Ҳунари чеҳраофарӣ дар ашъори Низом Қосим

 Ҳунари чеҳраофарӣ дар ашъори Низом Қосим

Дар ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар қиёс бо ашъори ситоишии гузаштагон образи Пешво асоси воқеӣ ва замонӣ дошта, дар онҳо ҷанбаҳои ривоятӣ мушоҳида намешаванд. Танҳо дар тарзи образофаринӣ, шеърият, рамзу санъатҳои бадеӣ монандиҳо мушоҳида мекунем.

Муаллифи пешгуфтори маҷмуаи Низом Қосим «Рамзи Ватан» Асадулло Раҳмон дар мавриди саҳми шоир дар офариниши образи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: «Ин шеъру таронаҳо, ки дар тӯли қариб бист сол дар бораи шахсият ва сиёсати созандаи Сарвари давлат гуфта шудаанд ва дар маъракаҳои зиёди сиёсиву фарҳангии мамлакат садо дода, ба қавле, аз имтиҳони хонандаву шунавандаи соҳибзавқ гузаштаанд, бо ҳамин сабаб ба ҳам оварда, баҳри чоп манзур мегарданд».

Низом Қосим зимни тасвири образи ин шахсияти бузурги таърихӣ лаҳзаҳои нотакрору сабақомӯзи тоҷиконро ёдовар шудааст. Маҷмуаи «Рамзи Ватан»-и шоир шеърҳои меҳандӯстонаро фаро мегирад, он дорои 21 шеър дар васфи Пешвои миллат мебошад. Мутолиаи шеърҳо нишон медиҳад, ки дар офариниши образи Сарвари давлат Низом Қосим муваффақияти назаррас ба даст овардааст. ҳангоми мутолиаи ашъори мазкур, қабл аз ҳама, симои Пешвои миллат ҳувайдо мегардад. Шеъри аввал «Симои халқ» ном дорад. Шоир ба сари кор омадани Эмомалӣ Раҳмонро дар як шароити вазнини таърихӣ саривақтӣ дониста, нигоҳи ӯро ба хуршед ва барои ҳалли мушкилот кӯшиш карданашро ба кирдори Сомонӣ монанд кардааст:

Бишуд чун ҳоли кишвар танг, бо рӯи кушод омад,
Барои родмардиро намудан марди род омад.
Зи хуршеди нигоҳаш абри навмедӣ ба бод омад,
Зи сомон ҷустанаш сомони Сомонӣ ба ёд омад.

Дар ин шеър образи Пешвои миллат заминӣ ва воқеӣ мебошад. Истифодаи таъбирҳои «рӯи кушод», «ҷавонмардӣ», «тадбири пирона» ва ғайра далели ин аст. Ҳангоме ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, ҷавоне буданд, ки танҳо дар дил орзуи хидмат ба Ватанро доштанд, неруи ҷавонмардӣ ба Пешвои миллат қувват бахшид. Бинобар ин, шоир дуруст мегӯяд, ки «ҷавон буду вале тадбири пирони ҷаҳонаш буд»; «ҷавонмардона барпо хест ӯву азми майдон кард». Талабот аз ҳар касе, ки зимоми давлатдориро ба зимма мегирифт, он замон сахт буд. Дар ин бобат худи Пешвои миллат низ борҳо таъкид кардаанд, ки бисёриҳо он вақт ёрои ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлатро надоштанд. Маҳз Сарвари давлат тавонистанд халқро аз ин варта халос намоянд ва «болу пар» бахшанд. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, ба қавли шоир, тақдири худро ба халқ бахшида, акнун танҳо худ нестанд, балки «симои халқи Тоҷикистон» ҳастанд: «Дигар ӯ нест, симои халқи Тоҷикистон аст!»

Пешвои миллатро шоир «дилаш чун рухаш бикшода» номидааст. Ин таъбир – «чеҳраи кушода» (аз шеърҳои «Симои халқ», «Пешвои миллат») ба бисёр шеърҳои ин давра кӯчид, яъне, Низом Қосимро метавон офаридгори таъбири «чеҳраи кушода» дар тавсифи шахсият номид; шоир ин кушодагиро ба офтоб монанд карда, хусусияти гармобахширо аз он донистааст. Ин хислат ба ҷаноби Олӣ кумак расонд, ки ба қавле, бо душманон мадоро кунанд. Чунин инсонро дар урфият дар «шоми торики халқ шамъ шуд» мегӯянд. Дар натиҷа сулҳу сафо барқарор гашту Сарвари давлат ҳамоно аз пайи ободонии кишвар шуданд: «дидаи пурнури фардо – Роғун, сохтмони Сангтӯда, телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон», қомат афрохтани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки онҳоро шоир барои исботи қавли хеш овардааст, намунаи кори аёнии Пешвои миллат аст. Ҳамаи ин боиси «рӯи гулгун»-и мардум шуду ҷаҳониён моро шинохтанд, ки намунааш дар минбари СММ парафшон шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки шоир Низом Қосим ба шодию бахти Ватан сано мехонад:

Эй Ватан, поянда бод ин шодии беохират,
Бахти моӣ, кам мабодо қудрати бахтофарат.

Чанде аз ашъори маҷмуаи «Рамзи Ватан» ба шакли суруд эҷод шуда, дар онҳо нақарот, шаклҳо ва сохторҳои гуногуни шеър ба кор рафтаанд. Дар шеъри «Офтоби Ваҳдат» Пешвои миллат ба офтоби нерубахш монанд карда шудаанд. Шакли шеър гоҳо тағйир ёфта, дубайтиҳо кӯтоҳ ва ду мисраи нақарот дароз мебошанд:

Чун зарраҳои нур
Аз ахтарони дур
Мо бо ҳам омадем,
Пайванди ҷон шудем.
Моро ба ҳам расондаӣ
                            аз меҳру аз вафо,
Эй офтоби Ваҳдати мо –
                                              Пешвои мо!

Дар шеърҳои «Давронсоз», «Қаҳрамони Ваҳдат», «Офтоби Ваҳдат», «Ин мулоқоти поки Наврӯзӣ…», «Пешвои ман» низ шоир Пешвои миллатро «чу Сомонӣ накӯ дарёфтӣ сомони мулкатро», «қаҳрамони миллат», «марди заҳматоин», «марди дунё» номидааст. Ҳамчунин, шоир образи Пешвои миллатро дар ин ашъор ва шеъри «Пешвои миллат» бо сифатҳое монанди «шаҳчароғ», «раҳкушо», бинокор – «аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои Миллат», «табиб», «нохудо» – «киштишикаста Миллат омад ба соҳил охир», «бо чеҳраи кушода», «симои дилкаш», «қомати расо», «софии сиёсат», «дилфидои Миллат», «ҷонфидои Миллат» тавсиф карда, дар онҳо чӣ тавр амалӣ гаштани ормонҳои қаҳрамони лирикиро собит сохтааст. «Пешвои миллат» яке аз шеърҳои беҳтарин ва хушоҳанг дар васфи Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар он симои ҳақиқии Пешвои миллат ва ҳам дарду давои Миллат тасвир ёфтааст. Миллат ба дарде гирифтор буд, ки онро маҳз ҷаноби Олӣ табобат карда тавонистанд:

Дар ҷону дил гирифтӣ аз сидқ дарди миллат,
Гаштӣ табиби Миллат, кардӣ давои Миллат.

Шоир ба хулоса омадааст, ки ин хислатҳои эшон баромада аз дилу нияти соф мебошад:

Шеъре, ки аз дил омад, аз банда не, аё дӯст,
Бар пурбаҳои Миллат бошад баҳои Миллат!

Пешвои муаззами миллат ба ин сабаб ба унвони «меъмори Истиқлол» арзандаанд, ки он кас таҳкурсии муҳташами Истиқлолиятро гузоштанд ва онро устувор карданд. Бинобар ин, шоир Низом Қосим бо як эҳтирому самимият аз корномаҳои эшон дар мавриди раҳо намудани кишвар аз ҳодисаҳои мудҳиш ёдовар шудааст. Барои чунин шахс шири модар ҳалол аст:

Ҳалолат шири модар, қадри модарро ту медонӣ,
Ба ин сон меҳрубонӣ меҳри хоҳарро ту медонӣ.

Чӣ тавре мушоҳида мекунем, дар ашъори ситоишии Низом Қосим аксар вақт сухан аз забони қаҳрамони лирикӣ Пешвои миллат буда, хусусияти мазкур таъсирбахшии шеърро афзун намудааст. Шеъри «Ормон» низ аз ҷумлаи онҳост. Дар он қаҳрамони лирикӣ афкору омол ва мулоҳизаҳои нек, садоқат, вафодории хешро ба Ватан баён сохтааст. Фарқи «Ормон» аз ашъори дигари маҷмуаи «Рамзи Ватан» аз он иборат аст, ки агар шеърҳои то ин вақт зикршуда сиёсию иҷтимоӣ бошанд, шеъри мазкур лирикаи иҷтимоист ва дар пайравӣ дар жанри маъмули ғазал сароида шуда, аз рӯйи услуб, вазн ва сабки баён ба шеърҳои устод Мирзо Турсунзода монандӣ дорад. Дар шеър, ҳарчанд шахсияти қаҳрамон зикр нашудааст, сифатҳои Сарвари арзандаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар меорад. Сабаби «Ормон» ном гирифтани шеър низ ҳамин аст, нияту ормони ҳақиқии фарзанди диловари Ватан Эмомалӣ Раҳмонро ифода кардааст, ки забони ноби тоҷикро ба минбарҳои баланд баровард. Ин аст, ки аз ҳар гуна тоҷу тахти дунё «тоҷи сари дунё кардани дилоро Тоҷикистон» ормони ниҳоии ӯст. Қаҳрамони лирикӣ ба қасамаш содиқ аст, ният дорад халқашро ба зиндагии сазовор раҳнамун бисозад:

Қасам бо шири модар хӯрдаам дар назди халқи хеш,
Ки бахту роҳи умраш ҳамчу шири модарон бошад.

Ниҳоят, қаҳрамон орзуи ягонаашро баён сохтааст, ки кишварашро «тоҷи сари дунё» бинад.

Навовариҳои шаклу мазмун дар шеърҳои «Биступанҷ сол – бисту панҷ бол», «Бо Пешвои миллатем!» аз он иборатанд, ки ба шакли суруд буда, дорои нақарот мебошанд. Онҳоро хонандагони мактаб бо оҳанг хуб сароида метавонанд. Дар шеъри «Бисту панҷ сол – бисту панҷ бол» ҳарчанд номи Пешвои миллат зикр нашудааст, сифатҳояшон номбар мешаванд:

Раҳбаре гурд
Халқро бурд
Бори дигар ба авҷи шукӯҳаш.
Дар баландӣ,
Арҷмандӣ
Шуд баробар дигар рӯҳу кӯҳаш.

Шеъри «Бо Пешвои миллатем!» аз забони ҷавонону наврасон суруда шуда, баъди ҳар як байт нақароте дорад, онро мутантан ва хонданию шуниданӣ кардааст:

Насли ҷавони миллатем,
Рӯҳу равони миллатем,
Шуҳратфизои миллатем,
Бо Пешвои миллатем!

Шеъри «Қасри Арбоб» ба воқеаи муҳимми сиёсӣ – Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бахшида шуда, натиҷаи неки онро ба таври образнок инъикос намудааст. Дар он мушкилот ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаи сиёсӣ бо оҳанги шеър ифода ёфтаанд. Рӯйи ду масъалае, ки Пешвои миллат дар ин ҷаласа пешниҳод намуданд, дар шеъри мазкур таъкид гардидааст: сулҳ ва баргардонидани гурезаҳо.

Дар «Офтоби Ваҳдат» низ муроҷиати шоир, асосан, ба Пешвои миллат равона шуда, ки нақароташ чунин аст:

Моро ба ҳам расондаӣ аз меҳру аз вафо,
Эй офтоби Ваҳдати мо – Пешвои мо.

Дар ин шеър шоир аз суханофаринии худ ба ваҷд омада, қолаби маъмули шеърро шикаста, ба шакли дигар месарояд:

Дар раҳи азм чун ёри Сарвар шудем,
Аз дигар соҳиби тахту минбар шудем,
Соҳиби пар шудем,
Соҳиби фар шудем,
Ваҳдатовар шудем,
Ваҳдатофар шудем.

Низом Қосим дар ҳамосасароӣ низ қуввасанҷӣ намуда, намунаҳои беҳтарини онро ба вуҷуд овардааст. Шеъри «Пайванд» аз ҷумлаи он буда, аз ду қисмат иборат аст. қисмати аввал ба зиндагии имрӯзаи ободу озоди халқи тоҷик бо роҳбарии Сарвари хеш Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда, дар он заҳматҳои мондагори Пешвои миллат ва ободкориҳои он кас ёдоварӣ гашта, чунин садо медиҳад:

Зиҳӣ халқро маншаи боварӣ,
Зиҳӣ халқдорӣ, зиҳӣ сарварӣ!

Қисмати дувуми шеър аз роҳбари шаҳр таъйин шудани давомдиҳандаи кори Пешвои миллат Рустами Эмомалӣ нақл мекунад ва ин воқеаро шодбош мегӯяд:

Хирадманд бошад падарро писар,
Аз ӯ хуш бувад халқу хуштар падар.

Ин шеър дар вазни «Шоҳнома» гуфта шуда, дар он калимаҳое чун «хирадманд», «ҷавонбахт», «фараҳманд» истифода мегарданд ва шеър мутантан садо медиҳад. Вожаи «Раҳмон» дар он ба ду маъно омадааст, ҳам «Худованд» ва ҳам насаби Пешвои миллат: «Дар ин роҳ Раҳмон варо бод ёр!». Ниҳоят, дуои шоир низ мутантан ва гӯшрас садо дода:

Дили Меҳан аз ӯ фараҳманд бод,
Падар шод аз ӯ, халқ хурсанд бод!

Сохтмони иншооти бузург, ки хонаи тоҷикро мунаввар карданд, аз ташаббусҳои неки Сарвари давлат ва корномаҳои мондагори он касанд. Дар шеъри «Фасли нуру нори Роғун мерасад!» сухани Эмомалӣ Раҳмон «Нури Роғун ба хонаи ҳар нафар мерасад» ҳамчун эпиграф оварда шудааст. Ба қавли шоир, он як сохтмони «одӣ нест», балки Роғун ваҳдатсоз аст.

Мавзуи Роғун ва пайвандии он бо ташаббусҳои неки Пешвои миллат дар манзумаи калонҳаҷми «Балладаи Роғун» хеле хуб инъикос шудааст. Бунёди ин иншооти бузург бо ташаббуси Сарвари давлат буда, шоир дар он ҳар ду мафҳумро ба ҳам пайванд сохтааст:

Дили саршор аз анвору нори халқи мо ҳастӣ,
Ва барҷо пайкара бар Офтоби бахти миллат –
Пешвои устувори халқи мо ҳастӣ!

Дар ин шеър орзую ормони шоир бо образу тасвирҳои марғуб ва файласуфона ифода ёфтааст. Ӯ мехоҳад ашъораш монанди нури гармибахши он ба дили мардумон гармию сурур бахшад:

Аё Роғун,
Дигар ҳар шеър
Бояд,
ҳамрадифи ноқилони ту,
шавад гармибару пурнур
Яъне,
гарму рӯшан бар дилу ҷонҳо
шавад манзур!

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлату миллати аз равнақмонда ҷони тоза бахшид, мушкилоти мардумро ҳал намуда, ба дилҳо умед овард. Бинобар ин, шоир бо ифтихор мегӯяд:

Эй садоят дар ҳама минбар садои ман,
Пешвои миллати ман – Пешвои ман!

Пешвои миллат ба ҳар маънӣ «роҳсозу раҳкушову раҳнамо» мебошанд, аз ин рӯ, шоир ваъда медиҳад, ки «дар ҳама кори наҷибат дар барат ҳастем» ва бо ифтихор мегӯяд «Пешвои ман!»

Доро НАВРӮЗЗОДА,
номзади илми филология

Дигар хабарҳо