Хостгоҳи Наврӯз. Ҳамсадоӣ бо Паём
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ – “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” соли 2026-ро соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон карда, бори дигар ба зарурату аҳаммияти таваҷҷуҳ ба масъалаҳои эҳёи хотираи таърихии миллат, тақвияти ҳисси худшиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолӣ, масъулият дар баробари ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани онҳо ба сифати “шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик”, ҳифзи арзишҳои моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик таъкид карданд.
Иқдоми бесобиқаи дар ин Паём ироагардида, ки рӯйкарди амалии масъалаҳои зикршударо дар бар мегирад, дастури Роҳбари давлат доир ба бунёд намудани “Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” мебошад.
Аҳаммияти бунёди “Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз”-ро, аз як тараф, зарурати ҳифзи ҳофизаи таърихӣ, арҷгузорӣ ба таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ, тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ва тарғиби андешаи умумибашарӣ таъйид кунад, аз ҷониби дигар, ниҳодҳои мазкур дар тарбияи насли худогоҳу хештаншиноси миллӣ мусоидат хоҳанд кард. Ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани баргаҳое аз таърихи пурифтихори миллати ориёӣ ва моҳияти ҷаҳонии Наврӯз аҳаммият ва шукӯҳи Марказро афзун хоҳад кард.
Андешаи бунёди ниҳодҳои мазкур ҳатман касро ба гузашта, ба дарозои таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ роҳнамоӣ мекунад.
Агар ба шавқи ҷустуҷӯ дар суроғи таърихи фарҳанг ва тамуддуни миллати тоҷик иқдом шавад, бо масири тулоние дучор хоҳем шуд, ки паҳнои бениҳоят васеъ дорад.
Таърихи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар ва фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ ба дарозои ҳамин масири таърихӣ ва паҳнои густардаи он тӯлу арз дорад. “Ҳар инсони соҳибфарҳанг, – таъкид мекунад Пешвои миллат, – таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд”.
Дар ин нақли қавл ба нуктаи муҳимми равшангароёнае, ки дар ибораи “лаззати ҳисси ифтихори миллӣ” нуҳуфтааст, андеша мебояд кард! Лаззатро дар ин ибора ба маънии хушӣ ва фараҳ фаҳмидан кам аст, балки ба неъмат ва маърифате ишора дорад, ки дар натиҷаи андешидан перомуни моҳияти масъала дарк мешавад.
Пайванди дирӯз бо имрӯз ва иртибот ба оянда қонунияти умумие дорад, ки аз назари таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба ҳам гиреҳ мехӯранд. Аммо дарки дурусти таърих ба сари худ як масъалаи ҷудогонаест, ки дар шароити зудтағйирёбандаи замони муосир, ҷаҳонишавӣ ва дигаргун шудани арзишҳо аҳаммияти бештар касб мекунад. Барои маърифати саҳеҳи таърих аз қонуниятҳои ҷомеашинохтӣ ва равиши мутолиоти фарҳангӣ, ки дар дидгоҳҳои пасомудернӣ ба он хеле зиёд такя мешавад, низ бояд ба таври васеъ истифода шавад.
Барои мисол, мо марҳалаи рушд ва шукофоии ҳамаҷонибаи давраи Сомониёнро то ҳанӯз таҳти мафҳуми “эҳё” ё «ренессанс» ёд мекунем. Аммо ин эҳё бо фаҳмиши ҳамин мафҳум ва истифодаи он нисбат ба асрҳои миёнаи Аврупо тамоман фарқ дорад. Вижагии муҳимми давраи эҳё дар замони Сомониён ба бозофаринию азнавэҳёшавӣ тааллуқ мегирад. Пеш аз ин давраи таърихӣ ҳадди ақал ду давраи комили эҳёиро ориёинажодон аз сар гузаронидаанд: а) замони Ҳахоманишиён ва б) давраи Сосониён.
Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таърихи аз ин силсилаҳои арҷманд ҳам куҳан дошта, ба мисли хатти сабзи равшан давраҳои гуногуни эҳёро ба ҳам мепайвандад.
Бо таваҷҷуҳ ба мулоҳизаҳои боло аҳди Сомониро, ба назари мо, давраи эҳёи дигарбора номем, дурусттар ба назар мерасад. Як хосияти вижаи қобили ташхис, шиносоӣ ва муаррифӣ дар таърихи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии халқи тоҷик ҳамчун миллати ориёинажод аз он иборат аст, ки онҳо баъд аз ҳар забткориҳо ё шикаст, боз тадриҷан худмухторӣ, озодии дину ойин ва арзишҳои миллии худро аз нав эҳё мекарданд.
Дар ин масир, ки бениҳоят тулонӣ ҳам ҳаст, марзҳои сиёсӣ ва ҷуғрофӣ, мутаассифона, ба дигаргуниҳо дучор мешуданд, аммо марзҳои фарҳангӣ, аз ҷумла қаламрави Наврӯз, ҳамеша дар густариш қарор доштааст.
Бегонагон дар дарозои таърих борҳо бар сари миллати тоҷик тохтанд, ба марзу буми он дастдарозӣ карданд, ҳукуматҳо дигаргун шуда, ба дасти бегонагон афтоданд, шаҳрҳои бузург, ки марказҳои муҳимми фарҳангу тамаддун буданд, борҳову борҳо харобу валангор шуданд, вале руҳияи миллат ҳамеша шикастнопазир боқӣ монд! Боз дар заминаи фарҳанги бунёдкорӣ ва партави нангу номус ва хиради азалии ин мардуми заҳматписанду хирадманд вайронаҳо обод ва шаҳрҳо – марказҳои фарҳангу тамаддун барқарор шуданд. Шуълаҳои чароғи тамаддун аз нав бидурахшиданд.
Наврӯз ҳам ҳамчун ҷузъи муҳимми фарҳанги миллӣ борҳо аз нав эҳё шуд ва нақши фарҳангию иҷтимоии он давра ба давра пурқувват гардида, моҳияти ҳувийятсоз касб кард.
Дар ҳамин эҳёшавиҳо Наврӯз ва маросимҳои алоқаманд ба он, сарфи назар аз мафкураҳои аз назари ақидатӣ ҳоким дар замонҳои гуногун, аз назари фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар авлавият қарор дошт.
Таваҷҷуҳи аҳли илму адаби аҳди Сомонӣ ва давраҳои баъдии наздик ба ин марҳалаи муҳимму сарнавиштсози таърихӣ ба таърихи Наврӯз ва ойинҳои он далели муътамаде барои арҷи ин ҷашни миллӣ дар давраи азнавэҳёшавӣ аст. Огоҳӣ аз паёмҳои равшангароёна ва тасвирҳои наврӯзиасоси шоирони бузурге, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Анварӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Хоқонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, ковишҳои илмии Берунӣ, Умари Хайём ва дигар донишмандон дар ҳошияи бузургдошт, таърих, моҳияти Наврӯз ва расму русуму ойинҳои марбут ба ин ҷашни миллӣ барои насли имрӯз бисёр муҳим ҳастанд. Барои мисол, Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”, ин шоҳкори беназир, пеш аз ҳама ва муқаддамтар аз ҳар андешаи дигар, дар хусуси ҷанбаҳои руҳии таърихи тамаддуни ориёӣ паём медиҳад. Барои ин шоири тавоно ривоёти ҳамосӣ устура ё афсонаҳои холис нестанд, балки истиораҳо ва рамзу розҳое аз бақои руҳи як миллати наҷибзода ҳастанд, ки дар ростои хирад бояд шиносоӣ шаванд. Намоди пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, ки шоир бар он бисёр таъкид меварзад, аз ойини Наврӯз сарчашма мегирад.
Замони Истиқлол, ки мо дар фазои мусоиди он ба сар мебарем, барои миллати муаззами тоҷик фурсати мувофиқе барои азнавсозӣ ва эҳёи дигарбора аст. Барои иҷрои ин зарурат, дар шароити феълӣ, заминаи мусоиди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию адабӣ муҳайёст, барои иқдомҳои амалию корбурдӣ талош ва ҷидду ҷаҳди шоиста мебояд кард. Зарурати дигари дар ҳамин росто ҳамхон, тарғиби фазилатҳои Наврӯз аст, ки моҳияти умумибашарӣ доранд.
Яке аз сабабҳои асосии заволнопазирии Наврӯз ҳақиқати фарҳанги наврӯзӣ, аз ҷумла, омӯзаҳои ҷовидонии навгароӣ, таҷдиди ҳамасолаи макони зист дар оғози соли нав, бознигарӣ ба зоҳиру ботин ва андешаву афкору руҳия аст, ки ба тамоми башарият тааллуқ дорад.
Наврӯз ҳамчун падидаи табибӣ ва маънавӣ ҳам хосияти умумибашарӣ ва ҳам бартарият дорад: дар ҷаҳон қадимтар аз Наврӯз ҷашни сари сол нест, фарҳангу ойину одоби наврӯзӣ “дар рушду камоли маънавии мардумони Шарқу Ғарб” баробар таъсиргузор аст, ҷаҳони маънавии наврӯзибунёд ба арзишҳои маънавии ҳамаи халқҳо арҷ мегузорад, асоси мафкураи онро ҷонибдорӣ аз муносибати хайрхоҳона ва таҳаммулпазирӣ ташкил медиҳад ва ғ.
Бо эъломи бунёди “Маркази байналмилалии Наврӯз” Тоҷикистон вориди марҳалаи дуюми ибтикороти беназир дар ростои бузургдошти ҷашни бостонии Наврӯз мешавад. Марҳалаи якум мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз буд, ки аз тариқи ЮНЕСКО ва СММ дар таърихи 19.02.2010 ба мақоми сабт расид. Шурои 64- уми Маҷмаи умумии СММ доир ба Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз қатънома қабул кард, ки ҳамчун рамзи сулҳи саросарӣ дар ҷаҳон, дӯстии ҳамеша пойдор миёни сокинони сайёра, шод зистан ва аз имконоти мавҷуд барои рафоҳи мардум мусоидат кардан…, ниҳоятан, пайванди фарҳангҳо ва гуфтугӯйи тамаддунҳо паём медиҳад.
Бунёди “Маркази байналмилалии Наврӯз” дар шаҳри Душанбе – пойтахти кишвари маҳбуби тоҷикон ҳамчун намоди миллати қадими ориёӣ, тарғиби фарҳанги умумибашарии Наврӯз, руҳияи шикастнопазири ақвоми ориёӣ дорои аҳаммияти маърифатӣ ва корбурдии амалӣ мебошад.
(Расм аз интернет)
Мисбоҳиддин Нарзиқул



