ПАРЧАМ
Парафшон парчами мо зинда бодо!
Нишони кишвари паҳновари мост,
Умеди халқи таърихофари мост,
Ба дунёи парафшонӣ пари мост,
Ба авҷи фатҳу нусратҳо сари мост.
Парафшон парчами мо зинда бодо,
Ба авҷи бахти мо поянда бодо!
Ба ҳар ҷое, ки боло мешавад он,
Сари болотари мо мешавад он,
Чу бо се ранги зебо мешавад он,
Бари рангинкамон ҷо мешавад он!
Парафшон парчами мо зинда бодо,
Ба авҷи бахти мо поянда бодо!
Бувад он рамзи истиқлоли тоҷик,
Раҳи парвози тоҷик, боли тоҷик,
Дар он чун фолу чун омоли тоҷик
Дурахшад ахтари иқболи тоҷик!
Парафшон парчами мо зинда бодо,
Ба авҷи бахти мо поянда бодо!
Раҳи испеду рўсурхӣ аз он аст,
Аз он сарсабзии мо ҷовидон аст,
Ба авҷи зиндагӣ то парфишон аст,
Баҳори умри тоҷик бехазон аст!
Парафшон парчами мо зинда бодо,
Ба авҷи бахти мо поянда бодо!
Низом ҚОСИМ
Парчам
Дар домани бирешимии парчами Ватан
Рози ба ҳам танидани нахҳои ҷони мост.
Он рангҳо — салосаи сурху сафеду сабз
Таърихи мо, ҳамосаи мо, достони мост.
Бо пояи баланд
Ойинадори қомати насли ҷавони мост.
Дар рӯзгор — сабқати манзумаофарин,
Ин мисраи баланд
Сар барзада зи сафҳаи табъи равони мост!
Дар вожае асолати мо гар муҷассам аст,
Он вожа парчам аст!
Боғи муаллақе
К-аз ранги сабз об хӯрад навбаҳори ӯ,
Хандад шукуфаҳои сафед аз канори ӯ,
Чун лаъли сурх ҷилва кунад лолазори ӯ,
Паҳнои парчам аст.
Тоҷаш ба мисли гул буваду ҳафт ахтараш
Монанди ҳафт қатраи зебои шабнам аст.
Сайри қадаш зи мард шуҷоат кунад талаб,
Авсофи ӯ зи фард фасоҳат кунад талаб,
Ҳуснаш зи чашм дарси назокат кунад талаб,
Меҳраш даруни сина масоҳат кунад талаб,
Ин рамзи бас шариф шарофат кунад талаб,
Озодагию фазлу наҷобат кунад талаб.
Мо қадди худ ба парчами худ поя мекунем,
Бар офтоб бурдаву ҳамсоя мекунем!
Боз ой, эй рафиқ,
К-аз ҳиммати баланд ба худ болу пар кунем,
Бар кибриёи бахту саодат сафар кунем.
Ҷуз ҳафт хон нест раҳи ҳафт осмон,
Бархез, то ҳамосаи парвоз сар кунем!
Парчам сутуни боми тавонмандии кас аст,
Ӯ ифтихорзост, ҳамин як сухан бас аст!
Парчам, маро ҳамеша тамошоят орзуст,
Як мисраи баланд чу болоят орзуст!
Озар САЛИМ
Парчами мо
Парчами мо мекунад боло сари тоҷикро,
Зинда медорад умеду бовари тоҷикро.
Бо садои пар-пари худ бар такон меоварад
Ифтихори миллии варзишгари тоҷикро.
Бо ҳамин се ранги худ оинадорӣ мекунад
Саргузашти миллати номовари тоҷикро.
Ҷилваи рангинкамонияш муҷассам мекунад
Рангрезиҳои ҳусни кишвари тоҷикро.
Тора-тора бо матои хеш дарҳам метанад
Ҳасту буду тору пуди пайкари тоҷикро.
Нах ба нах бо он гираҳ хӯрдаст тори ҷони мо,
Зеб бахшад ҷовидон бому дари тоҷикро.
Толиби ЛУҚМОН



