Ба қадри озмун бештар бирасем…

Озмуни имсолаи “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” аз 23-юм то 27-уми моҳи сентябр дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Сарпараст ва ташкилкунандаи ин тадбири муҳим Китобхонаи миллӣ буд: толорҳои муносиб барои ташкили озмун, китобҳо ва асноди дигари кумакрасон, намоиши пурраи асарҳои Пешвои миллат дар ду толоре, ки озмун мегузашт, ғизо барои доварон, таъмини саривақтии ҳузури довталабон, дар умум таъмини тартибу низом ба уҳдаи роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ буд.
Мутаассифона, дар толори ҳамсоя (муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, яъне мактабҳои олӣ) чунин манзара набуд, банда ҳузур ва огоҳии масъулини ин таълимгоҳҳоро дар назар дорам.
Мушоҳида кардам: дар давоми озмун ҳамарӯза намояндагони Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва кормандони телевизион дар Китобхонаи миллӣ ҳузур доштанд ва аввалиҳо масъулияти ҳузури намояндагони коллеҷҳо ва дувумиҳо сабту наворро ба уҳда доштанд. Масъулини Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо сарварии академик Фарҳод Раҳимӣ ҳамарӯза аз ҷараёни озмун ва натиҷагириҳои доварон огоҳ мешуданд, худашон ва масъулини раёсатҳояшон бевосита дар толор менишастанд ва бурду бохти озмунро мушоҳида мекарданд.
Дар ду рӯзи аввал намояндаи Вазорати маориф ва илми кишвар ҳузур дошт. Аз масъулини дигаре, ки дар боби 2-и Низомномаи озмун (банди 2.2.) ишора шудааст, касе набуд ва наомад.
Дар ин панҷ рӯз ҷамъан 246 довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва донишкадаву донишгоҳҳо (аз 48 мактаби олӣ намояндагон аз 35 донишгоҳ, аз 88 коллеҷ, намояндагон аз 70 коллеҷ) ширкат карданд. Дар даври аввал миқдори умумии довталабон беш аз 1800 нафар будааст.
Аз натиҷаи озмун чунин андеша ҳосил мегардад, ки бандҳои 2.3. ва 2.4-и низомнома дуруст ва мувофиқи мақсади озмун иҷро нашудааст, вагарна натиҷаҳо, табиист, ки дигар мегаштанд.
Банда ҳамарӯза аз натиҷаҳои озмун мақолаҳо менавиштам ва аз ҳар ҳодисае, ки дар ин панҷ рӯз рух медод (хоҳ хуб буду хоҳ акси он), огоҳ мешудам: чизе, ки диламро дар ин панҷ рӯз тасхир кард, дониши хуби ҳамин пирӯзшудаҳо ва 10-15 каси дигар буд, ки ба маънои томаш зевару зиннати озмун буданд…
Ҳадди ақал 20 кас буд, ки ҳатто баъди ҷамъбасти озмун мо аз онҳо ёд мекунем ва шавқу муҳаббаташонро ба китоб ва илму дониш меситоем. Бешубҳа, ҳаминҳо оянда дар ҳар соҳае мутахассисони хуб шуда метавонанд, танҳо як навъ назорате лозим, ки аз назарҳо ғоиб нашаванд ва бидуни ғамхориву ёрӣ намонанд.
Ҳарчанд нисбат ба инсон калимаи “фонд” (хазина)-ро истифода кардан мантиқӣ набошад, ба ин назарам, ки чунин фонд бояд таъсис ва натанҳо ғолибони ин ва озмуни “Фурӯғ”, балки фаъолони озмунҳо низ ба он ворид гардида, таҳти ғамхориҳои доимӣ гирифта шаванд: бидуни имтиҳону коғазбозиҳои Маркази тестӣ ба макотиби олӣ (соҳаҳои дилхоҳашон) дохил ва дар оянда қисмате аз онҳо роҳи таҳқиқи илмро пеш бигиранд.
Ба як суоле, ки дар ҳамин мавсим чанд бор аз аҳли зиё шунидам, бо ду ҷумла мехоҳам посух бигӯям: озмуни мазкур магар барои ҷаҳонбиниву сатҳи маърифати донишҷӯёни коллеҷ ва мактабҳои олӣ мувофиқ аст?
Посухи мо: бале, сад дарсад мувофиқ ва аз ин ҳам бештар – зарур аст. Шарҳи зиёд лозим нест: як бор рӯйхат ва ҳадди ақал мундариҷаи асарҳои Пешвои миллатро бафурҷа хондан лозим – “Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён” (дар чаҳор китоб), “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, “Саразм – хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик” “Наврӯз – шиносномаи миллат” ва чанди дигар муҳимтарин иттилоот ва шарҳу тафсири таърихи миллат ва кишварро дар бар мегиранд, дуҷилдаи “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Забон нигаҳбони ҳувияти миллист” хазинаи илм барои ҳар касест, ки ҳувияти миллиро ҷузъи маънавияти хеш қарор доданист.
“Чеҳраҳои мондагор” беҳтарин китоб доир ба фанни шахсиятшиносӣ ба шумор меравад… Дар ҳайратам, ки чаро то кунун Вазорати маориф ва илм ин фанро ба унвони “Шахсиятшиносӣ” бо ин китоби аллакай тайёраш ба низоми таълими мактабҳои олӣ ворид намекунад…
Агар ин пешниҳоди мо пазируфта шавад, дар пайравии “Чеҳраҳои мондагор” даҳҳо китоби дигар барои ин илми дар хориҷа кайҳо ба низоми таълим воридшуда таълиф хоҳанд гашт, ки барои шинохт ва маърифати бузургони миллат мусоидат мекунанд. Бо як назари иҷмолӣ метавон дид, ки ҳоло дар низоми таълими макотиби олӣ (дар бахши илмҳои гуманитарӣ) зиёд фанҳое ҳастанд, ки барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати ҷавонон манфиати кам доранд…
Дар ин хусус ду сол қабл мақолаи муфассале нашр кардам, аммо, мутаассифона, мавриди баҳсу баррасӣ қарор нагирифт…
Як силсила осори Пешвои миллат махсуси шарҳи масъалаҳои эътиқодӣ ва ҳикмати амалӣ (“Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”, “Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор”, “Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ”, “Мероси Ҷалолуддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир”, “Дар бораи дин” (фишурдаи суханрониҳо), “Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам”, “Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ”, “Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам”, “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо” ва чанди дигар) ҳастанд, ки мутолиаи онҳо бисёр муфид маҳз барои ҷавонон аст.
Китобҳои “Масъулият барои фардои миллат”, “Маориф-омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат”, “Варзиш – қосиди сулҳу дӯстӣ”, “Бист қадами созанда”, “Уфуқҳои Истиқлол”, “Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ”, “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” ва чанд асару маҷмуаҳои дигар масъалаҳоеро дар бар мегиранд, ки назари ҷавонон ва умуман инсонҳоро ба оламу одам, ахлоқу маънавият ва сиёсати давлат дар соҳаҳои гуногун густардатар хоҳанд кард.
Аз инҳо ва чанд осори дигари марбут ба масъалаҳои истиқлол ва эҳёи миллат метавон дарси алоҳидае бо унвони “Таърихи қадим ва муосири давлатдории миллӣ” таъсис дод, албатта, ба ҷойи чанд илме, ки ҳеч асаре ба мағзу шуури ҷавони муосир надоранд.
Посухи дувум: агар як не, даҳ озмуни нави китобхонӣ таъсис шавад ҳам, танҳо ба нафъи ҷавонон ва умуман аҳолии кишвар хоҳад буд. Ин озмунҳо, ба шарте, ки дуруст ва ҳамаҷониба, ба ҷойи филму консертҳои нодаркор тарғиб шаванд, мардумро ғайриихтиёр ба ҷустуҷӯйи китоб ҷалб хоҳанд кард, раванде, ки дар назари мо маълум нахоҳад буд, мисли чашмае, ки бо вуҷуди даҳҳо монеа роҳи ҷорӣ шуданашро ҳатман хоҳад ёфт.
ЧАНД ПЕШНИҲОДИ МУШАХХАС ВА МУХТАСАР:
- Шакл ва муҳтавои озмун, аз низомномааш сар карда мукаммал шавад. Бигзор Китобхонаи миллӣ ҳамчун ташаббускор ва сарпарасти озмун монад, аммо барои ҳавасмандии дурусти ширкатдорон (на фақат ғолибон, балки ҳадди ақал 20 каси фаъол ва доварон) дигар созмону фондҳо ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, тиҷоративу илмиву таҳқиқӣ ва ғайра ҷалб гарданд. Барои ин кор дахолат ва ёрии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим меояд.
- Шарти асосии озмунро, ки азбар кардани беш аз 90 дарсади асарҳост, тағйир додан лозим. Барои ҷавонони донишгоҳӣ ва коллеҷҳо 12 асар басанда аст, на кам асту на беш, миёна аст. Довталаб агар аз ин шумора бештар хонад, ихтиёри ӯст ва ин кораш ҳангоми доварӣ бояд ба эътибор гирифта шавад.
- Мустақилона аз бар кардани асарҳои Пешвои миллат, ки истилоҳоти зиёди илмиву фарҳангӣ доранд, аз ҷониби донишҷӯён мушкилҳо пеш меорад. Зарур аст, ки баъди хондани ҳар бобу фасли китобҳо ҷавонон назди устодони раҳнамо ва ёрирасон сабақгардонӣ кунанд ва дафтари ёддошти вожаву мафҳумҳои мушкилдаркро дошта бошанд. Аз ин рӯ, пешниҳод мешавад, ки роҳбарияти мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус (коллеҷҳо), мисли он ки дар озмуни “Фурӯғ” роиҷ аст, ба ҳар муаллими ёрирасон маоши муайян ва ё чораҳои дигари ҳавасмандӣ муқаррар кунанд.
- Хеле муҳим аст, ки ҳар китоб на қисман (ончунон ки имсол ва соли гузашта зиёд ба назар расид), балки пурра (аз аввал то ахир) мавриди мутолиа қарор бигирад. Дар сурати қисм-қисм хондани асарҳо довталаб набояд ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад.
- Дар се марҳала баргузории озмун ба мақсад мувофиқ хоҳад буд: даври аввал (дар маҳалли кор, таҳсил ва барои бознишастаҳо ҷамоат ё ҳукумати ноҳияву шаҳр): даври мобайнӣ ё минтақавӣ (айнан мисли озмуни “Фурӯғ”) ва ниҳоят марҳалаи ҷумҳуриявӣ.
- Пешниҳод мекунам, ки вобаста ба мавзуоти мубрами асарҳои Сарвари давлат, мисли озмуни “Фурӯғ” шуъбаҳо ё гурӯҳҳои алоҳида барои довталабон таъсис дода шавад. Ба фарзи мисол, ду гурӯҳ: а) гурӯҳ ё шуъбаи таърих ва забону адабиёт, фарҳанги миллӣ; в) ҷомеашиносӣ ва сиёсат.
- Вақташ расида (чун ду сол аст, ки озмун баргузор мешавад ва таҷрибаи муайян ҳам пайдо гаштааст), ки дар озмун 5 гурӯҳ ё намояндагони 5 қишри ҷомеа ҳаққи ширкат дошта бошанд: а) хонандагони мактабҳои миёна (синфҳои 10-11); б) коллеҷҳо ва мактабҳои олӣ (ин ду гурӯҳро аз ҳам ҷудо кардан нашояд); в) кормандони илму фарҳанг ва ходимони ҷамъиятӣ, аз ҷумла кормандоне, ки дар сохторҳо ва муассисаҳои идораи давлатӣ фаъолият мекунанд (хидматчиёни давлатӣ), инчунин устодону омӯзгорони мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо, олимони АМИТ; д) бознишастаҳо (меҳтарони кору заҳмат, шахсиятҳое, ки баъди нафақа дар куҷо истифода кардани зарфияти донишу таҷрибаашонро намедонанд).
- Кори ниҳоят пурмасъулият ва бошиддати устодон-доварони даври ниҳоӣ, ки камаш як ҳафта аз субҳи солеҳон то шом ба пурсупос ва муайян кардани сатҳи дониши довталабон заҳмати фаровон мекашанд, ҳатман қадрдонӣ шавад, мисли озмуни “Фурӯғ”. Дар низомнома ин масъала изофа шуда, масъули таъмини маоши доварон мушаххас гардад, беҳтар.
- Ниҳоят, ин пешниҳодро порсол карда будам ва ба назарам, то кунун дуруст менамояд, ки унвони озмун андаке дароз аст ва агар “Дониш талабу бузургӣ омӯз” ва дар қавсайн “Мутолиаи асарҳои Пешвои миллат” навишта шавад, ҳам зебо мешавад ва ҳам аз ҳар ҷиҳат пурмаъно…
Ҳафиз РАҲМОН