Паёми шодбошии Пешвои муаззами миллат ба муносибати иди Қурбон
«Намунаи адабиёти тоҷик» 100-сола шуд!
Қудрати Айнӣ
Дар ҳошияи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”
Дид дунёи маониро зи пушти як камин,
Шуд бурун аз тангнои гуфтаи “қисмат ҳамин”.
Бори ранҷаш шуд гувоҳи ҷони сахти одамин,
Дафтараш шуд ҳуҷҷати бахти тамаддунофарин.
Ҷойҳои доғи ҳар чӯбе ба пушту шонааш
Карда буданд аз ҳама фӯлодтан афсонааш.
Чун дарахти пурширеши боғ ҷисмаш гашта буд,
Ёр не, ҷонаш раҳонд аз марг як бегонааш.
Дар замони ҷоншикори пушти девор ин далер
Не зи гурги давр метарсиду не аз хашми шер.
Бе муҳофиз менавишт ашъори худро рӯзу шаб,
То зи ҷонбозон намонад дар раҳи мақсуд дер.
Баски аз дасти аҷал дар зиндагонӣ раста буд,
Парчами нангаш ба фаҳми давр оташдаста буд,
Хомааш бигзашта буд аз сарҳади мулки баҳо,
Гӯиё нури нигоҳи дидаи барҷаста буд.
Килки тезаш найзаро мемонду неши тирро,
Ёд меовард ҳарфаш ҳалқаи занҷирро.
Қаҳрамонӣ нест шуҳрат, қаҳрамонӣ ҷуръат аст,
Хоббинон ҷустаанд аз хомааш таъбирро.
Як асар таърих гашту аз Хуросон қисса кард,
Аз Халиҷи Форс то мулки Бадахшон қисса кард.
Аз ҳаёти бумиёну сарбадорон қисса кард,
Аз диёру саргузашти номдорон қисса кард.
Ояд аз ҳар қиссааш оҳи дилу фарёди талх,
Аз раҳи оғози ширин монд танҳо ёди талх.
Ашки ҳасрат абрҳо аз дидаҳо мерехтанд
Дар Бухорои Шарифу дар Ҳироту Тӯсу Балх.
Буд ин эҷод ҷамъи олами овозҳо,
Буд сози зиндагиоҳанг байни созҳо.
Бар гиребон даст гашту бар гулӯҳо устухон,
Барқ шуд балки пайи тарси сиёсатбозҳо.
Ин асар як хӯша буду хирман аз дунбол дошт,
Кард гӯё тӯдаеро, ки тахаллус “лол” дошт.
Гашт марҳам захмҳои даврро ҳам ин асар,
Аз варақ пар шоҳини мақсуди мардум бол дошт.
Кард обод ин асар садҳо харобӣ баъди сел,
Доғҳои куҳнаро кард аз макони ғам гусел.
Хуфтаи садсолаи соҳибватан бедор шуд,
Ин асар шуд баҳри исботи ватандорон далел.
Вақти тӯфон ин асар доди ҳама эҷод дод,
Гашт борону ҳавои бодро бар бод дод.
Додрас гашту ҷавоби умрбоди дод, дод,
Номаи ширинии дидор бар Фарҳод дод.
Ин асар садҳо фаромушгаштагонро ёд кард,
Дар дами фарёд чун фарёдрас фарёд кард.
Нӯшдоруро сари вақт ӯ ба Суҳробаш расонд,
Як асар бо қудраташ як мамлакат бунёд кард.
Муҳаммад Ғоиб
Ҷоми Ҷами тоҷик
«Намунаи адабиёти тоҷик»-и Айнӣ
Нахустсафҳаи тақвими Тоҷикистон шуд.
На, балки санги бинои тамаддуни тоҷик
Чу «Шоҳнома», ки бо муҳри меҳр унвон шуд.
Ситораҳои парешони осмони адаб
Ба назм омада яксар чу хӯшаи Парвин.
Ғубори асру замонро зидуд аз рухашон,
Бибаст шаҳри Абадро ба гавҳарон озин.
Чунон ки дар фалаки маънавӣ дурахшон шуд
Харитае, ки хати марзи он чу шамшер аст.
Харитае, ки бар он ҳеч дахл натвон кард,
Ба хиттае, ки камин посдори он шер аст.
Равони поки бузургони рафта шуд эҳзор
Дар анҷуман, ки шаҳодат диҳанд бар тоҷик.
Ба сар ниҳанд варо тоҷи давлати дерин,
Бурун кашанд варо аз дами шаби торик.
Ба рағми хасм на ин ки сулолаи манғит,
Сипоҳи Наср зи Ҷайҳуни маънавӣ бигзашт.
Ва оби зиндагӣ аз Ҷӯйи Мӯлиён омад,
Салои Рӯдакӣ гулбонги тоза Сомон гашт.
“Намунаи адабиёти тоҷик”-и Айнӣ
Ба дасти миллати тоҷик Ҷоми Ҷам гардид.
Ҳакими Тӯс агар не, дигар Абулқосим
Рафиқи Айнии меъмори нав Аҷам гардид.
Ба даври ҷовиди ин ҷоми анҷуманафрӯз
Ҳамеша давлати тоҷик ёри хуршед аст.
Фурӯғи он нашавад кам дар ошёни сипеҳр,
Ба фазли гавҳари он, к-аз табори хуршед аст.
Рустам Ваҳҳобзода
Хатти барот
Вақте ки хасми мункири тоҷики тоҷвар
Бар сафҳаи тилоии таърихи ростин
Ангушти рад ниҳод,
Вақте китоби қисмати миллат фитода буд
Дар чанги девбод,
Айнӣ, ки айни ойинаи руҳи халқ буд,
Хатти барот дод ба мо бо “Намунааш”.
Он гаҳ ба чашми хираи даврон тулуъ кард
Симои ориёии хуршедгунааш.
Дар зулмати ҷаҳолати даврон нубуғи ӯ
Чун оташи муқаддаси дерин забона зад.
Бо килки хеш синаи шабро шикофта,
Нақбе ба сӯи равшании ҷовидона зад.
То бигзарад зи сарҳади пурбими нестӣ,
Тоҷикро ба даст гузарнома дод ӯ.
То хешро шиносаду ёбад асолаташ,
Ойинае баробари миллат ниҳод ӯ.
Чашмони буму шабпари тоҷикситезро
То ҳол бо дурахшиши худ хира мекунад
Симои ориёии хуршедгунааш.
Эҳсоси бенамунаи меҳанпарастияш
Фаввора меазанад
Аз сатр-сатри сафҳаи поки “Намунааш”.
Толиби Луқмон



