Музокираҳо перомуни маърӯза

 Музокираҳо перомуни маърӯза

Ҳозирини муҳтарам, азбаски хулосаҳои мо аз пажӯҳиши назми солҳои охир дар китоби алоҳида бо номи “Ҳунар ҳусн асту дониш ҷони шеър аст” интишор ёфтаву дар дасти шумо ҳаст ва ҳоҷати такрори он нест, банда мехоҳам аз чанд масъалаи ҷиддии шеъри рӯз ва муҳити адабӣ сухан ронам, ки баррасӣ ва ҳаллашон барои мо муҳим аст.

Аслан, агар ошкоро гӯем, метавон шоирони муосири моро ба се гурӯҳ ҷудо кард: як гурӯҳ шеър менависанд, як гурӯҳ гап менависанд, як гурӯҳ бо таъбирҳои обшуста ба такрори суханони шоирони пешин машғуланд.

Бартарӣ, албатта, ба гурӯҳи аввал дода мешавад.

Агар аз камбудиҳои шеъри муосири мо ба таври умумӣ сухан кунем, инҳо иборатанд аз: тангии назар, такрори якнавохти мавзуъ ва сухан, бештар сурати ҳасбиҳолӣ доштани шеърҳо.

Камбудии дигар якмарому якнавохт, такрори дилбазан гардидани тасвиру ситоишҳо дар мавзуъҳои Ватану Тоҷикистону Пешвои миллат ва ҳатто ишқ мебошад, ҳол он ки ин мавзуъҳои муқаддас, баръакс, аз шоир шеърияти баландро тақозо доранд.

Гурӯҳи дигари шоирони мо андарзнавис шудаанд ва ин андарзҳо  такрори хираи он андарзҳоест, ки бузургони гузаштаи мо намунаҳои баланди онро гуфтаанд.

Мушоҳидаи дигар ин аст, ки аксари шоирони имрӯзи мо, хусусан ҷавонон бештар дар мавзуъҳои ифтихори миллӣ, таърихӣ, дастовардҳои гузаштагон шеър мегӯянд, аз вожаҳое чун номи Рустаму Сиёвушу Орашу Авастову Зардушт суиистеъмол доранд, ки дар аксари шеърҳо ҳузури зоҳирӣ доранд. Ҳол он ки ин образҳо воситаҳои баёни шеъранд, агар ба маврид истифода шаванд, на ҳадафи асосии шеър.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар шеъри мо кӯшишҳои зиёде дар фарогирии мавзуъҳо, тасвиру пажӯҳиши шоиронаи масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фалсафӣ, ахлоқу одоб ва ғайра ба назар мерасад, аммо дар баробари ин такмилу тарбияи завқи шоирона, фаротар рафтан дар ҳунару санъати бадеъ, хусусан ноил омадан ба сатҳи баланду баёни андешаҳо, таносуби қавии сухан ва сатҳи баланди баёни бадеӣ ва андешаву афкори мантиқан қавӣ, маҳорати шоирона кам ба назар мерасад. Ҷавонони мо аксар ғарқаи мавзуъҳо гардида, ҷиддияти каломи мавзун, маҳорати баён ва ҳунари шоириро аз ёд бурдаанд. Ин аст, ки вақте мо шеъри адибони имрӯзамонро дар муқоиса бо ашъори ҳамқаламони кишварҳои ҳамзабонамон мехонем, ин қафомониро бармало ҳис мекунем. Баёну тасвирҳои мо дар муқоиса хеле заифтар ба назар мерасанд.

Банда тӯли чанд моҳ ҳаддалимкон, то ҷое, ки дастрасам буд, шеърҳои аксари адибонамонро хондам, метавонам дар бораи онҳо беғаразона ҳарф занам. Бардошти ман чунин аст, ки агар ба чашми хайрхоҳиву некбинӣ назар кунем (на ба чашми айбҷӯӣ), метавонем аз ҳар шоири имрӯз намунаҳои хубе, тасвири тозае, андешаи бикре ё дастоварди шоиронае интихоб кунему мисол оварем. Аммо агар ба чашми эрод нигарем, метавонем камбудиҳои зиёдеро низ дар шеъри шоиронамон ошкор созем.

Ба андешаи банда, мо бояд сатҳи саводнокӣ, баёну забони солиму сазовори сатҳи суханофариро дар шеърамон ҳарчи бештар ба роҳ андозем. Сатҳи саводнокии шеъру шоиронамонро баландтар аз он чи ҳаст, бубардорем. Шеърҳои мо хеле оммавиянд, баъзан дар сатҳи кӯчагӣ, дар доираи истифодаи маҳдуди ҳам андеша ва ҳам истифодаи вожаҳову ибораҳои маъмулӣ чарх мезананд. Ҳол он ки забону баёни шеъру адабиёти бадеӣ дар шакли намуна як сару гардан болотар аз забони омма бояд бошад. Адабиёти бадеӣ ҳамеша ҳамин рисолатро дошт ва бояд дошта бошад. Яъне, забони адабӣ ҳамеша намунаи ибрати як забони пухтаву рехтаву баёнгари маъниҳои баланд будаасту бояд бошад.

Дунёи маҷозӣ ва хатари он ба шеъри муосири мо

Дар мавриди дунёи маҷозӣ, хусусан фейсбук. Имрӯз, ки майдони маҷозӣ маҳзари интишори беҳудуди шеър шудааст, мо набояд роҳ диҳем, ки адабиёти бадеии муосири мо таҳти таъсири ин олами бесоҳиб, бе ягон назорати қонуну қоида қарор гирад. Хусусан шеър, ки ҳамеша ниёз ба риояи қонуну қоидаҳои хоса ва мантиқу бадеият дорад. Яъне, дар эҷоди шеър ва арзёбии он риояи меъёрҳои таъйиншуда ҳамеша ҳатмист. Ин талабот ва ин суннати ҳазорсолаи адабиёти моро наметавон сарфи назар кард, бе риояи он мисли дарёест, ки бидуни соҳилҳо равона бошад.

Мушоҳида мешавад, ки фейсбук ва дунёи маҷозӣ бо ангезишҳои ҳарчи бештару бештар вомедорад, ки ҷавоншоирони мо навиштаҳои бетаҳрир ва ноқису хоми худро дар расонаҳои дунёи маҷозӣ интишор диҳанд ва ба кафкӯбиву офарингӯиҳои дурӯғини хонандагони бесалоҳият бовар кардаву ғарра шуда, аз рушду инкишоф бозмонанд. Дареғо, ки аксари навқаламони мо бо таъсири дунёи маҷозӣ ҳайф шуда истодаанд, ҳатто онҳое, ки истеъдоде доранд.

Вобаста ба ин ки имрӯз дунёи маҷозӣ, хусусан Фейсбук, зиёни беҳадди худро ба рушду нигоҳдории меъёрҳои мо мерасонад, банда пешниҳодҳое дорам, ҳарчанд иҷрои ин пешниҳодҳо мушкилро ба пуррагӣ аз байн намебарад, аминам, ки то ҷойе муфид аст.

Пешниҳоди ман чунин аст, ки моҳе ду маротиба як ё ду нафар аз масъулони Иттифоқи нависандагон аз ҳисоби мунтақидону адабиётшиносони варзида шеърҳои итишорёфта дар Фейсбукро мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор диҳанд, бо интишор дар саҳифаҳои гуногун, дар худи фейсбук ва дар нашрияҳои адабӣ. Ин амал имкон медиҳад, ки ҳаводорони шеър дар Фейсбук аз баҳои арзандаи шеърҳои чопшуда огоҳ бошанд, шеъри асилро аз ношеър ҷудо карда тавонанд ва завқи шеърфаҳмии худро боло бардоранд. Намегӯям, ки бо ин пеши роҳи навиштаҳои беарзиш бо номи шеър комилан гирифта мешавад, аммо то ҷойе ин амал ба дарки шеъри асил ба хонандагони одӣ кумак хоҳад расонд. Ин амал хеле беҳтар аст аз чорае надидан. Мақолаҳои таҳлилии чопмешуда бояд назари расмии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар арзёбии шеър бошад.

Дигар, агар Иттифоқи нависандагон дар Фейсбук озмунҳои шеър ташкил кунаду онро идора намояд, низ аҳаммиятнок хоҳад буд. Ин корҳоро бояд амалӣ кард, зеро ҷойи гурез аз олами маҷозӣ, ки безавқиро тарбият мекунад, имрӯз надорем ва бояд бикӯшем, ки то ҳадди имкон меъёрҳои таъйиншудаи шеърамонро нигоҳ дорем ва барои ин аз худи майдони маҷозӣ аз силоҳи худи ӯ ба муқобили хатарҳои эҷодкардааш истифода барем, зеро ин меъёршиканиҳо, метарсам, шеъри асилро аз байн мебарад.

Аммо агар аз рӯи инсоф, аниқтар гӯем, шеъри муосири мо, аз назари банда ба он талаботи баланде, ки аз шеъри асили форсӣ тақозо мешавад, чандон ҷавобгӯ нест. Нахуст, ҳанӯз ҳам аз ҷиҳати ҳунар, пухтагии забону баён, истифодаи санъатҳои шеър, сувари хаёл, таносуби сухан шеъри муосири мо беҳбудиҳои зиёде мехоҳад. Андаке қафомонӣ аз ҷараёни шеъри муосири дунё, маҳдудияти андешаву фарогирии мавзуъҳо, андаке куҳнагароӣ, ки садди роҳи тозаҷӯиҳо мешавад, андаке умумигӯӣ ва шиорзаниҳое, ки аслан рабте ба шеъри асил ва ҳунари шоирӣ надоранд, аз бемориҳое мебошанд, ки назми муосири мо гирифтори онҳо ҳастанд.

Бояд иқрор кард, ки имрӯз мо ба маънои асилаш муҳити адабӣ надорем. Гоҳ-гоҳе дар ин ё он мавзуъ ё ҷашну маросим ҷамъ омадаву маърузашунавӣ ва суханрониву шеърхониҳои мо худ бар сари худ муҳити адабиро наметавонанд ташкил кунанд. Муҳити адабӣ он гаҳ фароҳам меояд, ки ҳама аъзои ин муҳит огоҳии хуб аз эҷодиёти якдигар дошта бошанд, пайваста доир ба адабиёти рӯз мубодилаи афкор кунанд. Аз куҷо муҳити адабӣ мешавад, ки мо ҳатто нашрияҳои худро мутолиа намекунем, асарҳои ҳамдигарро ҳатто намехонем, дар бораи онҳо андешаронӣ намекунем. Ҷамъомадҳо ва маҳфилҳои хубе ҳам дорем, аммо худи адибон аксар фаъол нестанд ё ширкат надоранд ва ё агар ширкат дошта бошанд ҳам, дар табодули афкор фаъол нестанд. Муҳити адабӣ он гоҳест, ки ҳама адибон фаъол бошанд, пайваста, бе танаффус на ширкати зоҳирӣ, балки воқеан бохабар аз эҷодиёти ҳамдигар мубодилаи андешаву афкор дошта бошанд

Андешаи дигар.

Дар ҳамин ҷо, дур нарафта, мехоҳам гӯям, ки ҳамагӣ ду нашрияи адабӣ доштани мо, ворисони адабиёти бузурги оламшумул, хеле кам буда, моро дар хиҷолат мегузорад, дар ҳоле, ки бародарони мо дар кишварҳои ҳамсоя, аз рӯи шунидам, чандин баробар зиёд чунин нашрияҳо доранд.

Имрӯз агар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон беш аз чаҳорсад аъзо дошта бошад, аксари инҳо (тахминан 70-80 фоизашон) шоиронанд. Қариб ҳамин теъдод шеърнависоне ҳастанд, ки узви Иттифоқи нависандагон нестанд. Ин теъдоди адибон барои нашри асарҳояшон дар ин ду ҷаридаи адабӣ, агар дар навбат истанд, гумон аст, ки дар як, ду ва ҳатто зиёдтар сол навбаташон расад. Пас, зарурати таъсиси нашрияҳои дигари адабӣ кайҳост вуҷуд дорад. Агар мо худро ворисони адабиёти оламшумул меҳисобем, агар сарзамини мо сарзамини шеъру шоирон бошад ва як ифтихори таърихии миллати мо бо номи шоирони бузургаш бошад, бояд иқрор шуд, ки танҳо ҳамин ду нашрия барои ин кишвари адабпарвар, ки имрӯз Пешвои фарҳангдӯсти миллаташ ҳам изҳор кардаанд, ки шоиронро дӯст медоранд, хеле ва хеле кам аст.

Алҳол хеле хуб мешуд, агар маҷаллаи адабию публисистии “Адиб”, ки бо ташаббуси нашриёти “Адиб” ва Вазорати фарҳанги кишвар роҳандозӣ гардид, имконияти нашри пайваставу ҳармоҳаи худро пайдо мекард. Хусусан, ки шумораҳои интишорёфта бо сифату мундариҷаи шоиста аз ҷониби аҳли илму адаби кишвар хеле хуб пазируфта шуданд ва аллакай муштариёни зиёди худро дорад.

Дар поёни ин гузориш як суол дорам. Чаро номинаҳои эҷодӣ, ки онҳоро Пешвои миллатамон бо ҳадафҳои баланди миллатдӯстонаву адабдӯстона роҳандозӣ карда буданд ва ягона воситаи дастгирии навқаламону адибони ҷавони тамоми кишвар буд, аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” бардошта шуданд? Ин амал бо ташаббуси ҳар нафаре шуда бошад, иштибоҳи бузурге буд. Зеро мо дидем, ин номинаҳо натиҷаҳои бисёр хуб ҳам доданд, мо шоҳидем, ки чандин нафари ғолибони номинаҳои мазкур аз ин озмун дар қатори ҷавоншоирони хуб ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданд ва имрӯз дар сафи адибони фаъоли моянд.

Ин иқдом ва ғамхории Пешвои миллатамон, ки ҳадафҳои баланди милливу маънавӣ дошт, аввалан барои тамоми навқаламони соҳибистеъдоди кишварамон имкониятҳои хуби эҷодӣ, баъдан дастгириҳои молиявӣ фароҳам меовард. Як навқалам аз дурдасттарин гӯшаи кишвар имкон ёфт тавассути ин озмун бидуни мамониате ба марказ, ба майдони санҷишҳои адабӣ роҳ ёбад.

Албатта, табиист, ки на ҳама ҳаваскорони ҷодаи эҷоди адабӣ метавонанд муваффақ бошанд, зеро ин номина пеш аз ҳама ҳунару истеъдод тақозо дорад ва шарт ҳам нест, ки ҳатман касе ғолиб ояду ҷоиза гирад. Агар дар озмуне иштирокчии сазовори ҷоиза пайдо нашуд, шарт нест, ки ҷоиза дода шавад. Бигзор ҷоиза танҳо ба онҳое, ки ҳунару истеъдод доранд, бирасад. Бале, истеъдоди адабӣ на ҳамеша зуҳур мекунад, аммо дар сиришти миллати шоирпарвари мо ҳамеша ҳасту вуҷуд дорад. Аз ин рӯ аз байн бардоштани ин номина ба сабаби он ки дар ин навбат арзишмандон каманд ё нестанд, наметавонад боиси аз байн бурдани он шавад. Чунин амал як ношукрӣ аз ғамхориҳои беназири Пешвои миллат мебуд.

Аз ин рӯ ин иштибоҳро аз байн бурдану барқарор кардани номинаҳои эҷодӣ дар озмуни “Фурӯғ” ба манфиати дастгирии истеъодҳо, ба манфиати адабиёт, назму наср ва маънавиёти миллатамон мебошад. Зеро ифтихори баландарини таърихии миллати мо ҳамин адабиёти оламшумуламон аст. Ва имрӯз вақте ки Пешвои миллатамон ғами онро хӯрда чунин парасторӣ мекунанд, аз он самимона истиқбол бояд кард.

Камол Насрулло,
мудири шуъбаи назми ИНТ

***

Бахши Хатлонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб фаъолияти худро дар панҷ соли охир низ ҳамасола аз омӯзиш ва тарғиби Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳои ИНТ ба роҳ монд. Имсол ҳам аз моҳи январ корро чунин оғоз бахшидем. Дар ин мавзуъ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон ва Восеъ бо мардум мулоқоту суҳбатҳо оростем. Аҳли адаби минтақа Алимуҳаммад Муродӣ, Сулаймон Султон, Файзи Ашӯр, Одина Раҳмон, Қаҳҳор Мӯсо, Нуралӣ Яъқуб, Амир Сайиди Мункӣ ва дигарон дар ноҳияҳои вобастаашон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла сиёсати давлатии Тоҷикистон ва хидматҳои Президенти кишвар барои сулҳу салоҳ ва пешрафти мамлакат вохӯриҳову маҳфилҳои адабӣ баргузор карданд.

Дар ин давра бо намояндагони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва гурӯҳи тарғиботии вилояти Хатлон дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Бадахшон вохӯриҳо доштем. Баъзеи ин сафарҳо бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд. Соли гузашта дар Бадахшон аз адибони минтақа Нуралӣ Яъқуб иштирок кард. Дар вохӯриҳо мавзуи «Замон, Тоҷикистон ва талошҳои ифротиён» сароғози ҳама суҳбатҳоямон буд.

Дар рӯзҳои истиқболи ҷашни Истиқлол, рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ ва рӯзҳои тайёрӣ ба сафари кории Роҳбари мамлакат ба Кӯлоб чорабиниҳои зиёде гузаронида шуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз рӯйи нақша бо аҳли зиёи шаҳр ва сокинони минтақа, наврасону донишҷӯён вохӯриҳо баргузор гардиданд. Дар ин чорабиниҳо аз хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хоса сухан гуфта мешуд. Вохӯриҳо бо марҳум Зафар Мирзоён, зиндаёд Лутф, Одина Раҳмон ва дигар адибонамон, собиқадорони ҷангу меҳнат, таълимгирандагони мактаби ҳарбии милитсия ва хонандагони шаҳру минтақа доир гаштанд. Махсусан, сухангӯйиҳои адибон ба василаи телевизион ва радиои минтақа оммавияти чунин ташвиқу тарғибро бештар мегардониданд. Аз ҷумла аз ин минбари баланд банда ва адибони дигарамон Зафар Мирзоён, Одина Раҳмон, Муҳаммад Самеъ, Нуралӣ Яқуб, Хосият Вализода, адибони ҷавон Ҳуснигул, Шафақ, Нигинаи Сафар ва дигарон сухан гуфтанд. Хосият Вализода, Одина Раҳмон ва банда ба воситаи телевизиони вилоят ва ҷумҳурӣ низ борҳо суҳбатҳо оростем.

Имсол бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Кӯлоб 125-солагии овозхон ва шоири мардумӣ Сайдалӣ Вализода ва ёдбуди Зафар Мирзоён хуб гузаштанд. Маҳфилҳои ёдкарди иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қурбоналӣ Раҷаб ва фаъоли ҳаракати барқарорсозии Ҳукумати Тоҷикистон шоир Сафар Маҳмуд дар моҳи декабр сурат мегиранд.

Дар тарғиби ғояҳои бузурги Президент ҳиссаи маҳфили «Ганҷи Кӯлоб» низ назаррас мебошад. Аъзои ин маҳфил бо роҳбарии шоир Одина Раҳмон дар мактабҳои шаҳру деҳот ва дигар ташкилот суҳбатҳо гузаронида, дар васфи Ватан, Президент ва худшиносии миллӣ ҷойгоҳи падару модар ва ғайра шеър хонданд.

Дар Донишгоҳи Кӯлоб ва донишгоҳу мактабҳои шаҳр ва минтақа ба муносибати 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чорабиниҳо баргузор гаштанд.

Инчунин ба пешвози Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзҳои 25-26-уми апрел дар Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Хайриддин Хайрандеш, шоири ҷавон Насимбек Қурбонзода, нависанда, директори нашриёти «Рушди маориф» Наҷмиддин Салоҳиддинзода вохӯриҳои пурмуҳтаво анҷом ёфтанд.

Дар Донишгоҳи Кӯлоб маҳфили рӯнамои нашри нави китоби «Парончакҳо»-и Абдулҳамид Самад доир шуд. Дар ин солҳо аз адибон, махсусан Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Абдуллоҳи Раҳнамо, Давлати Раҳмониён, Алимуҳаммад Муродӣ, Алиакбар Абдулло, Хайрандеш, Файзи Ашур, Садриддин Ҳасанзод, Сипеҳр, Сайид Амири Мункӣ ва дигарон фаъол буданд ва чорабиниҳое, ки дар Кӯлоб, Ховалинг, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Ҳамадонӣ баргузор шуданд, хотирмону дилнишин буданд.

Аз ҷумла, ҷашни 80-солагии шоири тавонои ғурамарг Ҳабибулло Файзулло бо сарварии раиси ИНТ Низом Қосим дар Душанбе ва Ховалинг баёдмонданӣ доир гардид. Дар ин замина аз 100-солагии донишманди тавоно Соҳиб Табаров низ метавон ҳарф зад, ки бо иштироки адибон ва олимони маъруфи ҷумҳурӣ дар Муъминобод баргузор гашт ва ин чорабиниро шоир Салими Хатлонӣ гирдгардонӣ намуд.

Ба истиқболи Рӯзҳои Президент, Парчами давлатӣ ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин солҳо вохӯриҳо ташкил карда шуданд.

20 ноябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷашни 80-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, котиби масъули ИНТ дар вилояти Суғд Аҳмадҷон Раҳматзод, нависанда Додохон Эгамзод, шоир Акбар Абдулло ва аҳли адаби Кӯлоб ҳузур доштанд. Дар баробари ҷашни устод Лоиқ аз ҷашни 70-солагии шоир Акбар Абдулло низ ёдовар бояд шуд. Дар ин вохӯрӣ раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назаров ва Корманди Шоистаи Тоҷикистон Абдуҷаббор Зардиев иштирок доштанд.

28 ноябри соли 2021 дар Ховалинг 70-солагии нависанда ва муҳаққиқ Амир Саиди Мункӣ баргузор гардид, ки дар он Ҳақназар Ғоиб, Одина Раҳмон ва Файзи Ашӯр, Раҷаб Мардон (рӯҳаш шод бод), Садриддин Ҳасанзод ва дигарон ҳузур доштанд.

Дар зодрӯзҳои устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ… вохӯриҳои хотирмон баргузор гардиданд.

Дар солҳои охир бештар ба чунин мавзуъҳо диққати ҷиддӣ дода шуд: «Паём – илҳомбахши ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Шахсият ва Пешвои миллат», «Арзишҳои миллию меҳанӣ ва шеъри тоҷик», «Адиб ва ҷомеа», «Иҷлосияи XVI – оғози нави давлатдории тоҷик», «Ваҳдати миллӣ – асоси сарҷамъии мо», «Рӯзи Президент, таърих ва Парчами миллӣ», «Пешвои миллат ва Истиқлол», «Танзим ва баракати рӯзгор» ва ғайра. Инчунин фаъолияти адибони минтақа дар ташвиқи мавзуи «Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равияҳои хурофотию бегона ва ифротӣ» назаррас аст. Дар ин мавзуъ дар Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик ва ғайра вохӯриҳо ташкил карда шуданд.

Баргузории нишаст, суҳбату вохӯриҳо вобаста ба Рӯзҳои Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Садриддин Айнӣ дар Донишгоҳи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва маҳалҳо дар маркази фаъолияти шуъба қарор дошт.

Дар маҳфили «Ганҷи Кӯлоб», «Парвози Шоҳин» ва “Шоҳномахонӣ” дар Донишгоҳи Кӯлоб ҷавонони бозавқ дарси қаламкашӣ омӯхта, истеъдоди худро сайқал медиҳанд. Рӯзи 7-уми ноябр маҳфили “Парвози Шоҳин”, ки ба он шоир, мартабадори Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Файзи Ашӯр роҳбарӣ мекунад, пурмуҳтаво гузашт ва дар он аз суханварони ҷумҳурӣ Рустам Ваҳҳобзода, Шералӣ Мӯсо, Давлати Раҳмониён иштирок доштанд.

Дар ин солҳо дар дигар ноҳияҳои қаламрави Кӯлоб низ маҳфилҳои адабӣ нисбатан хуб фаъолият карданд. Дар ин маҳфилҳо беш аз 80 ҷавони эҷодкор баҳра мебардоранд. Аъзои маҳфил дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ» фаъол буданд ва бештарашон дар вилоят ва ҷумҳурӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштанд. Шогирди Файзи Ашӯр Гулизор Абдуқодир дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ҷумҳурӣ ҷойи аввалро ишғол кард.

Дар баробари ин бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ нишастҳои эҷодӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла, ба муносибати Рӯзҳои Ваҳдат, Президент ва Парчами миллию Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ, мактабҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб, ноҳияи Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва дигар ноҳияҳо чорабиниҳо баргузор шуданд.

Дар давоми ин солҳо 2 эҷодкор – Сулаймон Султон ва Қаҳҳор Мӯсо ба узвияти ИН қабул гардиданд ва бо пешниҳоди шуъба Алимуҳаммад Муродӣ ва Озар ба унвони ифтихории Шоири Халқии Тоҷикистон сазовор гаштанд. Бо ёрии собиқ раиси вилоят Ғайбулло Авзалов, дастгирии ИНТ ва дархости шуъбаи мо дар вилоят се ҷоиза – Ҷоизаҳои вилоятии Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва дар Кӯлоб Ашӯр Сафар таъсис дода шуданд. 20 номгӯй китоб ба нашр расид.

Шуъбаи хатлонии ИНТ дар минтақаи Кӯлоб минбаъд низ мекӯшад, ки дар ҳама самтҳои фаъолият, ки дар боло зикрашон рафт, боз ҳам бештар ҳиссагузор бошад. Мо фаъолияти даҳсолаи ИНТ-ро қаноатбахш меҳисобем ва минбаъд ҳам мекӯшем, ки бо ёрии он кори худро боз беҳтар ба роҳ монем.

Ҳақназар Ғоиб,
котиби масъули бахши хатлонии ИНТ
дар минтақаи Кўлоб

***

Ҳамқаламони гиромӣ, азбаски дар маърузаи ҳисоботии раиси ИНТ Низом Қосим перомуни жанри ҳикоя, дастовард ва каму костиҳои он муфассал андешаҳо баён карад шуд, мо беъзе пешниҳодҳоро оид ба рушди ин жанр ва баланд бардоштани сатҳи бадеии он зарур мешуморем.

Ба андешаи банда ҳикояи аз ҷиҳати мавзуъ, забону тарзи баён тару тоза, барҷастагии характери қаҳрамон ё тимсол баландпоя шабеҳи рубоӣ, дубайтӣ ё ғазали дилангез хотирмону илҳомбахш мешавад. Аммо иншои чунин ҳикоя осон нест ва заҳмати сангин талаб мекунад. Дар ҳар сурат аз рӯи ин ҳадаф ҳикоя навиштан ба суди муаллифу адабиёт хоҳад буд.

Дар ин Анҷуман зикри ин андешаро, ки аҳли назари пешин низ ба воқеияти он бовар доштанд, бамаврид мешуморам. Агар дар ҳикояе як лаҳзаи дилангез, як ҷузъиёти дилнишини тоза, як чеҳра ё тимсоли ноошнои дӯстдоштанӣ зебову хушнамак тасвир ёфта бошад, ин ҳам мисли як сатр ё байти хотирмон арзиш дораду ҷилои ҳунари нависандагист. Аз ин ҷиҳат ҳикояҳои нағзи дар панҷ сол офаридаи ҳамқаламони мо ба андозаи истеъдод, ковишу заҳмати муаллифон дастовардҳое доранд. Аммо хонандаи имрӯзу оянда аз ҳикоянавис кашфи нав ба нави мавзуъ, хӯву хислат, олами ниҳони ботини қаҳрамон ва эъҷози тасвиру истифодаи ғановати забони куҳанбунёдамонро интизор аст.

Аслан ба аҳли қалам, ки ба синни панҷоҳ ё беш расидаанд, барои равнақи эҷодиёт, офаридаҳои аз ҳар ҷиҳат баландпоя маслиҳату талабҳои сангин пешниҳод кардан ноҷоиз менамояд. Давлатшоҳи Самарқандии бузургу донишманд низ ҷонибдори ҳамин ақида будааст.

Вале барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҳунару дилписандии жанри ҳикояи муосир, ки навқаламони ҷавон, раҳнавардони ояндаи наср ошиқона иншо мекунанд, ин пешниҳодҳоро зарур мешуморам: а) нашри баёзи беҳтарин ҳикояҳои  нависандагони маъруфамон чун дастур барои омӯзишу таҷриба андухтан. Дар асри бист баёзи ҳикояҳои беҳтарини нависандагони Эрон дар ду ҷилд дар Душанбе чоп шуда буд. Яъне таҷриба дорем; б) эълом кардани озмуни беҳтарин ҳикояи сол (се ҷо) дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат». Дар омадигап бояд гуфт, ки дар асри бист дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чунин озмун баргузор шуда буд. Вобаста ба ҳолати молиявии нашрияҳо ҳангоми баргузории озмуни ҳикояи сол бештар ба ҷиҳати маънавӣ ва шаффофияти он эътибор бояд дод. Ин озмун мебояд барои такмили савод, ҳунар ва бозёфти ҳикоянависҳои ҷавон мусоидат кунад; в) гузаронидани суҳбатҳои ошкоро перомуни дастхати як ҳикояи нависанда ё навқалам дар маҳфили адибони ҷавони факултаҳои суханшиносӣ ё дар Иттифоқи нависандагон. Ва боз нашри баёзи беҳтарин намунаи ҳикояҳои муосир дар нашриёти «Адиб» чун дастур барои омӯзиши навқаламон судманд хоҳад буд.

Бешак ҳар адиб, ҳикоянавис низ чун асаре меофараду ба нашр мерасонад, монанди тимсоли достон (ҳикоя)-и басо баландпояи нависандаи шаҳири ҳамзабонамон зиндаёд Раҳнаварди Зарёб «Донишманд ва саги ҳамсоя» аз дуру наздик, ҳатто аз хориҷи кишвар баҳо, пазироӣ ё андешаеро интизор мешавад. Вай ба ин ҳуқуқи маънавӣ дорад. Вале дар ин маврид кошки асари ӯ сазовори адабиёти бузург бошад.

Дар охири ин мухтасар мехоҳам боз андешаи равшани устодони жанри ҳикояро гӯшрас бикунам: ҳикоя дар наср ҳампояи рубоӣ ё ғазали дилангез аст. Ва он дар сурате ба наср ва эҷодиёти муаллиф ҳусн мебахшад, ки аз ҷиҳати мавзуъ, ҷузъиёт, рафтору амали қаҳрамонҳо, забону тарзи баён пуробуранг, дилнишин, тару тоза бошад, хонандаро ба олами ботин, розу ниёзи инсонҳои нав ошно бикунаду ҳамоҳанги дарду армонашон бишавад, аз ҳунари диду офарандагии пурназокат саршор бошад. Ва ё боз ба гуфти Чехови нобиға «Ҳикоя чун саҳни киштӣ бояд ягон чизи зиёд надошта бошад!»

Дар охир фаъолияти панҷсолаи Раёсати Иттифоқи нависандагонро қаноатбахш мешуморам ва ба ҳайати нав дар роҳи боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати адабиёти куҳанбунёди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол комёбиҳо таманно мекунам.

Абдулҳамид Самад,
Нависандаи  халқии Тоҷикистон

***

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Ба андешаи ман, дар шароити муосири инкишофи ҷомеа рисолати муҳимтарин ва кори ҷонии зиёиён таҷдиди фикру андешаи умумимиллист”.

Вазифаҳои муҳимтарини аҳли адабро дар ташаккул ва эҳёи давлатдории тоҷикон ҳамчунин устод Айнӣ дар нимаи аввали асри ХХ муқаррар намуда, бо осори худ васият кардаанд, ки мо бояд аз асолати бостонии миллии хеш дур нагашта, дар ҳама гуна вазъият давлати нави худро нигоҳ дорем. Имрӯз ҳам ин вазифаи аввалиндараҷаи шоирону нависандагони кишвар маҳсуб мешавад.

Чунонки дар маърузаи ҳисоботии раиси ИНТ муҳтарам Низом Қосим зикр гардид, дар давоми наздики 35 соли даврони Истиқлол адибон дар канори Ҳукумати ҷумҳурӣ чун тарғибгари сиёсати сулҳофари давлат истода, хидмат карданд ва Пешвои миллат пуштибони ҳақиқии аҳли илму адаб будани низоми давлатдории навини моро бо ҳамон шева ва анъанаҳои ниёкони шарафмандамон – Сомониёни бузург дубора эҳё карда, бо шаклу сурати мукаммал дар шумори масоили меҳварии сиёсати хеш қарор доданд. Фаъолияти муназзами ИНТ ва кори пурвусъати бахши суғдии он оинаи рӯшани пайванди сиёсат ва адабиёт, пуштибониву ғамхории давлат аз аҳли сухан ва аҳли зиё маҳсуб мешавад. Барои ман хуш аст, ки паёми табрикӣ ва ихлосу сипоси раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба раёсат ва вакилони Анҷуман изҳор менамоям.

Ҳамқаламони арҷманд!

Вақте бахши суғдии ИНТ 72 сол қабл бо ташаббуси устодон Мирзо Турсунзода ва Раҳим Ҷалил таъсис ёфт, ҳамагӣ панҷ узв дошт.

Шуъба алҳол зиёда аз 70 узви ИНТ-ро муттаҳид кардааст ва ба мактаби калони адабӣ табдил ёфтааст. Аслан ин мактабро устодони мо Раҳим Ҷалил, Муҳиддин Аминзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Пӯлод Толис, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Абдуҷалил Воситзода, Аъзам Сидқӣ барин суханварон асос гузоштаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш, Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, адибон Неъматҷон Файзуллоев, Додохон Эгамзод, Саидамин Ҷило, Fайрат Ҳаким, Муқим Воҳид, Муҳсин Аминзода, Аъзами Хуҷаста, Ҷӯра Юсуфӣ, Исмоил Зарифӣ, Олимхон Исматӣ, Ҳафиз Сайфуллоев, Валиҷон Акбарӣ, Ҳусейн Нарзулло, Субҳон Ёдгорӣ, Зафар Аҳмад насли нисбатан калонсоле мебошанд, ки дар ҳамин ҳавзаи адабӣ тарбия ёфта, хидмати адабиётро бар дӯш доранд.

Дар даврони Истиқлол дар ҳавзаи адабии Суғд ду маҳфил арзи вуҷуд кард, ки ба яке устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессорон Абдулманнони Насриддин ва Атахон Сайфуллоев, ба дигаре устодони бузурги адабиёти муосири мо Фарзонаи Хуҷандӣ ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ сарварӣ карданд. Дар натиҷаи сарпарастии хуби ин зубдагони даврони мо як идда олимону шоирони соҳибсухан ба воя расиданд, ки имрӯз аз ҳар яки онҳо ифтихор мекунем. Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш, академик Носирҷон Салимӣ, профессорон Матлубаи Мирзоюнус, Тоҷибой Султонзода, Умеда ва Замира Ғаффорова, Нуралӣ Нурзод, Замира Ӯлмасова, шоирон Абдулҷаббори Суруш, Адибаи Хуҷандӣ, Нарзуллои Азизиён, Гулнози Тоҳириён, Маликнеъмат, олимон ва адибон Баҳром Мирсаид, Саидумрон Саидов, Бахтиёр Ҳамдам,  Баҳроми Раҳматзод, Субҳони Аъзамзод, Матлубаи Ёрмирзо, Сурайё Ҳакимова, Раънои Зоирдухт, Дилором, Маҳваш, Абдуманнон Хаммор имрӯз фахри аҳли сухан гаштаанд.

Шурои адибони ӯзбекизабон низ фаъолияти хуб дорад. Нависандагон ва шоирон Туранбой Туйчиев, Ӯринбой Усмон, Султонмурод Ҳоҷибоев, Ҷамшед Пиримов, Мунаввара Ойматова, Солеҳа Олимова, Эгамназар Соҳибназар, Мунира Камол ва дигарон дар кори тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ ва интишори онҳо дар Ӯзбекистон саҳми калон доранд. Шурои адибони русизабон низ бо сарварии Ҳафиз Сайфуллоев амали шоистаро пеш гирифтааст ва неруҳои зеҳниро муттаҳид сохтааст.

Машваратҳои омӯзишии адибони ҷавон дар кашфи як идда суханварони боистеъдод аҳаммияти калон дошт. Алҳол Эҳсон Раҷабӣ, Саиди Юнусиён, Шодии Шарифниё, Сарвинисо Айёмзода, Иброҳими Наққош, Искандари Раҳмон, Сафар Абдураҳим, Абдумалики Абдуҷаббор, Адибаи Ҳабиб, Фирдавси Аъзам, Нодира Назарӣ, Шаҳодат, Фарзонаи Зарафшонӣ, Тилло, Шоира Олимова, Ховари Пӯлод, Мухтори Абдулло, Озода Набиева, Меҳровари Масчоҳӣ, Баҳманёр Муяссарзода, Меҳронаи Акрам, Назокат Каримзода, Азимҷони Алӣ, Шавкати Шаҳбоз, Дилнозаи Холмат, Муҳаммадиқбол Ашрафзода ва дигарон асарҳои хуб эҷод мекунанд.

Сафарҳо ва дар Конфаронсу ҳамоишҳо, озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзидани адибони вилоят ва ғолиб омадани онҳо боиси сарфарозиҳост. Чунончи устодон Фарзона, Озарахш, Матлубаи Мирзоюнус, Умеда ва Замира Ғаффорова, Нуралӣ Нурзод, Субҳони Аъзамзод ва Баҳроми Раҳматзод дар ҳамоишҳои илмиву адабӣ дар Ҳиндустону Эрон, Олмону Фаронса ширкат варзиданд, ки боиси сарфарозист. Гулнози Тоҳириён доктори фахрии Донишгоҳи Испания интихоб гардид.

Дар назди шуъба маҳфилҳои «Суханварони Суғд», «Ганҷи сухан»,  «Адибони ваҳдатсаро», «Адибони ҷавон» фаъолияти муназзам доранд ва дар байни мардум маҳбубият пайдо кардаанд.

Дар вилоят ба ҷуз Мукофотҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин Ҷоизаҳои ба номи Маҳастии Хуҷандӣ танҳо барои бонувон, ба номи Раҳим Ҷалил, барои беҳтарин китоб, китобдор ва ношир Ҷоизаи ба номи Сиддиқхоҷаи Саҳҳофи Хуҷандӣ таъсис ёфтаанд ва мунтазам ба адибон ва аҳли илму фарҳанг супурда мешаванд.

Бо ибтикори бахши суғдии Иттифоқи нависандагон ба нашр расидани китобҳои ҷашнию бадеӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар зарфи панҷ соли охир 54 номгӯй китоб чоп шудааст, ки дар байни онҳо китобҳои ҷашнии “Сӣ баҳори Истиқлол”, “Тоҷикистон – Ӯзбекистон: дӯстии безавол”, “Сарвар, Президент, Пешво”, “Иҷлосия: парвозгоҳи Пешво”, “Хуҷанд ва қалъаи таърихии он”, “Адибони Тоҷикистон” мавҷуданд.

Ҳамкории раёсати шуъба бо олимони донишгоҳҳои вилоят, аҳли эҷоди рӯзномаю маҷаллаҳо, бахусус “Паёми Суғд” ва Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, нашриётҳо хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар зарфи панҷ сол бо ташаббуси шуъбаи суғдии ИНТ чанд конфаронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки ба муносибати ҷашнҳои 70-солагии таъсиси шуъба ва 90-солагии ИНТ, 70-солагии профессор Абдулманнони Насриддин, 160-солагии Сиддиқхоҷаи Саҳҳоф ва солгарди зодрӯзи Фарзонаи Хуҷандӣ буданд. Дар онҳо ба ҷуз аҳли илму адаби тоҷик аз Ҳиндустону Эрон, Русияву Туркия, Олмону ИМА, Ӯзбекистону Қазоқистон ва Афғонистон олимону адибон ширкат варзиданд.

Раёсати шуъба ба муносибати 90-солагии ИНТ медали “Нишони ифтихор”-ро таъсис дода, ба Раёсати ИНТ дастрас намуд, ки зумрае аз устодони адабиёт дар рӯзҳои ҷашн сарфароз карда шуданд.

Фаъолияти панҷсолаи Раёсати ИНТ-ро қаноатбахш баҳо дода, мехостам, барои беҳбуди тарбияи минбаъдаи адибони ҷавон чунин масъалаҳои ҳалталабро ба миён гузорам:

  1. Барои тарбияи хуби қаламкашони ҷавон ва омода кардани насли нави шоирону нависандагон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Раёсати ИНТ курсҳои бозомӯзии яксола ва дусолаи адибон дар риштаҳои назм, наср, драматургия ба роҳ монда шавад;
  2. Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд чун дигар ҳавлиҳо Хонаи адибон ҳаст. Барои он 1 ё 2 воҳиди корӣ зарур аст.

Барои раёсати навинтихоби ИНТ барору кушоишҳо таманно карда, итиминони комил дорем, ки баҳри беҳтар намудани шароити иҷтимоии адибон, чопи саривақтии китобҳои онҳо, тарбияи қаламкашони ҷавон бештар саҳм мегирад. Дар ин кори бузургу хайр ба он комёбиҳо хоҳон ҳастам.

Аҳмадҷон Раҳмадзод,
котиби масъули шуъбаи суғдии ИНТ

***

Маърузае, ки шунида шуд, бисёр мукаммал, муфассал ва фарогири ҳамаи он мавзуоте буд, ки дар панҷ соли охир ҳаёти адабии моро рангу маъно мебахшиданд. Умуман, ҳамаи маърузаҳои Низом Қосим фарқкунандаанд. Ҳамеша мавзуъҳои матраҳшаванда дар онҳо бо далелу санад оғозу анҷом меёбанд ва ин сатҳи эътибори онҳоро хеле боло мебарад.

Бо андак гурез аз мавзуи аслӣ гуфтаниям, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба самти технологияи рақамӣ, ҳуши маснуӣ ва дигар масъалаҳое, ки давлатҳои абарқудрат онҳоро муҳим мешуморанд, тамоюл дорад. Аммо ин ба он маъно нест, ки адабиётро нозарур шуморем. Адабиёт дар ҳама давру замонҳо тарғибгари арзишҳои баланди ахлоқӣ, зебоипарастӣ ва инсондӯстӣ буду ҳамин гуна боқӣ хоҳад монд. Дар ин маврид сухани машҳуре ба ёдам мерасад: “Муъҷиза он нест, ки фаришта аз осмон ба замин фуруд ояд, муъҷиза он аст, ки фаришта аз миёни худи мо ба кумаки башарият бархезад”. Фикр мекунам, рисолати адабиёт ҳамин аст, яъне падид овардани муъҷиза.

Бисёр мехоҳам, бо истифода аз фурсат ба ҳамаи адибон, ки тӯли ин солҳо иззат ва мақоми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба таври сазовор ҳифз намуданд, самимона ташаккур баён кунам. Ман навиштаҳои онҳоро чи дар шакли китоб ва чи дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ мехонам ва хурсанд аз онам, ки онҳо алоқамандон ва ихлосмандони худро доранд. Саодати ҳар адиб ҳам дар он аст, ки хонанда навиштаҳои ӯро интизор бошад.

Хоҳиши ман аз адибон ин аст, ки рӯҳбаланд бошанд, биёмӯзанду бинависанд. Ҷузҷонӣ-шогирди Абуалӣ ибни Сино мегӯяд, ки Сино ҳар шаб дар зиндон чиҳил саҳифаро бо навиштан сиёҳ мекард. Акнун тасаввур кунед, ки ӯ дар озодӣ чи миқдор менавишт?

Абулмаъониро ҳамасрони ӯ ба хотири эҷоди зиёдаш “Мирзо Абдулқодири Бедил – дарёи бесоҳил” мехонданд ва ӯ рубоие дорад:

Килки ҳуши ту ҳар он чи зояд, бинавис,
Аз нуқтаву хат он чи намояд, бинавис.
Дорад ин дашту дар сиёҳӣ бисёр,
Ҳар чиз, ки дар хиёлат ояд, бинавис.

Албатта, дар ин ҷо ишораи Бедил ба бекаронагии мавзуъҳои эҷодист ва шояд паёме барои мо бошад, ки ҳамеша дар фикри эҷод бошем ва қаламро аз даст нагзорем.

Ба ҳама барору баҳор дар олами эҷод мехоҳам ва ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои ҳидояту роҳнамоии муваффақонаашон сидқан сипос мегӯям.

Озар,
котиби масъули бахши хатлонии ИНТ
дар минтақаи Бохтар

***

Анҷумани навбатии мо дар рӯзҳои хеле ҳассосу мураккаб, ки раванди ҷаҳонишавӣ бисёр тезу тунд ҷараён дорад, мегузарад. Ин раванди сахту бераҳм мисли шиббаи ғелон ҳама чизро дар роҳи худ ҳамвор мекунад. Танҳо адабиёт метавонад моро аз ин раванди хатарнок ҳифз намояд. Аз ин лиҳоз анҷумани навбатии мо дар равнақи эҷодиёти бадеӣ, баланд шудани сатҳу сифати адабиётамон нақши калидӣ хоҳад дошт. Банда фаъолияти панҷ соли Иттифоқи нависандагонро бо чашми дил дидаму мушоҳида кардам.

Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Иттифоқи нависандагон кори худро хеле ҷиддӣ ва одилона ба роҳ монда, аз уҳдаи вазифаи дар наздаш гузошташуда сарбаландона баромад. Муҳим аз ҳама, неруи адибонро ба манфиати миллат ва давлат равона намуд. Ин буд, ки адибон минбари баланди масъулият ва мавқеи фаъолонаи ватандориро ишғол намуда, ба дастовардҳои хуб ноил шуданд. Дар ҳама жанрҳо асарҳои шоиставу сазовор ва ҷолибу хонданиро пешкаши хонандагон карданд. Дар хусуси ин асарҳо ҳоҷати сухан нест, чунки дар маърузаи ҳисоботии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим муфассал баён гардид.

Банда, ба ҷаласаҳои Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон диққат ҷалб кардан мехоҳам. Чунки онҳо дар сатҳи хеле баланд баргузор гардида, дар ҳаёти адабии мо нақши муассир гузоштанд. Дар маҷлиси садорат, ки 9 июни соли 2021 баргузор гардид, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзуи «Бозтоби замони Истиқлол дар адабиёт», 27-уми майи соли 2022 Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода дар мавзуи «Вазъи нақди адабӣ дар даҳ соли охир», 4-уми июни соли равон Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар мавзуи «Бозтоби мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиёти тоҷик» маъруза карданд. Маърузаҳо басо густурда мавзуъҳоро мушаххас равшан сохтанд. Воқеан, ин маърузаҳо бо камоли санъати ҳунар, бо дилсӯзӣ ва заҳмати шоёни таҳсин эҷод шуда буданд. Агар бигӯям, ки ин маърузаҳо рисолаи илмиро мемонанд, хато намекунам. Музокираҳо низ хеле ҷиддиву ҷолиб буданд.

Инъикоси маҷлисҳои садорат дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагон хеле хуб ба роҳ монда шуд. Ба фикри ман, Садорат бояд кушода мегузашт, яъне ҳамаи аъзои Иттифоқи нависандагони шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ бояд иштирок менамуданд. Мунаққидони ҷавон низ иштирок мекарданд, хуб мешуд. Агар маводи Садорат дар шакли маҷмуаҳои алоҳида дар силсилаи китобхонаи Иттифоқи нависандагон ба табъ мерасид ва ба аъзои Иттифоқ дастрас мегашт, нуран алонур мешуд.

Мизи мудаввар, ҷашнҳо ва маҳфилҳо хеле шоиста ороста шуданд. Рангину ҷаззоб гузаштанд. Суханронии устодон ва сурудҳои ҳофизон аз ашъори шоиронамон ҳусни маҳфилҳоро афзуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ иқдоми неку фараҳбахше ба вуқуъ пиайваст, ки маро хеле шод гардонд.

Дар 20 соли охир бори аввал бо ташаббус ва иқдоми наҷиби Низом Қосим ба адибони ҷавон барои бунёди манзил замин ҷудо карда шуд. Орзу мекунем, ки ин иқдом идома ёбад ва ба ҳукми анъана дарояд.

Ба наздикӣ ба он рӯзе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати беназир тақдири миллату Ватанро бар дӯш гирифтанд, 33 сол пур мешавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо миллатро туҳфа карданд, Ватанро туҳфа карданд, фарҳангро туҳфа карданд, бузургонамонро туҳфа карданд, арзишҳои миллиамонро туҳфа карданд. Дар ҳар шаҳру ноҳия Бухорову Самарқанди навро бунёд намудаанд. Мо муваззаф ҳастем, ки дар асарҳои хеш Бухорову Самарқандро эҳё намоем. Чунонки Давлати Раҳмониён гуфтааст: «Айнист Бухорову Самарқандти дилам».

Шоирон ба наср рӯ оварда, ба қавле, нони нависандаҳоро нимта карданд. Ман аз онҳо ибрат гирифта, ба шеър рӯ овардам, вале нони шоиронро нимта карданӣ нестам. Шеъре навиштам бо унвони «Эъҷоз», ки ба Низом Қосим бахшида шудааст. Воқеан Низом Қосим дар ҳама ҷабҳа, ҳам дар роҳбарӣ, ҳам дар назм, ҳам дар наср, ҳам дар нақд, ҳам дар драматургия ва ҳам дар тарҷума дасти расо дорад ва намунаи ибрат мебошад. Гузашта аз ин, дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабӣ фаъолона иштирок менамояд. Ба ҳама рӯйдоди ҷомеа, хоҳ хурд бошаду хоҳ калон, бетараф нест. Ҳатман ба он таввҷҷуҳ зоҳир намуда, шеър ё мақолае иншо менамояд. Яъне, набзи ҷомеаро дар даст дорад.

                                  Шералӣ Мусо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

 

                       Эъҷоз

 Зиҳӣ, имрӯзу ҳам фардои шоир,
Зиҳӣ, пинҳон, зиҳӣ, пайдои шоир.
Зи шеъри туст барҷо шеъри тоҷик,
Зиҳӣ, шоир, зиҳӣ, дунёи шоир.

Ту ҳастӣ иқтидори шеъри тоҷик,
Ту ҳастӣ ифтихори шеъри тоҷик.
Ба ҳар эъҷози эҷоди ту нозад
Якояк дӯстдори шеъри тоҷик.

Ту ҳастӣ, шеъри тоҷик назм дорад,
Ба ҳар ҷо аҳли маънӣ базм дорад.
Ба азми ту нигоҳи шеър болост,
Ту ҳастӣ, шеъри тоҷик азм дорад.

Саропои ту шеър асту шиор аст,
Саропои ту байти обдор аст.
Хазоне нест дар ашъори нобат,
Ҳама ҳарфат нишоне аз баҳор аст.

Зиҳӣ, имрӯзу ҳам фардои шоир,
Зиҳӣ, пинҳон, зиҳӣ, пайдои шоир.
Зи шеъри туст барҷо шеъри тоҷик,
Зиҳӣ, шоир, зиҳӣ, дунёи шоир!

Дигар хабарҳо