ то соли 1940 буд. Банда он нусхаи китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик»-ро, ки А. Қаҳҳорӣ дар борхалтаи аскарии худ дар қатори лавозимоти заруритарини ҷангӣ аз соати нахустини даъваташ ба дифои Ватан маҳфуз доштааст ва ба мисли худаш тамоми азобу кулфати ҷангро аз сар гузаронидааст, борҳо дидаам. Шоир лаҳзаи охирини маҷруҳгардии чи қаҳрамони асосии достон – ҷанговари советӣ ва чи «Намунаҳои адабиёти тоҷик»-ро ба таври зайл қаламкашӣ намудааст:

Натанҳо ман шудам ин рӯз захмин,
Китобам чок шуд аз тири ағёр.
Аз он омад садои ҷони аҷдод,
Баромад дудҳои ҷанги хунхор.

Акнун ҷои ин китоби ҷанговарро ба мисли нусхаи «Дохунда» ва ё дигар китобҳои захмини тоҷикӣ бояд Музеи адабиёт гирад ва ин ақидаро А. Қаҳҳорӣ низ дар достони худ ин тавр ҳаққонӣ таъкид кардааст:

Китобам-ҳайкали бедори тоҷик,
Шаҳодатномаи мулку замона…».

Маълум аст, ки аз нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) сад сол ва «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) ҳаштоду шаш сол мегузарад. Агарчи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар замони истиқлол борҳо мавриди чоп қарор гирифт, аммо, мутаассифона, китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» то ҳол ба алифбои кириллӣ бозгардон ва нашр нашудааст. Моро зарур аст, ки ин китобро низ бозгардону нашр намоем ва дар дастраси аҳли илму адаб ва хонандагон қарор бидиҳем.

Ҷамолиддин Саидзода

Дигар хабарҳо