Дастнависи боэътимоди “Маснавии Маънавӣ”

 Дастнависи боэътимоди “Маснавии Маънавӣ”

30 сентябр – Рӯзи Мавлоно

Дар ҷаҳон аз «Маснавии маъ­навӣ» нусхаҳои хаттии зиёде маҳ­фуз монда, ки онҳо дар ганҷинаву китобхонаҳо нигаҳдорӣ мешаванду теъдодашон хеле зиёд ҳам ҳаст. Танҳо дар китобхонаҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 35-40 нусхаи дастхати «Маснавии маънавӣ» ё дафтарҳои алоҳидаи он нигаҳдорӣ мешавад, ки матни ин шоҳа­сарро яке пурра ё дигаре қисм- қисм дар худ ҷой додаанд.

Бори нахуст матни илмӣ-ин­тиқодии «Маснавӣ»-ро олими инглис Р. А. Николсон омода карда, солҳои 1925-1937 ба табъ расонид. Ин матн аз 25632 байт иборат мебошад. Баъдан дар Эрон матни то ҷойе пурраи асар ва қисматҳои алоҳидаи он чандин дафъа нашр гардид, ки матни таҳиякардаи Муҳаммад Истеъломӣ, Маҳдии Озаряздӣ, Абдулкарими Суруш ва матни дар заминаи матни Р. А. Никол­сон тайёрнамудаи Азизуллоҳи Косиб аз он ҷумлаанд. Дар асоси нусхаи Қуния дар Эрон се тасҳеҳи онро донишмандон Муҳаммадалии Муваҳҳид, Тав­фиқ Субҳонӣ ва Абдулкарими Суруш ба субут расонидаву интишор намудаанд.

Дар Тоҷикистон «Ҳикояҳои халқии «Маснавӣ» соли 1963 дар интихобу таҳияи Расул Ҳодизода чоп шуда, дар чанд шумораи соли аввали маҷаллаи «Фарҳанг» дафтари аввали ин асар дастраси ниёзмандон гардида буд. Сипас «Маснавии маънавӣ» дар Тоҷикистон солҳои 1999-2000 ба ҳуруфи кириллии тоҷикӣ таҳияю тадвин гардида, ба пуррагӣ соли 2001 тавассути интишороти «Замон»-и Теҳрон чоп ва пешкаши алоқамандон гардонида шуд. Ҳамин асари пурарзиш соли 2008 ба ҳуруфи кириллии тоҷикӣ дар шаш дафтари алоҳида дар шаҳри Қуния (Туркия) бо пешгуфтори мири шаҳри Қуния (Туркия) Тоҳир Акюрек нашр гардид. Ҳамчунин, соли 2013 «Маснавии маънавӣ» дар се ҷилди силсилаи панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» тавассути нашриёти «Адиб» чоп ва дастраси хонандагону ҳаводорон гардонида шуд. Соли 2022 ин шоҳасар бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути интишороти “Адиб” боз аз нав рӯйи чопро дид ва дастраси ниёзмандон гардид, ки заҳмати таҳияи матнҳои кириллии асарро банда, Баҳриддин Алавӣ ва Мубашшир Акбарзод бар дӯш доштанд. Дар таҳияи ин китоби бузург, илова бар матнҳои фавқуззикр дар чопи охир, аз нусхаи дастнависи «Маснавӣ», ки зери рақами 2243 дар Ганҷинаи осори хаттии ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоеви Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаваду 10 сафари соли 864 ҳ./6 декабри соли 1459 м. китобати он анҷом пазируфтааст, истифода гардида буд.

Таърихи китобати ин нусхаи «Маснавӣ», ки дар Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ дар се маврид – аввалан дар фуроварди дафтари сеюм (варақи 140б) рӯзи охири моҳи зулҳиҷҷаи соли 864 (27 октябри соли 1459м.); сониян дар охири дафтари чаҳорум (варақи 183б) 17 муҳаррами соли 864 (13 ноябри соли 1459м.) ва ниҳоят дар охири дафтари панҷум (варақи231) 10 сафари соли 864 (6 декабри соли 1459м.) дар матн нишон дода шуда­аст. Дар варақи 140б ҷойи китобати асар шаҳри Ҳирот қайд гардидааст. Мутаассифона, ба сабаби аз байн рафтани камобеш 1180 байти охир аз дафтари шашуми дастнавис номи котиб аз байн рафтаву то варақи 275б ба мо расидааст. Варақҳои охири азбайнрафтаи дастхатро бо истифода аз коғази фабрикӣ моҳи майи соли 1962 Д. А. Ифтихор дар асоси кадом як нусхаи дигар, ки нишон дода нашудааст, хаттотӣ ва мукаммал мегардонад. Вазъи даст­хати боқимонда асосан хуб буда, ҳошияҳои дасти чапи он замоне нам кашида бошад ҳам, ба матн ҷузъи­тарин осебе нарасидааст.

Ҳаҷми дастхат 25,5 Х 33,5 см. буда, дар ҳар сатр чаҳор қатор матн бо хатти хонои насх ва бо ранги сиёҳ­тоби сифатан баланд рӯйи коғази самарқандӣ китобат шудааст. Барои сарлавҳаҳои дастхат аз ранги сурх истифода кардаанд. Сарлавҳаи уму­мии ҳар дафтар бо «Бисмиллоҳ…» ва хатти сулси калонҳаҷму ранги сиёҳи баланд хаттотӣ шудаанд. Дар ҳошияи баъзе варақҳо тавзеҳ ва шарҳи калимаҳои душворфаҳм ҷой доранд, ки шояд ин дар дигар нусхаҳои дастхати «Маснавӣ» дида нашавад. Ҳатто баъзан дар ҷойҳои холии матн барои шарҳи баъзе ка­лимаҳо дар боло, паҳлу ва ё поёни калимаи душворфаҳму имрӯз аз истеъмолба­ромада бо найқалами ниҳоят нозук шарҳҳо омадаанд, ки мисолҳо­яшон хеле зиёданд. Монанди фай – соя; бу­шот – ғаммозон; бовида – борида; банон – нохун; расули аҳл – фиристо­даи доно; фаҳул – шер, шери фаҳул – шери нар; пазсида – фароҳамо­мада; ҳанин – ба ғайр аз гиряву нола, ҳатто ба маънии орзу; ғас – дарахт ва ғайра, ки дар фаҳми мазомини асар беаҳаммият нестанд. Зиёда аз ин, минбаъд аз онҳо метавон дар фарҳангсозии забона­мон истифода кард ва бойигарии забонамонро дар мисоли ашъори Мавлоно ҳарчи бештар нишон дод.

Дар матни «Маснавӣ»-и интишор­додаи Р. Николсон камтар ва дар матни М. Истеъломӣ асосан ҳисса­чаи инкории «не» дар шакли «на» омада бошад, дар ин дастхати Мар­кази мероси хаттӣ вобаста ба вазни арӯз ин ҳиссача бамаврид истифода гардидааст, яъне дар ин матн ҳамаи ҳиҷоҳои дароз бо ҳиссачаи инкории «не» ва ҳамаи ҳиҷоҳои кӯтоҳ бо кашиши овозии «на» омадаанд. Илова бар ин, истифодаи бамавриди ин ҳиссача кушодани маонии ин ё он байтро осонтар сохтааст.

Матни нусхаи хаттии №2243 ҳам­чунон дорои байтҳои изофӣ мебо­шад, ки он дар муқоиса бо матнҳои интиқодии чопшудаи пешин таҳқиқот ва баррасии доманадорро мехоҳад.

Масалан:

Баъд аз он бархост, азми шоҳ кард,
Шоҳро з-он шаммае огоҳ кард.

Дар нусхаи Марказ баъдан ин байт омада;

Он ҳакими меҳрубон чун роз ёфт,
Сурати ранҷи канизак бозёфт,

ки дар матнҳои чопшуда нест.

Чунин мисолҳоро метавон зиёд овард. Баъзан дар асоси дастхати мазкур метавон мисолҳое овард, ки беш аз ду байт ҳастанд. Дар фуро­варди дастхати 2243, дар дафтари шашуми “Маснавӣ” ҳатто 45 байт дар муқоиса бо чопҳои Николсон ва Муҳаммад Истеъломӣ изофа шудааст, ки як навъ арзи сипос ба гӯяндаи ин шоҳасар мебошаду шояд онро нусхабардор бо эҳтироми ба Мавлоно доштааш бадоҳатан эҷод карда бошад.

Ин маънои онро надорад, ки ҳамаи он байтҳои дар поварақ овар­даро илҳоқӣ шуморем. Ҳадаф ҳамон вақт равшантар мегардад, ки имкони ҳамаҷонибаи таҳияи матни илмӣ-ин­тиқодии фарогири арзишмандтарин дастхатҳои «Маснавии маънавӣ» бо тамоми шароити марбут ба матншиносии осори классиконамон фароҳам гардида бошад. Яъне, нусхаи мазкур дар таҳияи матни му­каммалтари илмӣ-интиқодии ояндаи «Маснавии маънавӣ» метавонад дар баробари дигар нусхаҳои дараҷаи аввали асар, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд, хидмат намояд.

Аз муқоисаи ҳадафмандонаи мо маълум гардид, ки ин матн на камтар аз матнҳои боэътимоди истифода­намудаи Р. А. Николсон ва Муҳам­мад Истеъломӣ ва нусхаи қуниявӣ будааст. Инҷониб бар он боварам, ки аз рӯйи соли китобат дастхати рақами 2243 дар замони дар дарбо­ри Султон Ҳусайни Бойқаро ифои вазифа доштани Амир Алишери Навоӣ (1441м. – 1501м.) ва ташаб­буси Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414м. – 1493м.) бо ширкати гурӯҳи донишмандони вақт китобат шудааст ва хеле бодиққат.

Матни мазкур ба ҳуруфи кириллӣ дар заминаи радду бадал ва муқои­саи мутуни мавҷуда ба таври зайл: дафтари якум аз 4018 байт, дафтари дувум аз 3826 байт, дафтари севум аз 4813 байт, дафтари чаҳорум аз 3856 байт, дафтари панҷум аз 4241 байт ва дафтари шашум аз 4931 байт ва ҳамагӣ аз 25685 байт иборат аст. Тибқи нишондоди Муҳаммад Истеъломӣ нусхаи қуниягии «Масна­вии маънавӣ»-и чанд сол пештар аз фавти мусаннифи он китобатшуда низ камобеш ҳамин теъдод абётро дар бар дорад.

Матни дастхати Маркази мероси хаттии Ганҷинаи дастхатҳои ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев тақри­бан 25800-25835 байт мебошад, ки баъзеашон дар фароварди ин ё он ҳикоят такрор омадаанд, монанди:

Ин сухан поён надорад, эй фалон,
Бозрав дар қиссаи шайхи замон!

Ҳамин тавр, нусхаи рақами 2243 яке аз нусхаҳои нодиру боэътимо­ди “Маснавии маънавӣ” буда, бо имтиёзҳои ишорашуда дар байни нусхаҳои муътабари ҷаҳонӣ мавқеи алоҳидаи худро дорад ва минбаъд омӯзиши ҳамаҷонибаи он ин анде­шаро собит хоҳад кард.

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

Дигар хабарҳо