“Хусравонӣ”-ҳои Гулназар

Ба назар чунин мерасад, ки солҳои охир устод Гулназар бо ҳама вуҷуд пеши худ ҳадафе гузошта буд, ки як тарзи нави шеъргӯӣ, номонои шеърҳои маъмулиро кашф кунад. Дар ин ҷода тозакориҳову тозаҷӯиҳои зиёдеро таҷриба намуд. Дар баррасии шеърҳои нашрияҳои адабии кишвар аз силсилаи тозагунаи “Лолаҳо дар ёлаҳо” ибрози назар дошта будем. Аммо дар мавриди як силсилаи дигари ашъори Гулназар – “Аз дафтари хусравонӣ”, ки дар он бештар кӯшишҳои тозагӯиҳои шоир падид омадааст, адабиётшиносии мо ба ҷуз аз баъзе андешаҳои адабиётшиноси маъруф Абдураҳмон Абдуманнон ва профессор Абдунабӣ Сатторзода мушаххасан касе ибрози андеша надошааст. Ҳол он ки маҳз дар ҳамин силсила ҳама кӯшишу ғайрату маҳорати тозаҷӯиҳои шоиронаи шоирро метавон мушоҳида кард.
Ёдам ҳаст, ки бори аввал чун намунаҳои шеърҳои нави шоир, ки саросар иборат аз тарзи нави баёни маънову тасвир дар шеъри муосир буд, дар ҳафтаворои “Адабиёт ва санъат” нашр шуд. Мутолиаи он маро он қадр ба ваҷд овард, ки ба худи муаллиф аз ин хусусус иброз доштам ва ваъда ҳам дода будам, ки ҳатман чизе хоҳам навишт. Аммо он вақтҳо, аз сабаби наёфтани фурсат, ваъдаи ман дар ҳаво монд. Солҳои охир Гулназар бештар аз ҳама шоирони дигар тан ба заҳмати тозаҷӯӣ, ҳатто бо таваккалҳои эҷодӣ задааст, ки як намуди худнисорист дар ҷодаи шеър, зеро кафолати комёб шудану мақбули умум гардидани чунин таҷрибаҳоро наметавон дод. Аз ин рӯ, набояд онҳоро нодида гирифт.
Метавон ба ин қисмати ашъори Гулназар чунин ном монд: “Вақте ки рӯдҳо раҳо шаванд аз танҳоӣ” (мисраи худашон). Бубинед, ки худи ҳамин як мисраъ чӣ қадар баёни тозаи тасвиромези шоирона дорад.
Мо мекӯшем, таҷрибаҳои тозаҷӯиву тозагӯиҳои устод Гулназарро, ки дар рушди шеъри муосири мо хеле аҳаммиятноканд, нишон бидиҳем.
Гулназар дар ин силсила мегӯяд:
Ман ин шеърро ҳанӯз
нагуфтаам,
Аммо
Ҳамеша дар шараёни
ман ҷорист.
Ва оё чӣ шеър аст ин шеър? Масалан, кӯшиши ёфтани меъёри вақти худ:
Соати хонаи ман аз кор мондааст,
Вақти ман дар ихтиёри соат нест.
Аммо баъд мегӯяд:
Ҳар гаҳе ки дилам ба тапиш омезад,
Зарраҳои танам ба сӯз хӯ гирад,
Ба худ гӯям, ки “Вақти ман омад!”
Марҳабо, вақти ман,
Ба сарвақти ман расидӣ?
Хуш бош!
Оё шумо гумон намекунед, ки ин як назари тоза ба вақт аст. Яъне, вақти мо бидуни сӯзу сози мо наметавонад вуҷуд дошта бошад?!
Ин шеър дар ҷамъбасташ ҳам сухане дорад бо рамзи шоирона:
Соати хонаи ман аз кор мондааст,
Соати ман дардҳои ман аст.
Бубинед, дар шеъри дигари Гулназар меъёри вазн ҳам маънои дигар меёбад, балки ӯ кӯшидааст формулаи вазнро биёбад:
Дар арӯз вазне нест,
ки ҳусни туро баркашам,
Шояд ҳусн бевазнист?
Шояд гаронии мо зи зиштии мост?
Кайҳоннавардон низ
Чун ба камоли иртифоъ бирасанд,
Бевазнанд.
Дар пораи дигар ӯ кӯшидааст, рози ошиқонаи худро низ ба тарзи дигар, ғайримаъмулӣ баён кунад ва рисолате бубахшад ба ошиқ:
Агар ишқ намебуд,
Чашми ту меофарид онро.
Агар бӯса намебуд,
Лаби ту меофарид онро.
Агар марг намебуд,
Ҳаҷри ту меофарид онро.
Оё пеш аз ин чунин изҳори ошиқонаро дида будем, ки дар шеъри Гулназар мебинем?
Агар набувад ду чашми беғубори ту,
Дар осмони пурғубори шаҳри ман
Ситорае нест…
Агар набувад номи ту дар забони ман,
Безабон хоҳам мурд.
Оре, ин ҳама кӯшиши тарзи дигар баён кардаи андешаи шоирона аст.
Ё бубинед, ин магар тарзи дигари баёну тасвири фалсафаи ҳақиқат нест?!
Ба сарв гуфтам, ки ростӣ туро буду инак нест,
Ба субҳ гуфтам, ки покӣ туро буду инак нест,
Ба қулла гуфтам, ки баландӣ туро буду инак нест,
Чаро ки дар ман нест, балки дар мо нест.
Ва ин сабк тасвирҳои шоиронаи худро дорад, амсоли:
Ситора фурӯ рехту
марҷони гардани гул шуд…
***
Гузар бикун аз кӯчаҳои пурғубори мо,
Ки бо зулфакони худ ҳавои ман биполоӣ.
***
Маҳтоб мисли пуфаки симин
Сабук омаду бишуд андармон
Сари шохи сафедори баланд.
***
Барги гули рӯи ту намехонад
Занбӯракони нигоҳи маро сӯяш…
Аммо тасвирҳо гоҳе тиҳӣ аз маъноҳои таҳдор нестанд:
Сатрҳои ман набуд панҷараи ман
Ки маро ҷудо кунад зи озодӣ.
Тасвири кокулони маъшуқа дар шеъри Гулназар тозагии худро дорад:
Бод мешуморад кокулони туро,
Ҳисоб гум мекунаду зи нав мекунад ҳисоб,
Сабри ман ҳам меравад ба бод.
Ва ин рабудани ғубори дил бо бодбезани мижгон тасвири ноби шоиронаест:
Афшон бодбезани мижгони шӯхатро,
Ки рабояд аз бисоти дилам ғуборро.
Дар шеъри Гулназар зиндагӣ, замон, ҷаҳон, инсон, таърих тасвирҳои маънидору таҳдори рамзӣ ёфтаанд ва тарзи тозаи пешниҳоди шоирона доранд:
Дарахтони сарсахти шаҳри ман
Ҳамнасиби мусофирони раҳдуру ранҷуранд,
Ки бо бару дӯши пурғубор омадаанд,
Хаставу бемадор омадаанд…
Ва дар ин тасвир он қадар зиндагӣ ҳаст, ки ба зинда будани онҳо бовар мекунед:
Нест ёрои даст ёзидан,
Нест нерӯи тарона ангехтан,
Бо сару пои дудаву соруҷолуда
Нест пои аз ин байғула бигрехтан…
Ва дар поинтар ин рамз сурати воқеӣ пайдо мекунад:
Куҷоед, эй рӯдҳои саршори кӯҳистон,
Ки наме нест дар лаби мусофирони ғариб?
Сари онҳо чун сари парешони тоҷик
Сӯзад аз дами офтоби саратон…
Боди беҳиссу танбалу шабкӯр,
Ки дар зулмати ҷодаҳо раҳгум аст,
Ногоҳ пешпо хӯрад бар ҷисми беҷони дарахтон
Ва гӯр шавад гарди афшони дарахтон.
Аммо дар шеъри “Ҳанӯз” рӯҳияи бовару эътимод боло мегирад ва хонандаро муҳаббату умед мебахшад:
Ҳанӯз дур нарафтаӣ, баргард,
Ҳанӯз метавон даст ба дасти ҳам бигзошт,
Ҳанӯз метавон аз ҳарири садои қалби хеш
Ливое дуруст карду баланд афрошт:
“Дӯст медорам!”
Ҳанӯз дур нарафтаӣ,
Баргард!
Тараннуми дӯстӣ ҳам дар шеъри Гулназар тасвири хосу боэътимоди худро дорад:
Мурғаке биншаста рӯйи
Симхори байни марзи ӯзбаку тоҷик
Бароҳат мезад тарона,
Ин – ДӮСТӢ – буд.
Хуллас, дар сисилаи “Аз дафтари Хусравонӣ” Гулназар ба худ, ба сухан, ба андеша озодӣ мебахшад ва ин озодӣ муҷиби тавлиди шеърҳое мешавад дигаргуна:
Хобҳоро ба хоб биспорам,
Дардҳоро ба дард биспорам,
Ёдро ба ёд,
Додро ба дод биспорам.
Худро…
Худро ба ҳукми ту биспорам,
Эй ишқ!
… Ту мои бемоӣ?!
Ва ин мушоҳидаҳои шоирона, ки дар онҳо тасвири табиат, ормонҳои инсонӣ ва ҳақиқати зиндагӣ сурати рӯзро мекашанд, барои андеша ба хонанда мавод медиҳанд:
Саҳар офтоб баромад ба рӯи ношуста,
Фурӯғи бетаҳорат фурӯ рехт ба замини олуда.
Ва сабзаҳо чу номуси таҳқиршуда намеёранд,
Ки чеҳра намоянду сар барафрозанд
Ва роҳҳо чу ресмони гиреҳхӯрда
Фаромӯш кардаанд кушодагии дили худро.
Мани хиҷлатзада аз хеш мепурсам:
“Сухан аз кадом наҷобат аст?”
Тасвирҳои шоиронаи Гулназар дар шеърҳои дигари ӯ низ андешапарвар буда, гоҳо паҳлу ба тасвирҳои баланди ирфонӣ мезананд:
Охир қалам бигирам аз чӯби дори Мансур,
Ҳарфам занад Аналҳақ то рӯйи дафтари ман.
Гоҳи дигар андарзҳое дар ин навиштаҳои шоирона ҷавлон мезананд:
Нафси ту бори нафас бошад туро,
Бепаруболӣ қафас бошад туро.
Метавон аз ин силсила мисолҳоро бидуни шарҳе низ овард, чун худ гӯёи сифату хусусияти хешанд:
Аз синаи осмон касе меҳр набурд,
Аз синаи ман меҳри туро кас набарад.
***
Каҳ ба сомонат набошад, лек лофат хирманист,
“Ман” надориву вале ҷони ту пур аз манманист.
***
Эй ду рухсори ту нони гандумӣ,
Мардуми чашмат надорад мардумӣ!
Камол НАСРУЛЛО