Тасвири шоиронаи зодгоҳ дар шеъри Бозор Собир
Устод Бозор Собир аз зумраи шоиронест, ки бо тасвирҳои тару тоза ва навпардозиҳои фаровонаш дар адабиёти муосири тоҷик шуҳратёр шудааст. Ӯ дар деҳа ба олам омадаву ба камол расидааст ва аз овони тифлӣ ба ин макон дилбастагиву алоқамандӣ пайдо кардааст. Аз ин ваҷҳ, дар бисёре аз шеърҳои дар солиёни гуногун эҷоднамудааш бо эҳсоси отифӣ аз деҳа ёд мекунад. Алоқамандии шоир ба деҳа дар ҳаддест, ки хурдтарин ҷузъиёти онро бо дарду армон ёдовар мешавад. Бозор Собир таваҷҷуҳи хешро аз қишлоқаки худ иброз медорад ва ба ин макон арзиши баланду тамҷидеро қоил шудааст:
Аз он найи «Маснавӣ», ки афғон дорад,
Қишлоқаки ман дусад найистон дорад.
Шабҳо ҳама аз шамоли Файзободаш
Дар ҳар лаби об найнавозон дорад.
Агар дар ин рубоӣ як навъ муболиға мақоми махсус касб карда бошад, дар рубоии дигари шоир, ки мавриди назари мост, бозёфти шоиронаи Бозор Собир бармало инъикос мешавад. Зеро ӯ хаёлан аз бехи кундаи ҳар дарахт кӯдакии худро меҷӯяд:
Қишлоқаки кӯдакии бобоии ман,
Ёди хасу хори ту дилосоии ман.
Дар кундаи ҳар дарахти ту пинҳон аст
Як кӯзача кӯдакии тиллоии ман.
Ашъори дар ситоиши зодгоҳ сурудаи шоир асосан аз ёдҳо ва хаёли шоиронаи ӯ сарчашма мегиранд ва бозёфтҳои шоиронааш низ дар ин мавзуъ хеле зиёданд. Масалан, «дар кундаи ҳар дарахти зодгоҳ пинҳон будани як кӯзача кӯдакии тиллоии гӯянда» бозёфти шоиронаи худи ӯст.
Яке аз тазоҳуроти ҳунари шоирии Бозор Собир дар тасвири деҳа истифода аз тарзи ҳисомезист, ки дар эҷоди шоирони дигар ба нудрат ба чашм мерасад. Устод Гулназар ҳанӯз соли 1994 роҷеъ ба бозтоби ҳисомезӣ дар шеъри муосири тоҷик ишора намуда, аз ҷумла се шеъри дар маҷаллаи «Садои Шарқ» нашршудаи Бозор Собирро ба ин қатор дароварда буд. Дар ашъори ба мавзуи мавриди назар сурудаи шоир чунин тарзи баён фаровон ба назар мерасад. Вақте ки шоир деҳаи худро ба тасвир мегирад, дар назари аввал он эҳсосот чун ҳисси хусусии худи ӯ ҷилва мекунанд, аммо бо тозагиву таровати худ ба дили хонанда роҳ ёфта, тадриҷан бо эҳсоси хонандагони дигар бархӯрд менамоянд. Шеъри «Фарзанди деҳқон» чунин вежагиро касб кардааст:
Хаёли деҳа бӯи деҳа дорад
Барои ҳамчу ман фарзанди деҳқон.
Чу ёди кишту саҳро мекунам ман,
Хаёлам мешавад абри баҳорон…
…Даруни синаам ҷар мешавад санг,
Даруни синаам гул мекунад хор…
Дар ин мисраъҳо ифодаҳои тару тозаи «дар сина ҷар шудани санг ва гул кардани хор» бо роҳи ҳисомезӣ ва хаёли шоирона рӯи коғаз омадаанд, ки таровату тозагии шеърро таъмин мекунанд. Муҳаққиқи муосири Эрон Алиасғари Шеърдӯст дар ҳисомезӣ муваффақ шудани Бозор Собир ва Лоиқу Гулрухсорро дар асарпазирии онҳо аз шеъри Бедил дониста, чунин қайд кардааст: «Албатта, асарпазирӣ аз шеъри Бедил фақат ба ашъори Бозор Собир маҳдуд намешавад, шоироне дигар чун Лоиқ ва Гулрухсор ҳам ба сабки ҳиндӣ ва шеъри Бедил назар доштаанд».
Тазвиҷи тахайюли шоир бо ҳисомезӣ дар банди дигари шеър чунин идома ёфтааст:
Замини шеъри ман гӯри сухан нест,
Давоми кӯҳу саҳрои диёр аст.
Забони модарии зиндаи ман
Забони барқу борони баҳор аст…
Агар шоир дар ин ҷо «замини шеъри худро давоми кӯҳу саҳрои диёр» арзёбӣ кардаву «забони модарии зиндаи хешро ба забони барқу борони баҳор» шабоҳат дода бошад, дар банди ҷамъбастии шеъри мазкур аз ибораи зебои «шир-шири барги алафҳо» судҷӯӣ карда, аз теппаи баланди тахайюл хок баргирифта, онро бо эҳсоси хеш омехтааст, ки чунин баёни шоирона хоси худи ӯст:
Давоми шир-шири барги алафҳост
Ҳиҷою ҳарфи ман дар шеъри озод.
Ғазалҳои маро дар шабдаравҳо
Ману шаббодаҳо кардем эҷод.
Бозор Собир дар тасвири шоиронаи шаби Файзобод дар суруде, ки бо ҳамин ном омадааст, чун мусаввир даст ба тасвиргароӣ задааст ва ҷузъитарин ашёро, ки дар назари аввал чандон арзише надорад, ба риштаи тасвир кашидааст ва тоблуи фарогири зебоӣ офаридааст:
Пурсояву пурмаҳтоб
Шаб хам-хами Файзобод.
Акси шаби маҳтобӣ
Дар шабнами Файзобод.
Ҳамин банди шеър нақароти суруд буда, ҳисомезӣ дар байти зерин ба авҷ расидааст:
Ноништаи ман умре
Ширрӯғани маҳтобаш…
Тасвирҳои тозаву обнорасидаи шоир дар шеъри «Кулбаи модар» фаровонанд. Омезиши тавсиф ва ташбеҳ дар бандҳои алоҳидаи шеъри мавриди назар аз нигоҳи шоиронаи муаллиф ва эҳсоси хусусии ӯ дарак медиҳанд:
Дар навдаи тути модар овезон
Чун халтаи чакка халтаи маҳтоб.
Дар кундаи тути модар овезон
Чун халтаи моҳ халтаи ҷурғот…
…Бо чак-чаки чака мебарад хобам,
Чун равғани маска мебарад хобам.
Тасвири гузаштани шаби тор ва фаро расидани субҳи деҳаю бедор шудани худро шоир бо таркибу ибораҳои тоза ва шоиронаи «деги гардунро чун модари ӯ ба рег шустани сапеда» ва «гови гардунро чун модари ӯ пагоҳӣ дӯшидани сапеда» чунин қаламдод кардааст:
Вақте ки сапеда деги гардунро
Чун модари ман ба рег мешӯяд,
Вақте ки сапеда гови гардунро
Чун модари ман пагоҳӣ медӯшад,
Бо шир-шири шир мешавам бедор,
Бо шир-шири ширдӯшии модар…
Ин шеър дорои сужет ва композитсияи яклухт буда, ёдовари замони кӯдакии худи шоир аст, ки дар он корбурди санъатҳои бадеӣ, натанҳо ба хотири зебоии шеър хидмат кардаанд, балки онҳоро шоир бо эҳсоси риққатовар омезиш дода, порае аз рӯзгори ятимию фақирии хеш ва додаракону хоҳараконашро бо забони шоирона баён намудааст.
Шоир дар шеъри «Кӯдакиям ҳанӯз гирён аст» бо ёддошти ҳузновар ва отифаи талху риққатангез «доғу дарди ятимии худро дар ҳама сангу хоку хор ва оҳи сарди ятимиашро дар бодҳои саргардони диёр» мебинад ва шеърро чунин ҷамъбаст мекунад:
Дар сари кӯчаҳои Файзобод
Чашм бар роҳи куҳна шому саҳар.
Кӯдакиям ҳанӯз гирён аст,
Дар кафи ӯ хати сиёҳи падар.
Ғаму андуҳи гузаштаи дурро ҳам шоир ба тоқи нисён намегузорад ва ҳамин хамирмоя сухани ӯро ба расидагиву пухтагӣ меорад. Ҳамбастагӣ ва ҳамдардӣ бо табиат, ки шоир як ҷузъи ҷудонопазири он аст, ӯро ба гуфтани шеъри пурдард ва отифӣ такон медиҳад. Чунин ҳолат дар шеъри «Бо хасе танҳо ба танҳо» бармало эҳсос мешавад, ки гӯянда буми кӯреро дар сурати одам тасаввур мекунад ва суруди зилла ба гӯшаш форам мерасаду «бо хасе танҳо ба танҳо афсӯс мехӯрад» ва зимни ин ҳолат як навъ омезиши санъати ташхис ва ҳисомезӣ мушоҳида мешавад:
Аз тани ҷар сулфа мекард
Буми кӯре ҳамчу одам,
Аз сари каҳдарза мехонд
Зилла бо овози форам.
Дар шеъри «Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан…» боз ҳамон ёди кӯдакию наврасӣ ва неруи ҳофизаи шоирона домангири муаллиф шудааст, ки дар хонанда эҳсоси ҳамдардиро ба бор меорад:
Ман ватанро аз қафои пода пайхас кардаам,
Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиам ҳис кардаам.
Бо забону чашму гӯшу бо димоғу дасту по,
Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан, бо самоъ.
Тасвири «дарахти латтабандӣ» ва ибораи шоиронаи бо роҳи ҳисомезӣ ҳосилшудаи «мушти калтут», ки бо буридани навдаҳояш барои парвариши кирми пилла ба чунин ҳолат гирифтор шудааст, дар ашъори Бозор Собир мавқеи вежа дошта, қариб ба ҳадди намод расидааст:
Ҳар дарахти латтабандиаш, ки дар роҳи ман аст,
Он дарахти латтабандӣ нест, ҳамроҳи ман аст.
Ғайр аз он як мушти калтути сари хоки падар
Андар ин дунё наметарсам ман аз мушти дигар.
Иддае аз шеърҳои дар тавсифи зодгоҳ сурудаи шоир дар вазни рубоӣ эҷод шудаанд. Масалан, шеъри «Олучаи латтадор буд модари ман» аз ҳамин қабил шеърҳост. Дар ин шеър шоир модари худро ба олучаи латтадор, ки мардум аз рӯи шугун ба он ихлос доранд, ба мазори зинда шабоҳат додааст:
Олучаи латтадор буд модари ман,
Қишлоқии хоксор буд модари ман.
Яъне, ки бузургвор буд модари ман,
Дар зиндагияш мазор буд модари ман.
Ғазале, ки «Сӯзан агар дар дили ман монд» унвон дорад, аз пурсӯзтарин шеърҳои дар тавсифи зодгоҳ гуфтаи Бозор Собир аст. Саропои ин ғазалро эҳсоси отифӣ, силаи раҳм, ҳузну яъс фаро гирифтааст, ки воқеияти зиндагии инсони муҳоҷир ва навмедро бозгӯ мекунад. Матлаи ин ғазал:
Аз хоки Ватан гӯри падар дар дили ман монд,
Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд.
Ҷолибтарин хусусияти дигари ғазали мавриди баррасии мо мусиқии он аст, ки ҳам аз ҳисоби қофияву радиф ва ҳам аз ҳисоби таркиби вожаҳои ҳамоҳанг тавлид шудааст. Ҷанбаи иҷтимоии ғазал дар байти сеюм хеле қавӣ буда, шоир зимни корбурди санъати таҷнис, ки аз калимаи «дар» таркиб ёфтааст, эҳсоси отифию риққатовари хешро ифода намудааст:
Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост,
Фарзанди падар дар паси дар дар дили ман монд.
Хулоса, Бозор Собир шоири тасвиргароест, ки ба туфайли нигоҳи фарогири шоирона ва тахайюли рангину нозуки ӯ бар асари корбурди моҳирона аз воситаҳои мухталифи бадеӣ ва тарзи ҳисомезӣ дар зодгоҳномаҳояш сафедорон чашм доранд, бо дастони ларзонашон дуо медиҳанд, ҳар калтут метавонад носипосонро чун арвоҳ занад, модари қишлоқии ӯ чун олучаи латтадор ва мазори зинда пеши назар меояд, хоку хошоки диёр шоирро ба сӯи худ мекашад, даруни синаи шоир санг ҷар мешавад, хор гул мекунад ва аз ҳар хасе бӯи касе меояд.
Равшани ҲАМРОҲ,
устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ



