Пуштибони забони миллат

Забони тоҷикӣ, ки дар тӯли асрҳо инҷониб ҳамчун забони фарҳангсоз дар ҷаҳон аз мақому азамати хоса бархурдор аст, 36 сол аст, ки дар зодгоҳи аслии худ ба ҳайси забони расмии давлатӣ истифода мегардад.
Забони тоҷикӣ аз куҳантарину ғанитарин забонҳои дунё ба шумор омада, сарвати луғавии хеле фаровон ва сохтори устувор дорад. Бо ин забон сангнавиштаву кандакориҳои рӯйи фулузот ва даббоғиҳову ҳаккокиҳои фарогири корномаву размномаҳои шоҳону пандномаҳои адибон ва шахсиятҳои таърихӣ нигориш ёфтааст. Забонест, ки рӯҳияи ориёӣ дар он падидор аст ва симои миллати бузурги тоҷик бозтоб ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост». Воқеан, рӯҳияи бузурги миллат ва шикастнопазириву устувории тоҷик дар забони тоҷикӣ ба хубӣ аён аст.
Сарвари давлат таъкид кардаанд, ки «Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст».
Забон пояи ҳастии миллат ва рукни муҳимми давлатдории миллатҳо ба шумор омада, таъмини истиқлолу озодӣ ва бардавомии ҳар миллат ба пойдориву устувории он бастагӣ дорад. Таърих собит намудааст, ки халқиятҳои забонгумкарда маҳкум ба нобудӣ ҳастанд, зеро маҳз забон ва таъриху адабиёти бо он забон навишташуда аз миллат дифоъ карда метавонаду бас. Раҳбари кишвар дар мавриди арҷгузорӣ ба забон зикр кардаанд, ки «арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст».
Забони тоҷикӣ роҳҳои пурпечухами таърихро устуворона тай карда, борҳо ба шарофати ворисони баномусаш ҷаҳонро тасхир карда, аз дасти таҷовузкорони таърих зарбаҳо хӯрд, вале ҳастии худро нигоҳ дошт. Ин забон аз лиҳози дороии луғавӣ ва сохтори наҳвии худ ҳанӯз комилан омӯхта нашудааст. Пажӯҳандае комилан муайян накардааст, ки сарчашмаи гурӯҳҳои луғавии забони тоҷикӣ аз куҷо оғоз меёбад ва дар куҷо анҷом мепазирад. Ё ба таъбири устод Лоиқ «Намедонем, ки чи қадар луғат дар забони мо мурдааст ва чаро?»
Забони тоҷикӣ натанҳо барои миллати мо, балки барои равнақи фарҳанги башарӣ нақши калидӣ бозидааст. Чунонки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Тавоноӣ ва имконоти забони мо ба ҳадде буд, ки дар тӯли ин ҳама садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳе бисёр сахту шадид гузаштагони мо яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд. Зиёда аз ин, дар тули садсолаҳо забони мо дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё – аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили баҳри Миёназамин нақши байналмилалӣ дошт ва забони мукотиба ва муҳовараи қавму халқҳои гуногун гардид».
Пешвои миллат дар мавриди нақши калидӣ доштани забон барои бақои миллат гуфтаанд, ки «барои он ки номи миллат дар саҳифаҳои таърихи башарӣ ҷовидон бошад, миллат бояд чароғи роҳнамои худшиносиву худафрӯзии худ, яъне забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин арзиши миллӣ ба наслҳои оянда поку беолоиш ва равону ширин ба мерос гузорад». Ин гуфтаҳо бори дигар собит намуданд, ки ҳифзи забон, поку беолоиш нигоҳ доштани он, пажӯҳиши ҳама паҳлуҳои он, таълифи осори таърихиву адабии гаронарзиш бо ин забон кафили суботу бақои миллат мебошад.
Боиси нигаронӣ аст, ки муносибати баъзе қишрҳои ҷомеа нисбат ба забон беэътиноёна ё беэҳтиромона аст. Насбу муаррифии навиштаҷоти ғалат ва ҳатто зидди меъёри қонунгузории мамлакат дар мавриди забони давлатӣ, нашри пурғалати иттилооту баёнияҳои нашрияву васоити иттилооти умумӣ, навиштаҳои парешон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз омилҳои нигаронкунанда аст, ки агар пеши роҳи ин, ба истилоҳ «беморӣ», гирифта нашавад, паёмади ҷуброннопазир хоҳад дошт.
Роҳбари давлат ин ҷанбаи нигаронкунандаро пай бурда, барои пешгирӣ ва пойдориву устуворияш ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва ҳам илмӣ иқдом намудаанд. Борҳо таъкид кардаанд, ки «давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлол дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳимми давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад». Ҳамчунин, Сарвари кишвар олимони забоншиносро муваззаф намудаанд, ки «забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир мавриди таҳқиқ қарор дода, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд».
Аз тарафи дигар, таълифи бузургтарин асари илмӣ «Забони миллат – ҳастии миллат» далели возеҳи ҳимояти Сарвари давлат аз забони поки тоҷикӣ мебошад.
Моро зарур аст, ки нисбат ба забони модариамон боэҳтиёт муносибат намуда, онро барои наслҳои оянда поку беолоиш ва бо ҳамин шукӯҳу тавоноияш вогузор кунем. Зеро ин забон танҳо забони як нафару ду нафар ё забони як қавму қабилаи кӯчак нест, балки забони як миллати бузургу куҳан аст. Ё ба гуфтаи Пешвои миллат ин забон «идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойномак»-у «Таърихи мулуки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони Ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлоли фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад».
Мо бояд дар қатори арзишҳои моддиву маънавии худ аз забони миллати худ низ ифтихор дошта бошем ва онро пос дорем, зеро ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад.
Ноил МИРЗОЗОДА,
корманди ДДХ ба номи Б. Ғафуров