Ҳамрози кӯдакон

 Ҳамрози кӯдакон

Адибонеро, ки барои бачаҳо эҷод менамоянд, шартан ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст. Ба гурӯҳи аввал метавон онҳоеро ворид намуд, ки умри худро дар роҳи эҷоди асарҳо барои бачаҳо сарф кардаанд. Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Наримон Бақозода ба ин гурӯҳ дохил мешаванд. Гурӯҳи дувум онҳоеанд, ки барои бузургсолон менависанд, аммо гоҳ-гоҳ ба адабиёти кӯдак рӯ меоранд. Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Озод Аминзода, Гулназар, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб аз ҳамин қабиланд.

Шоири маъруф Боқӣ Раҳимзода аз гурӯҳи дувум аст. Шеърҳои барои бачаҳо навиштаи Боқӣ Раҳимзода чандон зиёд нестанд. Ин ашъор дар «Куллиёт», «Ҳаёт ва сухан», «Роҳи тайшуда»-и шоир чоп шудаанд. Боиси хушнудист, ки дар бойгонии ӯ, ки дар Институти забон ва адабиёт маҳфуз гардидааст, ду шеъри бачагонаи Боқӣ Раҳимзода, «Ҷон модарам», «Бузичаяк» (шеъри охир бо ҳамқаламии Муҳиддин Фарҳат) дарёфт гардид. Онҳо то кунун ҷое интишор наёфтаанд. Ашъори барои бачаҳо эҷоднамудаи Боқӣ Раҳимзода, ба таври комил гирдоварӣ гардида, дар назар аст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат дар шакли маҷмуаи алоҳида дастраси хонандагон гардад.

Яке аз сабабҳои ба шеъри бачаҳо рӯй овардани Боқӣ Раҳимзода хоҳи ши Гулчеҳра Сулаймонӣ будааст. Он хотираро Гулчеҳра Сулаймонӣ чунин ба қалам додааст: «Боре, вақте дар нашриёт кор мекардам, аз устод хоҳиш кардам, ки барои тифлон манзумае нависанд. Устод ваъда доданд. Чанде нагузашта, маро ба наздашон хонданд.

– Ана, мо хоҳиши шуморо ба ҷо овардем. Ку, хонед, маъқул мешавад?

Ин пораи аълое буд, манзумаи «Ана, чашмаш ало шуд». Баъдҳо маҷмуаҳои дигари адиб пайиҳам ба нашр расиданд. Масалан асари «Мусича ва рӯбоҳ» соли 1960 дар шакли китоби алоҳида, соли 1983 дар «Шеърҳо ва достонҳо», соли 2019 дар «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе», соли 2013 дар «Тазкираи адабиёти бачаҳо» нашр шудааст. Ҳамчунин, асари «Ана, чашмам ало шуд», чанд маротиба бо номҳои гуногун, амсоли «Гурбаи худписанд», «Рӯбоҳ ва паланг» ба табъ расидааст. Асарҳои Боқӣ Раҳимзода ба забонҳои дигар низ тарҷума ва интишор ёфтаанд. Аз ҷумла, «Кошка-хвастунишка» ба забони русӣ чоп шудааст. Инчунин, дар китоби «Адабиёти кӯдак ва навҷавони Тоҷикистон», ки бо хатти форсӣ дар Эрон интишор ёфт, «Мусича ва рӯбоҳ», «Чашмаш ало шуд» ҷой гирифтаанд.

Мутаассифона, нашрҳо ҳамсони якдигар набуда, дар баъзе аз онҳо ғалатҳо, афтодани мисраъҳо ва бандҳо мушоҳида мешавад. Шеърҳое, ки дар замони барҳаёт будани муаллиф ба табъ расидаанд, ғалати камтар доранд.

Дар нашри осори Боқӣ Раҳимзода баъзе саҳлангориҳо роҳ ёфтааст. Як намунаро ин ҷо ёдовар мегардем:

Вақти шикор ҳамеша
Рӯбоҳи пурандеша,
Думашро меҷунбонид,
Ҳилла мекарду найранг,
Пеш мегардид аз паланг,
Сайде агар шуд пайдо,
Рӯбоҳ истода дар ҷо,
Палангро мефаҳмонид.

Дар шеъри боло дарҳамбарҳамӣ дида мешавад. Мисраъҳо дар матн омехта шудаанд, ки дар натиҷа мазмуни шеър халалдор гардидааст, баъзе мисраъҳо бидуни қофия омадаанд. Дар ин ҷо мисраи сеюм мебоист пеш аз мисраи охир ояд, то қофия ва мазмун халалдор нагардад:

Вақти шикор ҳамеша
Рӯбоҳи пурандеша,
Ҳилла мекарду найранг,
Пеш мегардид аз паланг,
Сайде агар шуд пайдо,
Рӯбоҳ истода дар ҷо,
Думашро меҷунбонид,
 Палангро мефаҳмонид.

Эҷодиёти Боқӣ Раҳимзода бо фолклор иртиботи қавӣ дорад. Дар радифи асарҳои дигари адиб, шеърҳои барои бачаҳо нигоштаи вай низ ин махсусиятро доранд. Агар ба дидаи таҳқиқ бингарем, мебинем, ки писандидатарин шеърҳои барои бачаҳо навиштаи устод Боқӣ Раҳимзода ҳамон шеърҳое мебошанд, ки дар пайравӣ ва баҳра бардорӣ аз фолклор эҷод шудаанд. “Мусича ва рӯбоҳ” дар асоси афсонаҳои халқӣ эҷод шудааст. Ба ибораи дигар, шоир афсонаро ба назм дароварда, дар он баъзе дигаргунӣ ворид намудааст. Дар китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” ин афсона бо унвони “Симак” ёд шудааст. М. Файзуллоева ба ин назар аст, ки “афсонаи Боқӣ Раҳимзода “Гурбаи худписанд” дар асоси афсонаи халқии тоҷикӣ “Шикори шер ва рӯбоҳ” навишта шудааст. Боқӣ Раҳимзода сужаи афсонаи халқиро такмил ва вусъат додааст”.

Воқеан, ин ду асар бисёр самимӣ иншо гардидаанд, ки намунаи хуби шеър барои бачаҳо шинохта мешаванд. Афсона барои бачаҳо хонданӣ аст, аммо вақте он ба қолаби назм медарояд, боз ҳам ҷолибу дилнишинтар мегардад. Аз ин сабаб, бисёре аз адибоне, ки барои бачаҳо менависанд, ба фолклор, хусусан афсонаҳо рӯ овардаанд. Дар ин миён асарҳои “Робияи чилгазамӯй”-и Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, “Рӯбоҳ ва гург”-и Абдумалик Баҳорӣ, “Хобу барфу бод”-и Мирсаид Миршакар, “Достак”-и Ғаффор Мирзо, “Рӯбоҳ ва лаклак”-и Убайд Раҷаб ва дигаронро метавон ном бурд.

Боқӣ Раҳимзода дар навиштани суруд чирадаст буд. Сурудҳое, ки ӯ иншо кардааст, бисёр маъруфанд, пайваста садо медиҳанд. “Иди зафар”, “Республикаи ман”, “Дилороӣ, Душанбе”, ”Дар лаби обе”, “Шодии дил” аз маъруфтарин сурудҳои ӯ ба шумор мераванд. Дар ин радиф барои бачаҳо низ чанд суруд эҷод намудааст. Сурудҳои ӯ аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шуданд. Оҳангсозон ба онҳо оҳанг бастаанд ва дар мактабҳои ҷумҳурӣ аз онҳо фаровон истифода мегардиду мегардад. Дар китоби “Сурудҳо барои мактаббачагон”, “Фирӯзаҷон хобидааст”, ки аз тарафи Вазорати маорифи он замон ҳамчун замимаи китоби дарсӣ таҳия гардидааст, сурудҳои Боқӣ Раҳимзода “Туҳфаи мо”, “Орзу”, “Саъбача”, “Боғча” низ ҷой гирифтаанд, ки ба сурудҳои “Орзу”, “Саъбача”, “Боғча” Фазлиддин Шаҳобов оҳанг бастааст. Дар ин нигоштаҳо низ бардошт аз фолклорро метавонем ба мушоҳида бигирем. Масалан дар китоби “Лафзи ширин” як суруди Боқӣ Раҳимзодаро мебинем, ки дар пайравии суруди халқии “Олуча, гули бодом” эҷод шудааст:

Олуча гули бодом,
Ман духтараки додом,
Додом шишта, чой хӯранд,
Ман чойрезаки додом.
Додом раванд ба Маскав,
Биёранд куртаи нав.
Пӯшида, мактаб равам,
Лӯхтакҷонам, ту бишнав…

Суруди халқии “Олуча, гули бо дом” дар асл аз ду байт иборат аст. Адибони дигар низ аз ин суруди халқӣ илҳом гирифтаанд. Шоири маъруф Убайд Раҷаб низ дар пайравии ин шеъре навиштааст, ки яке аз беҳтарин шеърҳои шоир маҳсуб мешавад. Шеъри Убайд Раҷаб дар заминаи  ҳамон мазмуни шеъри халқист. Боқӣ Раҳимзода руҳияи ҳамони худро ба шеър ворид намудааст.

Шоир барои ифодаи андеша ба калимаҳое, ки имрӯз мавриди корбаст қарор доранд, бештар рӯ овардааст. Ба ақидаи мо, калимаҳои муғлақ, вожаҳое, ки бачаҳо дар хондан ва даркаш мушкилӣ мекашанд, набояд истифода гардад. Калимаҳои зиндаи имрӯзӣ вақте дар шеър меоянд, диққати хонандаро бештар ба худ мекашад. Аз ин рӯ, адибони бачаҳо аз калимаҳои дилчаспу зиндаи имрӯзӣ бештар кор мегиранд.

Дар шеърҳои Боқӣ Раҳимзода, хусусан “Ана, чашмаш ало шуд” аз калимаҳои халқӣ бештар истифода намудааст. Дар ин намунаҳо ба калимаҳои “лиқинг-лиқинг”, “телба”, “дӯғ”, “тақсир” диққат намоед:

Аммо ту бошӣ, харгӯш,
Аз қафои ман хомӯш,
Лиқинг-лиқинг мегардӣ.
Росташ, ҷӯра, номардӣ.

Рӯбаҳи маккор чу ин гап шунид,
Телбаву ҳайрон шуду ҳар сӯ давид.
Гар ки биёяд ба таги он чинор,
Ҳар чи қадар дӯғ занад бешумор»

Харгӯш гуфто: – Не, тақсир,
Наёфтед ҳоло тағйир.

Агар ба дидаи таҳқиқ бингарем, мебинем, ки ашъори барои бачаҳо эҷоднамудаи устод Боқӣ Раҳимзода ҳарчанд аз ҷиҳати теъдод кам бошад ҳам, асарҳои хубу хонданиянд. Мутаассифона, онҳо мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор нагирифтаанд. Ба ҷуз чанд ишорае аз ҷониби муҳаққиқон мақолаи ҷудогонае дар ин замина дастраси мо нагардид. Ҳол он, ки навиштани шеър барои бачаҳо яке аз самтҳои эҷодиёти Боқӣ Раҳимзода ба шумор меравад. Илова бар ин, куллиёти шоир ҳатто ниме аз ашъори барои бачаҳо на виштаи шоирро фаро нагирифтааст. Аз бист адад шеъре, ки дастраси мо гардид, танҳо 6 адад ба куллиёти шоир ворид гардидаанду бас. Бовар бар он дорем, ки муҳаққиқон ба осори барои бачаҳо навиштаи Боқӣ Раҳимзода рӯ оварда, мавриди таҳқиқ ва пажуҳиш қарор медиҳанд.

Насимбек Қурбонзода

Дигар хабарҳо