ЗАМОН, ЗАБОН ВА ПЕШВО

 ЗАМОН, ЗАБОН ВА ПЕШВО

Ибтидо

Ҷойи ифтихору саодатмандист, ки Тоҷикистони куҳантаърихи мо баъди соҳибистиқлол гардиданаш, дар ба­робари пайдо кардани дигар имконот, имкони муносибе ба даст овард, то ба забони тоҷикии хеш истиқлоли комил диҳад. Ин, махсусан, барои мо, аҳли су­хану эҷод боиси хушбахтиву сарфарозӣ буд. Ёд дорам, ки чунин пайки хуш ҳанӯз 22 июли соли 1989 фазои Тоҷикистонро фаро гирифта буд, аммо, мутаасси­фона, амалӣ шудан натавонист. Бо сабабҳои аёну ниҳон мақоми давлатии забони тоҷикӣ сарфи назар мегардид. Танҳо бо гузашти муддатҳо, маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикис­тон ва маҳз бо азму талоши Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ амалан давлатӣ гардид ва мақоми худро пайдо кард. Ва, инак, ҳамасола дар кишвари соҳиби­стиқлоламон 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин саодати некро ба ҳар ҳамватан муборакбод мегӯем ва мехоҳем дар рӯзони таҷлили Рӯзи забон ангезаҳову андешаҳои худро пе­ромуни замон, забон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳибмақом гардондани забони тоҷикӣ баён дорем.

Ёдкарде аз таърихи забони тоҷикӣ

Мусаллам аст, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимист. Ин забони бостонӣ реша дар қаъри қарнҳо дорад. Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат ме­диҳанд, ки таърихи забони тоҷикӣ аз асри 6-уми пеш аз мелод оғоз мегирад. Далели ин иддао ёдгориҳои хаттие мебошанд, ки аз қадимӣ будани тоҷико­ну забони тоҷикӣ ҳикоят мекунанд. Дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ин чиз ишора шудааст. Гуфта ме­шавад, ки забони тоҷикӣ аз забонҳои ҳиндуаврупоист. Осори олимону до­нишмандони асрҳои 8-9-10 низ исбот мекунанд, ки забони тоҷикӣ қадимисту ба сарзамини Хуросон, аз ҷумла ба Балх мансуб дониста мешудааст ва ҳанӯз пеш аз истилои араб ин забони шево вуҷуд доштааст. Борҳо чандин сахтии рӯзгор ба сараш омадаву аз ҳар гуна имтиҳони сахту сангин раҳида, боз ҳам ба будани хеш идома додааст. Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин мазмунро дар як суханрониашон хеле бамаврид ёдовар шудаанд: «Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи хеш, бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва рӯёрӯйӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё, чеҳраи аслии худро нигоҳ доштааст, ки далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад».

Аз таърих медонем, ки хушбахтона, ҳангоме ки давлатдории Сомониён рӯи кор меояд, забони тоҷикӣ мақоми хеле болотареро касб мекунад. Ҳангоме, ки Исмоили Сомонӣ ба тахт менишинад ва Бухороро пойтахти давлати Сомониён қарор медиҳад, забони тоҷикӣ бештар аз пештар рӯ ба рушду шукуфоӣ меорад. Он замон дар Мовароуннаҳру Хуросон ва дигар маконҳо забони тоҷикӣ бо тамоми шевоиву зебоиаш ҷилванамоӣ мекардааст. Дар китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров нигошта шудааст, ки дар асрҳои 9-10-ум мардум бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Аҳолии Самарқанду Бухорову Фарғона ва дигар шаҳрҳову маҳалҳои тоҷикнишин бо ифтихори зиёд ба ин забон гуфтугӯ мекарданд. Шоирону олимон бо ҳамин забон ашъору осори мондагор менавиштанд, ки қисме аз ин осор то замони мо ҳам расидаву қимати худро гум накардаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ мегӯянд, ки дар даврони ҳукмронии шоҳ Исмоили Сомонӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардид ва тамоми давлатдорӣ бо ҳамин забон сурат гирифта буд. Дар Бухорои тоҷикон доираи бонуфузи адабӣ ташкил ёфт. Дар ин муҳит шоирону донишмандони ҷаҳоншумул, аз қабили Рӯдакиву Фирдавсиву Сино ва дигар бузургон бо ҷӯшу хурӯши тамом кору эҷод мекарданд. Арҷгузории Исмоили Сомонӣ ба забони тоҷикӣ ба мулкҳои ҳамсоя низ таъсири амиқе гузошт. Ин буд, ки намояндагони дигар забонҳо низ забони ноби тоҷикиро омӯхтаву дар давлатдории худ ба кор мебурданд, адибони ғайритоҷик ба ин забон ашъору осор меофариданд. Дар аҳди амирони манғит низ коргузорӣ ба забони тоҷикӣ амалӣ мегашт. Яъне, забони тоҷикӣ таърихи ғанӣ дорад ва доираи истифодаи он ҳанӯз ҳазорсолаҳо пеш хеле васеъ будааст, ки ин боиси ифтихори мо – соҳибзабонон аст.

Забони тоҷикӣ дар давраҳои баъдӣ

Дар давраҳои баъдӣ забони тоҷи­киро рӯзгор бо сахтиву сангиниҳое рӯбарӯ кард, аммо он аз байн нарафт. Тохтутозҳои аҷнабиён ба сарзамини мо, сӯзондани китобҳои ниёгонамон ва зери фишор қарор додани мардуми китобхон ҳамагонро бо хориву зориҳо дучор карда буд, аммо иродаи оҳани­нашонро шикастан натавонист. Халқ ҷон месупурданду забон не. То охирин нафаси зиндагиашон забони модарии хешро чун пораи нону пораи ҷон ҳифзу нигаҳдорӣ мекарданд. Баъдҳо, дар даврони Шӯравӣ забони тоҷикӣ мисли дигар забонҳои миллии ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз тарафи соҳибза­бонон озодона истифода мешуд, аммо дар истифодааш маҳдудиятҳо ҳам дида мешуданд. Ин буд, ки аҳли зиёи кишвар дархостҳое мекарданд, ки ба забони тоҷикӣ бояд мақоми давлатӣ дода ша­вад. Аммо орзуи мардум ҳамоно амалӣ намешуд.

Нақши Пешвои миллат дар бонуфуз гардидани забони тоҷикӣ

Чун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатдории хеш оғоз бахшиданд ва ҳанӯз дар рӯзони нахустини давлатдориашон аз минбари баланди Созмони Милали Мутаҳид бо забони шевову ширини тоҷикӣ далеро­на суханронӣ карданд, қадру манзалати ин забон якбора боло рафт. Сарвари муаззам бо иқдоми оқилонаи мардона­ашон ба ҷаҳониён иттилоъ доданд, ки дар ҷаҳон чунин забони ноби шоиронае вуҷуд дорад, ки номаш забони тоҷикист ва соҳибзабонҳое бо ин забон эҷод кар­даву шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтаанд. Ва, инак, боз ҳангоми он расида, ки ин забони шево бояд нуфузи болое касб кунад. Хушбахтона, иқдоми Пешвои миллат ва пуштибониашон аз забони давлатӣ боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле тоҷикона ороставу пероста гардидааст. Ин фазои зебои миллӣ имкон медиҳад, ки худшиносиву ҳувияти миллии халқи тоҷик болотар равад, миллат рушд кунад, ваҳдату ягонагии тоҷикон пояндатар гардад. Шоҳидем, ки оҳиста-оҳиста забони ноби тоҷикӣ таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ мекашад ва халқҳои ғайритоҷик хоҳиш пайдо мекунанд, ки ин забони зеборо аз худ кунанд. Гоҳе аз тариқи телевизионҳо мебинем, ки намояндаго­ни давлатҳои аз Тоҷикистон фарсахҳо дур чӣ гуна фасеҳу фаҳмо бо забони мо ҳарф мезананд. Раҳбари давлат дар рушду густариши забони тоҷикӣ хидматҳои беназире анҷом доданд. Қариб ҳамасола дар Паёмҳои солонаи Сарвари давлат ин сатрҳои саршори муҳаббату садоқатро аз забонашон мешунавем: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад».

Забони шоиронаи тоҷикӣ ба мо, аҳли адаби кишвар, як ҷаҳон илҳом мебахшад, водор месозад, ки ашъору осори мондагоре ба ин забон эҷод ку­нему ба ояндагон ба мерос гузорем. Ё худ агар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллатро саҳи­фагардон кунем, вуҷудамон саршори муҳаббату садоқати ватанпарварона мешавад. Ошноӣ бо Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2020-2030 моро ба ояндаи хеле дурахшони забони тоҷикӣ ва густариши бештари он бовар ме­кунонад. Роҳандозӣ шудани чандин озмунҳои тақвиятбахшандаи забондо­ниву маҳоратсанҷӣ аз ҷониби Сарвари давлат имкони хубе фароҳам меоранд барои бештару беҳтар аз худ кардани забони тоҷикӣ. Як худи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» чӣ қадар пиру ҷавонро китобхону забондон кард.

Интиҳо

Забони ноби тоҷикӣ имрӯз дар Тоҷикистонамон аз соҳибистиқлолии комил бархурдор аст. Он дар қатори дигар муқаддасоти таърихӣ муқаддас эълон шудаву ифодакунандаи боризи рамзи миллату давлатдорист. Рӯда­киву Балхиву Ҷомиву дигар ниёгони пуршарафамон онро бо эҳтиёти тамом ба дасти Айниву Турсунзодаву дигар ворисонашон супориданд. Устодон Ай­ниву Турсунзода онро ба дасти адибони ҷавонтар доданд. Солҳо гузаштанду наслҳо иваз шуданд. Адибони соҳиб­забоне аз дунё рафтанду адибони наве ба майдони адабиёт ворид гардиданд. Рисолати бузурге акнун бар дӯши аҳли адаби имрӯзаи тоҷик ва тамоми мил­лат аст, ки забони шаккарини тоҷикиро густариш диҳанд, ғанитар созанд ва ба ояндагон солиму бегазанд ба ёдгор гу­зоранд. Рисолати таърихиро иҷро бояд кард. Дар ин кори пуршараф ба тамоми ҳамқаламону ҳамватанон садоқат­мандӣ мехоҳам. Муҳаббату садоқати ватандорӣ ҳамеша ёру ёварашон бод!

Раънои МУБОРИЗ

 

Дигар хабарҳо